Ҷамъ дар забони порсӣ

Шаҳрбароз

Дар забони порсии миёна барои ҷамъ бастан танҳо аз “-он” истифода мешудааст: мард -> мардон, кӯҳ -> кӯҳон, рӯд -> рӯдон. Дар даврае, шояд садаи панҷуми милодӣ ба баъд, аз пасванди “-иҳо” низ барои ҷамъ истифода шудааст. Ин ҳар ду нишони ҷамъ ба порсии нав ё порсии дарӣ низ ба ирс мерасад. Андак–андак дар порсии нав қоъидае пайдо шуд, ки барои ҷамъ бастани ҷондорон аз “-он” ва барои ҷамъ бастани беҷон аз “-ҳо” истифода шавад, ки шакли содашудаи “-иҳо” буд. Яъне мард –> мардон, аммо рӯд -> рӯдҳо.

Ин қоъида ва дастур барои номҳои вомгирифташуда аз забони арабӣ низ кор мерафт.

Дар забони арабӣ барои ҷамъ бастани ҷинси нар ё музаккар аз“–ун” ва “–ин” ва барои ҷамъ бастани ҷинси мода ё муаннас аз “-от” истифода мешавад. Барои намуна, омӯзгор дар забони арабӣ мешавад “муъаллим” ва ҷамъи он чунин аст: муъаллим -> муъаллимин/муъаллимун. Муъаллима -> муъаллимот. Дар зимн, дар забони арабӣ бисёре аз номҳо дорои ҷамъи шикаста (ё мукассар) ҳастанд ва ин ҷамъи шикаста қоъидаи хоссе надорад ва бештар шунидорӣ (самоъӣ) аст. Барои намуна, ҷамъи “явм” ба маънои рӯз мешавад “айём“, аммо ҷамъи “сафф” мешавад “суфуф“.

Аммо бо густариши нуфуз ва чирагии арабинависон дар дарборҳои Эрон ва фазлфурӯшиҳои бепояву бемоя гузашта аз вуруди беандозаи вожаҳои арабӣ ба забони порсӣ, дастури забони арабӣ низ бар порсӣ таҳмил шуд. Аз ҷумла, дар заминаи ҷамъ бастан. Дар ин даврон на танҳо вомвожаҳои арабӣ дастури забон ва сарфу наҳви худашонро ба ҳамроҳ оварданд ва аз дастури забони порсӣ сарпечӣ карданд. Барои намуна, на танҳо дигар “фикр” ҷойи “андеша“-ро гирифта ва сифати фоъили он, яъне “факур” ҷойи андешмандро гирифта, балки ҷамъи он ҳам тибқи дастури забони арабӣ мешавад “афкор“. (Тоза эрониён “мутафаккир“-ро ҳам сохтаанд, ки дар забони арабӣ корбурд надорад!)

Бад–ин тартиб, мо дар забони порсӣ бояд ба хотир биспорем, ки барои намуна, ҷамъи “матлаб“-и арабӣ мешавад “матолиб“, ҷамъи “фикр” мешавад “афкор“, ҷамъи “мулоҳаза” мешавад “мулоҳазот” ва ҳазорон ҷамъи дигаре, ки аз назари порсизабонон ҳеч қоъидае надорад. Ин нобасомонӣ дар омӯзиш ва ёдгирии забони порсӣ ҳам дардисарсоз аст. Гузашта аз он, беқоъидагии ҷамъҳои арабӣ гоҳе дар забони порсӣ боъиси иштибоҳ ҳам мешавад. Барои намуна, чун бархе аз мардум намедонанд “мадорик” дар забони арабӣ худ ҷамъи “мадрак” аст, дар забони порсӣ онро дубора ҷамъ мебанданду мегӯянд “мадорикҳо“. Ин ҷамъи порсӣ барои вожаҳои ҷамъи арабӣ аз даврони бисёр қадим, яъне садаҳои нахустини пас аз ислом, ҳам роиҷ будааст.

Бархе аз нависандагони арабзада, бетаваҷҷуҳ ба ҳама чиз, ҳатто вожаҳои порсиро низ бо қоъидаҳои забони арабӣ ҷамъ мебастанд. Барои намуна:

Курд–> акрод!

Лаш–>лушуш!

Имрӯз дигар вожаҳои порсӣ низ дучори ин бетаваҷҷуҳӣ шудаанд:

Гузориш–> гузоришот!

Озомоиш–> озмоишот!

Нигориш–> нигоришот!

Устод–> асотид!

Фармон–> фаромин!

Майдон–> маёдин!

Дастур-> дастурот ва…

Ба ҳамин далел, пешниҳоди ман он аст, ки ба ҳамон қоъидаи сода ва порсӣ барои ҷамъ бастан дар забони худамон баргардем ва то ҷои мумкин аз корбурди ҷамъҳои арабӣ худдорӣ кунему вожаҳои арабитаборро ҳам танҳо бо ҳамин қоъидаи забони порсӣ ҷамъ бибандем. Масалан: рӯҳонӣ -> рӯҳониён ва на рӯҳониюн, китоб –> китобҳо ва на кутуб, рисола -> рисолаҳо ва на рисолот ё расоил.

Матлаби порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

  • Имконоти вожасозӣ дар забони порсӣ (2)Имконоти вожасозӣ дар забони порсӣ (2) Форсӣ аз назари имконоти вожасозӣ забонест пурмоя ва сохтмони таркибии вожа дар он мояи бисёр барои […]
  • Форсии дарӣ ва форсии дарӣ-варӣ (1) Гирифтории мо дар боби забони форсӣ дар бархурд бо тамаддуни мудерн ва ниёзҳои забонии он ду реша дорад: яке […]
  • Пероиш ва бозсозии забон (3)Пероиш ва бозсозии забон (3) Чи бихоҳем, чи нахоҳем, забони форсӣ бино ба зарурати тағйири зиндагӣ ва мабонии фарҳангӣ ва тамаддунии мо […]
  • Аст ё ҳаст?Аст ё ҳаст? Чун дар гӯиши Кобул ва атрофи он “астам” ва “ҳастам” ҳарду роиҷ аст, миёни инҳо гоҳ иштибоҳ низ рух медиҳад […]
  • Вомвожаҳо ва зурвожаҳоВомвожаҳо ва зурвожаҳо Забони порсӣ дар замонҳои шоҳаншоҳиҳои ҳахоманишӣ, ашконӣ ва сосонӣ бо забонҳои эломӣ, бобилӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, […]
  • Чанд нукта дар бораи вожасозӣ (3)Чанд нукта дар бораи вожасозӣ (3) Дар бораи ин ки забони форсӣ чигуна ва аз кудом мояҳо бояд вожаҳои баробар бо вожаҳои забонҳои пешрави […]
0

1 Comment Posted

  1. Ин як маврид, ки мегӯед дар забони порсии миёна танҳо як пасванди ҷамъ вуҷуд дошт, иштибоҳ аст, дар порсии миёна се пасванди ҷамъ буд, “-он”, “-ин” (-ен) ва “-ун”. Ҳанӯз ҳам дар бархе аз забонҳои эронӣ, масалан рӯшонию шуғнонӣ, вожагонро бо “-ен” ҷамъ мебанданд. Зимнан, пасванди “-иҳо” дар порсии миёна дар оғоз пасванди қайд ё зарфсоз буд.

    0

Бифирист

.


*