Ҳушдоре дар бораи шикастанависӣ

6 озари 1392

شکسته نویسیХӯрае, ки ба ҷони забони форсӣ уфтодааст

Аббоси Салимии Онгил

Шикастанависӣ, яъне бакоргирии гунаи гуфтории забон дар навиштор. Ё ба иборати дигар, муҳоваранависӣ. Ончи дар ин ҷустор омада, нигоҳест гузаро ба илал ва паёмадҳои шикастанависӣ ва ҳокимияти забони гуфтор.

Ҳамаи забонҳое, ки дорои пешинаи дурахшонанд ва дастикам дорои як ҳазора осори фикрию ҳунариянд, имрӯза ду гунаи навишторӣ ва гуфторияшон бо ҳам фарқ мекунад. Барои намуна, забонҳои арабӣ ва форсӣ. Ҳарчи шикоф миёни ин ду гуна бештар шавад, замина барои зоиши забоне тоза омодатар мешавад.

Пешинаи шикастанависӣ дар забони форсиро бояд дар осори достонии нависандагони муъосир ҷустуҷӯ кард. Бавижа, нависандагоне, ки ба гӯиши иқлимӣ ва бумии худ навиштаанд, монанди бархе аз осори Содиқи Чӯбак, Аҳмади Маҳмуд ва… Аммо ончи аз назари ман хатарест барои забони форсӣ, ба ду даҳаи ахир бозмегардад.

Омадани гӯшиҳои телефунҳои ҳамроҳ ба бозор нуқтаи атфе дар торихи забони форсӣ буд. Ин гӯшиҳо эрониёнро маҷбур кард, то рӯзона чанд сатре бинависанд ва паёмак бифристанд. Забони форсӣ рӯйи ҳеч кадом аз гӯшиҳои аввалия вуҷуд надошт. Финглишнависӣ оғози шикастанависӣ буд. Пас аз он, роёнаҳои нахустин ҳам ба ёрии финглишнависӣ омаданд ва дастикам зоиқаи навиштории як насл аз эрониён дигаргун шуд.

Ин рӯзҳо агар бихоҳӣ навиштаҳои ҷавонон ва навҷавононеро, ки зоидаи даҳаи 1370 (1990) ба ин сӯ ҳастанд, бихонӣ, мушкил хоҳӣ дошт. Ҳаҷми анбӯҳе аз навиштаҳои ҷавонон ва навҷавонони эронӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва … ба забони шикаста ва бо алифбои финглиш аст.

Нимаи дувуми даҳаи 1370-и хуршедӣ (1990-и милодӣ) то нимаи нахусти даҳаи 1380 (2000) бизангоҳи торихии забони форсӣ буд. Гӯшиҳои ҳамроҳ ва роёнаҳо бар гуфтор ва навиштори забони форсӣ чунон таъсире гузоштанд, ки дар ҳазораи ахир бесобиқа буд. Дар чунин замоне ҳамаи ниҳодҳои марбута даст рӯйи даст гузошта буданд ва албатта ҳанӯз ҳам гузоштаанд!

Ин рӯзҳо агар бихоҳӣ навиштаҳои ҷавонон ва навҷавононеро, ки зоидаи даҳаи 1370 (1990) ба ин сӯ ҳастанд, бихонӣ, мушкил хоҳӣ дошт. Ҳаҷми анбӯҳе аз навиштаҳои ҷавонон ва навҷавонони эронӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва … ба забони шикаста ва бо алифбои финглиш аст.

Чиро шикастанависӣ барои забони форсӣ хатарнок аст?

Забони форсӣ танҳо забони расмии мардуми Эрон нест. Дар кишварҳои дигар ҳам форсизабонони бисёре зиндагӣ мекунанд. Шикастанависӣ, он ҳам ба гӯиши теҳронӣ, пайвандҳои забонию фарҳангии форсизабононро мухтал мекунад.

Аз сӯйе дигар, забони гуфторӣ дар бархе маворид то ҳадди забоне мустақил аз забони расмӣ фосила дорад. Равоҷи он дар навиштор ба халқи забоне тоза дар канори забони форсӣ мунҷар мешавад.

Забони гуфторӣ фоқиди пешинаи илмӣ ва ҳунарӣ аст. Ин забон ноқистар аз он аст, ки барои баёни ниёзҳои маъмулӣ ба кор равад, чи расад ба ниёзҳои рӯҳӣ ва отифӣ. Равоҷи ин забон дар навиштор метавонад наслҳои ояндаро бесавод ва беҳувият кунад.

