Забони арабӣ ва нақши эрониён

19 ардибиҳишти 1393

Шаҳрбароз

Ҳамон гуна ки дар китобҳои торихи ислом ҳам омадааст, пеш аз ислом ва дар замони ислом теъдоди касоне, ки дар Ҳиҷоз саводи хондану навиштан доштанд, ба теъдоди ангуштони даст баробар будааст. Бино бар ин, табиъист, ки ҳеч гуна асари навишторӣ аз онон вуҷуд надошта бошад. Гуфта мешавад, ки пеш аз ислом ҳафт қасида (чакома)-и баланду бузурги арабонро дар хонаи Каъба овехта буданд ва бад-он “Ҳафтгонаи овехта” (дар арабӣ: сабъаи муъаллақа) мегуфтанд. Хатти арабӣ низ бар пояи хатти эрониён будааст ва ба гуфтаи Ибни Аббос писари Абдулмуталлиб, хатти арабӣ аз шаҳри эронии Анбор ба миёни арабони Ҳиҷоз роҳ ёфт. Хатти куфӣ низ дар миёни эрониён ва ба дасти онон падид омаду болид. (ниг: Сабкшиносӣ, Миликушшуъаро Баҳор, ҷилди 1, саҳ. 92).

Пеш аз ислом ва дар замони ислом теъдоди касоне, ки дар Ҳиҷоз саводи хондану навиштан доштанд, ба теъдоди ангуштони даст баробар будааст. Бино бар ин, табиъист, ки ҳеч гуна асари навишторӣ аз онон вуҷуд надошта бошад.

Забони арабӣ низ ба хотири шароити зиндагии қабилаӣ ва чодарнишинӣ забоне буд, ки танҳо бо мафҳумҳои зиндагии қабилаӣ сарукор дошт ва вожаҳое барои гулу гиёҳ ва зиндагии шаҳрӣ дар он кам буд. Ба тавре ки барои намуна ҳатто вожаи гул дар арабӣ, яъне “вард”, вожаи эронӣ ва порсӣ аст ва дар номи шаҳри Суҳравард ба маънои “гули сурх” (суҳр-сурх) дида мешавад. Номи бисёре аз гулҳо дар забони арабӣ банафсаҷ (бунафша), ёсаман ва монанди он порсӣ аст. Аз сўи дигар, забони арабӣ барои шутур дар рангҳо ва шаклҳо ва даврони мухталифи зиндагияш вожаҳову номҳои фаровоне дорад. Монанди:

Ибни Махоз – шутурбачае, ки ба соли дувум даромада
Ибн-ал-лубун – шутурбачае, ки ба соли севум даромада
Азаб – шутури модаи калонсол
Арбак – шутури сиёҳи тираранг
Ашкал – шутуре, ки сиёҳии ӯ ба сурхӣ омехта бошад
Асҳаб – шутуре, ки сурхиву сапедии омехта дорад
Атрақ – шутури сустзону
Аъсом – шутури некӯандом
Аъқал – шутури пойбартофта
Амъар – шутури мӯю пашм рехта
Тилтиъ – шутури дандонрехта аз пирӣ
Аъҷаб – шутури ба шигифт оранда
Ақсо – шутури каронаи гӯш бурида
Ахлаф – шутуре, ки ба карона майл кунад
Ҷуроҷир – шутури бисёр баландовозу бисёр обхор
Ҷашар – шутуроне, ки дар чарогоҳ бошанд ва шаб ба хонаи соҳиб наёянд

Хатти арабӣ бар пояи хатти эрониён будааст ва ба гуфтаи Ибни Аббос писари Абдулмуталлиб, хатти арабӣ аз шаҳри эронии Анбор ба миёни арабони Ҳиҷоз роҳ ёфт. Хатти куфӣ низ дар миёни эрониён ва ба дасти онон падид омаду болид.

