Дориюши Ошурӣ: Ҳанӯз ки ҳанӯз аст, мо ъодат накардаем бархӯрди санҷишгарона бо мероси адабии забони форсӣ дошта бошем ва резашро аз дурушт ва баҳинҷорашро аз ноҳинҷор чунон ки бояд ҷудо кунем. Ҳанӯз ҳам бисёре аз мо ъодат дорем, ки ба ин мерос ҳамчун чизе якдаст ва яклухт бингарем ва онро хомандешона яксара рад кунем ё шефтавор яксара бипазирем ва ба ситоиши он бархезем. Пажӯҳиш дар бораи сохтмони забони форсӣ ва баррасии дигаргуниҳои сабкӣ ва забонӣ дар ҳавзаи насри форсӣ беш аз чиҳил-панҷоҳ сол нест, ки оғоз шудааст ва нахустин бор ҳиммати Маликушшуъарои Баҳор ин бобро гушуд. Муддати дарозе нест, ки ба бозёфтани меросҳои гумном ё гумшудаи қадимтар бархостаем ва низ камтар аз бист сол аст, ки омӯхтаем, омӯзиши форсӣ ва “саводи” форсӣ доштан ногузир бо хондану дарс додани “Калила ва Димна” ва “Мақомоти Ҳамидӣ” яке нест ва бо насри “Мурсал” низ метавон форсӣ омӯхт ва нивисандагони хуби форсиро бештар бояд дар миёни нивисандагони садаҳои панҷуму шашум ёфт, то ҳафтуму ҳаштум.
Ва низ тоза омӯхтаем, ки ҳунари нивисандагӣ дар иқтисоди баён аст, яъне ҳарчи кӯтоҳтар ва расотар расондани маъно (ва ин як асли зебошиносӣ низ ҳаст) то шуъбадабозиҳои бемаъно бо забон ва дароз кардани занҷираи вожаҳои фарсуда. Вале ҳанӯз ҳисобҳои худро бо бахши ъумдае аз ин мерос соф накардаем ва ҳанӯз бо парвои бисёр ва зери лаб метавонем гуфт, ки нивисандагони “насри маснӯъ” бештар партупалогӯ ва кажтабъ будаанд ва дар ҳаққи эшон мебояд ҳамон нафринеро кард, ки Зодонфаррух дар ҳаққи Солеҳ бинни Абдураҳман кард, ки гуфт, “Худоят реша аз ҷаҳон барканод, ки решаи порсӣ баркандӣ.”
—–
Бахши нахусти Бозандешии забони форсӣ
—–
Забони форсӣ, чунонки нишонаҳои торихии фаровон шаҳодат медиҳанд, аз оғоз забоне будааст расмӣ. Далоили бисёр дар даст аст, ки забони дарӣ дар давраи Сосонӣ забони расмии дарборӣ будааст. Пас аз ислом низ ба ъунвони забони адабӣ рушд карда ва сипас тамомии ҳавзаи фарҳанги эрониро зери нуфузи худ овардааст.
Имрӯз медонем, ки гӯиши модарии Саъдиву Ҳофиз низ ин забони дарӣ набуда, балки ин забон забони адабии эшон будааст. Ин забон рӯзгоре на танҳо забони адабии муштараки ҳавзаи забонҳову гӯишҳои эронӣ, балки забони адабии расмии ниме аз қорраи Осиё будааст ва бино бар ин, шоъирону нивисандагон ва адибон дар сарнивишти ин забон асари асосӣ доштаанд. Ин забоне аст, ки як сари онро Балъамӣ ва Байҳақӣ ва Ғаззолӣ ва Қобус мекашанд ва сари дигарашро Вассоф Алҳазра ва Мирзо Маҳдихони Муншӣ. Ҳамон кӯшишеро, ки гурӯҳи нахуст дар баркашидани ин забон кардаанд, гурӯҳи дувум дар забун кардани он кардаанд. Ончиро ки «савод» бо ин забон карда, набояд кам гирифт. Аз замоне ки «босавод» будан бо ъарабибофӣ яке шуд, ҷустуҷӯе дароз ва поённопазир барои ёфтани вожаҳои ъарабӣ ва ъиборатҳои ъарабивор ва нишондани онҳо ба ҷои ҳар калима ва ҳар ҷумлае, ки нишони форсӣ (яъне «бесаводӣ») дошт, оғоз шуд, ки саранҷом аз ин забон пӯстае пуку офатзада бар ҷой гузошт. Ин достони робитаи ъилму ъарабидонӣ достонест қадим, чунончи соҳиби «Торихи Систон» дар бораи Ҳамза бинни Ъабдуллоҳ Алшорӣ, ки дар Сиистон хурӯҷ кард, менивисад:
«Ӯ ъолим буд ва тозӣ донист. Шуъарои ӯ тозӣ гуфтандӣ.”
