Бузургони торих ва фарҳанги Эрон бо “Эрон дар гузари рӯзгорон” дар намоишгоҳи китоб

6 урдибиҳишти 1393

ایران در گذر روزگاران“Эрон дар гузари рӯзгорон” гуфтугӯҳои Масъуди Луқмон бо Мошоллоҳи Оҷудонӣ, Дориюши Ошӯрӣ, Адбулмаҷиди Арфаъӣ, Муртазо Соқибфар, Ҷалоли Холиқии Мутлақ, Алии Мирфитрус ва Аббоси Милонӣ аст, ки барои нахустин бор аз сӯйи нашри “Шӯрофарин” дар бисту ҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон пахш мешавад.

“Эрон дар гузари рӯзгорон” бо торихи бостони Эрон оғоз мешавад. Бо “Шоҳнома” торихи миёнаро пушти сар мениҳад ва бо баррасии Машрута ва асри ризошоҳӣ, ва дар фарҷом, миллӣ шудани санъати нафт, гом ба даврони муъосир мегузорад. Афзун бар инҳо, ба баҳонаи нигоҳе ба зиндагии пажӯҳишгаре номошно бо зисти яке аз нухбагон ва он чи ки бар ӯ дар даврони Паҳлавии дувум ва пас аз инқилоб рафтааст, ошно мешавем ва дар поён бо баррасии рӯёрӯии забони форсӣ бо дунёи мудерн гуфтугӯҳо ба поён мерасад, бе он ки ба гуфтаи нависандаи китоб пурсишҳо поёне гирад!

Масъуди Луқмон дар бораи ин китоб мегӯяд: “Эрон дар гузари рӯзгорон” достони ҷустҷӯйи ман барои фаҳми беҳтари торих ва фарҳанги сарзаминест, ки дар он болидаам ва ҳастии хешро вомдори он ҳастам. Дар ин ҷустуҷӯ  кӯшидаам бо пурсиш аз фарзонагоне, ки дар ҳитаи мавзӯъҳои тарҳшуда саромади замонаи хешанд, ба бинише жарфтар барои фаҳми беҳтари торихи Эрон даст ёбам ва дигаронро низ дар ин маъно саҳим кунам. Талош шудааст, то пурсишҳо на ба қасди чолиш ва ба рух кашидани дониш, балки барои фаҳми беҳтар ва касби бинише жарфтар пурсида шавад ва посухҳо низ пурсишмадор бошад, чиро ки бар ин боварам, беш аз он ки ниёз ба посух дошта бошем, ниёзманди пурсишҳои дуруст ҳастем.”

Вай дар поён меафзояд: “Ин китоб аз панҷ сол пеш, яъне аз соли 1388 омода буда, ки хушбахтона бо даври тоза дар идораи китоб имкони чоп ва пахши он фароҳам шудааст.”

“Эрон дар гузари рӯзгорон”–ро нашри “Шӯрофарин” дар 292 сафҳаи вазирӣ ва ба баҳои 19 ҳазор тумон ба дӯстдорони торих ва фарҳанги Эрон арза мекунад.

Матлаби форсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*