Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш. (Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ)
Насибҷони Амонӣ*: Cолҳои ахир дар расонаҳои гурӯҳӣ ва доираҳои ъилму фарҳанг пиромуни забони порсӣ ва гӯишҳои бузурги он баҳсҳои доғе ҷараён дорад. Ҳарчанд як забон, яъне забони порсӣ будани се гӯиши он – порсии теҳронӣ, порсии кобулӣ ва порсии бухороӣ (чунин ъунвон кардани ин гӯиш мантиқан дуруст аст, зеро вожаҳои ‘тоҷик’ ва ‘тоҷикӣ’ маъноҳои хеле фарох доранд ва чун гӯиши тоҷикони он сӯи марзро порсии кобулӣ мегӯянд, салоҳ ин аст, ки мо ҳам бо таваҷҷуҳ ба ин ки забони порсӣ бархоста аз Бухорост, ин гӯишро порсии бухороӣ бигӯем) ба аҳли ъилм, донишмандон, ва муҳимтар аз ҳама, ба худи мардуми порсизабон чун офтоб рӯшан аст ва дар ин бора матлабҳои зиёде чи дар Эрону Афғонистон ва чи дар Тоҷикистону Ӯзбакистон ва дар нашрияҳои гуногуни дигар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидаанд, вале ҳамоно бархеҳо дар кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон об дар ҳован кӯбида, мехоҳанд собит кунанд, ки ин се забон аст.
Онҳо ба ин мавзӯъ бештар аз диди сиёсӣ ва ҷуғрофиёӣ назар мекунанд ва гӯё таъкид бар ин доранд, ки чун Афғонистон ва Тоҷикистон кишварҳои мустақилланд ва забонашон ҳам дар ҳамин маҳдуда рушд мекунад, аз ин лиҳоз наметавон онҳоро форсӣ номид. Ҳамчунин, онон ба торихи пайдоиши вожаҳои ‘дарӣ’ ва ‘форсӣ’ ва корбурди ин вожаҳо дар адабиёти куҳан ва осори ъилмӣ такя карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вожаи мавриди назари хешро, бавижа вожаи ‘дарӣ’-ро, бостонитар ҷилва бидиҳанд ва бо ҳамин ба як забон ду ва ё се ном бидиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки то ИШҒОЛИ Бухоро аз сӯи Русия дар Осиёи Миёна ва то соли 1964 дар Афғонистон ин забон расман на номи ‘дарӣ’ дошту на ‘тоҷикӣ’. Вале ин порсиситезон ба мавзӯъ ба гунаи жарф назар намекунанд ва ё ононро ангезаҳои сиёсӣ ва қавмгароӣ ва ъамдан сохтани саддҳо байни ин гӯишҳо ба чунин мавзеъгирии ғалат ва барои ҳамаи мо зиёнбор водоштааст. Онон бо чунин андешаҳои хеш ҳамоно ъамали муғризона ва порасозии забони порсиро, ки нахуст булшевикон ва ҳукумати истеъмории Шӯравӣ онро “тоҷикӣ” ном гузошт ва сипас сарварони қавмгарои Афғонистон дар ин ҷо ба ҷои вожаи ‘порсӣ’ ‘дарӣ’-ро ҷойгузин карданд, идома медиҳанд ва як ҷониб ъамдан чунин таблиғ мекунанд ва ҷониби дигар ноогоҳона ба ин кор даст мезананд ва намедонанд, ки “ин роҳ ки равонаанд, ба Туркистон аст”.
Ин порсиситезон чунин воқеъиятро нодида мегиранд, ки забон пойбанди як маҳдудаи хос намешавад ва инро дар мисоли забонҳои инглисиву фаронсавӣ, испониёиву олмонӣ метавон мушоҳида кард, ки ин забонҳо дар чандин кишварҳо забонҳои расмиянд ва фақат бо ҳамин номҳо ёд мешаванд. Дар ин маврид, андешаи шоъир ва донишманди тавоно Восифи Бохтарӣ ба чунин порсиситезон посухи хеле бамаврид ва дуруст аст, ки мегӯяд: “Агар ин ин гӯишро дар Афғонистон забони ‘дарӣ’ гӯему дар Тоҷикистон онро ‘тоҷикӣ’ бихонем, пас забони мардуми порсизабони Ҳинду Покистонро чӣ бигӯем?!”