Аммо дар бораи Яъқуби Лайс мегӯянд:
«Пас шуъаро ӯро шеър гуфтандӣ ба тозӣ… Ӯ ъолим набуд. Дарнаёфт.» (1)
Боре, форсиро мардуми «ъавом» нигоҳ доштанд, камобеш бо ҳамон тозагӣ ва саломати оғозинаш. Аммо босаводон ва «аҳли ъилм» он балоҳоро ба сараш оварданд, ки медонем.
Бахши ъумдае аз ин вожаҳои ъарабии обнакашида ва ъиборатҳои қулунбаи хандадор, ки аҳли қалам ва ҳунармандони “саноъати дабирӣ” дар забони форсӣ боб кардаанд, ки ҳеч ъарабе низ аз онҳо чизе намефаҳмад, дар ҳукми ҳузворишҳои забони форсӣ аст ва ҳеч зарурат ва ниёзи воқеъӣ дар вурудашон дастандаркор набудааст.
Дар он даврони дарозе, ки хондану нивиштан ҳунаре муҳим ангошта мешуд, босаводон мекӯшиданд забонашонро ҳарчи беш аз забони “ъавом”, яъне аз забони гуфтор ва забони зинда дур кунанд ва забоне ҳирфаӣ “миёни худи эшон” дошта бошанд ва шояд ъиллати аслии гароиш ба ъарабимаобӣ бештар ҳамин будааст. Чунончи ҳатто замоне ки дигар ниёз ба забони ъарабӣ набуда ва Абулъаббоси Исфароинӣ, вазири Маҳмуди Ғазнавӣ, дафтар ва девонро аз ъарабӣ ба форсӣ гардонд, сару садои ъуламо ва фузало буланд шуд. Чунончи Ъутбӣ дар “Торихи Яминӣ” менивисад:
“Вазир Абулъаббос дар саноъати дабирӣ бизоъате надошт ва ба муморисати қалам ва мудовамати адаб иртиёз наёфта буд. Ва дар ъаҳди ӯ мактӯботи девонӣ ба порсӣ нақл карданд.»
Оре, ин “саноъати дабирӣ” аз дербоз асбоби гирифтории забони форсӣ ва чи басо асбоби гирифтории пуштупадари он, яъне забони паҳлавӣ, будааст, зеро вуҷуди ҳузворишҳо дар забони паҳлавӣ низ лобуд далеле ҷуз он надошта, ки аҳли адабу қалам, ки “ба муморисати қалам ва мудовамати адаб иртиёз ёфта” буданд. Барои фазлфурӯшӣ ва сохтани навъе забони заргарӣ миёни худашон вожаҳои оромиро вориди забони паҳлавӣ мекардаанд ва чи басо душвориҳои бемаънои хатти паҳлавӣ низ ъиллате ҷуз он надошта, ки намехостаанд ҳар касе баосонӣ хатту савод биёмӯзад ва баистилоҳ “даст зиёд шавад.” Бахши ъумдае аз ин вожаҳои ъарабии обнакашида ва ъиборатҳои қулунбаи хандадор, ки аҳли қалам ва ҳунармандони “саноъати дабирӣ” дар забони форсӣ боб кардаанд, ки ҳеч ъарабе низ аз онҳо чизе намефаҳмад, дар ҳукми ҳузворишҳои забони форсӣ аст ва ҳеч зарурату ниёзи воқеъӣ дар вурудашон дастандаркор набудааст.
