Чаҳор сӯи ҷуғрофиёӣ дар забони порсӣ

3 озари 1392

چهار سوКуруши Ҷаннатӣ

Имрӯза дар забони порсӣ чаҳор сӯи ҷуғрофиёиро шимол, ҷануб, ғарбу шарқ меномем ва агар бихоҳем порситар бинависем ва ё сухан бигӯем, шарқро ховар ва ғарбро бохтар мегӯем. Он чи пайдост, ин аст, ки як забону фарҳанги куҳан наметавонад дар заминаи вожаҳое, ки дар зиндагии ҳаррӯзааш корбурд доштааст, камбуде дошта бошад.

Вомгирии вожагонӣ ҳангоме рух медиҳад, ки падида ва ё фароёфте вориди фарҳанги ҷадиде шавад, ки дар он забону фарҳанги тоза пешина ва дар натиҷа, баробарниҳодае надорад. Дар ин маворид агар барои падида ва фароёфти навпайдо баробаре аз решаҳои бумии забони пазиранда сохта нашавад, вомгирии вожагонӣ ногузир хоҳад буд. Вале сӯяҳои чаҳоргона вожаҳое бунёдин ҳастанд, ки бегумон номҳое бар пояи забони порсӣ доштаанд.

“Ос” дар забони паҳлавӣ ба маънои “омадан” будааст, ки дар пайванд бо вожаи хур (хуршед) мешавад “хуросон”, яъне ҷойгоҳи баромадани хуршед.

Бино бар ин, баробари вожаи машриқ дар забони порсӣ “хуросон” будааст. Бар ҳамин поя ғарбро, ки ҷойгоҳи фурӯшуди хуршед аст, “хурварон” мегуфтанд. Ҷанубро “нимрӯз” ва шимолро, ки дар фарҳангу ҷаҳонбинии куҳани эронӣ сарзамине нафриншуда ва ҷойгоҳи девону риманон (табаҳкорон) будааст, “апохтар” ё бохтар меномиданд.*

Ва аммо чаҳор сӯи ҷуғрофиёӣ дар забони порсӣ дигаргунии шигифте пайдо кардааст. Чунонки нимрӯз ва хуросон бакуллӣ фаромӯш шудааст ва ховар, ки кӯтоҳшудаи хурварон аст, ҷои хуросонро гирифтааст. Яъне дар маъное комилан ворунаи маънои худ ба кор меравад. Ва сипас барои комил шудани занҷираи шигифтиҳо бохтар низ ҷои ховарро гирифтааст!

Дуктур Каззозӣ дар китоби “Аз гунае дигар: Ҷусторҳое дар фарҳангу адаби Эрон” намунаҳои гуногуне аз чомаҳои чомапардозони мухталифро овардааст, ки дар онҳо ховару бохтар гоҳ дар маънои дуруст ва нажодаи худ ва гоҳ дар маънои дигаргуншудаашон ба кор рафтаанд, ки чанд намуна аз онҳоро меоварем:

Фахриддини Асъади Гургонӣ дар “Вису Ромин” дар бораи “хуросон” чунин сурудааст:

Хушо ҷо ё бару буми Хуросон,
Дар
ӯ бошу ҷаҳонро мехӯр осон.
Забони паҳлав
ӣ ҳар к-ӯ шиносад,
Хуросон он бувад к-аз вай хур осад.
“Хур осад” паҳлав
ӣ бошад “хур ояд”
Ироқу Порсро хур з-
ӯ барояд.
Хуросонро бувад маън
ӣ хуроён,
Ку
ҷо аз вай хур ояд сӯи Эрон.

Ҳамин чомасаро дар пайванд бо “ховар” сурудааст:

Ба ховар меҳри тобон рух бипӯшид,
Ба гардун зуҳраро заҳра би
ҷӯшид.

Рӯдакӣ низ бадурустӣ “хуросон”-ро ҷойгоҳи баромадани хуршед ва ховарро ҷойи фурӯшудани он номидааст:

Меҳр дидам бомдодон чун битофт,
Аз хуросон сӯи ховар мешитофт.
Нимр
ӯзон бар сари мо баргузашт,
Чун ба ховар шуд, зи мо нодида гашт.

Вале Фаррухии Систонӣ ховарро дар маънои дигаришёфтаи он ба кор бурдааст:

Дареро аз он меҳр хондаст машриқ,
Дареро аз он моҳ хондаст ховар.

Бадурустӣ ошкоро нест, ки ин дигариши шигифтовар аз чи замоне ва чигуна рух дода ва шавандҳо (илал)-и он чи будааст. Вале шояд битавон онро нишона ва натиҷае аз тағйироту фаргаштҳое донист, ки пас аз тозиши тозиён (аъроб) ба Эрон дар фарҳанг, ойин, забон ва ҷаҳонбинии эрониён дар ҳоли шудан будааст ва ба гунаи намодин гуфт, ки жарфои ин тағйирот чандон густарда будааст, ки эрониён дасти чапу росташонро низ гум кардаанд.*

*Дар “Вандидод”, фаргарди 19, банди 1, чунин омадааст: Аз сарзамини похтар, аз жарфои сарзаминҳои бохтар, Анграминйу, он девондев, ки саршор аз маргу табоҳӣ аст, фаро ҷаст.

Матни порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*