Дар гузашта, забони гуфтор танҳо дар гуфтугӯҳои рӯзмарра корбурд дошт ва ҳатто номаҳои дӯстона ба забони навиштор буд. Имрӯза дидаем, ки бархеҳо ҳатто матолиби илмиро ҳам ба забони гуфтор менависанд.

Шикастанависӣ, он ҳам ба гӯиши теҳронӣ, пайвандҳои забонию фарҳангии форсизабононро мухтал мекунад.

Дар ин ҷо ба бархе вижагиҳои забони гуфтор ва гӯиши теҳронӣ ишора мешавад. Расонаҳо ва зернависҳои ҳавлноки филмҳои хориҷӣ чашму гӯши наслҳои тозаро чунон бо ин вижагиҳо омӯхта кардаанд, ки навиштан ба забони меъёри форсӣ барояшон сахт шудааст.

Борҳо шоҳид будам, ки навиштани бархе ҷумлаҳо ба забони меъёр барои донишомӯзон  сахт ва гоҳе номумкин будааст. Албатта, касоне ки бо насли ҷавону навҷавон камтар сару кор доранд, ба ин зудӣ ба умқи фоҷеъа пай нахоҳанд бурд. Шояд то як даҳаи оянда, ки ин ҷавонон ва навҷавонон мудирони кишвар шаванд.

Ҳол бипардозем ба порае аз вижагиҳои гӯиши теҳронӣ, ки забони гуфторро то ҳадди як забони мустақил аз забони меъёри форсӣ ҷудо мекунад. Ин вижагиҳо дар забони меъёри форсигӯёни ҷаҳон вуҷуд надорад ва дардо, ки одат кардани зеҳну забони насли ҷавон ва навҷавон ба шикастанависӣ ононро мехкӯб ва мақҳури ин вижагиҳои хосси забони гуфтор мекунад.

То ҷое, ки навиштан ба забони меъёр барояшон сахту ҷонкоҳ мешавад ва аз навиштани як иншо ба забони меъёр меноланд ва ҳатто посухи баргаҳои озмуни худро гоҳе шикаста менависанд!

Чанд намуна:

–          Ҳазфи ҳуруфи изофа ва интиқоли мутаммим ба поёни ҷумла. Намуна: То йе соъати диге мирасам хуне.

–          Нишонаи муъаррифа ба сурати касра. Намуна: гурбеҳе, асбе

–          Мозии нақлӣ. Мозии нақлӣ дар забони форсӣ аз сифати мафъулӣ бо шиносаҳои -ам, -ӣ, -аст ва… сохта мешавад. Дар забони гуфтор ба ҷои “алиф”, ки намояндаи фатҳа аст, такя (аз воҳидҳои забарзанҷирии калом) ба кор меравад. Намуна: Манам ғазо хурда’м, яъне: ман ҳам ғизо хурдаам.

Навъе мозии нақлии дигар ҳам дар забони гуфторӣ вуҷуд дорад, ки барои таъкид ба кор меравад, ки масъалае тахассусӣ аст ва дар ин мақол намегунҷад.

Забони гуфторӣ фоқиди пешинаи илмӣ ва ҳунарӣ аст. Ин забон ноқистар аз он аст, ки барои баёни ниёзҳои маъмулӣ ба кор равад, чи расад ба ниёзҳои рӯҳӣ ва отифӣ. Равоҷи ин забон дар навиштор метавонад наслҳои ояндаро бесавод ва беҳувият кунад.

–          Часбондани замоири шахсии пайваста ба мозии нақлӣ. Намуна: бурдатеш, яъне он (ҳар чизи мавриди назар)-ро бурдааст.

–          Шикастан ва тағйири шакли навиштории бархе калимот. Намуна: фик, нис, асан ва… (фикр, нест, аслан ва…)

–          Табдили “ро”-и мафъулӣ ба “у”. Намуна: китобу дидӣ?

–          Ҳамонандии замони мозии сода бо мозии нақлӣ. Намуна: доштин, ҳам ба маънои доштед ва ҳам ба маънои доштаед

Корӣ доштин? (доштед – мозии сода)

Аҷаб! Шумо ҳам аз ин китоб доштин? (доштаед – мозии нақлӣ)

Аз он ҷо ки дар забони форсӣ аломате барои нишон додани такя вуҷуд надорад, роҳе барои нишон додани тафовути ин ду замон дар забони гуфторӣ вуҷуд надорад. Ҳатто бо финглиш!

