Боргирии «Фарҳангистони Эрон ва Фарҳангистони забони Эрон»

Фарҳангистони Эрон ва Фарҳангистони забони Эрон намоёнгари бахше аз кӯшишҳои ин ду ниҳод аст, ки ҳарду дар шинохти жарфтари забони порсӣ ва посдорию полоиши он гомҳои устуворе бардоштанд ва корҳои арзишманде низ аз худ барои ояндагон ба ёдгор ниҳоданд.

«Номҳои эроншаҳрӣ»-и наврӯзонаи Порсӣ Анҷуман ба хонандагонаш

Фарҳанг ҳамаи огоҳиҳо ва донишу хиради мардумони як сарзамин ё кишвар аст, ки забон дар дарозои замон гузоришгари чигунаги он аст. Ҳар забон аз гурӯҳи анбӯҳе таквожи решаӣ ва вожагони пояӣ ё ҳастаӣ пайкар ёфта ва дар дарозои замон, баста ба пешрафти фарҳангии гӯишварони он забон, бар гурӯҳи он вожагон афзуда шудааст.

Боргирии фарҳанги панҷпӯшинаи ‘Бурҳони қотеъ’

“Бурҳони қотеъ”-ро Муҳаммадҳусейн бин Халафи Табрезӣ, номдор ба Бурҳон, дар 1062-и исломӣ дар Ҳайдарободи Дакан бо афзун бар 20 ҳазор дароя [=мадхал] нивишта ва ба поён бурдааст. Нивисанда кӯшида, ки фарҳанге ҳамасӯя фароҳамад ва з-инрӯ, пояи фарҳанги хешро бар вожаномаҳо ва фарҳангҳои гуногуне ниҳодааст.

Баҳра аз корвожаҳои сода ба ҷои омехта

Корвожаҳои омехта [=афъоли мураккаб] дар порсии имрӯз ҷои бисёре аз корвожаҳои сода ва пешвандиро гирифтаанд ва шумори бисёре аз корвожаҳои сода дар порсии имрӯз аз ёд рафтаанд ва ба ҷои онҳо корвожаҳои омехта нишастааст.

Корвожаҳои пешвандӣ

Забони порсиг [=паҳлавии соcонӣ] забони бисёр тавонмандест, ки баосонӣ аз номвожаҳо ва зобҳо корвожа месозад. Андар ин забон корвожаҳои пешвандӣ низ фаровон ба кор меравад ва баҳра аз он барои расондани чамҳои бориксанҷона равоги бисёр дорад, чунон: фарозрасидан, абаррасидан, фарозомадан, андаромадан, фарозрафтан, абозрафтан, фурудшудан, андаршудан, андарабоистан, абозмондан, абозвардидан.

Боргирии “Феҳристи феълҳои форсӣ бо маънои онҳо” аз дуктур Ҳусейн

Дуктур Муҳаммад Башири Ҳусейн барои фароҳамиши корвожаҳои содаи порсии ин феҳрист аз ҳашт фарҳанги порсӣ: Луғати фурс, Бурҳони қотеъ, Онандроҷ, Нафисӣ, Луғати форсӣ ба инглисии Стейнгос, Деҳхудо, Армуғони Осифӣ ва Ъамид суд ҷустааст. Ӯ корвожаҳоеро ҳам, ки андар ин фарҳангҳо наомада, аз девонҳо ва нивиштаҳои куҳани порсӣ гирифта ва бо намунаҳо овардааст.

Даромаде бар полоиши забони порсӣ

Ҳомиди Қаннодӣ: Пас аз поёни давраи Қоҷор ва оғози подшоҳии Паҳлавӣ бисёре аз нивисандагон, ки аз забони нивишторӣ сахт монда шуда буданд, ба забони кӯчабозорӣ рӯй оварданд. Забони кӯчабозорӣ ё ҳамон забони тӯда, бештар аз вожаҳои худи забон буд, аз ин рӯй, дарёфт он бисёр содатар аз нивиштаҳои пешин буд. Чанд сол пас аз он Фарҳангистони забон падид омад ва ҳамзамон бо он бузургоне ҳамчун Аҳмади Касравӣ, рӯ ба саранивисӣ оварданд.

Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (3)

Баҳра гирифтан аз нишонаҳои бешоли ъарабӣ душвориҳое барои забони порсӣ ба бор овардааст. Пас то метавонем, аз вожаҳои порсӣ баҳра бигирем ва агар ночорем номҳои ъарабӣ ба кор бибарем, барои бешолидани онҳо аз нишонаҳои порсии “-ҳо” ва “-он” баҳра бигирем. Дигар ин ки, ба ҳеч рӯй, вожаҳои орсиро ба десаи ъарабӣ бешол набандем.

Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (2)

Яке дигар аз осебҳое, ки дар пайи омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона ба ин забон расидааст, ҳамоно ба кор бурдани корвожаҳои омехта (феъли мураккаб) ба ҷои корвожаҳои сода (феъли басит) аст. Ҳарчанд дар оғоз шумори андаке корвожаҳои сода бо вожаҳои ъарабӣ сохта шуд (ҳамчун талабидан, балъидан, рақсидан ва фаҳмидан), ин равиш базудӣ фаромуш гардид ва вожаҳои бегона корвожаҳои омехтаро ба дунболи худ оварданд.

Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (1)

Ҳамаи забонҳо, камубеш, ниёзманди вом гирифтани вожаҳое аз дигар забонҳо ҳастанд. Албатта, вижакорони забон мекӯшанд нахуст баробарҳое барои он вожаҳо бисозанд, агар нашуд, вожаҳои бегонаро бар пояи рожмони овоии худ дигаргун мекунанд ва онгоҳ онҳоро мепазиранд.

1 4 5 6 7 8 11