Дужвожа чист?

– Нахустин дужвожагон қайдҳои танвиндор ҳастанд. Монанди қоъидатан, катбан, қаламан. Инҳо ҳамчун дигар дужвожагон на дар дастури забони форсӣ пояе доранд ва на бо сохтори овоии форсӣ дармехӯранд, з-ин рӯ ҳам ба дастур, ҳам ба ойини нигориш ва ҳам оҳанги сухани форсӣ осеб мерасонанд. Заҳрашон ҳамонанди ангали сис дар ҷони вожагони форсӣ мерезад. Вожагоне паризада аз хомаҳое бепарво чун дувуман, севуман, бахшан, ва забонан, ки гаҳгоҳ бозмехӯрем, газидагони он дужвожагонанд.

No Image

“Гузашта ва ояндаи форсӣ” аз устод Ҳайдарӣ-Малоирӣ

“Гузашта ва ояндаи форсӣ” ва “Гуфторе чанд перомуни порсии сара” аз устод Муҳаммади Ҳайдарӣ-Малоирӣ ва ҳамчунин гапугуфти эшон бо устод Дориюши Ошӯрӣ дар барномаи “Паргор”-и Би-би-сиро дар ин ҷо бибинеду бишнавед.

Шинохти вожаҳои порсӣ аз вожаҳои арабӣ

Бисёре аз вожаҳои порсӣ ҳангоме ки ба забони арабӣ бурда мешаванд, вокҳои онҳо дигардеса мешавад. Акнун агар ин вожаҳои дигардесашуда дорои яке аз вокҳои ҳаштгонаи “се” (ث), “ҳе”(ح), “сод”( ص), “зод”( ض), “те”( ط), “зе”( ظ), “ъайн”( ع) ва “қоф”( ق) бошанд , ин вожаҳо арабӣ пиндошта мешаванд, вале ин чунин нест. Албатта, фаромӯш накунем, ки вожаҳое ҳам ҳастанд, ки ба арабӣ рафта ва дигардесӣ шудаанд, вале дорои ҳеч як аз вокҳои номбурда дар боло нестанд. Монанди андоза, ки шуда ҳандаса.

Вожаёб (Фарҳанги баробарҳои порсии вожаҳои бегона)-и Абулқосими Партав

Суди корбурди вожагони порсӣ ба ҷойи вожаҳои бегона сода кардани дабираи кунунии порсӣ аст, ки бо доштани бархе вотҳои ҳамово, вале ноҷӯр, омӯзиши хондану навиштанро душвор кардааст. Ҳамчунин густариши «якзабонӣ» дар гуфтан ва навиштан ё «ҳамзабонӣ», ки бегумон офаринандаи ҳамдилӣ низ ҳаст.

Нигарише нав ба феъли форсӣ

Ҷумлаҳо дар канори ҳам гуфтор ва забонро месозанд. Забон худ дашти паҳновар ва беинтиҳоест, ки метавонад чизе беш аз абзор барои пайванд миёни инсонҳо бошад. Кӯшиши нависандаи китоб низ аз ин рӯ пешниҳодҳои тоза дар заминаи баҳраҷӯӣ аз феълҳоест, ки то кунун камтар ба онҳо баҳо дода шудааст. Ин китоб нигоҳест жарф ва тоза ва дигаргуна ба “феъл” дар забони порсӣ, ки бисёре аз забоншиносон онро сутун ва пояи ҷумла медонанд.

Падидоршиносии забони порсӣ аз нигоҳи Каззозӣ дар “Овое аз жарфо”

“Овое аз жарфо” дарбардорандаи гуфтушунудҳои дароздомани Муҳаммадризо Иршод бо Мир Ҷалолиддини Каззозӣ дар падидоршиносии забони форсӣ аст. Омоҷи ин китоб нигоҳе ба забони порсӣ дар бистари фароянди мудернитеи эронӣ аст.

Чаҳор сӯи ҷуғрофиёӣ дар забони порсӣ

Имрӯза дар забони порсӣ чаҳор сӯи ҷуғрофиёиро шимол, ҷануб, ғарбу шарқ меномем ва агар бихоҳем порситар бинависем ва ё сухан бигӯем, шарқро ховар ва ғарбро бохтар мегӯем. Он чи пайдост, ин аст, ки як забону фарҳанги куҳан наметавонад дар заминаи вожаҳое, ки дар зиндагии ҳаррӯзааш корбурд доштааст, камбуде дошта бошад.

Хат ва фарҳанг

“Хат ва фарҳанг” навиштаи зиндаёд Забеҳи Беҳрӯз аст, ки бахшҳое аз он пештар дар “Порсӣ Анҷуман” дар ду бахш ба дидаи хонандагони арҷманд расид ва акнун пӯйиши (скани) ин наски хонданиро пешкаши шумо гиромиён мекунем. Омоҷи Беҳрӯз аз навиштани ин наск омӯзондани хаттест, ки худ сохтааст ва бар ин бовар буд, ки бо ёдгирии ин хат метавон калиди омӯхтани ҳамаи хутути куҳан ва навро фаро гирифт.

Ҳушдоре дар бораи шикастанависӣ

Омадани гӯшиҳои телефунҳои ҳамроҳ ба бозор нуқтаи атфе дар торихи забони форсӣ буд. Ин гӯшиҳо эрониёнро маҷбур кард, то рӯзона чанд сатре бинависанд ва паёмак бифристанд. Забони форсӣ рӯйи ҳеч кадом аз гӯшиҳои аввалия вуҷуд надошт. Финглишнависӣ оғози шикастанависӣ буд. Пас аз он, роёнаҳои нахустин ҳам ба ёрии финглишнависӣ омаданд ва дастикам зоиқаи навиштории як насл аз эрониён дигаргун шуд.

Забони форсӣ ва марзҳои ҷуғрофиёии он дар гуфтугӯ бо Масъуд Миршоҳӣ

Миршоҳӣ муътақид аст, ки марзҳои ҷуғрофиёиву аҳаммияти масоили сиёсӣ боъис шуда, ки мардуми форсизабони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбакистон бо таваҷҷуҳ ба доштани забону адабиёти муштарак аз якдигар дур шаванд.

1 7 8 9