Ҷалол Холиқии Мутлақ: Ҳамаи мо ҳангоме, ки аз аҳаммияти “Шоҳнома” сухан ба миён меояд, дар ин назар иттифоқ дорем, ки “Шоҳнома” яке аз мафохири миллии мост, вале банда мутмаин ҳастам, ки агар аз сад нафар нобаргузида бипурсед, ки: «Чаро “Шоҳнома” яке аз мафохири миллии мост?», беш аз навад нафари онҳо аҳаммияти миллии “Шоҳнома”-ро дар таблиғи меҳанпарастӣ ва шарҳи пирӯзиҳои эрониён бар душманони онҳо медонанд, ки тоза дар ҳамин ҷо ҳам ағлаб фаромӯш мегардад, ки “Шоҳнома” саргузашти шикастҳои эрониён ҳам ҳаст ва истилоҳе, ки бар таъна мегӯянд «“Шоҳнома” охираш хуш аст», аз ҳамин ҷо бархостааст. Ба сухани дигар, вақте мо аз аҳаммияти миллии “Шоҳнома” сухан мегӯем, ғолибан танҳо ба аҳаммияте, ки ин китоб барои миллияти мо дорад назар дорем, вале аҳаммияти миллии “Шоҳнома” хеле беш аз ин аст.
Барои шинохти ҳамаи ҷиҳоти аҳаммияти “Шоҳнома” бояд беиғроқ даҳҳо китоби мустанад ва садҳо мақолаи таҳқиқӣ навишт ва ин кор ҳам вақте мумкин аст, ки бар пояи як матни полуда анҷом гирад; яъне нахуст бояд тасҳеҳи нисбатан муътабаре аз ин китоб фароҳам шавад ва матни китоб аз дастбурдҳои бегона ва чандин ҳазор байти илҳоқӣ пок гардад. Дар таҳти ин шароит, агар ман бино ба собиқаи як рубъи қарн кор бо “Шоҳнома”, ин густохиро ба худ медиҳам ва дар шарҳи бархе аз аҳаммиятҳои ин китоб, ончиро, ки бояд дар ҳазор сафҳа бо зикри шавоҳиди фаровон гуфт, дар чанд сафҳа хулоса мекунам, ба ҳеч рӯй ин иддаоро надорам, ки ҳаққи матлабро ба хубӣ адо карда ва чизе ногуфта нагзошта бошам, балки матолибест дар ҳадди як ёдоварӣ.
1. “Шоҳнома” ва мифулужӣ
Мифулужӣ як истилоҳи юнонист ва «асотир» ҳам, ки мо дар форсӣ мегӯем, ҷамъи арабии «устура» ва устура муарраби вожаи юнонии «historia» аст. Дар юнонӣ mythos ба маънии афсонаҳои нахустини ҳар миллатест дар бораи офариниши ҷаҳон ва бархурдҳои нахустини инсон бо табиат ва нерӯҳои неку бад, ки дар гирогири ин бархурд худоёну шаҳриёрон ва паҳлавонони ҳар миллат зуҳур мекунанд. Мифулужӣ дар як ҷумла «таърихи фарҳанги моддӣ ва маънавии аввалияи ҳар миллат» аст.
Нахустин бахши “Шоҳнома” ва дастикам ҳудуди панҷ ҳазор байт аз ин китоб таърихи мифулужии Эрон аст. Аҳаммияти “Шоҳнома” дар ин бахш танҳо дар ин нест, ки ақидаи эрониро дар бораи офариниши ҷаҳон, чигунагии сард шудани пӯстҳаи замин, пайдоиши гиёҳу ҷонвар ва кӯшиши инсон барои таҳияи хонаву ҷомаву хӯрок ва аҳлӣ кардани ҷонварон ва ғайра ва ғайра шарҳ медиҳад, ки назоири он дар мифулужии бархе ақвоми дигар низ ҳаст, балки аҳаммияти аслии он дар посухи ин пурсиш аст, ки: «Чаро мардумон он ҷаҳони биҳиштинро, ки дар он сармову гармо, гуруснагию қаҳтӣ, ҷангу беморӣ, зиштию нотавонӣ ва пирию марг набуд, аз даст доданд?» Дар мифулужии эронӣ як балои осмонӣ ё қаҳри табиат ё хашми яке аз худоёни баҳонагир сабаби аз даст рафтани ҷаҳони хайр нест, балки далели табоҳии ҷаҳони хайр дар ин аст, ки раҳбари ин мардумон як рӯз ба ғалат меуфтад, ки ҳамаи ин неъматҳоро ӯ худ танҳо, бидуни пуштибонии Парвардгор ва бидуни дастёрии мардумон падид овардааст ва аз инҷо гирифтори худпарастӣ ва манӣ мешавад ва аз паси он фарраи эзадӣ аз ӯ ҷудо мегардад; яъне Парвадгор дасти ёрии худро аз пушти ӯ бармедорад ва суқут мекунад. Вале аз сӯи дигар вокуниши мардум низ бо ин раҳбари гумроҳгашта аз сари хирад –, ки дар саросари “Шоҳнома” ба унвони бузургтарин додаи Эзад ситоиш шудааст – нест. Балки рафтори мардумест шитобзада ва шӯришталаб. Ва аз ин рӯ, онҳо чӯби гумроҳии раҳбари худро намехӯранд, балки чӯби нодонии худро, ба сухани дигар, дар мифулужии эронӣ, мардумонро аз он ҷаҳони биҳиштини нахустин ба баҳонаи гандум хӯрдан нарондаанд, балки ин мардум худ масъули балое ҳастанд, ки бар сарашон омадааст. Ва акнун ончи дар мифулужии эронӣ ҷолиб аст, ин аст, ки пас аз ҷойгузин шудани дӯзахи заҳҳокӣ бар биҳишти ҷамшедӣ, дигар аслан сухан аз омадани сармову гармо, гуруснагию қаҳтӣ ва беморию ҷанг, ки зиндагии моддии мардумро таҳдид мекунанд, нест, балки дар дараҷаи аввал гила ва шикоят аз рахт барбастани маънавиёт аст:
Ниҳон гашт кирдори фарзонагон,
Пароканда шуд коми девонагон.
Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд,
Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд.
Шуда бар бадӣ дасти девон дароз,
Ба некӣ набудӣ сухан ҷуз ба роз.
Ва ончи ҷолибтар аст, ин ки ин вазъият ба номи як машийяти илоҳӣ, ки бояд пазируфт ва бо он сохт, таблиғ намегардад. Балки мардуме, ки худ мӯҷиби ин вазъ буданд, худ низ бояд акнун барои рафъи он домани ҳиммат бибанданд. Ва ин ҳамон андешаи муборизаи миёни неку бад дар ҷаҳонбинии эронист, ки аз ҳамон бахши мифулужии “Шоҳнома” оғоз мегардад ва аз он пас чунонки гуфтаанд, монанди навори сурхе дар саросари китоб намоён аст:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Ончи мифулужии эрониро ба ин сурат, ки дар “Шоҳнома” аст, аз мифулужии милали дигар ҷудо мекунад, ин аст, ки он шарҳи сода ва гоҳ аз диди имрӯзии мо хурофии афсонаҳои офариниш ва моҷароҳои худоёну шоҳон ва паҳлавонон, ки мавзӯъи мифулужист, дар “Шоҳнома” шадидан бо масоили ахлоқӣ тавъам аст ва шеваи баён низ ба нақли маҳз, балки бисёр ҷоҳо ба сурати диолугҳои диолектик, гуфтушунудҳои истидлолӣ, даромадааст, далели он ин аст, ки асре, ки Фирдавсӣ дар он зиндагӣ мекард, дигар замони Ҳумер набуд. Фалсафа ва улум аз як сӯй ва дини ҷадид аз сӯи дигар бинои бисёре аз эътиқодоти куҳанро дарҳам рехта буданд ва аз ин рӯ шоири донишманде чун Фирдавсӣ дигар наметавонист ба шеваи гусонҳо ё шоирони даврагарди бостон сози худро бардорад ва аз ин кӯча ба он кӯча роҳ биафтад ва сурудхонӣ кунад. Балки агар мехост дигарон сухани ӯро ҷиддӣ талаққӣ кунанд ва дар шумори аботил ва ёвасароӣ нагиранд, ночор буд, ки афсонаҳои худро дар як бофти фалсафӣ-ахлоқӣ арза кунад, ки ҳатто файласуфи пурмуддаои замонаи худи ӯ низ мутаваҷҷеҳ гардад, ки дар инҷо масоили амиқтаре аз ончи дар бораи ҷавҳару араз ва ҳиюлову сурат мегӯяд, матраҳ аст. Вале ҳамаи ин кӯшиши шоир ба ҷое намерасид, агар худи ӯ ба ончи мегуфт эътиқоди комил надошт ва монанди ҳамосасароёни пас аз худ ба матолиби маъхази худ танҳо ба унвони мавзӯъи шеър менигарист:
Ту инро дурӯғу фасона мадон,
Ба яксон равишн дар замона мадон.
Аз ӯ ҳар чи андар хӯрад бо хирад,
Дигар бар раҳи рамз маънӣ барад.
Ва ё дар оғози «Достони Аквондев» мегӯяд:
Ҷаҳон пуршигифт аст чун бингарӣ,
Надорад касе олати доварӣ…
Хирадманд, к-ин достон бишнавад,
Ба дониш гарояд, бад-ин награвад.
Валекин чун маънияш ёдоварӣ шавад рому кӯтаҳ шавад доварӣ ва сипас дар поёни ҳамин достон дар тавҷеҳи «дев» мегӯяд:
Ту мар девро мардуми бад шинос,
Касе, к-ӯ надорад зи Яздон сипос.
