Шаҳрбароз: Имрӯза бештар дар забони порсӣ гоҳҳои хӯроки рӯзонаро “субҳона” ва “ноҳор” ва “шом” мегӯем, вале дар бисёре аз шаҳрҳо ва низ гӯишҳо номҳои дигаре ҳам ба кор меравад. Дар инҷо чанд ном (ноштоӣ, чошт, ноҳор ва шом)-ро бармерасам.
- Ноштоӣ
Ношто ба чам (маъно)-и «аз бомдод боз чизе нахӯрдан» аст (Бурҳони қотеъ). Ин вожа аз ду бахш сохта шудааст: на (манфисоз) + ошто (хӯрдан), пас ба чами «нахӯрдан, нахӯрда» аст. «Ошто» аз решаи as ва ad ба чами «хӯрдан» аст, ки дар ҳиндии бостон atiacn (отиёчн) ва ac (оч) ва дар лотин Edo дар таркиби инглисии edible – хӯрданӣ ва дар олмонӣ Essen ва дар инглисӣ eat аст. Вожаи “ош” дар порсӣ ҳам аз ҳамин реша аст ба чами “хӯрок ё хӯриш”. “Ношто” ба касе гуфта мешавад, ки аз бобдод чизе нахӯрда бошад.
Хӯроки бомдод ё субҳро ноштоӣ мегӯянд.
- Чошт
Чошт дар бунёд номи воҳиди замонӣ будааст дар оғози рӯз. Дар Деҳхудо чунин омадааст:
Чошт: аввали рӯз (Онандроҷ). Баҳраи нахустини рӯз, субҳ, бомдод
Гаҳи чошт чун буд рӯзи дигар,
Биёмад бараҳман зи коза ба дар (Асадӣ)
Аз чошт то ба шом туро нест эманӣ,
Гар мар турост мамлакат аз Чоч то ба Шом (Носири Хусрав)
Ба хӯроки ин замон ҳам номи «чошт» дода шудааст.
Аз замоне ба баъд чами «чошт» ба нимрӯз (зуҳр) ва низ номи хӯроки нимрӯз гуфта шудааст. Шояд бар пояи корбурдҳои Саъдии Шерозӣ битавон гуфт ки ин замон садаи ҳафтуми ҳиҷрӣ будааст, шояд ҳам дар устони Форс чунин будааст. Зеро дар чомаи Носири Хусрав ва Низомии Ганҷавӣ чошт ба чами хӯроки бомдод аст. Дар Деҳхудо таърифи пасини чошт чунин аст:
Миёнаи рӯзро гӯянд (Фарҳанги Носирӣ). Як пос аз чаҳор поси рӯз, ки миёнаи рӯз бошад. Зӯҳр. Нимарӯз.
Шунидам, ки ноболиғе рӯза дошт,
Ба сад меҳнат овард рӯзӣ ба чошт. (Саъдӣ)
Гар мавсими хоб ояд хусбем,
Чандон ки намози чошт аз мо биравад. (Саъдӣ)
Боз ҳам ба хӯроки нимрӯз чошт гуфта мешуфдааст.
- Ноҳор
Ноҳор аз нигари вожагонӣ аз “но-“ (пешванди нафй + оҳор (хӯрок) сохта шудааст, ба чами «бехӯриш ё хӯрок нахӯрда». Ба касе ҳам, ки аз бомдод чизе нахӯрда бошад, “ноҳор” гуфта мешудааст.
Ҳамон гуна ки дар “ношто” гуфтем “ош” аз решаи ос/од ба чами хӯрдан аст. Дигариши С ба Ҳ низ дар забонҳои эронӣ шинохта шудааст. Бар ин поя, «оҳор» ҳам аз ҳамон решаи «ос/од» ва ба чами “хӯриш” аст.
Дари ганҷ бигшоду динор дод,
Равонро ба хуни дил оҳор дод (Фирдавсӣ).
Имрӯза «оҳор» бештар барои номидани мояе ба кор меравад, ки барои шакл додан ва сих нигаҳ доштани ҷома баҳра бурда мешавад ва дар омехтаи «оҳорзада/оҳордода» ба кор меравад. Таърифи ин оҳор чунин аст:
Оҳор: чизе аз нишоста ё катиро ё самғ ва ё луъоби хатмӣ ва монанди он, ки ҷома ва коғаз ва ҷуз онро бад-он оғоранд, то шахху муҳкам шавад ё сайқал ва муҳра гирад.
