Номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман ба сарриштадорони Тоҷикистон

Медонем, ки садаи бистум бисёр талху дарднок барои забони порсӣ дар Фарорӯдон буд. Дар ин сада забони порсӣ зарбаҳое бисёр сахт хӯрд, осебҳое бисёр дид ва сусту нотавон гардид. Акнун, дар замони фархундаи Истиқлол, умед аст ончи забони мо дар садаи бистум аз каф дод, дар садаи бисту якум дубора ба даст оварад. Ва шумо бузургворон дар ҷойгоҳи раҳбарӣ ва намояндагии сарзамини ниёкони хирадмандамон бар ин кори бузург тавоноед.

Ҷашни Наврӯз, ёдгори хусравон, хуҷаста бод!

Ҳаким Ъумари Хайём дар оғози «Наврӯзнома» ба порсӣ нивиштааст: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке онки ҳар 365 рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввалдақиқаи ҳамал бозояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад, ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард, ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».

Забони порсӣ бузургеро аз даст дод: Найсорӣ ба меҳмонии Ҳофиз рафт

Устод Салими Найсорӣ аз устодони забон ва адаби порсӣ ва аз ҳофизшиносони баном дар 98-солагӣ даргузашт. Номи Найсорӣ дар торихи адабиёти Эрон бо номи Ҳофиз гиреҳ хӯрдааст, зеро ки пажӯҳишҳои борикбинонаи ӯ даре тоза ба ҷаҳони ҳофизпажӯҳӣ гушуд. Виросте, ки зиндаёд Найсорӣ аз девони Ҳофиз ба даст додааст, дар канори вирости зиндаёд Нотили Хонларӣ аз беҳтарин виростҳои то ба имрӯз чопшудаи девони Ҳофизанд.

Аз ъаҷам то порсӣ’, нивиштаи Ҷомии Шакибӣ’

‘Аз ъаҷам то порсӣ’, нивиштаи Ҷомии Шакибии Гелонист. Кӯшиши нивисанда дар ин замина поксозии забони нирумандест, ки имрӯза дар Эрон ба кор меравад. Корҳои нивисанда бар пояи забоншиносӣ аст, ки умед меравад ин гавҳари нобро барои пасиниён нигаҳ дорад. Ин пажӯҳиш дар 25 омӯзок ба хонанда омӯхта мешавад ва ҳар омӯзок дорои чаҳор бахш аст. Дар пешгуфтор роҳнамоии овоӣ барои хондани бархе вожаҳои нав оварда шудааст.

‘Забон ва қавмият’ дар Эрон дар гуфтугӯ бо пруфесур Горник Осотуриён

Забони форсӣ забони ҳеч як аз ақвому хурдафарҳангҳои эронӣ нест, балки як забони фароқавмӣ ё миёнҷӣ аст. Фақат мутаъаллиқ ба қавме ба номи “форс” нест ва забони муштарак ва мероси фарҳангиву тамаддунии ҳамаи мардумони Эронзамин ба шумор меояд ва онҳоро ба якдигар пайванд медиҳад.

Имконоти вожасозӣ дар забони порсӣ (2)

Форсӣ аз назари имконоти вожасозӣ забонест пурмоя ва сохтмони таркибии вожа дар он мояи бисёр барои густариши доманаи вожагони ин забон фароҳам мекунад. Ва имрӯз, ки мо ба ҳазорон вожаи тоза дар заминаи ъилму фан ва фалсафа ва ҳунар ниёз дорем, баҳрагирӣ аз ин имконоти дарунии забон метавонад бисёр мушкилгушо бошад.

Дидгоҳи Энгелс дар бораи забону алифбо ва адаби порсӣ дар номааш ба Моркс

Энгелс дар номае ба Моркс, ки дар 16-и хурдоди 1232-и хуршедӣ (ҳамзамон бо подшоҳии Носируддиншоҳи Қоҷор) нивишта, аз вежагиҳои забон ва адаби порсӣ гуфта, забони порсӣ ва чомаҳои онро сутуда ва, дар баробар, аз алифбо ва насри форсӣ ба накӯҳиш ёд кардааст.

Яке аз …тарин

Нодурустии шигифте, ки батозагӣ дар бархе нивиштаҳо ва низ гоҳе дар шеваи гуфтор ҳам дида мешавад, суханҳое аз ин даст аст: Яке аз беҳтарин корхонаи порчабофӣ. Фирдавсӣ яке аз бузургтарин чомагӯи ҷаҳон аст. Дар чунин ҷое бояд номвожае, ки пас аз он меояд, бешол бошад, то битавон бахше аз онро ҷудо кард. Пас «яке аз мардон» метавон гуфт ва «яке аз мард» чаме надорад.

Баҳра аз корвожаҳои сода ба ҷои омехта

Корвожаҳои омехта [=афъоли мураккаб] дар порсии имрӯз ҷои бисёре аз корвожаҳои сода ва пешвандиро гирифтаанд ва шумори бисёре аз корвожаҳои сода дар порсии имрӯз аз ёд рафтаанд ва ба ҷои онҳо корвожаҳои омехта нишастааст.

Корвожаҳои пешвандӣ

Забони порсиг [=паҳлавии соcонӣ] забони бисёр тавонмандест, ки баосонӣ аз номвожаҳо ва зобҳо корвожа месозад. Андар ин забон корвожаҳои пешвандӣ низ фаровон ба кор меравад ва баҳра аз он барои расондани чамҳои бориксанҷона равоги бисёр дорад, чунон: фарозрасидан, абаррасидан, фарозомадан, андаромадан, фарозрафтан, абозрафтан, фурудшудан, андаршудан, андарабоистан, абозмондан, абозвардидан.

1 2 3 4