Боргирии «Фарҳанги паҳлавӣ»-и Фраҳвашӣ

Фраҳвашӣ, Баҳром (1352); Фарҳанги паҳлавӣ; Донишгоҳи Теҳрон; Чопи дувум. Порсӣ Анҷуман: «Фарҳанги паҳлавӣ» гирдоварӣ ва нивиштаи Баҳроми Фраҳвашӣ аст, ки устоди зиндаёд Иброҳими Пурдовуд бар он пешгуфтор нивиштаанд.
Ҳарчанд наздик ба шаст сол аз чопи ин фарҳанг мегузарад ва то андозае ранги куҳнаги ба худ гирифтааст, бо ҳамаи ин ҳанӯз судмандиҳои худро дорад.
Устод Пурдовуд дар пешгуфтори ин фарҳанг нивиштаанд: «Хушбахтона, ин нома, ки ҳама чашм ба роҳи он будем, гирдовардаи дӯсти гиромӣ ва донишпижӯҳи ман дуктур Баҳроми Фраҳвашист, ки солҳои буланд дар Теҳрон ва Порис аз эроншиносони номвар забонҳои бостонии моро омӯхт. Номаест намудори забони дерини падарони мо ва гӯёи кору кӯшиши яке аз фарзандони покниҳодест, ки бо меҳри саршор ва овезиши фаровон ранҷи чунин кори душвореро бар худ ҳамвор сохт. … Порсии миёна ончунон аз миён нарафта, ки ҳеҷ гуна ному нишоне аз худ дар порсии нав, ки забони кунунии мост ба ҷой нагзошта бошад, чизе ки ҳаст, бояд корномаи рӯзгори Соcониёнро беҳтар бишносем ва ба забони мардуми он замон беҳтар ошно шавем то дарёбем, ки риштаи пайванди мо ҳанӯз аз ҳам нагсастааст. Бунёди паҳлавӣ ва порсӣ якест ва ҳар ду аз як сарчашма обёрӣ шуда ва бояд забони мо аз ҳамон сарчашмаи ҷовдонӣ шодоб ва хуррам бимонад.»
«Фарҳанги паҳлавӣ»-ро аз «инҷой» метавонед боргиред.
——————————————

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*