Ҳамчунин аст вожаҳое, ки барои хурмо доранд:

Рутаб – хурмои тар
Ҷуром – хурмои хушк
Ҷурома – хурмои бурида
Ҷуърур – хурмои хушки реза
Суххал – хурмои донасахтношуда
Саъал – хурмои донасахтношудаи хушк
Асис – хурмои тари табоҳшуда
Махраф – хурмои чидаи тару тоза
Хадира – хурмои норасида, ки аз дарахт уфтад
Нусоҳ – реза ва шикастаи пӯсти хурмо ва ғилофи хурмо
Нақир – пӯсти нозуки ҳастаи хурмо

Аммо ин ки чи гуна шуд, ки забони қавме биёбонгарду саҳронишин он гуна густарда шуд, ки нависандагону донишмандони фаровони даврони исломӣ, аз ҷумла эрониёне чун Ибни Синову Розиву Берунӣ ва… китобҳову навишторҳои худро бад-ин забон падид оварданд, яке аз далелҳои аслии он ҳамон эрониёне буданд, монанди Сибивайҳ ва Ибни Муқаффаъ ва дигарон, ки бар пояи забони порсӣ забони арабиро нерӯманду тавонманд ва густарда карданд. Барои намуна, китоби Ибни Муқаффаъ ба номи “Адаб-ал-Кабир” яке аз беҳтарин намунаҳои “насри арабӣ” ба шумор меравад, зеро пеш аз он насри арабии зиёде вуҷуд надошт ва “Адаб-ал-кабир” бар пояи суннати навиштории эронӣ аст, то арабӣ. Ё санъати адабии мақоманависиро Бадеъуззамони Ҳамадонӣ бо таъсир аз Госоҳо (Гоҳон)-и Зартушт падид овард ва ҳамон гуна, ки устод Баҳор навиштааст, ҳатто худи вожаи “мақома” тарҷумаи арабии гоҳ (=замон ва ҷойгоҳ) ва мақомот ба маънои гоҳон аст (ниг: Мусиқии мақомӣ ва Авасто).

Забони арабӣ ба хотири шароити зиндагии қабилаӣ ва чодарнишинӣ забоне буд, ки танҳо бо мафҳумҳои зиндагии қабилаӣ сарукор дошт ва вожаҳое барои гулу гиёҳ ва зиндагии шаҳрӣ дар он кам буд. Аз сӯи дигар, забони арабӣ барои шутур дар рангҳо ва шаклҳо ва даврони мухталифи зиндагияш вожаҳову номҳои фаровоне дорад.

Ҳамон гуна ки пештар ҳам гуфтаам, таъсири забони порсӣ бар арабӣ бавижа дар чанд садаи оғозини даврони исломӣ ҷойи пажӯҳиши бисёр дорад. Барои намуна, то даврони Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ ва нақли девон аз порсӣ ба арабӣ, забони девону молиёт ба порсӣ буд, зеро забони арабӣ ҳанӯз тавоноии баёни умури молиро надошт. Худи вожаи ҷизя тозишудаи газят/газити порсӣ аст. Вақте Ҳурмузони эронӣ аз Солеҳ, ки падараш эронӣ ва модараш араб буд, пурсид, агар девонро ба тозӣ бинависед, ба ҷойи “даҳӯя” (даҳак = даҳяк, як даҳум) чи мегӯед? Солеҳ гуфт “ушр”. Яъне ҳанӯз ба фикрашон нарасида буд, ки ин истилоҳҳои молиётиро ба тозӣ тарҷума кунанд.

Ҳамин гуна аст дар дигар заминаҳои забониву фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоъӣ. Ҳатто дар замони Маъмун, яъне наздики дувист сол пас аз ислом, ҳанӯз аз паҳлавӣ ва ҳиндӣ ва сурёнӣ ва юнонӣ китоб ба забони арабӣ тарҷума мешуда ва бештар ҳам ба дасти эрониён ва эронитаборон будааст. Дар ин миён бисёре аз вожаҳои порсиву эронӣ ва юнонӣ вориди забони арабӣ шуд ва забони арабӣ неруманд шуд ва тавонист ба кор биёяд.

Ҳатто ҳамон гуна ки Абурайҳони Берунӣ ишора кардааст, арӯзи араб аз арӯзи ориёӣ/эронии пеш аз ислом гирифта шудааст. Бештари баҳрҳои арӯзии пас аз ислом ҳам асле эронӣ доранд. Вазнҳое чун рубоъӣ, қариб ва мушокил муҳаққақан пеш аз ислом реша гирифтаанд. Истилоҳҳои арӯзии “сабаб” ва “ватад” аз истилоҳоти арӯзии қадии ориёии Sabola ва Varta гирифта шуда ва низ “арл” ва “арй” ба маънии ҷузъи охири нимаи аввали байт истилоҳе ориёӣ аст (ниг: Донишномаи Исломико).

