Гузор ба дабираи порсӣ: Чиро мисли қазоқҳо ғайратманд набошем?

Хайриддини Абдуллоҳ*: Субҳи рӯзи 24 фарвардин (13 апрел) дафтари кории Ҷунбиши саросарии “Муҳоҷирони кории тоҷик” дар Русия мисли ҳамеша пур аз муҳоҷирони дар ранҷу сахтии ғурбат уфтода буд, ки ҳар кудом аз ранҷи худ мегуфтанд ва шикоят мекарданд, то ба мушкилоти онҳо расидагӣ ва ба андозаи тавонамон кумакашон кунем.

Ростӣ, кори ин рӯз маро хеле дилгарму умедбахш кард. То кунун ман ба ин андоза дилгарм набудам, ки мардуми мо, хусусан насли ҷавони имрӯз, бо вуҷуди ранҷу азоби ғурбат, боз дар андешаи фарҳангу меҳану тамадуни худ бошанд.

Дар ин рӯз наздик ба 30 нафар аз азизони мо дар бораи хабари ахир дар Қазоқистон бо ҳам суҳбат мекарданд ва назари худро ба мо мегуфтанд. Ва хабар он буд, ки раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоюф ба ҳукуматаш дастур додааст, ки то поёни соли равон як алифбои лотинии меъёр барои забони қазоқӣ таҳия кунанд ва дар як давраи гузор дар кишвараш то соли 2025 тамоми мукотиботи давлатӣ аз ҳуруфи сириллик ба ҳуруфи лотинӣ бикӯчад ва мардум ба ҷои дабираи сириллик (русӣ) дабираи лотиниро омӯзанду ҳарчи зудтар ба хатти лотинӣ баргарданд.

Ман ошкоро дар чеҳраи ҷавонони худамон медидам, ки ин иқдоми қазоқҳо ғурури онҳоро барангехта, ки барои ман бисёр хушҳолкунанда буд. Зеро ояндаи мову Тоҷикистон ҳамин ҷавонон ҳастанд.

Ин хабар маро аз ду ҷиҳат хушҳол кард. Яке ин ки ин иқдоме қаҳрамонона аз ҷониби раиси ҷумҳурии Қазоқистон аст, ки мардумашро ба сӯи дабирае мебарад, ки тамоми ҳамзабонони турктабораш бо он дабира менивисанду мехонанд. Ва ин кор як навъ иқдоме дар ҷиҳати наздик сохтани миллати қазоқ бо ҳамтаборони дигари туркизабонашон аст. Ва дигар ин ки рӯй бартофтан аз хатти сириллики русӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ худ нишонаи ҷасорат ва озодагию бениёзӣ аз Русия мебошад.

Пас ин суол матраҳ аст, ки барои чӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳам иқдоме монанди ин сурат нагирад?

Тоҷикистон мудате пеш, як гом ба сӯи асолати фарҳангии хеш гузошта ва аз ҷумла пасвандҳои русии “-ов”-у “-ова”-ю “-вич”-у “евна”-ро аз ному насаби шаҳрвандон ҳазф кард, номҳои бисёре аз амокини торихӣ ва куҳанро, кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳоро,  аз вожагони тозиву туркӣ ва русӣ ба вожагони порсӣ баргардонд. Аз ин иқдом бархе аз мақомоти Русия дарҳол ба ташвиш уфтода ва интиқоми худро аз муҳоҷирони бечора гирифтанд ва ҳазорон муҳоҷири кориро аз кишварашон ихроҷ карданду мардуми муҳоҷирро ба ранҷу заҳмат андохтанд.

Ростӣ, ғайрату кӯшиши қазоқҳо моро дар ҳайрат меорад. Мо ҳама гувоҳи он ҳастем, ки пас аз Туркманистону Узбакистон, инак Қазоқистон сеюмин кишвари туркизабони пасошӯравии Осиёи Миёна аст, ки аз хатти сириллик даст мекашад. Акнун танҳо ду кишвари дигари пасошӯравӣ боқӣ мондаанд, ки пойбанди дабираи сириллик ҳастанд: яке, кишвари туркизабони Қирғизистон ва дигаре, кишвари порсизабони Тоҷикистон. Аз қирғизҳо интизор меравад, ки ҳар гоҳ бихоҳанд, инқилоб мекунанд ва ҳар гоҳ ҳам бихоҳанд, барои наздик шудан бо ҳамтаборони туркнажоди хеш хатташонро иваз мекунанд. Вале дар мавриди Тоҷикистон, Худо медонад, ки мо ба дабираи беш аз ҳазорсолаи худ бармегардем ё на.

Сабабаш ҳам барои ҳамаи мо рӯшан аст, ки бозпасмондаҳои даврони Шӯравӣ ҳаргиз намехоҳанд, ки тоҷик бо фарҳанги ниёгон ва ҳамзабононаш наздик шавад. Зеро онҳо медонанд, ки агар тоҷик ба дабираи ниёгони худ баргардад, хеле аз ин бозмондаҳо аз мақому мансабу шуҳрати худ меуфтанд.

