Дуктур Ҳасани Анварӣ: Беш аз шаст дарсади устодони забони форсӣ озарбойҷониянд

Он чи дар пай меояд, бахше аз суханони ҷаноби дуктур Ҳасани Анварӣ, ҳамванди Фарҳангистони забону адаби форсӣ, аст, ки дар ойини бузургдошташон дар Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон баён карданд.

Ман хидматгузори забони форсӣ ҳастам, агарчи забони модариям озарӣ аст. Аз замоне ки модарам шеъре аз Ҳофизро ба ман тафҳим кард, шефтаи забони форсӣ шудам. Дар Донишкадаи адабиёти Табрез дар ҳузури устодоне чун устод Моҳёри Наввобӣ, дуктур Раҷоии Бухороӣ, дуктур Манучеҳри Муртазавӣ, устод Адиби Тусӣ ва устод Тарҷонизода ва дар донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон дар ҳузури устод Бадеъуззамони Фурӯзонфар, устод Ҷалолиддини Ҳумоӣ, дуктур Парвизи Нотили Хонларӣ ва дуктур Муҳаммади Муъин ва дигар устодон каму беш ва ба андозаи тавон бо рамузи забони форсӣ ошно шудам.

Дар тайи беш аз сӣ сол хидмат дар муассисаи Луғатномаи Деҳхудо торихи забони форсиро мурур кардам. Вақте қарор шуд дар муддати муъайяне ин фарҳангро ба фарҷом бирасонам, шабу рӯз худро дар ихтиёри “Фарҳанги сухан” қарор додам.

Агар бипурсед чиро забони форсӣ барои мани озарбойҷонӣ муҳим аст, ба Шумо мегӯям, ки забони форсӣ муҳим ва шоистаи дӯст доштан аст. Рӯзе забоне ҷаҳонӣ буда ва аз Ҳиндустон то Осиёи Сағир ва Болконро зери сайтара доштааст. Дигар он ки ба ин забон осоре падид омада, ки аз шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳонӣ аст. Чанд забон дар дунё мешиносед, ки дар онҳо асаре чун “Шоҳнома”, девони Ҳофиз ва девони Шамс ба вуҷуд омада бошад?

Агар бипурсед чиро забони форсӣ барои мани озарбойҷонӣ муҳим аст, ба Шумо мегӯям, ки забони форсӣ муҳим ва шоистаи дӯст доштан аст. Рӯзе забоне ҷаҳонӣ буда ва аз Ҳиндустон то Осиёи Сағир ва Болконро зери сайтара доштааст. Дигар он ки ба ин забон осоре падид омада, ки аз шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳонӣ аст. Чанд забон дар дунё мешиносед, ки дар онҳо асаре чун “Шоҳнома”, девони Ҳофиз ва девони Шамс ба вуҷуд омада бошад?

Саҳми Озарбойҷон дар фарҳанги форсӣ

Танҳо ман нестам, ки шефтаи забони форсиям. Метавонам шаҳодат бидиҳам, ки бештари озарбойҷониён забони форсиро дӯст доранд. Дар торих низ саҳми Озарбойҷон дар фарҳанги форсӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Баровард кардаанд, ки беш аз 60 дарсади устодони забони форсӣ дар донишгоҳҳои Эрон аз Озарбойҷон бархостаанд. Дар торих низ саҳми Озарбойҷон дар падид овардани осоре ба форсӣ, бавижа фарҳанги форсӣ, шоёни таваҷҷуҳ аст.

Бандаи ночиз дар суханроние, ки дар Бунёди Шаҳриёри Табрез кардам, саҳми Озарбойҷонро дар фарҳангнависии форсӣ баррасӣ кардам ва нишон додам, ки теъдоди зиёде аз фарҳангҳои форсӣ аз зери дасти озарбойҷониён берун омадааст.

Фарҳанг ба маънии китоби луғат як унсури маданӣ аст. Миллатҳое, ки ба лиҳози илмӣ саромад шудаанд, дар арсаи фарҳангнависӣ ҳам талоши бисёре кардаанд. Ногуфта нагзарем, ки эрониён аз куҳантарин миллатҳое ҳастанд, ки ба фарҳангнависӣ пардохтаанд. Вуҷуди ду фарҳанг ба забони паҳлавӣ нишон аз аҳаммияти мавзӯъ ва таваҷҷуҳ ба ин амр дорад. Яке аз ду фарҳанг фарҳанге аст, ки гӯё дар оғоз номе надошта ва пасинтар ба “Фарҳанги паҳлавӣ” номбурдор шудааст. Нусхаҳои гуногуне аз ин фарҳанг дар даст аст, ҳатто як барги он дар миёни осори монавӣ дар Турфон пайдо шудааст.

Забон дар ҳоли дигаргунӣ аст ва фарҳанг, ки нишондиҳандаи вожагон дар як замони вижаи торихӣ аст, бояд бо гузашти замон дубора навишта шавад. Миллате, ки фарҳанги рӯзомад ва барпоя бо ниёзҳои ҷаҳони имрӯз надошта бошад, дар дунёи имрӯз зиндагӣ намекунад.

