Боргирии ройгони “Фарҳанги адабиёти форсӣ”-и дуктур Заҳро Хонларӣ

Заҳро Хонларӣ (Киё) дар 1294-и хуршедӣ дар Теҳрон зода шуд. Падараш Ҳодии Киёнурӣ (писари Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ) ва модараш Исматулҳоҷияи Буруҷирдӣ буданд. Заҳро аз шогирдони барҷастаи Омӯзишгоҳи духтаронаи “Номус” буд, ки ба Донишсарои олӣ рафт ва сипас вориди Донишкадаи адабиёт шуд ва дар соли 1318 дар давраи дуктурои адабиёт пазируфта шуд ва бо Парвизи Нотили Хонларӣ ҳамдарс шуд.

Боргирии ройгони “Фарҳанги Рашидӣ” дар ду пӯшина

“Фарҳанги Рашидӣ” дар соли 1064-и қамарӣ дар Ҳиндустон ба хомаи Абдуррашид писари Абдулғафури Ҳусайнии Мадании Татавӣ аз мардуми Татаи Синд нивишта шудааст. Вожагони омада дар “Фарҳанги Рашидӣ” аз пижӯҳиш дар нивиштаҳо ва чомаҳои куҳани порсӣ баргузида шудаанд ва аз ин нигар, ин фарҳанг аз барҷастатарин фарҳангҳо дар ин замина ба шумор меояд.

Гелос

Гелос дар забони порсӣ номи меваест аз хонаводаи олу ва аз радаи олболу (олуболу), ки маъмулан ширин аст. Шакли онро дар забони порсии миёна (паҳлавӣ) ва порсии куҳан пайдо накардам, аммо дар забони юнонӣ ба дарахти ин мева “kerasos” гуфта мешавад, ки шабоҳати наздике ба вожаи “гелос” дорад. Решаи вожаи юнониро аз забонхои Осиёи Кеҳтар (Фругия ё Фригия = Phrygian) донистаанд.

Боргирии вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон

Фарҳангистони Эрон ниҳоде буд, ки дар 29 ардибиҳишти 1314 барои посдорӣ ва полоиши забону дабираи порсӣ ба фармони Ризошоҳ оғоз ба кор ва кӯшишҳои худро то соли 1333 дунбол кард. Онро “Фарҳангистони нахуст” низ номидаанд. Дар нигоҳе гузаро метавон гуфт, ки бештари кӯшишҳои Фарҳангистони Эрон дар заминаи вожагузинӣ буд, ки бо рӯйовариши густардаи тӯдаҳои мардум низ рӯбарӯ шуд.

Дужвожа чист?

– Нахустин дужвожагон қайдҳои танвиндор ҳастанд. Монанди қоъидатан, катбан, қаламан. Инҳо ҳамчун дигар дужвожагон на дар дастури забони форсӣ пояе доранд ва на бо сохтори овоии форсӣ дармехӯранд, з-ин рӯ ҳам ба дастур, ҳам ба ойини нигориш ва ҳам оҳанги сухани форсӣ осеб мерасонанд. Заҳрашон ҳамонанди ангали сис дар ҷони вожагони форсӣ мерезад. Вожагоне паризада аз хомаҳое бепарво чун дувуман, севуман, бахшан, ва забонан, ки гаҳгоҳ бозмехӯрем, газидагони он дужвожагонанд.

Шинохти вожаҳои порсӣ аз вожаҳои арабӣ

Бисёре аз вожаҳои порсӣ ҳангоме ки ба забони арабӣ бурда мешаванд, вокҳои онҳо дигардеса мешавад. Акнун агар ин вожаҳои дигардесашуда дорои яке аз вокҳои ҳаштгонаи “се” (ث), “ҳе”(ح), “сод”( ص), “зод”( ض), “те”( ط), “зе”( ظ), “ъайн”( ع) ва “қоф”( ق) бошанд , ин вожаҳо арабӣ пиндошта мешаванд, вале ин чунин нест. Албатта, фаромӯш накунем, ки вожаҳое ҳам ҳастанд, ки ба арабӣ рафта ва дигардесӣ шудаанд, вале дорои ҳеч як аз вокҳои номбурда дар боло нестанд. Монанди андоза, ки шуда ҳандаса.

Вожаёб (Фарҳанги баробарҳои порсии вожаҳои бегона)-и Абулқосими Партав

Суди корбурди вожагони порсӣ ба ҷойи вожаҳои бегона сода кардани дабираи кунунии порсӣ аст, ки бо доштани бархе вотҳои ҳамово, вале ноҷӯр, омӯзиши хондану навиштанро душвор кардааст. Ҳамчунин густариши «якзабонӣ» дар гуфтан ва навиштан ё «ҳамзабонӣ», ки бегумон офаринандаи ҳамдилӣ низ ҳаст.

Нигарише нав ба феъли форсӣ

Ҷумлаҳо дар канори ҳам гуфтор ва забонро месозанд. Забон худ дашти паҳновар ва беинтиҳоест, ки метавонад чизе беш аз абзор барои пайванд миёни инсонҳо бошад. Кӯшиши нависандаи китоб низ аз ин рӯ пешниҳодҳои тоза дар заминаи баҳраҷӯӣ аз феълҳоест, ки то кунун камтар ба онҳо баҳо дода шудааст. Ин китоб нигоҳест жарф ва тоза ва дигаргуна ба “феъл” дар забони порсӣ, ки бисёре аз забоншиносон онро сутун ва пояи ҷумла медонанд.

Аст ё ҳаст?

Чун дар гӯиши Кобул ва атрофи он “астам” ва “ҳастам” ҳарду роиҷ аст, миёни инҳо гоҳ иштибоҳ низ рух медиҳад ва тараф дар ҳоле ки мехоҳад ҳузур дар хонаро бирасонад, мегӯяд “ман дар хона астам”, яъне “ман дар хона ҳастам» ва ин дуруст нест. Дар манотиқи ғарбии Афғонистон ба ҷои ин мегӯянд “хунаям» ва дар Эрон мегӯянд “хун’ам” ва ба хамин лихоз ин иштибоҳ дар онҷоҳо бисёр рух намедихад.

Вожашиносӣ: қақнусу анқо ва қӯ

Қуқнус: мурғест бағоят хушрангу хушовоз. Гӯянд минқори ӯ 360 сӯрох дорад ва дар кӯҳи баланде муқобили бод нишинад ва садоҳои аҷибу ғариб аз минқори ӯ барояд ба ва ба сабаби он мурғони бисёр ҷамъ оянд, аз онҳо чандеро гирифта, туъмаи худ созад. Гӯянд ҳазор сол умр кунад ва чун ҳазор сол бигзарад ва умраш ба охир ояд, ҳезуми бисёр ҷамъ созад ва бар болои он нишинад ва сурудан оғоз кунад ва маст гардад ва бол бар ҳам занад, чунон ки оташе аз боли ӯ биҷаҳад ва дар ҳезум уфтад ва худ бо ҳезум бисӯзад ва аз хокистараш байзае падид ояд. Ва ӯро ҷуфт намебошад ва мусиқиро аз овози ӯ дарёфтаанд.

1 8 9 10 11