Номҳои дигари оҳор чунин аст: оҳар, оғор, ош, оши ҷома, хӯриш, шӯрбо, шӯ, шӯй, пат, бат, полуда, тона, бахир, луъоб.
Ош ба чами куллӣ хӯрок будааст, монанди: Дар ҳуҷра нишаста будем ва оши каду мепухтем. Ҳалқҳои шуморо гирифтем, то натвонед ош хӯрдан.
Чун шахс андак чизе бихӯрад, бигӯянд ноҳори ӯ шикаста шуд.
Монанди «ноштоӣ», ки ба хӯроки бомдод гуфта мешавад, ба хӯроки нимрӯз ҳам «ноҳорӣ» гуфта мешавад, ки имрӯза бештар ба сурати ноҳор ба кор меравад. Албатта, гоҳе ба нодуруст ба гунаи «наҳор» навишта мешавад.
Чун ноҳор ба чами чиз нахӯрдан аст, “ноҳорӣ» ҳам дар бунёд ба ҳар хӯроке гуфта мешуда, ки пас аз чиз нахӯрдан ё ношто будан хӯрда мешуда. Яъне ноҳорӣ ба хӯроки бомдод ҳам гуфта мешудааст.
Ноҳорӣ: ба маънои чизест, ки барои ношто шикастан ва рафъи гуруснагӣ хӯранд (ҳошияи «Бурҳони қотеъ» чопи Муъин). Чизе андакро гӯянд, ки касе дар сабоҳ бихӯрад (Бурҳони қотеъ). Ноштоии андак. Ончи бомдодон бори аввал хӯранд аз чойу қаҳва ва нону шир ва карраву панир ва мураббову монани он.
- Шом.
Шом ҳам дар бунёд номи воҳиди замонест зидди бомдод ё чошт. Ба хӯроки ин замон ҳам «шом» гуфта мешавад.
Гуфт андӯҳи шому меҳнати чошт
Дар дилам ҳуббу буғзи кас нагузошт (Саноӣ).
Ин гуна дигаргунии чам ва корбурди номи гоҳҳои хӯроки рӯзона дар забони инглисӣ низ дида мешавад. Имрӯза дар инглисӣ се гоҳи хӯроки рӯзонаро breakfast (рӯза шикастан, ноштоӣ ё субҳона) ва lunch (ноҳор) ва dinner (шом) мегӯянд. Вале дар гузашта ин се гоҳ чунин будааст: breakfast (субҳона) ва dinner (ноҳор) ва supper (шом). Яъне dinner ба хӯроки миёнаи рӯз гуфта мешудааст. Дар бунёд dinner ба чами чошт ё субҳона будааст (аз нигари решашиносӣ ҳам dinner аз disner-и фаронсавӣ ва дар фарҷом аз лотин (*disjejunare) омадааст ба чами “рӯза гушӯдан” ё ҳамон breakfast (яъне хӯроки бунёдин ки дар рӯз мехӯранд.
Вале бо дигаргунии сабки зиндагӣ ва дертар хӯрдани ғизои бунёдин нахуст dinner ба хӯроки нимрӯз ва сипас ба хӯроки шаб гуфта шуд.
Вале вожаи lunch худ кӯтоҳшудаи luncheon аст, ки гоҳе lunching ҳам нивишта мешудааст ва гӯё бар пояи вожаи nuncheon дар инглисии миёна сохта шуда, ки аз nun (ҳамон noon яъне нимрӯз) ва schench (ба чами нӯшидан) сохта шудааст. Имрӯза luncheon ба хӯроки сабук монанди ъасрона гуфта мешавад.
Албатта, имрӯза боз бо тағйири сабки зиндагӣ дар забони инглисӣ вожаи brunch ҳам ба кор меравад, ки омехтае аст аз breakfast (субҳона, чошт) ва lunch (ноҳор) яъне “чоште, ки наздики нимрӯз хӯрда шавад.” Ин омехта аз даҳаи 1890 дар миёни донишҷӯёни Бритониё сохта шуд. Ман барои он “субҳор” ё “чоштор”-ро сохтаам.
Дар забони фаронсавӣ низ ҳамин дигаргунии корбурди вожагони пайванддор бо гоҳҳои хӯроки рӯзона дида мешавад.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди “Рӯйдоднома”-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.
Бифирист