Чанд пешниҳод барои порсинивисӣ

Дар нивиштаҳои садаҳои оғозини забони порсии дарӣ чандон нишоне аз нивиштани ҳамза нест. Вожаҳое чун пойиз (پاییز), ойин (آیین) ва пойин (پایین), ки гоҳе бо ҳамза ва ба десаи по’из (پائیز), о’ин (آئین) ва по’ин (پائین) нивишта мешаванд, дар оғоз бидуни ҳамза будаанд ва дар давраҳои пасинтар бо ҳамза нивишта шудаанд. Пас беҳтар аст ин гуна ҳамзаҳоро ҳамонанди гузашта ба десаи “ё” (ی) бинивисем.

Бо балучӣ ошно шавем

Забони балучӣ агарчи бахше аз забонҳои эронист, монанди гӯишҳои дигари эронӣ, дар ҳазорон сол ва дар додуситади қавмӣ ва решаҳои забонӣ дучори дигаргуниҳое гашта ва имрӯза бо вожаҳои форсӣ, ки ин худ ҳамон сарнивиштро доштааст, дигаргуниҳое пайдо карда, бавижа он ки бунёдҳои дастурии вижаи худро низ нигаҳ доштааст.

Чопи Фарҳанги дусӯяи порсӣ-балучӣ аз сӯи Порсӣ Анҷуман

Забонҳо ва гӯишҳои эронӣ ганҷинаи арзишманду пуштвонае сутург барои забони порсиянд, ки бо баррасии онҳо бисёре аз ношинохтаҳои забоншинохтӣ зудуда ва бо воковии ин конҳои пургавҳар бахшҳои ношинохтае аз фарҳанги Эроншаҳр бозшиносӣ мешавад.

Форсӣ шакар аст

Яке аз достонҳои кӯтоҳи зебои Муҳаммадъалии Ҷамолзода достонест ба номи “Форсӣ шакар аст”. Дар ин достон ду даста аз мардум бахубӣ нишон дода мешаванд: Яке, гурӯҳе тозизада, ки ҳамаи вожаҳои суханонашон тозӣ аст ва гумон мекунанд ин гуна сухан гуфтан нишонаи бартарӣ ва дониш аст. Ва гурӯҳи дувум фарангимаобҳои ғарбзада аст, ки ҳамаи суханонашон ғарбӣ (дар инҷо фаронса) аст.

Садруддини Айнӣ ва мухолифони имрӯзаш

Айнӣ то охири умр бо хатти форсӣ нивишт ва ҳиҷ гоҳ хатти сирилликро ҷиддӣ тамрин накард. Чун ҳамеша умед дошт, ки ин хат низ мисли хатти лотин муваққатӣ аст. Бале, хатти сириллик барои мо форсизабонони Осиёи Миёна муваққатӣ аст; часбидан ба хатти муваққатӣ ҳам фарҳанг, адабиёт ва ҳувияти муваққатӣ ба ҳамроҳ дорад­.

No Image

Забони ширини форсӣ

“Забони ширини форсӣ” варноми суханронии устод Жолаи Омӯзгор аст, ки дар ойини гушоиши Анҷумани андаркишварол (байналмилалӣ)-и эроншиносӣ (The International Society for Iranian Studies, ISIS) дар 27 жуани 2010 дар Лус-Онҷелес хонда шудааст.

Боргирии ‘Дастури ҷомеъи забони форсӣ’-и устод Ҳумоюнфаррух

‘Дастури ҷомеъи забони форсӣ’, нивиштаи устод Ъабдурраҳими Ҳумоюнфаррухи Кошонӣ, ҳамванди Фарҳангистони нахуст, аст, ки чопи севуми он, ки ҳафт дафтар дар як дафтар аст, ба кӯшиши фарзанди вай зиндаёд дуктур Рукниддини Ҳумоюнфаррух ба чоп расида ва солҳо ягона сарчашмаи дастури забони форсӣ буд.

Нигоҳе ба дигардесии вокҳо дар гӯишҳои рустоӣ

Вожаи “бом” дар забони порсиг ба десаи “бон” аст ва дар гузар ба порсии нав ба десаи “бом” даромадааст ва дар гӯишҳои рустоӣ “бун” хонда мешавад. Чунонки мебинем, дар порсии нав воки “н” ба десаи “м” даромада, вале дар гӯишҳои рустоӣ воки “н” ба ҳамон десаи порсиг ба ҷой мондааст, ҳол он ки воки “о” (алиф) ба воки “у” (вов) дигардеса шудааст. Ин намуна худ рӯшанкунандаи печида будани дигардесии вожаҳост.

Боргирии ‘Забони Озарбойҷон ва ваҳдати миллии Эрон’

Носеҳи Нотиқ фарзанди Мирзо Ҷаводи Нотиқи Табрезӣ (аз машрутахоҳон ва нахустин вакилони додгустарии Табрез) ва аз эронхоҳони озарбойҷонӣ буд. Нотиқ пас аз фарогирии омӯзишҳои нахустин дар Табрез ба Фаронса рафт ва дар онҷо муҳандисии роҳ ва сохтмон хонд ва пас аз бозгашт ба меҳан беш аз ҳашт сол мудири кулли сохтмони роҳи оҳан буд.

Баҳсе дар бораи сарфи феъл дар забони ъилмии форсӣ

Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ: Хушбахтона, забони ъилмии форсӣ дар гароиши ҷадиди худ ба сӯи тавоноӣ ва ғинои бештар … муъодили истилоҳҳои возеҳи ъилмиро месозад. Аз ин рӯ, танҳо маъное, ки масалан ба масдари “обидан” дар ъилм дода шуда, ин аст: “таркиб кардан бо об.”

1 13 14 15 16 17 32