Инҷо таъкид бар як нуктаи дигар ҳам бамаврид аст. Ҳоло забони порсиро ҳам чун забони модарӣ ва ҳам чун забони расмӣ ақвоми бисёр ба кор мебаранд, ки яке аз чунин ақвоми асосии соҳиби ин забон тоҷиконанд, ки ҳам дар Тоҷикистону Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳам дар Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон ва Чин зиндагӣ мекунанд. Ва мо ба ҳеч ваҷҳ наметавонем забони онҳоро дар Тоҷикистон ‘тоҷикӣ’-ву дар Афғонистон ‘дарӣ’ ва дар Ӯзбакистону Покистон ва соири кишварҳо бо ягон номи дигаре ёд кунем. Чунин натиҷагириро низ барои бародарони ҳамзабонамон ҳазораҳо, ки ҳам дар Эрон ва ҳам дар Афғонистон сукунат доранд, метавон кор бурд.
Дар бораи як забон, яъне порсӣ будани забонамон, боз метавон садҳо далелу истидлол овард, вале мо дар ин ҷо суханро ба дарозо намекашем ва ин мавзӯъи аслии гузориши мо ҳам нест ва танҳо ҳамин нуктаро батаъкид мегӯем, ки агар ин гӯишҳо се забон буданд, шумо, ъазизон, гуфтаҳои бародари тоҷикатон ва ё ба истилоҳи он порсиситезон, намоядаи забони тоҷикиро, дар маҳфилҳо тавассути мутарҷим мефаҳмидед ва он ҷо ба “тарҷумонҳои тоҷикиву дарӣ” ниёз буд…
Вале агар чунин гаравишҳои порсиситезӣ, ки дар Тоҷикистон бештар ноогоҳона аз ҷониби баъзе донишмандон ва дар Афғонистон ъамдан аз ҷониби гурӯҳҳои шувинистӣ ва қавмгаро дар сатҳи хеле баланди давлатӣ сурат мегирад, минбаъд идома ёбад ва чунин ҷудоиталабии забонӣ тақвият пайдо кунад ва ин иштибоҳи пешин ислоҳ нагардаду кӯшише баҳри ягонагии забонамон сурат нагирад, метавон гуфт, пас аз чанд даҳсолаи дигар мо, порсизабонон, яқинан бо ҳамдигар ба кумаки тарҷумонҳо гуфтугӯ мекунем.
То имрӯз аз чунин ҷудоиандозиҳо забони порсӣ бас осебҳое дид ва ба гӯишҳои теҳрониву кобулӣ ва бухороӣ вожаҳои зиёди бегона ворид шуданд, ки он вожаҳо барои намояндагони дигари забони порсӣ номафҳуманд. Масалан, дар муддати 70 соли ҳокимияти Шӯравӣ ва ҳатто баъди он ҳам садҳо вожаи бегона аз забонҳои русӣ ва туркӣ ба гӯиши мардуми тоҷик, ва тавре гуфтем, ба гӯиши бухороӣ, роҳ ёфта ва ба гуфтаи забоншиносони даврони шӯравӣ, забонамонро бо вожаҳои интерносиюнолӣ (яъне байналмилалӣ) ғанӣ сохтааст, вале дар асл, он вожаҳо забонамонро олуда карданд!
Масалан, вожаҳои директор, ректор, декан, экспедитсия, мотосикл, велосипед, фронт, археология, этнография, санитарӣ, тӯй, кӯпрук, тӯйхона, келин, қалин, кетман, ариқ ва даҳҳову садҳо вожаи дигар имрӯз дар гӯиши бухороии мо истеъмол мегардад, ки барои форсизабонони манотиқи дигар мафҳум нест. Ҳамчунин, зери таъсири забони русӣ бисёр вожаву ъиборатҳои баистилоҳ форсӣ ё тоҷикӣ пайдо шуд, ки аз шунидани онҳо порсизабонони кишварҳои ҳамсоя чизеро дарк намекунанд. Масалан, ҳоло дар гӯиши бухороӣ вожаҳои раҳмат, ва ҳатто раҳмати калон (яъне сипос ва як ҷаҳон сипос), хонаи маданият (фарҳангсаро), хонаи кино (толори синемо), хоҷагии қишлоқ (кишоварзӣ), хизмати маъишӣ (хадамоти иҷтимоъӣ) ва ғайра мавриди истифода қарор дорад ва шумори чунин вожаҳои ба зоҳир порсинамо, вале дар асл бегона, дар ҳоли афзоиш аст.