Ҷолиб он аст, ки ин ъарабӣ-форсинивисии обнакашида дуруст замоне оғоз мешавад, ки кам-кам нуфузи сиёсии ъарабон дар Эрон коҳиш ёфта ва дастгоҳи ҳукумат дар дасти эрониён ва туркон будааст. Яъне замоне ки ниёзи ҷиддӣ ба робита бо дастгоҳи хилофат буда, ъарабӣ ба ҷойи худ ва форсӣ ба ҷойи худ ба кор мерафта ва намунаҳои поку тару тозае, ки аз насри давраи Сомонӣ монда, нишон медиҳад, ки омехтагии форсӣ ва ъарабӣ дуруст ва бақоъида ва дар ҳадди ниёз будааст. Ъарабидонон баростӣ ъарабидон будаанд ва форсидонон баростӣ форсидон ва ду забон робита ва бидеҳбистони табиъӣ ва бақоъида доштаанд. Аммо “саноъати дабирӣ” дуруст ҳангоме пой ба майдон мегузорад, ки “рағбати мардумон аз мутолеъати кутуби тозӣ қосир гаштааст.” (2)
Фасодеро, ки аз роҳи қалам ба забон роҳ ёфта, боз ҳам аз роҳи қалам чора метавон кард ва вазифаи аҳли қалам аст, ки барои он чора бияндешанд ва барои ин кор ҳам қадре ҷасорат лозим аст, ҳам қадре зарофат ва ҳунар.
Саломати забони ъомиёна форсӣ ва дар гӯишҳои маҳаллӣ бозмондани бисёре аз суратҳои дурусти гӯиши форсӣ дар баробари забони “лафзи қалам” нишонаи он аст, ки “савод” ҳамвора ба ҷаъли забон ва дурӣ аз бистари табиъии забон мегаройида ва ҳарчи забони “ъолимона” пештар рафта, забонро ба фасоди бештаре дучор кардааст. Бино бар ин, фасодеро, ки аз роҳи қалам ба забон роҳ ёфта, боз ҳам аз роҳи қалам чора метавон кард ва вазифаи аҳли қалам аст, ки барои он чора бияндешанд ва барои ин кор ҳам қадре ҷасорат лозим аст, ҳам қадре зарофат ва ҳунар.
Юришҳои якбора бештар мерамонад, то он ки коре аз пеш бибарад. Бояд ором-ором ва марҳила ба марҳила осори кореро, ки дар чандсад сол бо забони нивиштории форсӣ кардаанд, аз миён бардошт ва ин забонро боз бар пояи устуворе ниҳод, ки аз ъуҳдаи вазифаҳои тозаи худ барояд. Ва ин корро бояд бо доштани гӯшаи чашме ба беҳтарин осори насрӣ ва шеърии забон ва осори касоне, ки баростӣ ҳунарманд будаанд ва шамму завқи воқеъии забонӣ доштаанд, анҷом дод, на он аҳли «саноъат», ки корашон бештар ба кори гарон ва бемаънои вазнабардорон мемонад, то ҳунарнамоиҳои чашмнавози жимностикбозон. Ончи ин гурӯҳ бо забони форсӣ кардаанд, таҳмили навъе завқу салиқа ва ъодат аст, ки чандсад сол аст гиребони забони нивишториро гирифта ва асарҳои вайронгари бисёр бар он ниҳодааст.
Имрӯз бояд ошкоро ва баҷидд дарёбем, ки ин раванд навъе беморӣ будааст, ки гиребонгири забони форсӣ шуда ва гуноҳи он на ба гардани ҳеч ъараб ва ъарабизабонест ва на омехтагии табиъии забони форсӣ ва ъарабӣ ба ъиллати робитаи ҳамаҷониба бо якдигар ъиллати он аст, балки рушди як беморӣ ба номи «савод» ва «фазл» онро падид оварда, ки беш аз он ки ба коркарди забон таваҷҷуҳ дошта бошад, навъе завқу салиқа ва «саноъат»-ро ба забон таҳмил кардааст. Ва ин «завқ» то онҷо рахна карда будааст, ки ҳамвора барои «босавод» кардани ҷавонон душвортарину печидатарин, ва дар натиҷа, партупалогӯтарини ин осорро ба ъунвони матни дарсӣ бармегузидаанд, чунончи «Торихи Вассоф» чанд қарн дар Эрон ва Ҳинд китоби дарсӣ будааст ва ё «Калила ва Димна» то чанд сол пеш матни расмии дарсии дабиристонии мо буд.
