Ҳамзабонӣ ва безабонӣ

29 баҳмани 1392

همزبانی و بی‌زبانی“Ҳамзабонӣ ва безабонӣ” номи китобе ба хомаи шево ва ширини шоъири ҳамрӯзгори афғонистонӣ, Муҳаммадкозими Козимӣ, аст. Ин китоб нахустин бор дар соли 1382 ба чоп расид ва пас аз ноёбии он, дар зимистони 1390 бозчоп шуд. Козимӣ худ дар бораи китобаш навиштааст:

“Ҳамзабонӣ ва безабонӣ” барои худам аз ҷиҳоте муҳимтарин китобам аст. Яъне агар қарор шавад ҳамаи китобҳоям нобуд шавад ва фақат яке аз онҳо боқӣ бимонад, дӯст дорам ҳамин бошад. Аҳаммияти ин китоб барои ман дарвоқеъ ба хотири аҳаммияти мавзӯъи он аст. Яъне баҳс дар мавриди вазъияти забони форсии кишвари мо ва чолишҳое, ки ин забон бо он рӯбарӯст ва тасаввуроти нобаҷое, ки дар мавриди он вуҷуд дорад.

Яке аз ин мабоҳиси муҳим номи ин забон аст. Ман дар ин китоб бо далоил ва шавоҳиди мухталиф аз мутуни куҳан ва орои донишмандони имрӯз нишон додаам, ки “форсӣ” ва “дарӣ” дарвоқеъ ду ном аст барои як забони воҳид. Ва ҳудуди ним қарн аст, ки гурӯҳе барои ҷудосозии милали ҳамзабон ва тазъифи забони форсӣ бо ин тарфанд (найранг) забони моро дупора кардаанд. Ҳамчунин, дар он ҷо нишон додаам, ки то ним қарн пеш ин забон ҳатто дар маҷомеъи расмӣ ва илмии кишвари мо (Афғонистон) низ “форсӣ” хонда мешудааст. Ин сухан шояд имрӯза аҷиб ба назар ояд, вале дар ин китоб бо шавоҳид ва мадорики кофӣ собит шудааст.

Мушкили дигаре, ки мо дорем, чолишест, ки миёни ҳамзабонони се кишвар бар сари мафохири адабу фарҳанги муштараки мо вуҷуд дорад. Эрониён ғолибан ин мафохирро ба худ ихтисос медиҳанд ва мардуми Афғонистон аз ин бобат ҳамеша дар кудурат ва бадбинӣ ба сар мебаранд. Ин яке аз гиреҳҳои кур аст, ки дар муносиботи миёни форсизабонон вуҷуд дорад.

Ман дар фасле аз ин китоб батафсил ба ин баҳс пардохтаам ва барои мухотабони эронии китоб рӯшан кардаам, ки ин равиши онон на мабнои мантиқӣ дорад ва на аз назари илмӣ судманд аст. Дар он ҷо рӯшан шудааст, ки бар хилофи тасаввури ғолиб дар Эрон, забони форсӣ на танҳо дар Афғонистон ривоҷи комил дошта, балки пешинаи ин забон дар Афғонистон бештар будааст.

Вақте ҳамзабонии кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон мусаҷҷал (ороста ва дуруст) шавад, ин баҳс қобили тарҳ аст, ки чигуна метавон аз захоири муштараки забонӣ барои беҳсозии форсӣ дар ин кишварҳо истифода кард. Ин мавзӯъ фасле дигар аз ин китоб аст. Дар он ҷо бо шавоҳид ва мисолҳои бисёр рӯшан шудааст, ки форсизабонони ин кишварҳо ба ин додуситадҳо ниёзманд ҳастанд. Баъзе роҳҳои илмии додуситадҳои забонӣ ҳам дар он ҷо нишон дода шудааст.

Вазъияти нобасомони забони форсӣ дар Афғонистони кунунӣ бар касе пӯшида нест. Бисёре аз дилсӯзону алоқамандони ин забон дар пайи роҳҳое барои наҷоти ин забон ва ҳифзи асолат ва саломати он ҳастанд. Дар фасле мустақил аз китоб ба ин мавзӯъ пардохтаам ва роҳҳои илмии онро то ҷое ки дар тавони ман будааст, бознамудаам. Дар ин фасл ба беҳсозии форсии Афғонистон аз назари овоӣ, вожагонӣ, расмулхат, истифода аз гӯишҳои забонӣ ва низ таъомули мо бо забони пашту пардохтаам.

Дар интиҳои китоб як фарҳанги мухтасар аз вожагони ғайримуштарак дар форсии имрӯзи Эрон ва Афғонистон танзим шудааст, то дониста шавад, ки ин тафовутҳо низ ғолибан дар ҳадди мақбул ва мантиқӣ аст ва наметавонад мояи ҷудоии забонҳо дониста шавад. Дар он ҷо рӯшан шудааст, ки бисёре аз вожагон, ки хосси форсии Эрон ё Афғонистон дониста мешавад ва тасаввур бар он аст, ки дар кишвари дигар ривоҷ надорад, барои умуми форсизабонон ошност ё дар пешинаи забонияшон вуҷуд доштааст.

Китоби “Ҳамзабонӣ ва безабонӣ” дар 232 сафҳаи қатъи руқаъӣ ва бо қимати 7500 тумон аз сӯйи муассисаи интишороти “Ирфон” чоп шудааст. Аз ҷаноби Муҳаммадиброҳими Шариъатӣ, мудири ин интишорот, ба хотири эҳтимоми ӯ дар интишори ин китоб ва низ китоби “Ин қанди порсӣ”-и ман сипосгузорам. Ёдоварӣ мекунам, ки китоби “Ин қанди порсӣ” дарвоқеъ шакли хулосашуда ва корбурдии “Ҳамзабонӣ ва безабонӣ” аст. Дар он ҷо беш аз мабоҳиси назарӣ ба ҷавониби илмӣ ва вазъияти ҷории забони форсии Афғонистон пардохтаам.

Китоби “Ҳамзабонӣ ва безабонӣ”-ро метавонед аз ин ҷойҳо суроғ бигиред:

Теҳрон: Дафтари интишороти “Ирфон” (Хиёбони Сумайя, байни Муфаттеҳ ва Ромсар, пилоки 118, воҳиди 6, телефун: 88811053)

Машҳад: Фурӯшгоҳи китоби “Офтоб” (Чаҳорроҳи Шуҳадо, муқобили Шерозӣ 14, посожи Раҳимпур, телефун: 2238613) ва интишороти “Тарона” (майдони Саъдӣ, посожи Маҳтоб)

Кобул: “Фурӯшгоҳи интишороти “Ирфон” (чавки (бозори) Деҳбӯрӣ, чаҳорроҳии Шаҳид, телефун: 2503124)

Ҳирот: Китобфурӯшии Аҳрорӣ (чавки (бозори) Гулҳо)

Барои дигар шаҳрҳо метавон маҳалли фурӯши онро аз дафтари интишороти “Ирфон” дар Теҳрон ё Кобул пурсид.

Матни форсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*