Ҳар он к-ӯ гузашт аз раҳи мардумӣ,
Зи девон шумар, машмараш з-одамӣ.
Ва пас аз он ки тавҷеҳе ҳам аз номи Аквон мекунад, сипас мегӯяд:
Чи гӯӣ ту, эй хоҷаи солх(в)ард,
Чашида зи гетӣ басе гарму сард?
Кӣ донад, ки чандин нишебу фароз
Ба пеш орад ин рӯзгори дароз?
Таки рӯзгор аз дарозе, ки ҳаст
Ҳаме бигзаронад суханҳову даст.
Яъне ин рӯзгори пур аз шигифтӣ, дар пӯиши дарози худ корҳо ва ҳақоиқро аз доираи фаҳму дониши мо берун мебарад ва лизо мо ҳақ надорем, ки ин афсонаҳое, ки падарони мо сина ба сина нақл кардаанд ва то ба мо расида, саропо афсона ва дурӯғ бидонем. Фирдавсӣ дар саросари “Шоҳнома” ба он чи мегӯяд эътиқод дорад ва онро айнан ба хонанда илқо мекунад. Ба гумони ин банда дар миёни шоирони эронӣ се тан ҳастанд, ки суханашон аз садоқати хоссе бархурдор аст: Фирдавсӣ, Ҳофиз ва Парвини Эътисомӣ.
2. “Шоҳнома” ва таърих
Дар “Шоҳнома” бахши Соcониёнро, ки бо ҳудуд 17 ҳазор байт беш аз як севуми ҳаҷми китобро ташкил медиҳад, маъмулан бахши таърихии “Шоҳнома” меноманд.
Бо он ки ин бахш низ дорои матолиби афсонаии бисёр ҳаст, вале боз аз назари матолиби таърихӣ дорои аҳаммияти бисёрест. Дар бораи таърихи Соcониён мо дорои маохизе ба забонҳои юнонӣ, лотинӣ, арманӣ, сурёнӣ ва паҳлавию арабию форсӣ ҳастем, вале матолиби “Шоҳнома” ҳатто пас аз канор гузоштани афсонаҳо ва шарҳу бастҳои шоиронаи он боз аз назари миқдор бар матолиби осори дигар мечарбад. Гузашта аз ин, дар бахши ба истилоҳ достонӣ ва ниматаърихии “Шоҳнома” низ матолиби таърихӣ ба хусус дар бораи Ашкониён ҳаст, ки шинохти каму чуни онҳо ба хотири камиттилоии мо аз ҷузъиёти таърихи он давра душвор аст. Ба гумони ман, аз матолиби “Шоҳнома” аз Манучеҳр то Доро фақат миқдори ночизе таърихи ҳахоманишӣ ва ривоёти авестоӣ ва беш аз ҳаштод дарсади он таърих ва адабиёти портист. Ахбори бештари ин подшоҳон ба вежа ончи дар подшоҳии Кайхусрав омадааст, ба ҳеч рӯй наметавонад бо саргузашти кайҳои авестоӣ иртибот дошта бошад ва гӯёи ин аст, ки дар ривоёти миллӣ, шоҳон ва таюлдорони портӣ нисбати худро ба шоҳону паҳлавонони авестоӣ мерасонанд ё мерасонданд, сабаби хилти таъриху адабиёти портӣ бо ривоёти авестоӣ шудааст.
3. “Шоҳнома” ва фарҳанги бостон
Агар шумо бихоҳед дар бораи русум кишвардорию ва оинҳои идорӣ ва дарборӣ дар Эрони пеш аз ислом таҳқиқ кунед, монанди ахзи молиёт, сикка задан, навиштани номаҳои давлатӣ, фиристодан ва пазируфтани сафир, ташкилоти сипоҳ, силоҳҳои ҷангӣ, расми тоҷгузорӣ, ойини бор додан ва ғайра ва ғайра. Ё хоста бошед дар бораи маросими хонаводагӣ ва иҷтимоӣ таҳқиқ кунед, монанди заношӯӣ, номгузорӣ рӯйи кӯдак, ойини меҳмонӣ ва мизбонӣ, ромишгарӣ ва майгусорӣ, ҷомаву ороиш ва бӯйҳои хуш, баргузории ҷашнҳои миллӣ чун Наврӯз ва Меҳргон, озин бастани шаҳр, ҳадя додан ва нисор кардан, саргармиҳо ва бозиҳо, чун шикору асбдавонию чавгон ва шатранҷу нард, бархе равобит ва муносибот миёни аъзои хонавода ва афроди ҷомеа, эътиқодоти ахлоқӣ ва динии мардум то бирасад ба ойини сӯгворӣ ва тадфин. Ё хоста бошед дар бораи табақоти иҷтимоъ ва машоғили гуногун ва вазъи занон таҳқиқ кунед ё хоста бошед дар бораи бархе донишҳо ва фунун чун пизишкӣ, нуҷум, мусиқӣ ва шеър таҳқиқ кунед… Дар таҳқиқи ҳамаи ин заминаҳо яке аз маохизи муҳимми шумо ва гоҳ танҳо маъхази шумо “Шоҳнома”-и Фирдавсист.