Дидҳои носиюнолистӣ ва меконистӣ то кунун дар бозгардондани забони форсӣ ба сархонаи аслии вожагон ва дастури худ хидматҳои гаронбаҳо кардаанд ва ҳол навбати он аст, ки масъаларо ҷиддитар ва дақиқтар ба роҳнамоии аҳли ъилм дар заминаи забоншиносӣ дунбол кунем, аммо табибона даст бар нуқтаҳои дардноку ҳассос бигзорем ва дар ҷиҳати нишонашиносии бемориҳо ва дармоншиносии он гоме бардорем…
Маликушшуъарои Баҳор, ки бегумон яке аз суханшиносон ва форсидонони бузурги ин қарн аст, менивисад:
“Танҳо на ман дорои ин ъақида ҳастам, ки дар Эрони баъд аз Ислом наср бар хилофи назм поя ва мояи асосӣ ва саҳеҳе надошта ва то имрӯз ҳам надорад, балки мутатаббеъини бегона ҳам, ки ошно ба адабиёти форсӣ буда ва тавонистаанд байни адабиёти ъарабӣ ва форсӣ қазовате басазо бифармоянд, ҳамин ъақидаро доранд.»
“Оре, ҳар қадр дар Эрон пояи назми форсӣ устувор ниҳода ва дар нақшу нигори дару девори он саъйи бисёр мабзӯл уфтода, бар хилофи он насри форсӣ, чунончи имрӯз ғариб аст, аз рӯзи аввал ғариб ва беёру ёвар ва тӯсарихӯри насри ъарабӣ будааст.” (3)
Ин доварии бисёр рушангаре аст аз сӯйи марде, ки дар завқу дониши забони ӯ ҳеч кас шак надорад. Ин нуктаро бояд ошкоро ва рӯшан гуфт, ки дуруст онҷо, ки забони шеъри форсӣ ба сӯйи камол ва пухтагӣ сайр мекарда ва ҳамон чизе мешуда, ки удабои мо забони Ҳофизу Саъдӣ мегӯянд, забони наср ба бесарусомонӣ ва ёвагӣ мегаройида. Он ҷунбише, ки дар садашои чаҳоруму панҷум дар насри форсӣ оғоз шуд ва саршор аз тозагӣ ва рӯшаниву ҷавонӣ буд, дар муддати сад сол ҷойи худро ба завқе супурд, ки «саноъати дабирӣ» барои мо ба бор овард ва аз он пас насри форсӣ бозичаи дасти ин «санъатгарон» шуд ва ҳеч гоҳ ба он пухтагӣ ва сару сомоне нарасид, ки бо забони шеъри Саъдӣ ва Ҳофиз санҷиданӣ бошад.
Насри форсӣ ҳатто дар осори беҳтарин нивисандагонаш, ҳамчун Байҳақӣ ва Ғаззолӣ, ҳаргиз ба он пояе нарасид, ки забони Саъдӣ дар «Бӯстон» расидааст. Ва аз ҷумла забони насри Саъдӣ дар «Гулистон» ва «Маҷолис» бо забони «Бӯстон» ҳамсанг нест. Яъне забони наср ҳаргиз аз чунон мояи рӯшанӣ ва шаффофият ва расоӣ бархӯрдор нашуд ва дар беҳтарин осори насрии ин забон низ лангиҳои фаровон ва печидагиҳо ва душвориҳои нобаҷо бисёр метавон дид ва ҳис кард. Сипас сарнивишти ҳавлноки баъдии он дар дасти ҳунарнамоёнт «саноъати дабирӣ» сарнтвиште барои он фароҳам кардааст, ки ҳанӯз ҳам аз он раҳоӣ надорем. Яъне ъодатҳои деринаи ҳафтсадсолаи наср ҳанӯз инҷову онҷо истодагӣ мекунанд ва намегузоранд роҳ барои пироиш ва полоиши забон, чунонки бояд, гушуда шавад. Вале дар шастсолаи ахир чанд ҷараён ва бархӯрди муҳим дар кори бознигарӣ ва бозсозии забони наср доштаем, ки нигоҳе ба онҳо лозим аст.
