Боргирии «Вандҳои порсӣ»-и Муҳаммадъалии Ливоӣ

Зиндаёд Ливоӣ дар «Вандҳои порсӣ» наздики 300 ванд (24 пасванди порсии бостон, 124 ванди авестоӣ, 54 ванди порсиг [=паҳлавӣ] ва 74 ванди порсӣ)-ро баррасида ва дар поён, афзун бар феҳристи вандҳо, вожаномае ба фаронсавӣ ва порсӣ дарандохта, ки вожаҳои дастури забони бакоррафта дар ин нибегро барменамояд.

Боргирии «Фарҳангистони Эрон ва Фарҳангистони забони Эрон»

Фарҳангистони Эрон ва Фарҳангистони забони Эрон намоёнгари бахше аз кӯшишҳои ин ду ниҳод аст, ки ҳарду дар шинохти жарфтари забони порсӣ ва посдорию полоиши он гомҳои устуворе бардоштанд ва корҳои арзишманде низ аз худ барои ояндагон ба ёдгор ниҳоданд.

Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (4)

Яке дигар аз паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои ъарабӣ ҳамоно «бегона пиндоштани» шуморе аз вожаҳои забони порсӣ аст. Дар давраи омехтагӣ нивисандагон ва хушнивисон на аз рӯи ниёз, ки барои нозидан, ба гунае бедару пайкар, вожаҳои ъарабии бисёреро ба даруни забони порсӣ кашонданд.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…

Танҳо роҳи пешрафти чи фарҳангӣ ва чи иқтисодию илмӣ дар Тоҷикистон бозгашт ба хатти худӣ, яъне хатти порсӣ ва фаро гирифтани забони порсии меъёр аст. Мухотаби офаридаҳои мо ба хатти пириллик имрӯза камтар аз 10 милюн нафар аст. Дар сурати бозгашт ба хатти порсӣ ин рақам болиғ бар 200 милюн хоҳад шуд.

Баҳра аз корвожаҳои сода ба ҷои омехта

Корвожаҳои омехта [=афъоли мураккаб] дар порсии имрӯз ҷои бисёре аз корвожаҳои сода ва пешвандиро гирифтаанд ва шумори бисёре аз корвожаҳои сода дар порсии имрӯз аз ёд рафтаанд ва ба ҷои онҳо корвожаҳои омехта нишастааст.

Корвожаҳои пешвандӣ

Забони порсиг [=паҳлавии соcонӣ] забони бисёр тавонмандест, ки баосонӣ аз номвожаҳо ва зобҳо корвожа месозад. Андар ин забон корвожаҳои пешвандӣ низ фаровон ба кор меравад ва баҳра аз он барои расондани чамҳои бориксанҷона равоги бисёр дорад, чунон: фарозрасидан, абаррасидан, фарозомадан, андаромадан, фарозрафтан, абозрафтан, фурудшудан, андаршудан, андарабоистан, абозмондан, абозвардидан.

Даромаде бар полоиши забони порсӣ

Ҳомиди Қаннодӣ: Пас аз поёни давраи Қоҷор ва оғози подшоҳии Паҳлавӣ бисёре аз нивисандагон, ки аз забони нивишторӣ сахт монда шуда буданд, ба забони кӯчабозорӣ рӯй оварданд. Забони кӯчабозорӣ ё ҳамон забони тӯда, бештар аз вожаҳои худи забон буд, аз ин рӯй, дарёфт он бисёр содатар аз нивиштаҳои пешин буд. Чанд сол пас аз он Фарҳангистони забон падид омад ва ҳамзамон бо он бузургоне ҳамчун Аҳмади Касравӣ, рӯ ба саранивисӣ оварданд.

Бобоҷон Ғафуров: Фаромӯш кардани форсӣ мумкин нест

То замоне ки ҳанӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон падид наёмада буд, сухан аз миллияти тоҷик гуфтан кори душворе буд. Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ин ноҳия андак-андак худро тоҷик эълом карданд ва аз ин роҳ бештар муттаҳид шуданд. Ин иттиҳоди, ба истилоҳ, форсизабонони Осиёи Миёна сабаб шудааст, ки имрӯза Тоҷикистон ба як маркази иттиҳоди забонӣ ва фарҳангӣ бадал шавад.

Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (1)

Ҳамаи забонҳо, камубеш, ниёзманди вом гирифтани вожаҳое аз дигар забонҳо ҳастанд. Албатта, вижакорони забон мекӯшанд нахуст баробарҳое барои он вожаҳо бисозанд, агар нашуд, вожаҳои бегонаро бар пояи рожмони овоии худ дигаргун мекунанд ва онгоҳ онҳоро мепазиранд.

Форсӣ шакар аст

Яке аз достонҳои кӯтоҳи зебои Муҳаммадъалии Ҷамолзода достонест ба номи “Форсӣ шакар аст”. Дар ин достон ду даста аз мардум бахубӣ нишон дода мешаванд: Яке, гурӯҳе тозизада, ки ҳамаи вожаҳои суханонашон тозӣ аст ва гумон мекунанд ин гуна сухан гуфтан нишонаи бартарӣ ва дониш аст. Ва гурӯҳи дувум фарангимаобҳои ғарбзада аст, ки ҳамаи суханонашон ғарбӣ (дар инҷо фаронса) аст.

1 6 7 8 9 10 12