Пешинаи вожапардозӣ дар порсии пас аз ислом

پیشینۀ واژه‌پردازی در پارسی پس‌ازاسلامДуктур Меҳёри Дибовар: Пас аз баромадани ислом ва гаравидани эрониён ба ин ойин то дерзамоне ҳамаи навзандҳои (осори) донишмандон ва дабирон (адибон) ва чомасароёни эронӣ ба тозӣ буд. Барои намуна, Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ ва Муҳаммад бинни Ҷарири Табарӣ дар торих ва фарҳанг (адаб), Ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ дар гетошиносӣ (ҷуғрофиё), Муҳаммад бинни Яъқуби Кулайнӣ ва Ибни Бобувайҳ дар динсухан (ҳадис), Муҳаммад бинни Закариёи Розӣ дар пизишкӣ, ва Абӯмашъари Балхӣ дар роиш (риёзӣ) ва ахтаршиносӣ ҳамаи навзандҳои донишварона ва дабиронаи хешро ба тозӣ падид оварданд ва бад-ин сон дар боландагии он забон ҳаноиш (таъсири)-и фаровон доштанд, ҳол он ки то он замон ҳеч навзанди донишварона ба тозӣ падид наёмада буд. Баростӣ, агар эрониён дар сомондеҳии дабира (хат)-и тозӣ ва дастури забони он ва офариниши нивиштаҳои дабирона ва донишварона ба тозӣ намекӯшиданд, чи басо забони тозӣ дар обхаствора (шибҳиҷазира)-и Араб мемонд ва танҳо дар намозу ниёиши мусалмонон ба кор мерафт.

Нахустин намуна аз чома (шеър)-ҳои порсӣ пас аз ислом аз они Ҳанзалаи Бодғисӣ аст, ки камобеш дар соли 220-и маҳӣ (қамарӣ) суруда шудааст. Куҳантарин намунаи ночома (наср)-и порсӣ пас аз ислом низ нивиштае дар боварҳои динии ҳанафиён, нивиштаи Абулқосим бинни Муҳаммади Самарқандӣ, даргузашта ба соли 343-и маҳӣ аст. Овардаанд, ки чун Яъқуби Лайси Саффорӣ Ҳиротро гушуд, дар ситоиши вай чомаҳои тозӣ суруданд ва ӯ гуфт: “Чизе, ки ман андар наёбам, чиро бояд гуфт?” Ва бад-ин сон Муҳаммад бинни Васиф чомаи порсӣ гуфтан гирифт ва дигарон низ равиши вайро дар пеш гирифтанд. Чунонки бармеояд, чомасароёну адибону донишмандон, ки навзандҳои хешро ба фармонравоёни эронитабор пешкаш мекардаанд, ногузир аз офариниши нивиштаҳои худ ба порсӣ гардидаанд ва бад-ин сон, пас аз ислом, порсинивисӣ ва вожасозӣ ба ин забон по гирифтааст.

Дар дебочаи баргардони порсии “Тафсири Табарӣ” омадааст: “Ин китобро биёварданд аз Бағдод, чиҳил мусҳаф буд ин китоб, нибишта ба забони тозӣ ва ба иснодҳои дароз буд ва биёварданд сӯи Амир Сайид Музаффар Абӯсолеҳи Мансур бинни Нӯҳ бинни Наср бинни Аҳмад бинни Исмоъил, раҳматуллоҳи алайҳим аҷмаъин. Пас душхор омад бар вай хондани ин китоб ва иборат кардани он ба забони тозӣ ва чунон хост, ки мар инро тарҷума кунад ба забони порсӣ. Пас уламои Мовароуннаҳрро гирд кард ва аз ишон фатво кард, ки раво бошад, ки мо ин китобро ба забони порсӣ гардонем? Гуфтанд: Раво бошад хондану нибиштани тафсири Қуръон ба порсӣ, мар он касеро, ки ӯ тозӣ надонад.”

Ҳамчунин, Шаҳмардон бинни Абилхайр дар шуванди (сабаби) пайдоиши наск (китоб)-и Донишномаи Алоӣ овардааст: Ва шунидам, ки худованди мозӣ, Алоуддавла, қудсуллоҳи рӯҳа, хоҷа раис Бӯъалии Синоро гуфт: Агар улум авоил ба иборати порсӣ будӣ, ман тавонистаме донистан. Ва бад-ин сабаб, ба ҳукми фармон, Донишномаи Алоӣ сохт.” Ба гумони бисёр, Абӯрайҳони Берунӣ низ наски “Ат-тафҳим ли-авоили саноъати-т-танҷим”-ро ба забони сода барои Райҳона, духтари хурдсоли фарзин (вазир)-и ҳамрӯзгори худ Ҳусайни Хоразмӣ, ба ду забони порсӣ ва тозӣ офаридааст ва ба нивиштаи Устод Ҷалолиддини Ҳумоӣ, дар пешгуфтори он “шигифто, ки ин китоб дар нимаи авваи садаи панҷуми ҳиҷрӣ барои як духтари навомӯзи эронӣ нивишта шудааст ва ҳол он ки фаҳми порае аз масоили мундариҷ дар ин таълиф барои таҳсилкардагон ва донишҷӯёни мадориси олии имрӯз ҳам мушкил ва душвор аст.”

