Пешинаи вожапардозӣ дар порсии пас аз ислом
Пас аз баромадани ислом ва гаравидани эрониён ба ин ойин то дерзамоне ҳамаи навзандҳои (осори) донишмандон ва дабирон (адибон) ва чомасароёни эронӣ ба тозӣ буд. Барои намуна, Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ ва Муҳаммад бинни Ҷарири Табарӣ дар торих ва фарҳанг (адаб), Ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ дар гетошиносӣ (ҷуғрофиё), Муҳаммад бинни Яъқуби Кулайнӣ ва Ибни Бобувайҳ дар динсухан (ҳадис), Муҳаммад бинни Закариёи Розӣ дар пизишкӣ, ва Абӯмашъари Балхӣ дар роиш (риёзӣ) ва ахтаршиносӣ ҳамаи навзандҳои донишварона ва дабиронаи хешро ба тозӣ падид оварданд.