4.”Шоҳнома” ва адабиёти паҳлавӣ
Аҳамми ончи аз адабиёти паҳлавӣ ба мо расида, навиштаҳои динии зартуштист ва аз адабиёти ғайридинии он ҷуз чанд навиштаи кӯчак чун «Корномаи Ардашери Бобакон», манзумаи «Ёдгори зарирон», манзумаи «Дарахти Осуриг» ва рисолаи «Хусрав ва Ридаг» ва рисолае дар бозии шатранҷ ва нард чизи дигар ба ҷо намондааст. Аз сӯи дигар, медонем, ки бахши муҳимме аз адабиёти форсӣ ба маохизи паҳлавӣ бармегардад. Аз ин қабиланд адабиёти манзум ва мансури ҳамосӣ, бахши муҳимме аз адабиёте, ки ба ойин ё ойинаи хусравон шуҳрат дорад, монанди «Калила ва Димна», «Синдбоднома» «Марзбоннома», «Қобуснома», «Насиҳат-ул-мулук» ва ғайра. Ҳамчунин, бахши муҳимме аз адабиёти андарз, чи онҳое, ки ба сурати рисолаҳои ҷудогона тадвин шудаанд, монанди «Зафарнома»-и мансуб ба Ибни Сино ва чи он бахше, ки бо матолиби осори дигар даромехтаанд. Ҳамчунин, бархе аз манзумаҳои ошиқона, чун «Вису Ромин» ва низ рисолаҳое дар улум ва фунуни гуногуни дигар, монанди «Бознома» ва рисолоте дар одоби шикору ҳарб ва ғайра. Бархе аз осори паҳлавӣ дар садаҳои дувуму севуму чаҳоруми ҳиҷрӣ ба арабӣ ва форсӣ тарҷума шуданд. Танҳо он чи Ибни Надим дар китоби «Ал-феҳрист» аз тарҷумаҳои паҳлавӣ ба арабӣ ном мебарад. Вале, мутаассифона, на танҳо асли паҳлавӣ, балки тақрибан ҳамаи тарҷумаҳои арабию форсии ин осор аз даст рафтаанд ва ончи дар боло аз он ном рафт, осорест, ки ағлаби онҳо бар асоси тарҷумаҳои арабӣ ва форсӣ тадвин гаштаанд. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, танҳо ҳаҷми онро, ки дар назар бигирем, яке аз муҳимтарини ин осор аст ва мо бо доштани “Шоҳнома” тарҷумаи шоиронае аз «Худойнома» ва теъдоди зиёде аз рисолоти кӯчаку бузурги паҳлавӣ, аз ҷумла «Корномаи Ардашери Бобакон», «Ёдгори зарирон» ва «Ёдгори Бузургмеҳр», ки асли паҳлавии онҳо низ мондааст, дар даст дорем.
5. “Шоҳнома” ва фарҳанги Эрони исломӣ
“Шоҳнома” ба хотири муҳтавои ғанӣ ва чандсавийя ё пурсӯяи худ, ки қаблан ба бархе аз онҳо ишора шуд, билофосила пас аз нигориши он мавриди истиқболи афрод ва табақоти мухталифи ҷомеа аз шоиру муарриху луғавӣ ва ҳакиму наққошу наққол то бирасад ба маъмурони давлатию сипоҳиён ва доягону дарбориён қарор гирифт ва бад-ин тартиб бисёре аз ончи “Шоҳнома” аз фарҳанги бостони Эрон гирифта буд, аз мифулужию таърих ва ойини кишвардорӣ ва бисёре аз одобу русуми хонаводагию иҷтимоӣ, ба фарҳанги Эрони исломӣ мунтақил гардид ва бад-ин тартиб “Шоҳнома” монанди пуле шуд, ки ду фарҳанги пеш аз ислом ва баъд аз исломи Эронро ба якдигар муттасил сохт ва он истимрори фарҳанги Эрон, ки бо вуруди араб осеби бузурге дида буд, ба василаи “Шоҳнома” то ҳадди зиёде мараммат ёфт. Таҳқиқоти бисёр зиёде лозим аст то битавон ҳамаи ҷанбаҳои нуфузи “Шоҳнома”-ро дар зиндагии эрониён нишон дод; аз нуфузи “Шоҳнома” дар варзиши бостонӣ гирифта то бирасад ба адабиёти тӯда ва ҳунарҳои намоишӣ, ки поинтар ба он ишора хоҳад шуд. Ва ё барои мисол, бахши бузурге аз номҳои эронӣ, ки мо рӯйи кӯдакони худ мегузорем – агар бигузорем – дар асл аз “Шоҳнома” гирифта шудаанд, чун ағлаби онҳо ба ин сурат дар осори пеш аз “Шоҳнома” наомадаанд. Ҳамчунин, “Шоҳнома” дар канори «Хамса»- Низомӣ яке аз муҳимтарин манобеъи мавзӯи ҳунари миниётур ва тазҳиби китоб аст ва аз миёни осори фаровони он, дутои онҳо, яъне “Шоҳномаи Бойсунғурӣ» ва “Шоҳномаи Шоҳ Таҳмосбӣ» (машҳур ба «Шоҳномаи Ҳофтун») аз шоҳкорҳои ҷаҳонии ҳунари тазҳибу наққошӣ хатотию саҳҳофӣ ба шумор мераванд.
