Решашиносии номи чаҳор фасл

Шаҳрбароз

28 озари 1392

نام فصل‌ها

Дар ин ҷустор ба баррасии решашиносии номи чаҳор фасли сол дар забони порсӣ ва дигар забонҳои ҳинду-урупоӣ мепардозем.

1) Баҳор

Нахустин фасли сол баҳор аст, ки дар забони порсии миёна (паҳлавӣ) се ном барои он омадааст: wahār, afsālān, mēdyōzarm. Вожаи wahār аз авестоӣ омадааст. Дар сонскрит vasantah (номи Vasanti дар филми ҳиндии “Шӯъла” ба маънои “баҳорӣ” аст) ва дар лотин ver ва дар пурво-ҳинду-урупоӣ -wers* омадааст. Дар инглисӣ vernal ба маънои “баҳорӣ” аз ҳамин номи лотин омадааст. Дар забони русӣ баҳорро “весна” мегӯянд, ки аз ҳамин реша аст.

Дар забони инглисӣ фасли баҳорро spring мегӯянд, ки манзур аз он “оғози сол” аст ва аз феъли spring ба маънои ҷаҳидан омадааст. Дар забони фаронса бад он primtempt ба маънои “нахустин замон/фасл” мегӯянд.

Вожаи afsālān дар порсии миёна аз ду бахш сохта шудааст: пешванди “аф” ба маънии “боло” аст, ки дар “афсар” (ончи бар сар ниҳанд, тоҷ) ва “афроштан” (боло бурдан) дида мешавад ва “солон” ва дар кул ба маънои “сари сол” аст. Дар порсии нав ё дарӣ ин вожа ба сурати “обсолон” даромадааст.

Ҳамон шайпур бо сад роҳ нолон
Ба сони булбул андар обсолон (Вис ва Ромин)

Аммо дар фарҳанги Деҳхудо ба иштибоҳ онро ҷамъи “обсол” навишта ва маънои “обсол” ро ҳам “боғ” навиштааст.

2) Тобистон

Дар забони порсии миёна (паҳлавӣ) ин фасл ду ном дорад: hāmīn ва tābestān. Вожаи hāmīn аз hāmā дар авестоӣ омадааст. Дар сонскрит sāmā ба маънои фасл ва нимаи сол аст. Дар арманӣ amarn ва дар забони велзии куҳан ham бо он ҳамреша аст. Ин вожаҳо аз решаи пурвоҳиндуурупоии sem омадаанд, ки дар пурвоҷерманӣ (олмонӣ) ба сурати sumur шудааст ва вожаи инглисии summer ва вожаи олмонии sommer ба маънои тобистон аз ҳамин реша аст.

Тобистон ҳам ба маънои замони тафтан/тофтан ва тобиши офтоб аст. Дар лотин тобистонро aestus мегӯянд, ба маънои “фасли доғ” ё ҳамон тобистон. Ин вожа дар забони фаронса ба сурати été даромадааст. Дар забони инглисӣ феъли estivate ба маънои “гузарондани тобистон дар ҷое” аз ҳамин решаи лотин омадааст. Дар забони русӣ ҳам тобистонро “лето” мегӯянд, ки шояд аз лотин ё фаронса омада бошад.

3) Пойиз

Фасли пойиз дар забони порсии миёна (паҳлавӣ) pādēz гуфта мешудааст. Номи дигари ин фасл дар забони порсии нав/дарӣ “хазон” аст. Истефон Понусӣ дар мақолае ба решашиносии ин ду вожа пардохтааст ва пешниҳод карда, ки “пойиз” ба маънои “пеш аз сармо” ва “хазон” дар асл “яхон” ба маънои “ях задан” аст. Нигаред ба мақолаи “Решашиносии хазон ва пойиз” ба хатти порсӣ.

Гӯё номи ин фасл дар забонҳои ҳиндуурупоӣ ҳеч гуна шабоҳате ба ҳам надорад, зеро дар забони инглисӣ бад-он autumn мегӯянд, ки аз autumpne дар фаронсаи куҳан омада, ки худ аз autumpne-и лотин гирифта шудааст. Гӯё ин вожаи лотин аз забони этрускан (Etruscan) бошад. Дар итолиёӣ autunno аз ҳамин вожаи лотин омадааст. Дар забони русӣ пойизро “осень” мегӯянд.

4) Зимистон

Барои ин фасл дар забони порсии миёна (паҳлавӣ ) ду вожа ҳаст: zam ва zamestān, ки ба маънои гоҳи сармо аст. Дар лотин бад-он hiber мегӯянд, ки дар забони фаронса ба сурати hiver даромадааст.

Дар забони итолиёӣ бад-он inverno мегӯянд. Феъли hibernate ба маънои “гузарондани зимистон” ё “хоби зимистонӣ” аз ҳамин решаи лотин аст. Дар забони инглисӣ winter аз решаи пурвоҳиндуурупоии wed ба маънои об ва ё wind ба маънои “сапед” омадааст.

Дар русӣ зимистонро “зима” мегӯянд, ки ба номи порсӣ наздик аст.

Матни порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

1 Comment Posted

Бифирист

.


*