Якум, бархӯрди суннатпарастона, ки камобеш ҳеч гуна дасткорӣ ва дигаргунӣ дар забонро раво намедонад ва ё дастикам бидуни доштани парвонае аз гузаштагон ҳеч дасткорӣ ва навовариро раво намешумарад. Ин бархурд, ки метавонем онро ҳамчунин бархурди «адибона» биномем, бештар хосси гурӯҳест, ки ба сабаби бархӯрдорӣ аз донишҳои суннатӣ дар заминаи забон ва адаби форсӣ ва ҳамчунин хӯгар будан бо суннат ва роҳу равиши зиндагии гузашта (ва дар натиҷа, бо забон ва ъодатҳои забонии он) ва эҳсоси вазифа барои посдорӣ аз меросҳои адаби форсӣ камобеш худро вазифаманд медонанд, ки дар баробари ҳар гуна дигаргунӣ дар забон истодагӣ кунанд, камобеш ҳаргуна навоварӣ дар забонро ба чашми бадбинӣ бингаранд ва дар он сӯинияте нисбат ба мероси гузаштагон бибинанд ё радипои «бесаводӣ»-ро. Вале бо ҳамаи арзише, ки ин гурӯҳ аз ҷиҳати посдории меросҳои адабиёт доранд ва кӯшишҳои арҷманде, ки бисёре аз онон дар роҳи зинда кардан ва бозёфтани ин мерос ва пок кардани рухсори тобноки бисёре аз ин осор аз зангу ғубори замон ва дасткориҳои нораво дар онҳо кардаанд, бояд гуфт, ки дидашон на танҳо мушкилгушои масоили кунунии забони форсӣ нест, балки мушкилафзо низ ҳаст, зеро роҳи ҳар гуна дигаргунӣ ва бозсозии забонро мебандад.
Нахуст он ки аҳли адаб ағлаб забон ва адабиётро яке меангоранд ва «саводу» донистани забон дар назари эшон бо донистани адабиёт яке аст ва ба ҳамин далел забони зиндаи гуфтор дар назарашон беарҷ ва забони мардуми «ъавом» аст ва ба ҳамин далел низ будааст, ки то кунун ҳарчи луғатнома барои забони форсӣ нивиштаанд (аз «Луғати фурс»-и Асадӣ гирифта, то «Бурҳони қотеъ» ва «Онандроҷ» ва ҳатто «Луғатнома»-и Деҳхудо) бештар барои муроҷеъаи аҳли адаб ва мушкилгушоӣ аз кори онон буда ва дар онҳо камтар ъинояте ба густараи паҳновари забон доштаанд. Ба ъиборати дигар, луғатномаҳоро барои адабиёт менивиштаанд, ки бахше аз забонро дар бар мегирад, на тамомии забонро. Мо дар партави дидҳои тоза ва ёриҳое, ки забоншиносӣ ва дигар донишҳо ба мо кардаанд, тоза дарёфтаем, ки забон маҳдуд ба адабиёт нест ва аҳли забон ҳама забондонанд, агарчи бархе забондонтаранд ва низ поя ва мояи аслии забон ҳамон забони зиндаи гуфтор аст, ки бе он адабиёт низ чизе мурда ва беҷон хоҳад буд.
Ва низ батозагӣ ва бисёр деру кунд омӯхтаем, ки адибон дар ҳавзаи тамомии масоили забон «ҳақи вету» надоранд ва агарчи метавонанд дар фароҳам овардани мояҳои забонӣ барои заминаҳои дигари корбурди забон хидматҳои арзанда кунанд, чунончи то кунун кардаанд, аммо доманаи забонҳои ъилмӣ ва фаннии имрӯз бисёр густардатар аз он аст, ки забони
адабиёт ва матнҳои суннатӣ посухгӯйи он бошад ва ошноёну коршиносони адабиёт бо ҳама арҷу аҳаммияте, ки дар гирдоварии мояҳои забон доранд, дар ҳама ҳавзаҳо ҳаққи таҳмили завқу писанди худро надоранд.