6. “Шоҳнома” ва забони форсӣ
Агарчи забони форсӣ қарнҳо пеш аз Фирдавсӣ забони роиҷи гуфтугӯ дар саросари Эрон шуда буд, вале аз умри он ба унвони забони навиштор ва ҷонишини забони паҳлавию арабӣ беш аз сад сол намегузашт ва дар ин муддат ҳамеша ин забон дар миёни эрониёни ҳавохоҳи забони арабӣ, дорои душманони хатарноке буд, ки, бавежа, пас аз пойгирии давлати туркони ғазнавӣ бар қудрати онҳо афзуда гардид ва яке-ду бор муваффақ шуданд забони номаҳои давлатиро дубора аз форсӣ ба арабӣ баргардонанд. Ҳастанд, ки муътақиданд бидуни ниёзе, ки дар миёни аҳли қалам ба “Шоҳнома” пайдо шуда буд, забони арабӣ ҷойи забони форсиро мегирифт ва ё дастикам мавзеъи онро ба унвони забони навиштор бисёр заиф мекард. Сарфи назар аз ин мавзӯъ, “Шоҳнома” ба хотири ганҷинаи бузурги вожаҳои форсии он, барои мавҷудияти забони форсӣ аҳаммияти камтаре надорад. Агар мо аз миёни осори мавҷуд ва куҳани забони форсӣ онҳоеро, ки монанди “Шоҳнома” рақами вожаҳои бегонаашон нисбат ба кулли вожаҳои китоб аз ҳудуди панҷ дарсад бештар нест, ба якҷо гирд оварем, ҳаҷми ҳамаи онҳо рӯйиҳамрафта ба ҳаҷми “Шоҳнома” намерасад. Ба тавре, ки агар “Шоҳнома”-ро надоштем, ҳар кас метавонист иддао кунад, ки забони форсӣ бидуни рақами бузурге аз вожаҳои бегона, забоне нотавон ё дастикам фоқиди фасоҳату шевоист. Аз ин рӯ, агар мо “Шоҳнома”-ро тираки миёнии хаймаи забони форсӣ биномем, иғроқ накардаем.
7.”Шоҳнома” ва адабиёти форсӣ
Бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои ғании “Шоҳнома” аз як сӯ ва аҳаммияти он барои забони форсӣ аз сӯи дигар ва бо дар назар гирифтани ин ки “Шоҳнома” куҳантарин асари шеъри форсист, ки ба таври комил ба дасти мо расидааст, метавон таъсири бузурги ин китобро бар саросари адаби форсӣ ҳадс зад. На танҳо муаррихону фарҳангнависон ва ҳамосасароёну муаллифони кутуби ахлоқ, балки аксари мутафаккирон ва шуарои бузурги забони форсӣ, аз он миён Шайх Фаридуддини Аттор, Умари Хайём, Шайхи Ишроқ Суҳравардӣ, Мавлоно, Саъдӣ ва Ҳофиз ҳар як ба наҳве аз “Шоҳнома” таъсир пазируфтаанд, вале “Шоҳнома” ба унвони бузургтарин манбаъи таъриху афсонаву луғату ҳикмат ва ахлоқи эронӣ танҳо бар табақаи шоирон ва мутафаккирони пас аз худ таъсир накардааст, балки ба ҳамон нисбат бар адабиёти тӯда.
Аз миёни осори адабии мо ҳеч асаре ба андоза “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва Девони Ҳофиз натавонистаанд он девори захиме, ки табақаи босаводро иҳота мекунад, бишкофанд ва ба миёни тӯдаи мардум нуфуз кунанд ва аз миёни ин ду асар боз “Шоҳнома” ба иллати шуҳрати афсонаҳои он маъруфи тӯдаҳои васеътаре аз мардуми Эрон аст. Ҳатто эрониёне, ки забони модарии онҳо форсӣ нест ва низ милали ҳамсояи Эрон чун туркҳо, русҳо ва арабҳо. Ҳамчунин, бахши бузурге аз адабиёти тӯда аз таъсири “Шоҳнома” барканор намондааст. Чи онҳое, ки тадвин гаштаанд, монанди «Доробнома» ва «Самаки айёр» то бирасад ба «Ҳусайни Курд» ва «Амир Арсалони Румӣ» ва ҳамосаи «Гӯруғлӣ» ва чи онҳое, ки ба сурати ривоёти шифоҳӣ дар бораи моҷароҳои паҳлавонони “Шоҳнома” дар миёни тӯдаи мардум ҷорист ва бахши муҳимме аз онҳоро низ чанд сол пеш оқои Абулқосим Инҷӯи Шерозӣ гирдоварӣ кард ва дар се ҷилд бо унвони «Мардум ва “Шоҳнома”» интишор дод.
