Падидоршиносии забони порсӣ аз нигоҳи Каззозӣ дар “Овое аз жарфо”

4 ардибиҳишти 1393

آوایی از ژرفا“Овое аз жарфо” дарбардорандаи гуфтушунудҳои дароздомани Муҳаммадризо Иршод бо Мир Ҷалолиддини Каззозӣ дар падидоршиносии забони форсӣ аст.

Омоҷи ин китоб нигоҳе ба забони порсӣ дар бистари фароянди мудернитеи эронӣ аст.

Муҳаммадризо Иршод дар пешгуфтори ин китоб навиштааст: “Аз ҳангоми ошноӣ бо китобҳо ва навиштаҳои дуктур Каззозӣ шеваи рӯёрӯии вайро бо пурсумонҳое, ки дар рӯзгори мо ба забони форсӣ гиреҳ хӯрдаанд, ошкоро мутафовиттар аз дигароне, ки номашон дар ин пешгуфтор омадааст, ёфтам. Ин ҷудоӣ ва дигарсонӣ пеш аз ҳар чиз ба дониши густарда ва жарфи дуктур Каззозӣ аз фароянди дигаргуниҳои торихии забони форсӣ дар қаламравиҳои назму наср бармегардад.”

Вай меафзояд: “Ин амр сабаб шуда, то вай бо писанде зебошинохтӣ гом дар конуни пуртабутоби гуфтумони беҳкард (ислоҳ)-и забонӣ бигзорад. Сарагароӣ ё нобгароии забонии дуктур Каззозиро метавон ҳамзамон донишварона, зебошиносона, ҳамдилона ва андаке бозигӯшона хонд. Пайванди Каззозӣ бо забони форсӣ пайвандест ҳастишинохтӣ. Забони форсӣ барои вай хонаеро мемонад, ки пораҳои ҳастии вай ба он баста буда ва ту гӯйӣ оромиш ва осоиши худро аз оростагӣ, зебоӣ, нағзӣ ва диловезии ин хона мегирад.”

Дар бахше аз “Овое аз жарфо” бо варноми “Гуфторе бо хонанда”, ки баргирифта аз суханони устод Каззозӣ дар бахши поёнии ин китоб аст, омада: “Ин севумин гуфтугӯи дароздомани ман аст. Ду гуфтугӯи дигар дар ду китоб аз ин пеш ба чоп расидааст. Аммо дар ҳеч кадом аз он риштагуфтугӯҳо ман то бад-ин поя, ки дар гуфтугӯ бо шумо, ҷаҳони дарунии худро ковидаму шинохтам, бо андешаҳое дар зеҳни хеш ошно шудам, ки бар ман пӯшида мемонданд, натавонистам ба шинохт аз хештан бирасам.”

“Пурсишҳои шумо, ки бештар нағз буду ҳушмандонаву жарфкорона, дарҳоеро дар ниҳод ва андешаи ман гушуд, ки то ин замон бар ман ногушуда монда буд. Ин шинохтро ман дар гарави он пурсишҳо медонам. Баростӣ, ончунон ки ҳамвора ба донишҷӯёни худ мегӯям, ҳар посухе дар пайванд аст бо пурсиш, пайванде ногузир. Агар пурсиш нағз бошаду борику андешахез, посухе андешамандона, борик, нағзро дар пай метавонад оварад. Ман ончиро ба донишҷӯён мегуфтам, дар кирдор аз раҳгузари ин гуфтугӯҳо озмудам. Аз ҳамин рӯст, ки ин талоши фарҳангӣ хушоянд ва писандидаи ман уфтодааст.”

Дар ин китоб, ки аз сӯйи нашри “Муъин” дар 296 рӯя ва ба баҳои 12 ҳазор тумон ба бозори китоб даромада, ин ҷусторҳо ба баррасӣ гузошта шудаанд:

Чистии забон, хостгоҳи забон: забон, нохудогоҳӣ ва худогоҳӣ, абзори худогоҳӣ, хори девори разон, тарозмандии дарунӣ, бунёнҳои маниши эронӣ, хунёи забон, дар он сӯйи “он”, нобгароии забонӣ, рӯзгори чорасозӣ, фароянди фардиятёбии эронӣ, ангехтани ҷаҳони хуфта, навгароии эронӣ, гузори сириштини забон, растохези забонӣ, огоҳии нохурсанд, ҷодуи забон ва шоъиронагии ҳастӣ, бар бистари ангезаҳо ва омоҷҳо.

Манти порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*