Агар ба гӯиши тоҷикони минтақаи Осиёи Миёна асосан дар натиҷаи таъсири забони русӣ вожаҳои бегона ворид шуда бошад, дар Афғонистон, ки шеваи гуфтори тоҷикон ва дигар ақвоми порсизабонро дарӣ мегӯянд, вожаҳои бегонаи паштуву инглисӣ ва ҳатто ҳиндиву урду ба таври форовон корбурд дорад. Имрӯз вожаҳои вулусвол, луи ҷирга, пуҳантун, пуҳанзай, сарвис, нектоӣ, мӯтар, дагарвол, шоғул, туран, ҷагран, соранвол, шорвол ва ғайра шеваи дарӣ ё порсии кобулиро ба истилоҳ “зинат” мебахшанд ва шумори чунин вожаҳо рӯзбарӯз бештар мегардад.
Албатта, забонҳо бо ҳам дар иртибот ҳастанд ва аз як забон ба забон ё гӯиши дигар воридшавии вожаҳо амре табиъист, вале набояд ин раванд бо роҳи маснӯъӣ ва ҳатто иҷборӣ сурат бигирад. Аз чунин шеваи нодурусту бадфарҷом, яъне ба забони дигар ҷабран ворид кардани вожаҳои бегона ва бо ин роҳ кӯшиши неруманд сохтани забони хеш дар Афғонистон, ҳукумати қавмгарои ин кишвар истифода мекунад.
Мо ду сол қабл дар Афғонистон шоҳиди ин будем, ки чи сон хабарнигори телевизиюни вилояти Балхро барои корбурди вожаҳои ноби порсии донишгоҳ, донишкада, донишҷӯ ба муҷозот кашиданд ва талаб карданд, ки дар гӯиши дарӣ (!) ба ҷои онҳо вожаҳои паштуи пуҳантун, пуҳанзай ва пуҳанволро ба кор барад. Ҳамчунин дар Донишгоҳи Балх лавҳа ё тоблуи “Донишгоҳи Балх”-ро барканда, ба ҷояш лавҳаи “Де Балх пуҳантун”-ро насб карданд, ки ин ъамали порсиситезӣ аз ҷониби мардуми кишвар ва бавижа тоҷикону порсизабонҳо вокуниши шадидеро ба бор овард.
Ҳамчунин, тайи чанд моҳ дар бахшҳои ҷанубии Афғонистон сиёсати зиддипорсӣ ва зиддитоҷикӣ аз ҷониби ҳукумати Карзай пиёда мегардид. Қавмпарастон аз ҷумла дар шаҳри Гардез, ки аксари мардумаш тоҷиконанд, иҷоза намедиҳанд, ки дар коргузории идорӣ аз забони порсӣ истифода кунанд ва ҳамчунин макотиби порсиро бастаанд ва фарзандони тоҷикро маҷбур кардаанд, ки ба забони пашту таҳсил кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар кишвар ҳарду забон давлатист ва чунин бархурд қаблан ҳеч гоҳ дар Афғонистон ба мушоҳида нарасида буд…
Дар забони порсӣ, баистилоҳ гӯиши теҳронии забони порсӣ, низ алъон гоҳ бо вожаҳое дучор меоед, ки аз забонҳои бегона ворид шудаанд. Масалан, вожаҳои явош, вел кардан, яқа, кӯчак, кучулу, мерсӣ, поркинг, қирмиз ва монанди инҳо вожаҳоеанд, ки аз забонҳои туркиву инглисӣ ҷойгузини вожаҳои порсӣ шудаанд.
Албатта, ин вожаҳои бегона, ки дар ин ё он маҳдудаи сиёсии як кишвар истеъмол мешаванд, дар минтақаи дигар муродиф ва шабеҳи онро доранд, ки аз он ҳамагон огоҳ нестанд. Агар намояндагони ин гӯишҳо ба раванди рушди забони порсӣ бетаваҷҷуҳӣ бикунанд ва ба ъамалҳои шувинистии баъзе гурӯҳҳо саривақт вокуниши ҷиддӣ нишон надиҳанд, тавре ки баён доштем, забони ширину шевои порсиямон аз вожаҳои бегона пур мешавад ва ин раванд барои ҳамаи мо, порсизабонҳо, мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунад.
Аз ин нигоҳ, пайванд ва робитаи қавии се гӯиши бузурги забони порсӣ дар се кишвари порсизабон яке аз ъомилҳои рушди забони порсӣ маҳсуб мешавад. Дар сад соли ахир, бавижа то ишғоли Бухоро аз сӯи Русия, чунин робита байни ин се гӯиш вуҷуд дошт ва дар ин муддат бештари авқот гӯишҳои баистилоҳ ‘дарӣ’ ва ‘тоҷикӣ’ зери таъсири гӯишҳои теҳронӣ монда буданд. Вале баъди ишғоли Бухоро аз сӯи булшевикҳо бар асари тазодҳои сиёсӣ ин робита бо порсизабонони Осиёи Миёна гусаста шуд ва танҳо байни ду гӯиш – порсии теҳронӣ ва порсии кобулӣ идома ёфт.