8. “Шоҳнома” ва ҳунари шоирӣ
Арзиши адабии як асар иборат аст аз маҷмӯаи арзишҳое, ки он асар аз ҷанбаҳои гуногун дорад. Ҷанбаи ҳунарии як асар танҳо яке аз ин арзишҳост, ки, албатта, дар арзёбии як асари адабӣ, унсури бисёр муҳиммест. Ҳунари суханпардозии Фирдавсӣ, албатта, дар саросари “Шоҳнома” намудор аст; вале устодии ӯро дар ҳунари достонсароӣ танҳо онҷо метавон мушоҳида кард, ки матолиби маохизи ӯ ривоёти мифулужӣ ё ахбори таърихӣ нест, балки афсонаҳоест, ки ба шоир фурсат медиҳанд бо парвардани онҳо ба достонсароӣ бипардозад. Достонҳое, ки дар “Шоҳнома” аз ҷанбаи ҳунари достонсароӣ аҳаммияти хос доранд, иборатанд аз: «Достони Золу Рӯдоба», «Достони ҳафтхони Рустам», «Достони Рустам ва ҳафт гурдон дар шикоргоҳи Афросиёб», «Достони Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвахш», «Достони рафтани Гев ба Туркистон», «Достони Фурӯди Сиёвахш, «Достони Аквондев», «Достони Бежан ва Манижа», «Достони разми ёздаҳ рух», «Достони Гуштосб ва Катоюн», «Достони ҳафтхони Исфандиёр», «Достони Рустам ва Исфандиёр» ва «Достони Рустам ва Шағод». Ғайр аз ин чаҳордаҳ достон, қатаоти кӯчаку бузурги бисёре дар “Шоҳнома” ҳаст, ки шоир дар онҳо фурсати суханпарозии бештаре ёфтааст; монанди қитъаи набарди Рустам бо Ашкбӯс, ривояти тозиёна ҷустани Баҳром, марсияи Борбад бар Хусрав Парвиз ва ғайра ва ғайра. Аз миёни он чаҳордаҳ достон, ки ном бурдам, натанҳо ду достони «Рустаму Суҳроб» ва «Рустаму Исфандиёр», ки шуҳрат ёфтаанд, балки «Достони ҳафт хони Рустам», «Достони Сиёвахш», «Достони Фурӯди Сиёвахш», «Достони Бежан ва Манижа» ва «Достони разми ёздаҳ рух» ҳар як ба мулоҳизоте аҳаммияти хоссе доранд ва ин ҳафт достон натанҳо шоҳкори достонҳои “Шоҳнома”, балки аз шоҳкорҳои адаби форсӣ ба шумор мераванд, то он ҷо, ки агар шумо хоста бошед дар саросари адаби форсӣ манзумаҳоеро, ки битавон аз назари аҳаммият ба наҳве бо ин достонҳо муқоиса кард, баргузинед, ба тавре ки табоеъ ва салиқаҳои дигарро ҳам аз худ розӣ карда бошед, боз ниҳоят аз панҷ достон таҷовуз нахоҳед кард, ки иборат бошанд аз «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Асъади Гургонӣ, «Хусрав ва Ширин», «Ҳафт пайкар», «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ ва достони ирфонии «Мантиқ-ут-тайр» аз Фаридуддини Аттор.
