Порсӣ Анҷуман: гӯронӣ/ ҳуромӣ гунае курдӣ нест, ки забоне ҷудосон, аз они шохаи дӯшастарӣ-абохтарӣ(ғарбӣ-шимолӣ)-и забонҳои эронист, ки худ чандин гӯиш дорад. Ончи мояи он шуда, ки гӯронӣ/ ҳуромӣ забоне курдӣ дар шумор ояд, эвоз (сирфан) зисти забонварони он дар миёни курдзбонон ва наздикиҳои забонии миёни онҳо, ба вижа вожагонӣ ва сохтвожӣ аз баҳри дароиш (таъсир)-и гӯронӣ/ ҳуромӣ бар забонҳои курдист. Ҳамчунин, гӯронӣ/ ҳуромӣ ва курдӣ дорои дигарсониҳои бунёдин дар зинаҳои гуногуни забонианд то он ҷой, ки миёни гӯишварони онҳо дарёфти суханони якдигар нашуданист.