محمد محمدی ملایریЯке аз пажӯҳишгарони бузурги эронии муъосир, ки дар заминаи таъсири фарҳангу забони Эрон бар забони арабӣ ва тамаддуни даврони исломӣ пажӯҳиш кардааст, зиндаёд устод дуктур Муҳаммади Муҳаммадии Малоирӣ (1290 то 1381х) аст.

Нахустин китоби вай ба забони порсӣ дар ин бора чунин аст:

“Фарҳанги эронии пеш аз ислом ва таъсири он дар тамаддуни исломӣ ва адабиёти арабӣ.”
Нависанда: Муҳаммади Муҳаммадии Малоирӣ
Ношир: Донишгоҳи Теҳрон
Соли 2536 (1356х)
Сафҳа: 480

Вирости нахусти ин китоб дар соли 1323-и хуршедӣ чоп шуд. Дар даврони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дуктур Муҳаммадӣ сипас ду рисола ба забони арабӣ дар Донишгоҳи Омрикоии Бейрут дар ҳамин бора навишт бо унвонҳои:

Дебочае дар бораи фарҳанги эронӣ ва асари он бар адабиёти арабӣ (مقدمة لدرس الثقافة الایرانیة و اثرها فی الادب العربی)

Дастгоҳи идории Сосониён ва асари он дар кишвардории халифагони исломӣ (النظم الاداریة الساسانیة و اثرها فی دولة الخلفا)

Дуктур Муҳаммадӣ ба ҷуз ин китоб чандин китоб ва мақолаҳои фаровоне ба забонҳои порсӣ ва арабӣ ва инглисӣ дар ин бора нигоштааст, аз ҷумла чанд ҷилд китоб ба забони арабӣ ба номи “Сарчашмаҳои эронии адабиёти арабӣ” (الروافد الفارسیه فی الادب العربی). Ин китобҳо ва рисолаҳо дар онт даврон бо истиқболи хуби донишмандони кишварҳои арабӣ рӯбарӯ шуд.

Китоби “Фарҳанги эронӣ…” аз ёздаҳ фасл ё гуфтор ташкил шудааст:

فرهنگ ایرانی پیش از اسلام و تاثیر آن در تمدن اسلامی و ادبیات عربیГуфтори якум: Осори фарҳангии Эрон ва саргузашти он дар ҳамлаи аъроб
Гуфтори дувум: Таъсири ташкилоти идории Сосониён дар давлати хулафо
Гуфтори севум: Дабирони эронии пеш аз ислом ва пас аз он
Гуфтори чаҳорум: Наҳзати илмии асри Аббосӣ ва тарҷумаи осори эронӣ
Гуфтори панҷум: Чанд китоби торихӣ, ки аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума гардид
Гуфтори шашум: Қиссаҳо ва афсонаҳои эронӣ дар адабиёти арабӣ
Гуфтори ҳафтум: Андешаҳои фалсафӣ ва илмӣ дар Эрон аз даврони Анӯшервон то қарнҳои нахустини исломӣ
Гуфтори ҳаштум: Ҷундишопур, маркази пизишкии Эрони пеш аз ислом ва дар қарнҳои нахустини исломӣ
Гуфтори нуҳум: Ҳикмати илмӣ ва ахлоқ дар Эрон ва Ислом
Гуфтори даҳум: Китобҳое, ки дар мавзӯъи адаб ба забони арабӣ таълиф шуда
Гуфтори ёздаҳум: Ойини нигориши форсӣ ва насри фаннии арабӣ

Дар истилоҳи торих ду-се садаи нахусти пас аз исломро даврони “Фатрат ва инқитоъ” (сустӣ/ист ва буридагӣ) меноманд ва мегӯянд, ки Эрон… аммо устод Муҳаммадӣ номи ин давронро “Интиқол” гузоштааст. Дар пешгуфтори китоб чунин омадааст:

Ин ки чи гуна шуд, ки забони қавме биёбонгарду саҳронишин он гуна густарда шуд, ки нависандагону донишмандони фаровони даврони исломӣ, аз ҷумла эрониёне чун Ибни Синову Розиву Берунӣ ва… китобҳову навишторҳои худро бад-ин забон падид оварданд, яке аз далелҳои аслии он ҳамон эрониёне буданд, монанди Сибивайҳ ва Ибни Муқаффаъ ва дигарон, ки бар пояи забони порсӣ забони арабиро нерӯманду тавонманд ва густарда карданд.