Ва аммо ин ҳафт достони “Шоҳнома” бо ҳудуди 12 ҳазор байт танҳо як чаҳоруми “Шоҳнома” ва ҳар чаҳордаҳ достон низ бо ҳудуди 17 ҳазор байт танҳо каме беш аз як севуми ҳамаи “Шоҳнома”-ро ташкил медиҳанд. Ин ки ман ба камийяти кори Фирдавсӣ ишора мекунам, аз ин рӯст, ки бештари эрониёни имрӯз, ҳатто касоне, ки иддаои наққодӣ доранд, ҳавсалаи пардохтан ба осоре, ки шинохти онҳо вақт ва диққати бештаре мехоҳад, надоранд. Аз ин рӯ, дархӯри ин беҳавсалагӣ ва бедиққатии меъёрҳои нақди адабӣ низ хулоса шудаанд ва барои бисёре аз эрониён шеър он аст, ки фаҳми он вақту диққат ва саводи адабӣ нахоҳад! Ҳар чи кӯтоҳтар ва содатар беҳтар. Бино бар ин, як рубоӣ ё як қитъа шеъри нав беҳтарин намунаи шеър мегардад. Ба вежа, ин ки ин гуна ашъорро метавон дар як салони ниматорик, дар пойи шамъ бо мӯҳои ошуфта ва чашмони хумор ва лаҳни мастона диклама кард ё чаҳчаҳа зад. Ба ақидаи бархе аз эрониён шеър ҳамин аст ва он чи ҷуз ин аст, назм аст. Бад-ин тартиб, асари шоири мутафаккире чун Фирдавсӣ, ки бар асоси барномае муназзам сӣ то сию панҷ сол аз умри хешро ҳар рӯз аз пагоҳ то бегоҳ кор карда, дар баробари кори касе қарор мегирад, ки ҳар чанд гоҳ аз давлати май ҳоле ёфта ва шеъре сохтааст. Иллати ин гуна довариҳо ин аст, ки ҳунар дар Эрон ба се-чаҳор ришта: шоирӣ, нависандагӣ, навозандагӣ ва хонандагӣ маҳдуд гаштааст ва риштаҳои дигари ҳунар, ба вежа анвоъи ҳунари намоишӣ, пешрафти муҳимме накардаанд.
Чанд сол пеш як ҳунарпешаи машҳур дар Лондон даргузашт, ки тамоми шуҳрати худро мадюни ин буд, ки нақши «Ҳомлет»-ро аз ҳама беҳтар бозӣ карда буд. Акнун биравед ва дар театрҳои ин шаҳр бигардед ва бубинед, ки чи бисёранд ҳунарпешаҳое, ки танҳо орзуяшон ин аст, ки як бор коргардоне нақши Ҳомлетро ба онҳо вогузар кунад. Фирдавсӣ чандин баробари Шекспир достон дорад, ки метавон аз онҳо филм ва намоиш таҳия кард. Ашхоси “Шоҳнома”, ки шоир шахсияти онҳоро то он андоза тавсиф кардааст, ки ҳунарпешае битавонад дар нақши як ё чандин тани онҳо тахассус пайдо кунад, дастикам ба бист тан мерасанд. Фуқдони риштаҳои гуногуни ҳунар ва, ба вежа ҳунари намоишӣ, сабаб шудааст, ки мо натавонем абъоди васеъи ҳунари касоне чун Фирдавсӣ, Фахруддини Гургонӣ ва Низомиро бишиносем ва ҳатто ҳамон ҳунарҳои суннатӣ чун наққолӣ, шоҳномахонӣ, дафтархонӣ, таъзия, пардадорӣ, хаймашаббозӣ ва ғайра аз байн рафтаанд, бидуни он ки вазифаи худро ба ҳунарҳои намоишии ҷадид назири театру синамову опера ва намоиши арӯсакию филм, наққошии мутаҳаррик (cartoon), намоиши радиоӣ, намоиши хиёбонӣ ва ғайра муҳаввал карда бошанд. Ва ҳунари миниётури Эрон, ки муҳимтарин мавзӯъҳои онро саҳнаҳои “Шоҳнома” ва «Хамса»-и Низомӣ ташкил медод, табдил шудааст ба намоиши як мавзӯи воҳид ва мукаррар, ки як зане бо андоми кашида ва чашмони муварраб ва мӯҳои баланд, дар ҳоле, ки сеторе ё қарробаи шаробе дар даст дорад, дар ҷилави пирамарде, ки гӯё Хайём аст, таннозӣ мекунад ва пирамард бо мӯҳои ошуфта ҷилави шамъе нишаста ва китобе дар даст гирифта ва ба тарафи зан нимхез шудааст! Бад-ин тартиб дар ҷараёни маҳдуд гаштани ҳунар ба се-чаҳор ришта ҳунари наққошии миниётур низ ба хидмати шеъри тағаззулӣ даромадааст. Акнун тасаввур кунед, ки агар бихоҳем аз яке аз достонҳои “Шоҳнома” филме обрӯманд таҳия кунем, ба чи имконоти васеъе аз назари ҳунарпеша, коргардон, филмбардор, оҳангсоз, ҷомасоз, декорсоз, ороишгар ва ғайра ниёз дорем. Ин танҳо як намуна аз абъоди васеъи ҳунари Фирдавсист, ки дар гузашта ҳунари намоишҳои суннатиро тақвият мекард ва имрӯз метавонад ба ҳунари намоишҳои ҷадид моя диҳад. Вале, мутаассифона, ба хотири адам ё заъфи бархе аз анвоъи ҳунар дар Эрон бесамар мондааст. Саҳнаҳои “Шоҳнома” метавонад илова бар мавзӯи наққошӣ, мавзӯи ҳунарҳои дигаре чун дастбофҳои гуногун, серомик, гаҷбурӣ, кандакорӣ, наққошиҳои деворӣ ва ғайра қарор гирад, чунончи дар гузашта буд.