Дувум, дидгоҳи носиюнолистӣ нисбат ба забон: ин дидгоҳ, ки аз ҳудуди сад сол пеш дар Эрон ривоҷ ёфта, бархоста аз огоҳии тозае аст, ки аз мафҳуми миллат ва миллият аз Урупо ба Эрон роҳ ёфтааст. Ин дидгоҳ, ки аз роҳи пажӯҳишҳои торихӣ ва бостоншиносӣ ва забоншиносии урупоиён дар осори бозмона азт Эрони пеш аз ислом рушд карда ва мафҳуми тоза ва сиёсии «миллат» асоси он аст, забонро ҳамчун ъунсури бунёдии миллият менигарад ва перостани он аз ъаносири «бегона»-ро вазифае торихӣ дар ҷиҳати зинда кардани руҳи миллӣ мешуморад.
Ин нигариш ҳамчунон ки бинише таҷридӣ ва моварои торихӣ аз миллат дорад ва дар бузургдошту парастиши он зиёдаравӣ мекунад, нисбат ба забон низ ҳамин гуна нигарише яксӯя дорад ва дар пероиши он бештар ҷиҳати сиёсӣ дар пеш дорад, то назаре дақиқ нисбат ба коркарди забон ва масоили он. Ҷиҳати ин дидгоҳ бештар поку сара кардани забон аз ъаносири «бегона» аст ва нишондани вожаҳои форсӣ ва эронӣ ба ҷои якояки вожаҳое, ки асли эронӣ ва форсӣ надоранд.
Ин гароиш дар ҳадди ифротии худ кораш ба саранивисиҳои сохтагӣ ва бемаъное мекашад, ки бисёр бепарво ва меконикӣ дастае аз вожаҳоро ҷонишини дастае дигар мекунад. Саранивисии мутлақ корест номумкин ва беҳуда ва зиёновар, ва аз суйи дигар, ъамали пуршитоб ва меконикии он низ корест дар ҷиҳати хилофи табиъати забон, ки нармӣ ва зарофату оҳистагӣ металабад ва табъи заифи он аз тундиву шитобкорӣ мерамад. Бо ин ҳама, ин дидгоҳ то кунун дар ҷиҳати равондани забони форсӣ ба сӯйи перостагӣ ва содагӣ кумакҳои бисёре кардааст.
Севум, диди меконикӣ нисбат ба забон, ки худ аз сӯе ҳосили нигариши носиюнолистӣ ва, аз сӯйи дигар, нигариши ъилмӣ ба забон аст. Ин дид як намунаи клосик дорад ва он нивиштаҳои сараи Аҳмади Касравӣ ва назарияҳои ӯ дар бораи забони форсӣ аст ва намунаи дигари он бахше аз фаровардаҳои Фарҳангистони Забон аст дар давраи ахири фаъъолияти худ дар даҳаи панҷоҳ.
Диди меконикӣ бар он аст, ки қолабҳои таркибии забони форсӣ (бавижа таркиб бо пасвандҳову пешвандҳо)-ро ба осонӣ ва бо зарби қолабӣ метавон пеш бурд, то ба ҷое ки бино ба шумориши яке аз устодони риёзӣ бо таркиби пешвандҳо ва пасвандҳо бо решаи вожаҳо метавон дар форсӣ ё ҳар забони ориёии дигар, 221 милюн вожа сохт. Намунаи ифротии дигари ин диди меконикӣ сухани Аҳмади Касравӣ дар бораи ҳазфи яке аз ду ситоки мозӣ ва
мазореъи феъл дар форсӣ ва гирифтани ҳамаи ҷудокардаҳои исмӣ ва сифатӣ
аз як ситок (реша) аст.