Ҳанӯз дар даҳаи 1980-и милодӣ тоҷикони асил ва равшанфикрони баномус хостори бозгашт ба дабираи ниёкон шуда буданд. Имрӯз ҳам ҳастанд чунин афроди бономус, ки роҳи пешрафти кишварро танҳо дар эҳёи ҳувият ва асолати фарҳангиии миллат, аз ҷумла омӯзиши густардаи хатти порсӣ, мебинанд. Вале дар сутӯҳи мухталифи сиёсӣ ин пешниҳод то кунун ҷонибдорие аз тарафи мақомот пайдо накардааст. Бадтар ин ки мешунавем, баъзе аз масъулон мехоҳанд хатти лотиниро дар кишвари мо расмӣ кунанд.

Душманони миллати мо медонанд, ки хат омиле муҳим барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти кишвар аст ва бо он мешавад нажодеро хобонд ва ё аз хоб бедор кард. То замоне ки мо тоҷикон хаттамон порсӣ буд, андешаамон на танҳо ба тамоми порсигӯёни ҷаҳон мунтақил мешуд, балки ҷойгоҳи махсусе дар ҷаҳон доштем. Акнун, ки хатти сирилликро мисли як дастбанди пулис бар дастамон бастаанд, тайи 90 сол аст, ки ҳеч ҳамзабоне ва ҳаммиллате аз дониши 90-солаи мо ба таври кофӣ огоҳ нест ва ҳатто худамон ҳам аз фарҳанги худамон то андозае бехабарем. Зеро тамоми торихи беш аз  ҳазорсолаи мо ба дабираи ниёкон нивишта шудааст.

Бо хатти сириллик мо тавлидоти фарҳангиии қавию надорем, ки дар ҷаҳон маъруфу мондагор бошад. Ҳатто номи забонро, ки “тоҷикӣ” карданд, низ барои бисёре аз мардум дар гӯшаву канори ҷаҳон номаънус аст. Ба назари ман ва бисёре аз фарҳангиёни тоҷик, ҳадаф аз интихоби ин номи сунъӣ аз сӯи мақомоти вақти Шӯравӣ, яъне “тоҷикӣ” номидани порсӣ, эҷоди фосила миёни мо ва ҳамзабонони бурунмарзии мост.

Душман хуб огоҳ аст, ки баргаштани мо ба хатти ниёгонамон фавоиди бисёре барои миллати мо дорад. Аз ҷумла, ин хатт моро ба махзани фарҳангамон ва анбори ганҷҳоямон мебарад. То кунун мо ҳатто ду дар сад аз осори гузаштаро дар тӯли ин 90 сол ба хатти сириллик барнагардондаем ва ҷавонони мо ба далели надонистани хатти порсӣ ба беш аз навад дарсади осори илмӣ ва фарҳангии гузашта дастрасӣ надоранд.

Вақте мебинам, ки бисёре аз ҳамтаборони мо, ки худашон тоҷиканд, вале бо осори гузаштагонамон аз тариқи забонҳои дигар ва бахусус русӣ ошно мешаванд, бовар кунед, нангам меояд. Воқеъан имрӯзҳо ҳам ҷавонони тоҷики зиёдеро мебинем, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ масалан рубоъиёти Хайёмро ба забони русӣ дар сафаҳоташон мегузоранд ё ҳамрасонӣ мекунанд, вале аз мутуни аслии ин рубоъиёт ба забони модарии худашон бехабаранд!!! Дигаронро намедонам, вале барои ман нанг ва ъор аст, ки бобои маро бароям дигарон ба забонҳои дигар муъаррифӣ кунанд!

Агар мо фаразан хатти худро надоштем, мисли баъзе аз ақвоми сокин дар Офриқо, ки пешинаи фарҳангии дурахшоне надоранду ба фаронса ё инглисӣ суҳбат мекунанд, мехонанду менивисанд, барои мо ҷои хиҷолат набуд, агар имрӯз ба хатти сириллик менивиштем, вале охир мо хатте дорем, ки ба василаи он ҳазорон ҳазор донишманду фарзона осори худро ба ҷаҳониён пешкаш кардаанд, ба кашфиёту ихтироъоти бузурге ба василаи ин хат даст ёфтаанд. Оё ин мояи шармандагӣ нест, ки ба хатти миллии худамон пушт кунему ба хатти таҳмилии сириллик ё лотин бинвисем?!

Ман шахсан ба хатти сириллик ва ба шахсиятҳои таърихию фарҳангии рус, мисли Пушкин, Лермунтуф, Тулстуй ва дигарон хеле арҷ мегузорам. Ман қасди таҳқир ё тавҳини ин хатро надорам. Вале ин хат зебандаи забони русӣ ва фарҳангу адабиёти мардуми рус аст, на забону фарҳанги мо, хатташ беш аз ҳазор сол пешина дорад ва дар тору пуди миллати мо танида аст ва дар бозтоби вижагиҳои овоиву дастурии забони форсӣ ҳеч хатте ба пои он намерасад. Аз хонандагони гиромӣ таваққуъ дорам, ки маро дуруст дарк кунанд. Бовар кунед, ҳеч аҳаде аз русҳо ҳозир нест, ки осори Пушкин ва Лермунтуфро ба хатти порсӣ бихонад! Чун нангаш меояд…

*Хайриддини Абдуллоҳ пажӯҳишгари тоҷики муқими Маскав аст.

ҷусторҳои вобаста

0

1 Comment Posted

  1. ин кэ тоҷикон бо нэвсмон э арабик ошно шаванд хуб аст вали ҳаргэз ҷоӣ э сирилик э арзэшманд ӯ ник ро нэтавонад гэрэфтан.

    0

Бифирист

.


*