No Image

Ҳафт фарнуди меҳодини носозгорон бо полоиши забони порсӣ

Рӯдакиву Балъамӣ ва дигарон ҳам навиштаҳои порсии камобеш сара доранд, ки гуёи тавоноии забони порсӣ буда, вале гурӯҳе тозипарасту шефтагон ба душманони пирӯзманд, ҷомаи бошукӯҳи худии забони порсиро аз танаш дароварданд ва ҷомаи бегонаи тозиро бар ӯ пӯшониданд (чиро ки аз диди равонӣ, мардуми шикастхӯрда душмани пирӯзмандро дар равони нохудогоҳи худ бартар аз худ дониста ва мекӯшанд худро ба онон бибанданд, ки ин ҳам ҳамвора баҷо нест).

Боргирии ройгони “Фарҳанги адабиёти форсӣ”-и дуктур Заҳро Хонларӣ

Заҳро Хонларӣ (Киё) дар 1294-и хуршедӣ дар Теҳрон зода шуд. Падараш Ҳодии Киёнурӣ (писари Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ) ва модараш Исматулҳоҷияи Буруҷирдӣ буданд. Заҳро аз шогирдони барҷастаи Омӯзишгоҳи духтаронаи “Номус” буд, ки ба Донишсарои олӣ рафт ва сипас вориди Донишкадаи адабиёт шуд ва дар соли 1318 дар давраи дуктурои адабиёт пазируфта шуд ва бо Парвизи Нотили Хонларӣ ҳамдарс шуд.

Забони порсӣ, омоҷи тозишҳо

Пас аз дастёбии Русияи тезорӣ ба Осиёи Миёна, давлати Русия кӯшид пайвандҳои эрониёни он сомонро бо дигар ҳамтаборонашон бурида ва сохтори фарҳангиву иҷтимоъии онҷоро аз нав ва бар пояи ниёзҳои истеъмории худ бисозад. Аз ин рӯ, номи тоҷикро, ки бо маънои “эронӣ” буд, ба унвони номи қавму нажоде тоза матраҳ кард ва он сарзаминро Тоҷикистон хонд. Бо ин ки забони онон порсӣ буд, дар ростои ҳамон ҳадафҳои худ ин гӯиши минтақаии порсиро ҳам “забони тоҷикӣ” хонд ва хатти ононро аз порсӣ нахуст ба лотин ва сипас ба сириллик баргардонд, то буридани пайвандҳо комилтар шавад.

Дужвожа чист?

– Нахустин дужвожагон қайдҳои танвиндор ҳастанд. Монанди қоъидатан, катбан, қаламан. Инҳо ҳамчун дигар дужвожагон на дар дастури забони форсӣ пояе доранд ва на бо сохтори овоии форсӣ дармехӯранд, з-ин рӯ ҳам ба дастур, ҳам ба ойини нигориш ва ҳам оҳанги сухани форсӣ осеб мерасонанд. Заҳрашон ҳамонанди ангали сис дар ҷони вожагони форсӣ мерезад. Вожагоне паризада аз хомаҳое бепарво чун дувуман, севуман, бахшан, ва забонан, ки гаҳгоҳ бозмехӯрем, газидагони он дужвожагонанд.

Нигарише нав ба феъли форсӣ

Ҷумлаҳо дар канори ҳам гуфтор ва забонро месозанд. Забон худ дашти паҳновар ва беинтиҳоест, ки метавонад чизе беш аз абзор барои пайванд миёни инсонҳо бошад. Кӯшиши нависандаи китоб низ аз ин рӯ пешниҳодҳои тоза дар заминаи баҳраҷӯӣ аз феълҳоест, ки то кунун камтар ба онҳо баҳо дода шудааст. Ин китоб нигоҳест жарф ва тоза ва дигаргуна ба “феъл” дар забони порсӣ, ки бисёре аз забоншиносон онро сутун ва пояи ҷумла медонанд.

Аст ё ҳаст?

Чун дар гӯиши Кобул ва атрофи он “астам” ва “ҳастам” ҳарду роиҷ аст, миёни инҳо гоҳ иштибоҳ низ рух медиҳад ва тараф дар ҳоле ки мехоҳад ҳузур дар хонаро бирасонад, мегӯяд “ман дар хона астам”, яъне “ман дар хона ҳастам» ва ин дуруст нест. Дар манотиқи ғарбии Афғонистон ба ҷои ин мегӯянд “хунаям» ва дар Эрон мегӯянд “хун’ам” ва ба хамин лихоз ин иштибоҳ дар онҷоҳо бисёр рух намедихад.

Ҳушдоре дар бораи шикастанависӣ

Омадани гӯшиҳои телефунҳои ҳамроҳ ба бозор нуқтаи атфе дар торихи забони форсӣ буд. Ин гӯшиҳо эрониёнро маҷбур кард, то рӯзона чанд сатре бинависанд ва паёмак бифристанд. Забони форсӣ рӯйи ҳеч кадом аз гӯшиҳои аввалия вуҷуд надошт. Финглишнависӣ оғози шикастанависӣ буд. Пас аз он, роёнаҳои нахустин ҳам ба ёрии финглишнависӣ омаданд ва дастикам зоиқаи навиштории як насл аз эрониён дигаргун шуд.

No Image

Пешванди “фаро-” барои ҳама!

Вожаи “фаро” дар фарҳанги Деҳхудо ва дар бархе корбурдҳои он дар адабиёти порсӣ батанҳоӣ маънои “наздики… ва ба сӯи…” дорад. Намунае аз Ҳофиз:

Сар фаро гӯши ман оварду ба овози ҳазин,
Гуфт, эй ошиқи деринаи ман, хобат ҳаст.

No Image

Ҷамъ дар забони порсӣ

Бо густариши нуфуз ва чирагии арабинависон дар дарборҳои Эрон ва фазлфурӯшиҳои бепояву бемоя гузашта аз вуруди беандозаи вожаҳои арабӣ ба забони порсӣ, дастури забони арабӣ низ бар порсӣ таҳмил шуд. Аз ҷумла, дар заминаи ҷамъ бастан. Дар ин даврон на танҳо вомвожаҳои арабӣ дастури забон ва сарфу наҳви худашонро ба ҳамроҳ оварданд ва аз дастури забони порсӣ сарпечӣ карданд.

Дастрас, на дастрасӣ!

Дуктур Ҷалили Дӯстхоҳ   Роҳёбии “дастрасӣ” (ҷойгузини роиҷ ва нодурусти “дастрас”) ба Луғатномаи Деҳхудо дар марҳилаи вироиш ва бо истинод ба ду корбурди нодуруст баргузида! Дунбола

1 2 3 4