Ин диди меконикӣ, ки бисёр мантиқӣ аст ва гӯшаи чашме ҳам ба забонҳои сохтагӣ, монанди эсперонту, дорад, фаромӯш мекунад, ки бисёре аз шириниҳо ва ъишваҳову каришмаҳои забонҳои табиъӣ, ки дастмояи кори шоъирони ва ҳунармандони забон аст, дар ҳамон “беқоъидагиҳо” ва истиснопазириҳост ва як забони бисёр меконикӣ ва мантиқӣ (зеро мантиқ
низ меконикӣ аст ва эътиқоди мутлақ ба “ъиллат” ва “маълул” дорад) ба дарди корхона ва мошин бисёр мехӯрад, аммо забони зиндагӣ натвонад буд ва бисёре аз ниёзҳои инсони табиъиро (ки чи басо мавҷудест “моварои мантиқӣ”) бар натвонад овард. Ин ки забон аз миёни таркибҳо ва маштақҳои мумкини хеш (ки аз лиҳози имкони ъададӣ ва риёзӣ метавонад бешумор бошад) кудомҳоро пазирост ва метавонад бипазирад ва кудомҳоро пас мезанад, марбут ба шароит ва имконот ва табъи забон ва ҳамчунин вазъи замонии он аст, ҳамчунон ки ҳар ургонисме бар ҳасби вазъу сохт ва шароити худ метавонад (аз ҷумла, пирӣ ва ҷавонӣ) метавонад як ъунсури тоза ё хориҷиро пазиро шавад ё нашавад.
Забон мантиқ ва меконике дорад, аммо сохти он меконикӣ нест, ургоник аст ва ҳамонанд кардани он ба мавҷуди зинда дурусттар аст, то ба мошин ва касоне, ки мехоҳанд бо мантиқи истиснонопазири худ ба забон ҳамла баранд ва онро аз нав бисозанд, аз рози зиндагӣ бехабаранд.
Барои ислоҳ ва дигаргунии забон мебояд монанди беҳнажодгарон (Eugenists) ъамал кард, яъне бархе вижагиҳоро насл-андар-насл қувват бахшид, то он ки пас аз гузашти чанд насл ба сурати сифоти пойдори якгуна дар оянд. Яъне, ҳамчунон ки наметавон якбора ва якшаба гунаи тозае аз мавҷуди зиндаро, яъне дар тӯли як насл, парваронд, ки ҳама вижагиҳои дилхоҳро дошта бошад, ҳамин гуна наметавон забонро низ бо як дасткории меконикӣ дигаргун кард, балки ин корест, ки ҳунару шикебоӣ ва диққату зарофат металабад, ҳамчунон ки мебинем он чи дар тӯли панҷоҳ-шаст соли ахир андак-андак дар забони форсӣ кардаанд, ҳосили беҳтаре доштааст, то юришҳои бепарвои саранивисӣ.
Чаҳорум, диди сохтнигар нисбат ба забон: ин дидест, ки рафта-рафта бештар рушд мекунад. Пажӯҳишҳои забоншиносик дар боби реша ва сохтмони забони форсӣ ва ҳамчунин идеҳое, ки аз роҳи забоншиносӣ ба зеҳнҳо роҳ ёфта, дар парвариши ин дид бисёр муассир будааст. Ба ъиборати дигар, аз роҳи ин дид аст, ки ба нигарише ъилмӣ ба забони форсӣ ва масоили он мерасем. Аммо чорагарии масоили он коре нест, ки ба худии худ аз дасти соҳибони ин дид барояд. Диди сохтӣ ба мо меомӯзонад, ки нахуст, забон маҷмӯъае аз таквожаҳо нест, балки кӯчактарин воҳиди маънодор дар забон ҷумла аст, на калима.
Ба ъилова, ҳар забон сохте дорад ва бар ҳасби он сохтмон вожаҳо ҳар як дар ҷои худ қарор мегиранд ва маънодор мешаванд. Бино бар ин, ба масъалаи забони форсии кунунӣ ва масоили он бояд аз ин дид нигарист, ки забони форсӣ чигуна забонест ва ба кудом хонавода аз забонҳо таъаллуқ дорад ва сохтмони калима дар он чигуна аст ва агар бино бошад, ки калимаҳо ва маъноҳои тозае дар ин забон роҳ ёбанд, шеваи дурусти раҳёфташон кудом аст.