Дар бораи инқитоъи сайри илмию фарҳангии Эрон дар қарнҳои нахустини исломӣ ва дар иллати беиттилоъии мо аз адабу фарҳанги пеш аз исломи Эрон ҳам ақидаи роиҷ ва мавриди қабул ин буд, ки адаб ва фарҳанге, ки дар даврони пеш аз ислом дар Эрон вуҷуд дошта, бо ҳамлаи аъроб аз миён рафта ва ончи баъдҳо ба вуҷуд омада, яъне фарҳанги арабии исломӣ, чизест навсохта ва ҷудо аз гузашта, ки иртиботе бо фарҳанги пеш аз исломи Эрон надорад. Ва ҳатто адабиёти форсӣ ҳам, ки пас аз ду-се қарни инқитоъ қадам ба ҷаҳони илму адаб ниҳод, он ҳам адабу фарҳангест нав, бо забоне нав, ки дар домони фарҳанги исломӣ ва адабиёти арабӣ парвариш ёфта ва онро бо фарҳанги гузаштаи Эрон он андоза синхият ва пайвастагӣ нест, ки битавон он дуро дар як радиф қарор дод ва аз як қумош ба ҳисоб овард.

تاریخ و فرهنگ ایران در دوران انتقال از عصر ساسانی به عصر اسلامیСайри ҳаводис ва воқеъиёти торих дар қарнҳои нахустини исломӣ ҳам на танҳо ин амрро бад-ин сурат таъйид намекард, балки бо диққат ва баррасӣ дар онҳо далоиле ба даст меомад, ҳокӣ аз ин ки эрониёнро дар ҳамин даврон, ки онро даврони “фатрат ва инқитоъ” хондаанд, фарҳанге ғанӣ ва борвар ва пурсамар будааст. Фарҳанге, ки дар ҳамон даврон силсилаҷунбони наҳзати илмӣ ва адабии исломӣ гардида ва худ ҳамчун яке аз пояҳои аслӣ ва асосии он наҳзат ба кор рафта ва ҳамин боъис шуда, ки чеҳраи он дигаргун шавад ва дар заййи (пӯшиши) арабӣ даромадӣ ва дар натиҷа бар мутааххирон маҷҳул ва барои мо ношинос монад.

Дуктур Муҳаммадии Малоирӣ китоби дигаре дар бораи таъсири забони порсӣ бар забони арабӣ дорад, ба номи “Адаб ва ахлоқ дар адабиёти Эрони пеш аз ислом ва чанд намуна аз осори он дар адабиёти арабӣ ва исломӣ”.

Аммо муҳиммтарин китоби Муҳаммади Муҳаммадии Малоирӣ, ки ҳосили чандин даҳаи пажӯҳиши вай дар ҳамин замина чунин аст:

Торих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ

Ҷилди якум: ? (чопи нахуст: 1375)
Ҷилди дувум: Дили Эроншаҳр (чопи нахуст: 1375)
Ҷилди севум: Дили Эроншаҳр (чопи нахуст: 1379)
Ҷилди чаҳорум: Забони форсӣ ҳамчун моя ва мададкоре барои забони арабӣ дар нахустин қарнҳои исломӣ (чопи нахуст: зимистони 1380)
Ҷилди панҷум: Низоми девонӣ ё созмони молӣ ва идории Сосонӣ дар давлати хулафо (чопи нахуст: 1382)
Ҷилди шашум: Пайвастҳо

آذرتاش آذرنوشҲар ҷилди ин давраи китоб наздики понсад сафҳа дорад ва ношири он Тус аст. Ин китоб дар соли 1383 барандаи ҷоизаи Китоби соли Эрон шуд. Ҷилди нахуст даромаде бар баҳс аст ва дар он куллиёти асар ироа шудааст. Ҷилди дувум дар бораи низоми девонӣ ва идории Эрон дар давлати Сосонӣ, бавижа дар давраи Хусрави Якум Анушервон аст. Ҷилди севум марбут ба нахустин солҳои футӯҳоти исломӣ ва рӯёрӯии эрониён бо арабон аст.

