Исфандиёри Одина*: Гоҳ бад нест агар ба ҳангоми тарҷумаи мафоҳим ва истилоҳоти хориҷӣ ба забони порсӣ дар маънои дақиқи вожаҳои хориҷие, ки ба унвони истилоҳи илмӣ барои мафҳуме интихоб шудаанд, хостгоҳи он вожаҳо ва муштаққоти онҳо ковиш кунем ва бибинем сайри такомулии эҷоди як истилоҳ дар забони мабдаъ чигуна сурат гирифта ва аз куҷо ба куҷо расидааст. Ин кор ёрӣ мекунад, ки бо пайравӣ аз ҳамон шеваи интихоби вожаи хориҷӣ дар забони мабдаъ мо низ аз ҳамон маъно ё мафҳум ё бунвожае, ки дар забони худамон вуҷуд дорад, вожагону мафоҳим ва истилоҳоти тозае ба унвони муъодил барои вожаи хориҷӣ истихроҷ кунем. Чунин як озмоишеро ман дар мавриди истилоҳи инглисии мубойл (mobile), ки имрӯзҳо дигар ба маънои телефуни ҳамроҳ ба кор меравад, анҷом додам ва фикр мекунам нисбат ба истилоҳи роиҷи “телефуни ҳамроҳ” дар забони порсӣ беҳтар ҷавоб медиҳад. Нахуст, ба баррасии вожаи инглисии мубойл мепардозем.
Бар асоси Фарҳанги решашиносии инглисӣ, ки дар шабакаи ҷаҳонии интернет қобили дастрасӣ аст, вожаи “mobile” сифатест, ки аз авохири қарни 15 милодӣ аз забони фаронса вориди инглисӣ шудааст. Муъодили фаронсавии он аз вожаи лотинии “mobilis” бармеояд ба маънои ҷунбанда, қобили таҳаррук, сусту ноустувор, яъне осон мешавад онро ҷобаҷо кард. Маънои маҷозии он ҳам инъитофпазир, нарм, хаму ростшав, тағйирпазир, бесуботу ноустувор аст. Решаи ин вожа дар забони лотин “movere” аст, ба маънои ҷунбидан ва ҳаракат кардан. Вожаҳои инглисии “move” ба маънои ҳаракат кардан ва “movement” ба маънои ҳаракат ё ҷунбиш низ аз ҳамин вожа баромадаанд. Аз ин вожа истилоҳи лотинии “primum mobile” низ ба маънои сарманшаъи ҳаракат сохта шудааст, ки тарҷумаи иборати ъарабии “ал-муҳаррик-ал-аввал”-и Пури Сино хонда шудааст.
Аз вожаи лотинии “mobile” чандин вожа ва истилоҳи дигар дар забонҳои урупоӣ сохта шудаанд, ки яке аз онҳо вожаи “mobilize” (бо афзудани пасванди “-ize”) аз авосити қарни 19 ба ин сӯ ба маънои басич кардан ва ба ҳаракат даровардани артиш ё сипоҳ ба кор меравад. Вожаи дигари бисёр роиҷе, ки аз он сохта шуда, “automobile” аст, ки аз ду ҷузъи “auto-“ (вожаи юнонӣ ба маънои “худ”) ва “-mobile” (ба маънои ҷунбидан, гаштан, ҳаракат кардан) иборат аст ва дақиқан ба маънои худрав (ё “худпӯён”) аст.
Вожаи “mobility” ҳам, ки аз ду ҷузъи “mobile” ва пасванди “-ity” сохта шуда, ба маънои таҳаррук, ҷунбандагӣ ва пӯёӣ аст. Вожаи “immobile”, ки бо пешванди нафйи лотинии “im-“ сохта шуда, ба маънои ноҷунбон, ғайри қобили таҳаррук аст. Вожаи “motion” ба маънои ҷунбиш низ аз решаи ҳамин вожа баромадааст. Дар зимн, вожаҳои “мублмон”-и порсӣ ва “мебел”-и русӣ низ, ки асолати фаронсавӣ доранд, бо вожаи “mobile” ҳамреша ҳастанд, ба маънои лавозими хона, ки қобили ҷунбондан ё ҳаракат додан ё аз ҷое ба ҷое кӯчондан ё ҷобаҷо кардан ҳастанд.