Агарчи забоншиносон дар рӯшан кардани сохти забони форсӣ ва саргузашти торихии он то ба имрӯз хидматҳои гаронбаҳое кардаанд, аммо кори онон ҳамчун кори физиюлужистҳо ва зистшиносонест, ки бо падидае ба номи зиндагӣ ва суратҳои гуногуни он сару кор доранд ва онҳоро мутолеъа ва радабандӣ мекунанд, аммо камтар арзёбӣ мекунанд ва ҳар чизе барои эшон ба ъунвони як рухдод дар ъолами воқеъият арзиши мутолеъа ба худии худро дорад.
Аммо бархӯрди арзёбонаи дигаре низ ҳаст, ки бархӯрди табибона аст. Пизишк бо мавзӯъи худ бо санҷаҳои арзёбикунанда ва арзишгузоронаи тандурустӣ ва беморӣ бархӯрд мекунад ва дар ин кор на танҳо дониш ва фан, ки каме дарунбинӣ ва тезбинӣ ва гоҳ андаке ҷасорат низ ба «қувваи ташхис» ёрии бисёр мекунад. Дар кори забон низ ин биниши табибона бояд аз он дониши бетарафона ёрӣ биҷӯяд, санҷаҳои арзёбикунандаи худро ба кор барад ва онҷо ки радди пойи бемориро меёбад, дар чорагарӣ ва дармон бикӯшад. Дидҳои носиюнолистӣ ва меконистӣ то кунун дар бозгардондани забони форсӣ ба сархонаи аслии вожагон ва дастури худ хидматҳои гаронбаҳо кардаанд ва ҳол навбати он аст, ки масъаларо ҷиддитар ва
дақиқтар ба роҳнамоии аҳли ъилм дар заминаи забоншиносӣ дунбол кунем, аммо табибона даст бар нуқтаҳои дарднок ва ҳассос бигзорем ва дар ҷиҳати нишонашиносии бемориҳо ва дармоншиносии он гоме бардорем…
Дунбола дорад…
Ин бахш баргирифта аз ҷустори «Бозандешии забони форсӣ» аст, ки дар нибеги «Бозандешии забони форсӣ (даҳ мақола); Теҳрон: Нашри Марказ омадааст.
Дигар ҷусторҳои Дориюши Ошурӣ дар Порсӣ Анҷуман
Рӯёрӯии забони форсӣ бо дунёи мудерн дар гуфтугӯи Масъуди Луқмон бо Дориюши Ошурӣ (ба хатти порсӣ)
Фарҳанги ъулуми инсонӣ: гуфтугӯи Меҳдии Ҷомӣ бо Дориюши Ошурӣ 1 (ба хатти порсӣ)
Текникҳои густариши вожагон: гуфтугӯи Меҳдии Ҷомӣ бо Дориюши Ошурӣ 2 (ба хатти порсӣ)
Омехтагии форсӣ ва ъарабӣ аз забони Дориюши Ошурӣ (ба хатти порсӣ)
Форсӣ шакар аст (ба хатти порсӣ)
Фарҳанги ъулуми инсонӣ (ба хатти порсӣ)
Достони танвин (ба хатти порсӣ)
Дигаргунии вожагони форсӣ (пириллик)
Перомуни насри форсӣ ва вожасозӣ
Форсии дарӣ ва форсии дарӣ-варӣ (1) (пириллик)
Ҷунбиши Машрутият ва дигаргунии насри форсӣ (2) (пириллик)
Пероиш ва бозсозии забон (3) (пириллик)
Масъалаи вожасозӣ (4) (пириллик)
Ду гунаи бархӯрд бо забон (5) (пириллик)
Масоили вожасозӣ (6) (пириллик)
Вожасозӣ дар чанд марҳила (7) (пириллик)
Фарҳангистони забон ва сиёсати он (8) (порсӣ)
Забони форсӣ ва коркардҳои тозаи он
Сиришти забони форсӣ (1) (порсӣ)
Имконоти вожасозӣ дар забони форсӣ (2) (порсӣ)
Чанд нукта дар бораи вожасозӣ (3) (порсӣ)
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди “Рӯйдоднома”-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.
Бифирист