Пажӯҳишгари дигари эронии муъосир Озартоши Озарнӯш аст, ки аз вай се китоби зерро дар ин замина ёфтаам:

1. “Роҳҳои нуфузи форсӣ дар фарҳанг ва забони тозии пеш аз ислом”
فارسی در عرب جاهلیНависанда: Озартоши Озарнӯш
Ношир: Донишгоҳи Теҳрон
Сол: 1354
Сафҳа: 336

2. “Роҳҳои нуфузи форсӣ дар фарҳанг ва забони арабии ҷоҳилӣ ҳамроҳ бо вожаҳои форсӣ дар шеъри ҷоҳилӣ”
Нависанда: Озартоши Озарнӯш
Чопи нахуст: 1374
Сафҳа: 280
Ношир: Тус, 1388

3. “Чолиш миёни форсӣ ва арабӣ: садаҳои нахуст”
Нависанда: Озартоши Озарнӯш
Ношир: Най
Сол: 1385
Сафҳа: 324

چالش میان فارسى و عربیҲамон гуна ки гуфтам, пажӯҳишҳои дуктур Муҳаммадии Малоирӣ дар даврони пеш аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар кишварҳои арабӣ сутуда шуд. Дар ҳамон даврон пеш аз погирии понарабисм ва эронситезии Ҷамол Абдунносир, яке аз нависандаони арби мисрӣ ҳам, ки дар даҳаи 1960 дар ин замина китоб навиштааст, Аҳмад Муҳаммад ал-Ҳавфӣ ном дорад ва нишонии ду китоби зер аз вайро ёфтаам:

Ҷараёнҳои мазҳабӣ миёни арабон ва эрониён (التَیّارات المذهبیة بین العرب و الفُرس، الدار القومیة للطباعة و النشر، ۱۹۶۲)

Ҷараёнҳои фарҳангӣ миёни арабон ва эрониён (التَیّارات ثقافیه بین العرب و الفُرس، دار نهضة مصر، ۱۹۶۸)

التَیّارات المذهبیةҲавфӣ дар китоби дувум, ки се дар (арабӣ: боб) ва чаҳордаҳ фасл ва 326 сафҳа дорад, ба асар ва нуфузи эрониён бар арабон дар даврони ҷоҳилият ва пас аз ислом мепардозад ва нишонаҳои эрониён дар заминаҳои гуногуни зиндагӣ, монанди ҷанг ва силоҳ, забон ва адабиёт ва нигориш, достон ва бозӣ ва саргармӣ, ҷашнҳо, боданӯшӣ ва бодасозӣ, кишвардорӣ ва сиёсат ва молиёт, улум ва дин ва андеша ва… ро нишон додааст.

Дари якум: Даврони ҷоҳилӣ
Фасли якум: Омилҳои иртиботи арабон ва эрониён
Фасли дувум: Осори эрониён дар миёни арабон
Фасли севум: Асари арабон дар эрониён

Дари дувум: Даврони исломӣ
Фасли якум: Омилҳои иртибот
Фасли дувум: Осори эрониён дар кишвардорӣ ва сиёсат
Фасли севум: Осори эрониён дар расмҳо ва ҷашнҳо
Фасли чаҳорум: Осори эрониён дар зандикӣ (зандақа)
Фасли панҷум: Осори эрониён дар ҷунбиши шуъубиён
Фасли шашум: Осори эрониён дар вожагони арабӣ
Фасли ҳафтум: Осори эрониён дар дониш ва нигориш
Фасли ҳаштум: Осори эрониён дар насри фаннии арабӣ
Фасли нуҳум: Осори эрониён дар шеъри арабӣ
Фасли даҳум: Дунбола

Дари севум: Осори арабон дар Эрони даврони исломӣ

Матни форсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*