Дар “Фарҳанги паҳлавӣ” вожаҳо бар пояи мавзӯъ табақабандӣ шудааст. Аз ин рӯ, ниёи фарҳангҳои мавзӯъӣ аст, ки дар даврони исломӣ навишта шудаанд. Фарҳанги дигари бозмонда аз забони паҳлавӣ фарҳангест, ки гӯё барои аз миён бурдани душвориҳои “Авесто” навишта шудааст.

Аммо дар даврони исломӣ фарҳангнависӣ доманаи густардае пайдо кард ва дар ду замина пеш рафт: фарҳанг барои забони арабӣ ва фарҳанг барои забони форсӣ. Дар рӯзгори мо низ шодравон дуктур Муҳаммади Муъин дар замони худ бо навиштани фарҳанги форсӣ дар чаҳор муҷаллад ниёзи китобхононро ба вожаҳои нави замони худ бароварда кард.

Танҳо ман нестам, ки шефтаи забони форсиям. Метавонам шаҳодат бидиҳам, ки бештари озарбойҷониён забони форсиро дӯст доранд. Дар торих низ саҳми Озарбойҷон дар фарҳанги форсӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Баровард кардаанд, ки беш аз 40 дарсади устодони забони форсӣ дар донишгоҳҳои Эрон аз Озарбойҷон бархостаанд. Дар торих низ саҳми Озарбойҷон дар падид овардани осоре ба форсӣ, бавижа фарҳанги форсӣ, шоёни таваҷҷуҳ аст.

Боёии фарҳангнависӣ

Забон дар дигаргунӣ аст ва фарҳанг нишондиҳандаи вожагони забон дар мақтаъи вижаи торихӣ аст ва бояд ҳамростои дигаргуниҳо дигаргун шавад ва фарҳангҳои нав навишта шавад. Ҳар сол дар ҷаҳон ҳазорон ихтироъ падидор мешавад ва дар заминаи андешаи башарӣ ҳазорон мафҳум сохта мешавад. Ҳамаи инҳо ном мехоҳанд. Ин номҳо баростӣ вожаҳои навине ҳастанд, ки бояд вориди фарҳангҳо шаванд. Миллате, ки фарҳанги рӯзомад ва бар пояи ниёзҳои ҷаҳони имрӯз надорад, метавон гуфт дар дунеи имрӯз зиндагӣ намекунад. Ниёз ба фарҳанги луғот як ниёзи пояии маданӣ аст.

Дар силсилафарҳангҳое, ки банда сарпарастӣ кардаам ва ба кӯшиши интишороти “Сухан” нашр ёфта, чанд фарҳанг низ барои кӯдакон ва навҷавонон таҳия шудааст. Ошно кардани кӯдакон бо китобҳои марҷаъ, пеш аз дабистон ва пас аз он, яке аз пояҳои муҳимми омӯзиши ҳамагонӣ ба шумор меравад.

Кӯдаконе, ки акнун дар дабистон ҳастанд, 20 то 30 соли дигар ба бозори кор ворид мешаванд. Мизони шоистагӣ ва короии онон дар идораи умур бастагӣ ба омӯзише дорад, ки акнун аз сӯйи хонаводаҳо ва авлиёи омӯзишу парвариш ба онон дода мешавад. Агар битавонем ононро афроде кунҷкову масъул ва дорои андешаи равишманд бор биёварем, бетардид дар шаклу навъи зиндагии иҷтимоъиву сиёсии кишвар дигаргунии шигарф руй хоҳад дод.

Эрониён аз куҳантарин миллатҳое ҳастанд, ки ба фарҳангнависӣ пардохтаанд. Вуҷуди ду фарҳанг ба забони паҳлавӣ нишон аз аҳаммияти мавзӯъ ва таваҷҷуҳ ба ин амр дорад.

Омӯзиш аз обишхурҳои бисёре об мехурад. Як бахши бисёр кӯчак, вале боистаи он ошноии кӯдакон бо китобҳои марҷаъ аст. Шояд имрӯз бо таваҷҷуҳ ба густариши иттилоърасонӣ ва шабакаҳои роёнаӣ ба ҷойи китобҳои марҷаъ бигӯем абзори марҷаъ, вале ба ҳар ҳол мояи аввалияи абзори марҷаъ китобҳои марҷаъ аст.

Китобҳои марҷаъе, ки банда сарпарастӣ кардаам, ба 15 китоб расида, ки нахустини онҳо дар ҳашт ҷилд, яке дар се ҷилд ва се тои дигар дар ду ҷилд, бақия дар як ҷилд аз сӯи нашри “Сухан” иштишор ёфтааст. Шонздаҳумин китоб, ки “Фарҳанги мутародифот” бошад, дар дасти таълиф аст.

Забон дар ҳоли дигаргунӣ аст ва фарҳанг, ки нишондиҳандаи вожагон дар як замони вижаи торихӣ аст, бояд бо гузашти замон дубора навишта шавад. Миллате, ки фарҳанги рӯзомад ва бар пояи ниёзҳои ҷаҳони имрӯз надошта бошад, дар дунёи имрӯз зиндагӣ намекунад.

Матни форсиро инҷо бихонед

Баргирифта аз: рӯзномаи “Иттилоъот”, ҳаштуми урдибиҳиштмоҳи 1393, рӯяи 7

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*