Гузашта аз ҳамаи ин баҳсҳо, мо ба касе, ки дар “Шоҳнома” ҳунари шоирӣ ва достонсароӣ меҷӯяд, тавсия мекунем, ки фақат яке аз ҳамон ҳафт достонро, ки ном бурдем, бо вақт ва диққати кофӣ бихонад ва дар сохтмони достон, гуфтушунуди паҳлавонон, фарозу нишеби моҷароҳо, лафзи шево ва рафеъ, эҳсосоти рақиқ ва афкори башардӯстонаи сароянда ва қудрати ӯ, чи дар тавсифи ҷараёни достон ва чи дар равонковии ашхоси достон таваҷҷуҳ кунад. Акнун агар он чи банда дар аҳаммияти ҳунари достонсароӣ дар “Шоҳнома” гуфтам, бо он чи қаблан дар дигар аҳаммиятҳои адабии ин китоб гуфтам, рӯйи ҳам кунед, инсоф хоҳед дод, ки “Шоҳнома” дар ҷаҳони адаби форсӣ ба кӯҳи азим мемонад, ки дар кишваре, ки нақди адабӣ аз сатҳи иншоҳои адабӣ фаротар нарафта, барои “Шоҳнома” шуҳрате ношинос эҷод кардааст. Ба сухани дигар, “Шоҳнома” машҳуртарин асари адабии форсӣ ва дар айни ҳол ношинохтатарини онҳост.
9. “Шоҳнома” ва миллияти эронӣ
Пас аз суқути давлати соcонӣ се-чаҳор қарн муборизаи эрониён барои берун рондани тозиён, гоҳ монанди қиёми Абумуслим, Бобак, Асфор ва Мардович камубеш бо шикаст рӯбарӯ гардид ва гоҳ ба ташкили ҳукуматҳои ғайримустақиле чун Тоҳириён ва нимамустақиле чун Сомониён анҷомид ва гоҳ агар дар мавриди Оли Бӯя эрониён Бағдодро ҳам гирифтанд ва бар халифаи аббосӣ ҷуз унвони «амирулмуъминин» чизе боқӣ нагузоштанд, кӯшиши муҳимме дар заминаи забону фарҳанги миллӣ, ки муҳимтарин нишонаҳои истиқлоли миллӣ ҳастанд, аз худ накарданд. Ва дигар ин ки Эронро монанди амлоки шахсӣ миёни фарзандони худ тақсим карданд. Танҳо дар ин миён солҳои ҳукумати Яъқуби Лайс (247-265-и ҳиҷрӣ) истисно буд, ки он ҳам «хуш дурахшид, вале давлати мустаъҷил буд». Аз авохири садаи чаҳорум ба баъд низ Эрон амалан ба дасти қабоили турк ва сипас муғул афтод. Аз сӯи дигар, дини ҷадид, ки дар таҳти шиори уммати исломӣ фарҳанг ва миллияти арабиро таблиғ мекард, зарбаҳои шадиде бар андешаҳои миллигароӣ дар Эрон фуруд меовард. Ва баъд ҳам тасаввуф бо таблиғи андешаи ҷаҳонмеҳании худ дастикам дар заминаи тазъифи андешаҳои миллӣ дар Эрон кумаки шоёне кард. Дар як чунин ҷабҳаи азҳамгусехтаест, ки Фирдавсӣ ба унвони охирин мудофеи миллияти эронӣ қад алам мекунад ва бо эҷоди “Шоҳнома” ончиро, ки найзаи сардорон ва қалами шуубиён аз анҷоми он оҷиз монд, сурати амал мебахшад. Миллате, ки ҳувийяти хешро аз даст дода буд ва нигарону саргардон мерафт то дар як ҷаҳони чандмиллиятӣ ба куллӣ муталошӣ гардад, ногаҳон шиносномаи худро бозёфт.
Фирдавсӣ бо офариниши “Шоҳнома” риштаи азҳамгусехтаи миллияти эрониро аз нав гиреҳ зад. Аз он пас садҳо бади ҳодиса ва ошӯби замона бар мо гузашт. Номи бачаҳо ва кӯчаҳоямон ҳам иваз гашт, вале ҳувийяти эронии худро ҳамчунон нигаҳ доштаем ва инро то ҳудуди зиёде мадюни “Шоҳнома”-ем. Ба қавли Баҳор:
Он чи Кӯруш карду Дорову он чи Зардушти меҳин,
Зинда гашт аз ҳиммати Фирдавсии сеҳрофарин.
Номи Эрон рафта буд аз ёд то тозию турк,
Турктозиро бурун ронданд лоша(ҳ) аз камин.
Шуд дирафши ковиёнӣ боз барпо, то кашид
Ин савори порсӣ Рахши фасоҳат зери зин.
Бифирист