Вожаи “mobile” аз миёнаҳои қарни 18 ба маънои бофти селулӣ (cellular) ҳам ба кор рафта ва аз авохири даҳаи 1970 ба маънои навъе аз системи иртиботи телефунӣ ҳам гуфта мешавад, ки мо ба он имрӯз “телефуни ҳамроҳ” мегӯем. Дарвоқеъ, дар забони инглисӣ ба телефунҳои мубойл гоҳ “селфун” (cellphone) ҳам мегӯянд, яъне телефуни селулӣ. Ин бад-он маъност, ки қаламрави мавриди пӯшиши иртиботи мубойл ба селулҳое тақсим шудааст, ки ҳар кудом тавассути фиристандаҳои ҷудогона иртиботро фароҳам мекунанд.
Аз сӯи дигар, бар хилофи телефунҳои собит дар хонаву дафтар, ки қобили бурдан аз ҷое ба ҷо нестанд, телефуни ҳамроҳ ё мубойл баистилоҳ мутаҳаррик ё сайёр аст ва мешавад онро бо худ аз ҷое ба ҷои дигар бурд. Аз ин ҷо дар муқобили телефунҳои исто ё собит аз вожаи мубойл (mobile) ё мутаҳаррик барои телефуни ҳамроҳ дар забони инглисӣ кор гирифтаанд. Вале дар забони порсӣ муъодилҳои роиҷи ин вожа, монанди гарданда ё мутаҳаррик ё ҷунбанда дар сохтани истилоҳи ҷадиде барои ин василаи иртиботӣ чандон муваффақ набудаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, то замони зиёде порсигӯён аз вожаи инглисии “мубойл” (mobile) кор мегирифтанд ва ҳанӯз ҳам дар мавориде аз он кор мегиранд. Аммо бо гузашти замон истилоҳоти “телефуни дастӣ” ва ё “телефуни ҳамроҳ” барои ин навъ телефун ҷо уфтодааст.
Бар хилофи фарҳанги решашинохтии инглисӣ, дар забони форсӣ фарҳангҳое, ки замони корбурди нахусти вожагонро ба сабт расонанд, вуҷуд надоранд ё лоақал ин гуна фарҳангҳо дар дастраси ҳамагон нестанд. Пас маълум нест (лоақал камина огоҳ нестам), ки истилоҳи “телефуни ҳамроҳ” бори нахуст кай ва ба тавассути чи касе дар забони порсӣ ба кор рафтааст. Ин истилоҳ бо таваҷҷуҳ ба ин ҳақиқат сохта шуда, ки телефунҳои ҳамроҳ ҳамеша дар канори одам ҳастанд ва ҳар ҷо бихоҳед онҳоро мешавад бо худ бурд. Ҳатто бархеҳо дар Ғарб ончунон ба ин василаи иртиботӣ муътод ҳастанд, ки онро бо худ ба гӯр ҳам мебаранд! J “
“Телефуни ҳамроҳ” ҳамакнун ба роиҷтарин истилоҳ дар мавриди ин василаи иртиботӣ табдил шудааст. Бо ин ҳол, ин истилоҳ аз ишколоте орӣ нест. Қабл аз ҳама, ин истилоҳ аз ду вожа иборат аст ва дар берун овардани муштаққоти дигар аз он мо бо мушкил рӯбарӯ мешавем. Дар забони инглисӣ ҳам аввалҳо “mobile phone” мегуфтанд, ки аз ду вожа иборат буд, вале имрӯзҳо вожаи “mobile” батанҳоӣ барои ин дастгоҳ ба кор меравад ва ҳама медонанд, ки манзур ҳамон телефуни ҳамроҳ аст. Дар забони порсӣ мо наметавонем танҳо ҷузъи “ҳамроҳ”-ро берун кашем ва ба маънои телефуни ҳамроҳ ба кор барем, зеро ин вожа маъонии мухталифи дигаре ҳам дорад, ки мумкин аст ин амр боъиси сардаргумӣ шавад. Масалан, агар аз касе бипурсед, ки “ҳамроҳат куҷост?” ӯ пай намебарад, ки манзури шумо телефунаш аст. Ӯ ба шумо посух хоҳад дод, ки “ман танҳо ҳастам, ҳамроҳе надорам.”
