16 фарвардини 1393
“Хат ва фарҳанг” (Эронкӯда, шумораи 8), навиштаи зиндаёд Забеҳи Беҳрӯз аст, ки бахшҳое аз он пештар дар “Порсӣ Анҷуман” дар ду бахш (инҷо ва инҷо) ба дидаи хонандагони арҷманд расид ва акнун пӯйиши (скани) ин наски хонданиро пешкаши шумо гиромиён мекунем.
Омоҷи (ҳадафи) Беҳрӯз аз навиштани ин наск омӯзондани хаттест, ки худ сохтааст ва бар ин бовар буд, ки бо ёдгирии ин хат метавон калиди омӯхтани ҳамаи хутути куҳан ва навро фаро гирифт.
Бахшҳои ин наск чунин аст:
“- Мақсуд аз нигориш
– Дебоча
– Масъалаи тағйир ё такмили хат дар Эрон ва Урупо
– Омӯзишу парвариш
– Шарҳи омӯзиши ҳуруф ба тафсил
– Мулоҳизот
– Камҳуш
– Омӯзиши лолҳо
– Мадорики торихӣ ва илмию фаннии хат дар Эрон
– Тазаккуроти чанде марбут ба торихи хат ва тамаддун
– Тамаддуни бостонии сарзаминҳои шарқии ориёӣ
– Тамаддуни бостонии сарзаминҳои шимолии ориёӣ
– Тамаддуни бостонии сарзаминҳои ғарби ориёӣ
– Истилоҳи ҷадиди вирс ба ҷойи ориёӣ
– Истилоҳи ҷадиди оромӣ ва сомӣ
– Асур ё Суборту
– Искандария
– Хотима
– Дар бораи равиши омӯзиш бо кӯдакдабира”
Андозаи ин наск (китоб) севу ҳафт даҳум мегобойт аст ва пӯйиш аз нусхаи чопи дувуми “Хат ва фарҳанг” ба торихи меҳрмоҳи 1363, Созмони интишороти Фурӯҳар, дар 238 рӯя аст.
“Хат ва фарҳанг” навиштаи устоди зиндаёд Забеҳи Беҳрӯзро аз “инҷо” боргузорӣ кунед.
Матлаби форсиро инҷо бихонед
Бифирист