Пас аз истиқлоли Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки дубора робитаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла дар бахши забони порсӣ, густариш ёбад. Ҳарчанд дар ин муддат баъзе корҳо анҷом шуд, вале ҳамоно барои густариши пайванд ва робитаҳо миёни гӯишҳои забони порсӣ ва таъмини ягонагии ин забон бояд барномаҳои бузургеро тарҳрезӣ кард ва барои пиёдасозии он кӯшиш намуд. Ин барнома, ба назари мо, бояд дар навбати аввал чунин тадобирро дар бар бигирад:
а) Бояд дар гоми нахуст мо барои ваҳдат ва пайванди забонӣ ва меросдори ин забон ва фарҳанг будани хешро собит кардан ва чун дар ҳамаи кишварҳои порсизабон ва дигар манотиқи ҷаҳон, ки порсизабонҳо зиндагӣ мекунанд, забонамон як аст, онро бо як ном яъне забони порсӣ ёд кунем. Чун номи забонамон дар Қонуни асосии кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ‘тоҷикӣ’ ва ‘дарӣ’ ёд шудааст, бояд бо роҳандозии ҳамапурсӣ дар ин кишварҳо номи забон муъайян карда шавад. Вале дар ҳамапурсӣ, аз ҷумла дар Афғонистон, бояд танҳо порсизабонон ҳаққи раъй дошта бошанд, то сарнивишти забони порсиро порсиситезон дар ин кишварҳо ба суди хеш таъйин накунанд;
б) Дар назди Фарҳангистони забони ва адаби порсии Ҷумҳурии Исломии Эрон бахши омӯзиши гӯишҳои забони порсӣ дар се кишвар ва дигар маҳдудаҳои порсизабон созмон дода шавад ва ин бахш бояд дар Афғонистону Тоҷикистон ва ҳатталимкон дар Ӯзбакистону Ҳинду Покистон шуъбаҳо дошта бошад ва масъалаи нобу беолоиш нигоҳ доштани забони порсӣ ва аз ҳисоби вожаҳои порсии ин гӯишҳо ғанӣ гардонидани забонамонро мадди назар дошта бошад;
в) Ҳарчи зудтар Тоҷикистон бояд ба хати ниёкон — хатти порсӣ баргардад, вагарна бидуни бозгашт ба ин хат пайванди гӯишии мардуми ин кишвар бо забони порсии меъёр басо мушкил аст;
г) Роҳандозии шабакаи телевизиюнии кишварҳои порсизабон, ки дар он барномаи вижаи ҳарҳафтаина дар бораи забони порсӣ намоиш дода шавад;
д) Нашри рӯзномаю маҷаллаҳо ва сохтани торнамоҳои вижаи порсӣ барои кишварҳои порсизабон бо хатҳои порсӣ, сириллик ва лотинӣ. (Лозим ба ёдоварист, ки Туркия тақрибан дар ҳамаи кишварҳои туркизабон нашрияҳое ба забони он кишвар ва туркӣ дорад);
е) Дар яке аз шаҳрҳои ин се кишвар (Теҳрон, Кобул ё Душанбе) бунёди Донишгоҳи вижаи забон ва адабиёти порсӣ барои ин се кишвар;
з) Тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки ъомили ба ҳам пайвастан ва робитаи ин се гӯиш ва дар маҷмӯъ забони порсӣ аст; дар ин замина хуб мебуд ҳарчи зудтар низоми раводид байни се кишвар лағв гардад, то мардумони мо баосонӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд ва ҳамдигарро аз наздик бишносанд, ки ин ҳам роҳест барои неруманд кардани забони порсиамон.
Ин аст чанд андешаи инҷониб, ки бар пояи омӯзиш ва таҷрубаи кор ва ошноӣ бо расонаҳои гурӯҳии кишварҳои порсизабон пайдо шудааст ва албатта, дар ин робита, яъне пайдо кардани роҳҳои рушди забони порсӣ ва пайванди гӯишҳои бузурги он, бояд пажӯҳишҳои ҷиддӣ ва ҳамаҷонибаеро анҷом дод, ва ба ин кори бузург ҳама ба таври дастаҷамъӣ бояд оғоз кунем. Умед бар ин дорем, ки барои оғози ин кори бузург ин пешниҳодҳои мо низ ба андозае замина ва ё ҳадди ақал сангҳои нахусти пойдевори он гардад.
________________
*Насибҷони Амонӣ рӯзноманигор ва пажӯҳишгари фарҳангу адаб дар Тоҷикистон аст.
***
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.
Бифирист