Ва даҳҳо мавриди дигар, ки забони гуфторро аз навиштор ҷудо мекунад. Бо ин вижагиҳои забони гуфтор, бегумон шикастанависӣ хӯрае (захми хурандае) аст, ки аз дили забони форсӣ чун як забони дигар алам мекунад (сар мекашад).

Агар қарор бошад забони гуфтории шаҳрҳои Теҳрон, Кобул, Душанбе, Бухоро ва… ҳар кадом ба забони навиштор табдил шавад, з-ин пас бо забонҳои форсӣ сару кор хоҳем дошт, на забони форсӣ.

Ҳар омил ё ниҳоде, ки дар ҳамгироии забонӣ ва фарҳангии форсизабонон хадша (халал) ворид кунад, об бар осиёби паёмадҳои истеъмори рус ва инглис рехтааст.

Садову Симо ва шаҳрдорӣ

Огаҳинамоҳои шаҳрдорӣ дар сатҳи шаҳр ва низ таблиғот дар истгоҳҳои метру ба шакли фазояндае гуфторӣ шудааст ва шикастанависӣ бар дару девори шаҳр худнамоӣ мекунад. Агар яке аз донишҷӯёни забон ва адабиёти форсӣ ё ҳар забономӯзи бегонае вориди Эрон шавад, бегумон аз навиштаҳое, ки бар сатҳи шаҳр худнаомӣ мекунанд, чизе нахоҳад фаҳмид. Ин яъне ки ниҳодҳои давлатӣ дар ҳоли кандани гӯри забони форсӣбо дастони муборакашон ҳастанд.

Кам кардани фосилаи забони гуфтор ва навиштор ба суди забони навиштор аз вазоифи нависандагон, расонаҳо ва ниҳоде чун Фарҳангистони забони форсӣ аст. Акнун намехоҳам дар бораи нависандагони шалахтақаламе бинвисам, ки забони форсиро намешиносанд ё дар бораи хоби зимистонии Фарҳангистон. Дар ин ҷо рӯйи сухани ман бо Садо ва Симои миллист, ки аз байтулмоли мардуми Эрон истифода мекунад, наметавонад ва ҳақ надорад ба забони гуфторӣ пару бол бидиҳад.

Забони меъёр солҳо забони гӯяндагони ахбор дар Садову Симо буд. Муддатест, ки ин расона дар рақобат бо шабакаҳои моҳвораӣ забони бархе бахшҳои хабариро гуфторӣ ва масалан худмонӣ кардааст! Ғофил аз он ки расонаи миллист ва низ ғофил аз он ки таъсири сухан дар мухотаб ба авомили дигаре ҳам бастагӣ дорад.

Ин расона ҳамчунин муддатест ба тақлид аз шабакаҳои моҳвораӣ зернависҳояшро ба сурати шикаста менависад. (Барои намуна: зернависи барномае аз шабакаи се, соъати 18 ва 15 дақиқа, рӯзи ҷумъа, 24.8.1392 ва даҳҳо барномаи дигар).

Огаҳинамоҳои шаҳрдорӣ дар сатҳи шаҳр ва низ таблиғот дар истгоҳҳои метру ба шакли фазояндае гуфторӣ шудааст ва шикастанависӣ бар дару девори шаҳр худнамоӣ мекунад. Агар яке аз донишҷӯёни забон ва адабиёти форсӣ ё ҳар забономӯзи бегонае вориди Эрон шавад, бегумон аз навиштаҳое, ки бар сатҳи шаҳр худнамоӣ мекунанд, чизе нахоҳад фаҳмид. Ин, яъне ки ниҳодҳои давлатӣ дар ҳоли кандани гӯри забони форсӣ бо дастони муборакашон ҳастанд.

Мутаваллиёни забони форсӣ натавонистанд ин забонро бо рӯйдодҳои дунёи муъосир ҳамгом кунанд. Таъсири ин бехиёлиро дар вуруди гӯшиҳои ҳамроҳ ва роёнаҳо ва ноомодагии забони форсӣ дидаем. Дар оянда ҳам хоҳем дид. Ба қавли тоҷикон: Гап бисёр аст, рафиқ!

Матни форсиро инҷо бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*