Порсӣ Анҷуман: Сарзамине, ки имрӯз дар болои рӯди Арас ҷой дорад ва «Озарбойҷон» номида мешавад, то садаҳои пеш (то 1918) ҳеҷ гоҳ бад-ин ном хонда нашуда ва «Аррон»/«Олбониё» ном доштааст. Ин номи дурӯғинро душманони ториху фарҳанг ва якпорчагии сарзаминии Эрон ба раҳбарии Истолин бар ин паҳнаи эронӣ ниҳоданд, то ҳар гоҳ хоҳанд, аз ин роҳ Эронро зери фишор бигузоранд. Ҳарчанд аз ҳамон замон доноёни Эрон бад-ин дурӯғ вокуниш нишон додаанд, вале то кунун коре, чунонки бояду шояд, аз пеш набурдаанд.
Ҷустори зер «Ҷумҳурии ҷаълии Озарбойҷон» ном дорад, ки Рӯзбеҳи Озаргун пештар онро ба инглисӣ ва туркии истонбулӣ нивишта буд ва ҳамакнун гузориши порсияшро дар пидиэфи 72-рӯяӣ ба даст додааст.
Ин ҷустор дарбардорандаи 10 санад аст. Раҷрубе (искане) аз ҳар санад ба ҳамроҳи нишонии боргирии нибеги (китоби) дарбардорандаи он санад ва нивиштаи инглисӣ ва гардониши порсии он ҷой дода шудааст. Дар поёни ҳар санад низ барои андарёфти беҳтар нақшаи гитошинохтии санад ҳам омадааст.
Феҳристи санадҳо:
Санадҳои ҳамрӯзгор
1918 мелодӣ. Номаи эътирозии сафири кабири давлати Қоҷор дар Истонбул ба давлати Ъусмонӣ бобати ташкили давлате бо номи Озарбойҷон.
1923 мелодӣ. Муҳаммадамини Расулзода, китоби “Ҷумҳурии Озарбойҷон, чигунагии шаклгирӣ ва вазъияти он”.
Санадҳои пеш аз ислом
63 пеш аз мелод. Истробу, Ҷуғрофиёи Истробу, ҷилди панҷум.
76 мелодӣ. Плинии бузург, Торихи табиъии Плинӣ.
Санадҳои пас аз ислом
820 мелодӣ. Ибни Хурдодбеҳ, Алмасолик ва-л мамолик.
850 мелодӣ. Аҳмад ибни Абияъқуб, Китоб-ал-булдон.
920 мелодӣ. Истахрӣ, Алмасолик ва-л мамолик.
950 мелодӣ. Ибни Ҳавқал, Сурат-ал-арз.
1000 мелодӣ. Ибни Фақеҳ, Мухтасари Китоб-ал-булдон.
1179 мелодӣ. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон.
‘Ҷумҳурии ҷаълии Озарбойҷон’-ро аз «инҷо» боргиред.
***
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.
این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید
Бифирист