«Ҷусторномаг» чоп шуд

Порсӣ Анҷуман: «Ҷусторномаг», ки гирдоварде аз ҷусторҳои Маздои Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон аст, чоп шуд.
Ҷусторномаг ба ду бахш аст: забонпижӯҳӣ ва эрпижӯҳӣ.
Андар забонпижӯҳӣ, ҷусторҳои «Дидгоҳи Энгелс дар бораи забон, дабира ва адаби порсӣ дар номааш ба Моркс», «Порсигӯёни бостон забони хешро чи меномидаанд?», «Устигони Хусрав», «Сифат ва ҳамтои порсиаш», «Диолектик ва ҳамтои порсиаш», «Вожашиносӣ: шер (шоҳ)», «Вожашиносӣ: улвар куҳанвожае модӣ дар порсии Кошон», «Навдасотириён: сухане чанд дар бораи вожасозӣ ва вожагузинӣ андар забони порсӣ» ва «Решаҳои забони курдӣ» омадааст.

Бахши эрпажӯҳӣ низ дарбардорандаи «Эрон ва Эроншаҳр», «Чатранг ва нард: ҳамсанҷии ду гузориш», «Вирозагон: як нивиштаи навёфта ба порсиг» ва «Нигоҳе ба кори тозаи Раҳоми Аша бар Суруди Мурворид: чигуна парда аз рози зеботарин суруди ҷаҳон бардошта шуд?» аст.
Гуфтанист, ки Ҷусторномаг пас аз «Гӯёии Арасту» аз Повели Порсӣ (файласуфи Эрони бостон), «Дебочае бар фалсафаи торихи Эрон», «Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ», «Ҷомоспӣ (гузориши порсиги Ёдгори Ҷомосп/ Ҷомоспнома)» ва «Гузидае аз Динкарди чаҳорум» шашумин нома аз гирдоварди «Хирадномаг» аст.
Чопи нахусти Ҷусторномаг дар андозаи вазирӣ, бо пӯшинаи сахт ва баҳои 410 ҳазор тумон дар дастраси устодон, пижӯҳандагон, донишҷӯён ва дӯстдорони фарҳанг ва забонҳои эронӣ ниҳода шудааст.
Ҷусторномагро аз «инҷой» тавон харидан.
——————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*