Ё барои тарҷумаи ибороти инглисие чун “mobile communication” корбурди “иртиботи ҳамроҳ” чандон фасеҳ ва гӯшнавоз ва маънодор ба назар намерасад. Даҳҳо истилоҳи дигар ҳам дар забони инглисӣ ба кумаки вожаи “mobile” ё гунаҳои мухаффафи он (мисли mo, mobi, m-) сохта шудаанд, ки эҷоди муъодилҳои муносибе барои онҳо дар забони порсӣ бо истифода аз истилоҳи “телефуни ҳамроҳ” душвор аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин мушкил, мо чорае ҷуз корбурди вожаи инглисии “мубойл” дар мавориди зиёде дар забони порсӣ надорем. Ин бад-он маъност, ки истилоҳи “телефуни ҳамроҳ” дар бисёре маворид посухгӯи ниёзҳои мо нест. Ва ба ҷои ин истилоҳ бояд ба дунболи вожа ё истилоҳи дигаре бояд буд, ки битавонад бисёре аз масоилро ҳал кунад.
Дар сурате, ки муъодилҳои порсии бархе аз вожаҳои хориҷӣ зоё набошанд ва тавоноии эҷоди мафоҳими тозаро надошта бошанд, ҷустуҷӯи муродифоти дигар ва бавижа куҳантари бархе аз ин вожагон мумкин аст дастамонро бигирад. Ба назари ман, яке аз муродифоти зебо ва зоё барои вожаҳои порсии ҷунбидан ё ҳаракат кардан ё гаштан феъли “пӯйидан” ва муштаққоти он аст. Ин вожа ва муштаққоти он, монанди пӯянда ва пӯё, дар осори гузаштагонамон зиёд ба кор рафтааст. Бар асоси Луғатномаи Дехҳудо, пӯянда ба маънои даванда, пӯён, давон, ҷонвари мутаҳаррик, он ки пӯяд буда ва ҷамъи он пӯяндагон аст. Фирдавсӣ дар абёте ин вожаро ба кор бурдааст:
Чу пӯянда наздики Дастон расид,
Бигуфт ончи донисту диду шунид.
Туро эй падар ман яке бандаам,
Ҳама б-орзуи ту пӯяндаам.
Чу пӯянда дар Зобулистон расид,
Сароянда наздики Дастон расид.
Барангехт он Рахши пӯяндаро,
Ҳамеҷуст он ҷанг ҷӯяндаро…
Чу нома ба муҳр андар овард, гуфт
Ки пӯяндаро офарин бод ҷуфт.
Низомӣ ҳам гӯяд:
Гунбади пӯянда, ки поянда нест,
Ҷуз ба хилофи ту гароянда нест
Бад-ӯ ҳеч пӯяндаро роҳ нест,
Хирадманд аз ин ҳикмат огоҳ нест.
Дар мавриди вожаи “пӯён” Луғатномаи Деҳхудо гӯяд: пӯён: сифати фоъилии баёни ҳолат аз пӯйидан. Пӯянда, даванда.
Наванде барафканд пӯён ба роҳ,
Ба наздики пирони Эронсипоҳ (Фирдавсӣ)
Ҷавонмарди пӯён ба Гулнор гуфт,
Ки акнун, ки бо ранҷ гаштем ҷуфт. (Фирдавсӣ)
Гар ойӣ бад-ин ҷой ҷӯён шуда,
Чунин дар таки пой пӯён шуда (Гаршосбнома)
Куфру дин ҳарду дар раҳат пӯён,
Ваҳдаҳу ло шарикаллаҳу гӯён (Саноӣ)
Маснавӣ пӯён, кушанда нопадид,
Нопадид аз ҷоҳилӣ к-аш нест дид (Мавлавӣ)
Зане бо ҷуволе миён пур зи коҳ,
Ҳамебуд пӯён миёни сипоҳ (Фирдавсӣ)
Омад ба диёри ёр пӯён,
Лаббайкзанону байтгӯён (Низомӣ)
Дар бораи вожаи пӯё:
Пӯё: пӯянда, раванда ва бархе давандаро низ гӯянд (Бурҳон), ки пӯяд.
