Нигоҳе ба андешаҳои сарагароёнаи Аҳмади Касравӣ

Касравӣ яке дигар аз паёмадҳои бади омехтагии забони ъарабӣ бо забони форсиро аз байн рафтани таронамоӣ (шаффофият)-и забонӣ медонад. Ба нигари ӯ, набуди таронамоии забонӣ мӯҷиб мешавад, ки эрониён бисёре аз вожаҳоро нафаҳмида ва дарнаёфта фарогиранд ва ба ёд биспоранд.

Нигоҳе ба нақши Фирдавсӣ дар боландагии забони порсӣ

Ду қарн пас аз Фирдавсӣ Зиёуддин ибн-ал-Асир мегӯяд: ‘Эрониён дар шеър бар ъарабҳо пешӣ гирифтаанд. Шоъири эронӣ бо шӯру балоғати бисёр ин ҳама достон ва саргузаштро ба шеър даровардааст. Шоҳномаи Фирдавсӣ Қуръони форсӣ ва балеғтарин асар дар забони форсӣ аст. Монанди Шоҳнома дар ъарабӣ падид наёмадааст.’

Боргирии ‘Шумор ва миқдор дар забони форсӣ’-и Нишот

“Бахши бисёр васеъе аз забонро ъадад ва таркиботу мафоҳими ъададӣ фаро гирифтааст ва корбурдҳои он ба қадре зиёд, васеъ ва ъазим аст, ки асарот ва намунаҳои мустақиму ғайримустақими он дар тамоми умури рӯзмарраи зиндагии башар ва ъулуму фунуни ъаср ба ҳадди вуфур ба чашм мехӯрад. “

Баррасии решашинохтии чанд вожаи пизишкӣ аз Эрони бостон

‘Авесто’ куҳантарин нивиштаи барҷоймонда аз забонҳои эронии бостон ба шумор меояд, ки дарбардорандаи ҳазорон вожа дар заминаи ойину фарҳанг ва дониши эрониёни бостон аст. Будани вожаҳое дар заминаҳои гуногуни донишӣ ҳамчун фарзонагӣ, ахтаршиносӣ, пизишкӣ ва… нишон медиҳад, ки забони авестоӣ аз тавоноиҳо ва вижагиҳои як забони донишӣ бархурдор будааст.

Бунёдҳои донишии вожасозию вожагузинӣ

Ҷустори ‘Мабонии ъилмии вожасозию вожагузинӣ’, нивиштаи Ъалии Кофӣ, ба ‘вожагузинӣ ба масобаи дониш’, ‘таърифҳо’, ‘чанд асли мавзӯъи ъилми вожагузинӣ’, ‘равишҳои муҳимми вожагузинӣ’ ва ‘завобити вожагузинӣ’ мепардозад, ки ба кори нивисандагону пажӯҳишгарон ва гардонишгарон (мутарҷимон) ва вожасозону санҷишгарон меояд.

Боргирии ‘Фарҳанги Қаввос’

“Фарҳанги Қаввос”, нивиштаи Фахруддини Муборакшоҳи Қаввос ё Фахруддини Камонгар, аз фарҳангҳои куҳани порсӣ аст, ки дар садаи ҳафтум дар панҷ бахш дар Ҳиндустон нивишта шудааст. Нивисандаи онро бояд поягузори фарҳангнивисӣ дар Ҳиндустон ба шумор овард, чи ба пайравӣ аз ин фарҳанг фарҳангҳои бисёре чун “Дастур-ул-фазл”, “Зуфонгӯё”, “Баҳр-ул-фазоил” ва “Шарафнома” дар Ҳиндустон нивишта шудаанд.

Вожагузинӣ дар даврони Сосонӣ ва таъсири он дар форсии дарӣ

Даврони Сосониён даврони пуршукӯҳи шаҳройинии эронӣ аст. Фарҳанг дар рӯзгори Сосониён ба чунон шукуфоӣ расида буд, ки агар ба жарфӣ ба андешаҳои андешакорони даврони исломӣ, ки бештари онон эронӣ буданд, бингарем, дармеёбем, ки решаҳои ҳамаи ононе, ки хираде рӯшан ва сухане барои гуфтан доранд, ба ин рӯзгор мерасад.

Телефуни ‘ҳамроҳ’ ё ‘пӯён’?

Агар қарор бошад, ки барои телефуни ҳамроҳ истилоҳи “телефуни пӯён” (ё гӯшии пӯён)-ро ба кор барем, бисёре аз мушкилоти забон ва тарҷума ҳал хоҳад шуд. Қабл аз ҳама, бо роиҷ шудани ин истилоҳ вожаи “пӯён” батанҳоӣ метавонад ҷои мубойлро бигирад. Яъне метавон дигар “телефуни пӯён” нагуфт ва фақат “пӯён”-ро ба кор бурд.

Боргирии Фарҳанги Фидоӣ (бархе вожагони сараи порсӣ)

Дар ин фарҳанг шуморе вожаҳои сода ва омехтаи сара ҳастанд, ки метавонанд ба кори порсинивисони имрӯз оянд. Барои намуна, вожаҳое ҳамчун “потоба” ба ҳамтоии “кафш” “потоба гушудан” ба ҳамтоии “истироҳат кардан”, “поандоз” ба ҳамтоии “фарш”, ки дар ин фарҳанг омадаанд.

1 4 5 6 7 8 12