Форсии аз об гузашта

انوشهҲасани Анӯша бо ишора ба китоби дар дасти нигориши худ аз пахши китобҳояш дар бисту ҳафтумин намоишгоҳи китоби Теҳрон хабар дод.

Ин фарҳангноманавис дар бораи китоби “Форсии аз об гузашта” гуфт: “Ин китоб дарбардорандаи вожаҳое аст, ки дар дигар кишварҳои порсизабон ва Осиёи Миёна аз онҳо баҳра гирифта мешавад.”

Ӯ афзуд: “Фишбардории китоб анҷом шудааст, ҳазор рӯя ва 12 ҳазор даромад дорад ва барои навиштани он аз манобеъи ин кишварҳо, яъне чомаҳо, достонҳо ва китобҳои гуногун баҳра бурда шудааст.”

Анӯша дар идома дар бораи ин вожаҳо гуфт: “Ман вожаҳои форсии аз об гузаштаро чаҳор даста мекунам. Як даста вожаҳое, ки пештар дар Эрон ҳам корбурд дошта, вале фаромӯш шудааст. Вожаҳое, ки дар ҳарду ҳавза корбурд дорад, вале бо чам (маъно)-ҳои гуногун.”

“Ҳамчунин вожаҳое, ки онҷо корбурд дорад ва дар кишвари мо аз онҳо баҳра бурда намешавад ва низ вомвожаҳо: вожаҳое, ки ин кишварҳо аз кишварҳои дигар гирифтаанд, вале барои мо ин вожаҳо корбурде надоранд.”

Ӯ афзуд, ки ҳанӯз ношири ин китоб мушаххас нест.

Аз миёни китобҳои Анӯша “Форсии ношунида” (чопи нахуст, нашри Қатра), “Торихи Кембриҷ (чопи нуҳум – Амир Кабир), “Торихи Ғазнавиён (чопи ёздаҳум – Амир Кабир), “Эрон ва тамаддуни эронӣ” (чопи шашум – Амир Кабир), “Торихи Систон” (чопи чаҳордаҳум – Амир Кабир) дар намоишгоҳи китоби Теҳрон пахш шудаанд.

Матни порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*