“Дастури забони порсии нав” (Modern Persisk Grammatik), навиштаи Ашк Долен, устоди забонҳои эронӣ дар донишгоҳи Упсоло, ба чопи дувум расид.
Ин наск (китоб)-и поя (марҷаъ), ки нахустин бор дар соли 2010 чоп шуд ва бо рӯйовариш (истиқбол)-и болои хонандагон аз чанде пеш ноёб буд, ҳафтаи гузашта аз сӯйи интишороти Фирдавсӣ дар Истукҳулм барои бори дувум бо вироише тоза ба бозор омад.
Ин дастури забон, ки ба сабки осону хушхон навишта шуда, нахустин дастури забони порсӣ аст, ки ба забоне искондиновиёӣ навишта шудааст.
Агар хоҳони омӯхтани порсӣ ҳастед ва ҳамчунин хоҳони ёдгирии дурусту осони ин забон, ҳар он чиро ки дунболи он мегардед, дар китоби “Дастури забони порсии нав” хоҳед ёфт.
“Дастури забони порсии нав” омӯзонандаи ҳамаи зербиноҳои забони порсӣ, монанди дабира (алифбо), хамиш (сарф), гуфтшиносӣ (наҳв), воҷшиносӣ ва дастурҳои вожасозӣ аст ва хонандаро аз роҳи баршумурдани намунаҳои гуногун бо забони имрӯзини порсӣ ва ҳамчунин бо шеваи бакоргирии дурусти вожаҳо ва чидмонҳои забонӣ дар гуфтору навиштор ошно мекунад.
Матлаби порсиро инҷо бихонед
Бифирист