Нигоҳе ба андешаҳои сарагароёнаи Аҳмади Касравӣ

Касравӣ яке дигар аз паёмадҳои бади омехтагии забони ъарабӣ бо забони форсиро аз байн рафтани таронамоӣ (шаффофият)-и забонӣ медонад. Ба нигари ӯ, набуди таронамоии забонӣ мӯҷиб мешавад, ки эрониён бисёре аз вожаҳоро нафаҳмида ва дарнаёфта фарогиранд ва ба ёд биспоранд.

Боргирии ‘Шоҳнома ва дастур’

Шоҳнома волотарин ва пурарҷтарин нивиштаи порсӣ ва аз бузургтарин нивиштаҳои адабии ҷаҳон аст ва чун Фирдавсӣ бузургтарин чомасарои Эрон ва Шоҳнома саромади девонҳо ва арзандатарин ганҷинаи адабу фарҳанги порсӣ аст, сазовор чунон аст, ки Шоҳномаи Фирдавсӣ аз сӯяҳое чанд монанди дониш, торих, вожа, ойин, дин, хуйу хим, созу баргҳои базму разм, фарзонагӣ ва аз ҳама барҷастатар дастури забони порсӣ баррасӣ ва пажӯҳида шавад.

‘Диёлектик’ ва ҳамтои порсияш

Дар порсӣ ба ҷои диёлектик бештар “ҷадал”-ро ниҳодаанд, лек забони порсӣ худ дастикам ду вожа ба ҳамтоии ҷадали ъарабӣ дорад ва ниёзе ба вожасозӣ ё вомгирӣ дар ин бора нест: пайкор (порсиг: pehikār) ва сиголиш (порсиг: uskār), ки ҳар як дар ҷое дархӯр тавонад ба кор рафтан…

Кудоме саҳеҳтар аст: панҷара, тиреза ё килкин?

Аз торихи корбурди ин вожаҳо (панҷара, тиреза ва килкин) дар осори порсии дарӣ чунин бармеояд, ки аз ин гурӯҳ танҳо вожаи «панҷара» бино бар осори гузашта аз луғоти бунёдии забони порсии дарӣ ба шумор меравад, ки шуъарои Хуросон ҳам онро ба кор бурдаанд ва дар ин маъно дар забони форсии имрӯз (дар Эрон) низ роиҷ аст.

Нигоҳе ба нақши Фирдавсӣ дар боландагии забони порсӣ

Ду қарн пас аз Фирдавсӣ Зиёуддин ибн-ал-Асир мегӯяд: ‘Эрониён дар шеър бар ъарабҳо пешӣ гирифтаанд. Шоъири эронӣ бо шӯру балоғати бисёр ин ҳама достон ва саргузаштро ба шеър даровардааст. Шоҳномаи Фирдавсӣ Қуръони форсӣ ва балеғтарин асар дар забони форсӣ аст. Монанди Шоҳнома дар ъарабӣ падид наёмадааст.’

Агар аз хоб бедор шавад, бигӯям…

Ҳоло агар имрӯз ҷавоне дар Тоҷикистон аз хоб бедор шаваду бигӯяд, ки ҳувийяти иҷтимоъии ман чист? Ман аз назари иҷтимоъӣ кистам? Бигӯям, ту тоҷик ҳастӣ, пас мегӯяд, ки тоҷик кист? Бигӯяд, тоҷик яъне дар Тоҷикистон аст? Пас тоҷиконе, ки дар кишвари Узбакистонанд, киянд? Ва ононе, ки дар Афғонистонанд, киянд?

Боргирии ‘Шумор ва миқдор дар забони форсӣ’-и Нишот

“Бахши бисёр васеъе аз забонро ъадад ва таркиботу мафоҳими ъададӣ фаро гирифтааст ва корбурдҳои он ба қадре зиёд, васеъ ва ъазим аст, ки асарот ва намунаҳои мустақиму ғайримустақими он дар тамоми умури рӯзмарраи зиндагии башар ва ъулуму фунуни ъаср ба ҳадди вуфур ба чашм мехӯрад. “

Баррасии решашинохтии чанд вожаи пизишкӣ аз Эрони бостон

‘Авесто’ куҳантарин нивиштаи барҷоймонда аз забонҳои эронии бостон ба шумор меояд, ки дарбардорандаи ҳазорон вожа дар заминаи ойину фарҳанг ва дониши эрониёни бостон аст. Будани вожаҳое дар заминаҳои гуногуни донишӣ ҳамчун фарзонагӣ, ахтаршиносӣ, пизишкӣ ва… нишон медиҳад, ки забони авестоӣ аз тавоноиҳо ва вижагиҳои як забони донишӣ бархурдор будааст.

Боргирии ‘Вожаҳои эронӣ дар нивиштаҳои бостонӣ’

‘Вожаҳои эронӣ дар нивиштаҳои бостонӣ’ нивиштаи Шаҳроми Ҳидоят, забоншинос ва устоди пешини донишгоҳ, ва дастоварди пажӯҳишҳои вай дар заминаи вожаҳои эронӣ дар 39 нивиштаи куҳан ба забонҳои ъибрӣ – оромӣ – калдонӣ аст.

Бунёдҳои донишии вожасозию вожагузинӣ

Ҷустори ‘Мабонии ъилмии вожасозию вожагузинӣ’, нивиштаи Ъалии Кофӣ, ба ‘вожагузинӣ ба масобаи дониш’, ‘таърифҳо’, ‘чанд асли мавзӯъи ъилми вожагузинӣ’, ‘равишҳои муҳимми вожагузинӣ’ ва ‘завобити вожагузинӣ’ мепардозад, ки ба кори нивисандагону пажӯҳишгарон ва гардонишгарон (мутарҷимон) ва вожасозону санҷишгарон меояд.

1 9 10 11 12 13 33