Тифл то гирову то пӯё набуд,
Маркабаш ҷуз шонаи бобо набуд (Мавлавӣ)
Ишва кард аҳли ишқро пӯё,
Булбул аз ишқи гул шуда гӯё (Латифӣ)
Дар мавриди вожаи “пӯйидан” Деҳхудо гӯяд: Пӯйидан: рафтан, давидан, рафтанӣ на ба шитоб ва на нарм. (Луғатномаи Асадӣ)
Аз он роҳ наздики Баҳром пӯй,
Сухан ҳарчи бишнидӣ аз ман, бигӯй. (Фирдавсӣ)
Бад-ӯ гуфт, рав бо сипаҳбад бигӯй,
Ки имшаб аз инҷо, ки ҳастӣ, мапӯй (Фирдавсӣ)
Биболад, надорад ҷуз ин нерӯӣ,
Напӯяд чу пӯяндагон ҳар сӯе (Фирдавсӣ)
Ба гарди ӯ нарасад пойи ҷаҳди ман ҳайҳот,
Валек то рамақе дар тан аст, мепӯям (Саъдӣ)
Решаи ин вожаҳо “пӯй” аст. Аз ин вожа калимоти дигаре монанди раҳпӯй, сагпӯй, такопӯй ва ғайра сохта шудаанд. Исми “пӯя” ҳам аз ин реша сохта шуда ва ба маънои “рафторе мутавассити на оҳиста ва на тунд” аст.
Аз миёни вожаҳое, ки аз решаи пӯй (пӯйидан) сохта шудаанд, “пӯянда” ва “пӯё” муъодилҳои дақиқи вожаи инглисии “mobile” ҳастанд. Дар бисёре маворид мешавад ин вожаро дар порсӣ пӯянда ва пӯё тарҷума кард. Вале дар мавриди телефуни мубойл ин ду вожа чандон фасеҳ ва муносиб ба назар намерасанд. Аммо вожаи дигаре ҳаст, ки метавонад ин мафҳумро беҳтар ироа бидиҳад: Пӯён ба маънои гардон, ҷунбон, равон ё давон, ки сифати фоъилии пӯянда аст.
Агар қарор бошад, ки барои телефуни ҳамроҳ истилоҳи “телефуни пӯён” (ё гӯшии пӯён)-ро ба кор барем, бисёре аз мушкилоти забон ва тарҷума ҳал хоҳад шуд. Қабл аз ҳама, бо роиҷ шудани ин истилоҳ вожаи “пӯён” батанҳоӣ метавонад ҷои мубойлро бигирад. Яъне метавон дигар “телефуни пӯён” нагуфт ва фақат “пӯён”-ро ба кор бурд.
Дар ин сурат ба “mobile communication” мешавад иртиботи пӯён гуфт, ки ҳам содаву равон аст ва ҳам ин мафҳумро беҳтар метавонад ироа бидиҳад. Барои “mobile technology” низ метавон “фанноварии пӯён”-ро ба кор бурд. Ин вожа ҳамчунин осонтар метавонад барои муштаққоти дигари вожаи “mobile” дар забони инглисӣ муъодилҳои беҳтару муносибтари порсӣ фароҳам кунад. Масалан ба “m-Health”, ки мухаффафи “mobile health” ба маънои барномаҳои беҳдоштӣ аз тариқи телефуни ҳамроҳ аст, мешавад баосонӣ истилоҳоте монанди “беҳдошти пӯён” ё “пӯёнбеҳдошт”, пӯёнсаломат ё пӯёнпизишкӣ ва ҳатто пӯёндармониро ба кор бурд. Барои “mobile services” хадамоти пӯён, барои “m-Education” ё “mobile education” вожаҳое чун пӯёномӯзӣ, пӯёномӯзиш ё омӯзиши пӯёнро ба кор бурд. Гоҳ ба ҷои пӯён мешавад дар маҷмӯъ ба арсаи иртиботи ҳамроҳ “пӯёна” ҳам гуфт, ки бар вазни роёна (компютер) аст. Муъаррифии чанд истилоҳ:
m-Health (mobile health) – беҳдошти пӯён, пӯёндармонӣ
Mobile penetration – фарогирии пӯён
mobile phone operator – фароҳамгари пӯён
mobile network – шабакаи пӯён
mobile devise – дастгоҳи пӯён
mobile services – хадамоти пӯён
mobile technology – фанноварии пӯён
mobile communication – иртиботи пӯён
mobile line – хатти пӯён
mobile video – видеуи пӯён, пӯёнвидеу
mobile reporting – гузоришгарии пӯён
Mobile banking (m-banking) – бонкдории пӯён
*Исфандиёри Одина рӯзноманигор ва пажӯҳишгари ъулуми иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон аст.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
Бифирист