Ҳамон гуна ки мебинем, кунҷковӣ ё донишдӯстии сарриштадорони эронитабор ё фарзандони ишон ангезаи офариниши навзандҳои донишварона ба порсӣ будааст ва аз ин раҳгузар донишмандони эронӣ вожаҳое нав барои бознамудани омӯзаҳои донишӣ дар ҳар замина аз роиш, пизишкӣ, ахтаршиносӣ ва фарзонагӣ (ҳикмат) падид овардаанд. Вожаҳои барсохтаи ин донишмандон ё аз ганҷинаи вожагони забон баргирифта мешуданд ё аз омехтани вожаҳо бо якдигар ё бо пасванду пешванд ба даст меомаданд. Се навзанди “Донишномаи Алоӣ” ва “Рагшиносӣ”, нивиштаи Пури Сино ва “Аттафҳим”, нивиштаи Абурайҳони Берунӣ, аз ин нигар (назар) маҳандӣ (аҳаммият) доранд, ки бо офариниши ин се наск фарҳанги вожагони донишии порсӣ пурмоя гардид ва роҳ барои дигар навзандҳои донишварона ва адибона гушуда шуд. Пас аз ишон, бисёре аз донишмандони эронӣ вожаҳои барсохтаи ишонро ба кор бурданд ё равиши онҳоро дар вожапардозӣ ба кор бастанд.

Пури Сино (373 то 428-и маҳӣ) ва Берунӣ (362 то 440-и маҳӣ) ду донишманди пуровоза ва номдор буданд, ки ҳамзамон бо якдигар мезистанд ва бо ҳадигар пурсишу посух ва номанигорӣ доштанд. Берунӣ ёздаҳ сол аз Пури Сино бузургсолтар буд ва дувоздаҳ сол низ бештар аз вай зиндагӣ намуд. Замони офариниши ин ду наск бисёр наздик ба ҳамдигар аст, чиро ки “Аттафҳим” дар соли 420-и маҳӣ нивишта шуда ва “Донишномаи Алоӣ” миёни солҳои 414 ва 428-и маҳӣ офарида шудааст ва ҳаноиши яке бар дигарӣ бадурустӣ шинохта нест. Агарчи бора (мавзӯъ)-и ин ду наск яксон нест ва Донишнома дар бораи фалсафа ва фарзонагӣ (ҳикмат) аст ва Аттафҳим дар бораи роиш ва ахтаршиносӣ, вожаҳои яксони фаровоне доранд ва ин барӯшанӣ ҳаноиши онҳоро бар ҳамдигар нишон медиҳад. Бархе вожаҳои миёнванд (муштарак)-и онҳо чунин ҳастанд: орамидан (сокин ва беҳаракат будан), андарёфтан (идрок кардан), борик (дақиқ), барсӯ ва забарсӯ (олӣ), тануманд (ҷирм ва ҷисм), ҷунбонидан (таҳрик), чигунагӣ (кайфият), чаҳорсӯ (чаҳорзилъӣ), хирмани моҳ (ҳолаи моҳ), дидорӣ (маръӣ), рост (мустақим), рада (сатр, саф), сесӯ (мусаллас), шумор (адад), фурӯсӯ (таҳтонӣ), фурӯ шудан (суқут, ғурӯб), карона (ҳошия), гароистан (мутамоил шудан), монандагӣ (шабоҳат), миёнгин (мутавассит), нигариш (назар, мулоҳиза), ҳамвор (мусаттаҳ), ёд доштан (ҳифз ва аз бар кардан).

Бар пояи пажӯҳишҳои зиндаёд Дуктур Муҳаммади Муъин ва шодравон Сайидмуҳаммади Мишкот, шумори вожагони офаридаи Пури Сино дар Донишномаи Алоӣ ва Рагшиносӣ 1039 вожа аст. Бархе вожаҳои офаридаи Пури Сино дар ин ду навзанди сутург чунин ҳастанд: буриниш (қатъ, дар роиш ва андоза), пазиро (қобил, дар фалсафа), равон (нафс), сарбасар (мусовӣ), карда (мафъул), куно (фоъил), гудохта (моеъ), моягӣ (моддият), ниҳод (вазъ), якеӣ (ваҳдат), афкандани гумон (тавлиди шак), истодагӣ ба худии худ (қоим биззот будан), болиш (нумӯ, аз буни вожаи болидан), бастанокӣ (инҷимод), баҳрапазирӣ (қобили қисмат), бегусастагӣ (лоянқатъ), пайдогар, пайвандпазир, ҷони сухангӯё (нафси нотиқа), ҷунбоӣ (ҳаракат), ҷунбишдор, ҷунбиши рост (ҳаракати мустақим), ҷунбиши гирд (ҳаракати мустадир), чичизӣ (моҳият), дерҷунб, роиш (илми риёзӣ), рӯшансириштӣ, зоишдеҳ (муваллид), зифри забарин (фалаки аъло), зифри зерин (фалаки асфал), шоядбуд (имкон), гавҳари рӯянда (ҷавҳари номӣ), нодидорӣ (ботинӣ), ҳаройинагии будан (вуҷуб), ҳадди кеҳин, ҳадди меҳин, ҳадди миёнгин, илми тарозу (илми мантиқ), илми сипастабиъат (илми мобаъдуттабиъа), набзи дирангӣ, набзи дамодам, набзи ситабр, набзи ларзанда.

Абӯрайҳони Берунӣ низ дар наски номдори худ “Аттафҳим” вожаҳои донишваронаи наве пардохта, ки бархе аз онҳо чунин ҳастанд: омос (варам), омӯхтан (таъаллум), омӯзондан (таълим), арзиз (қалъ), арш (газ ва зироъ), испеҳр (сипеҳр), исторашумор (мунаҷҷим), афзунӣ (нофила ва мустаҳаб – подвожа ё мутазодди фариза ва воҷиб), анбошта (кабиса), андаргоҳ ва панҷа (хамсаи мустариқа ё панҷ рӯзи афзунии охири сол), авом (вом ва қарз), бодҳои обистанкунанда, бори зан (ҷанин), боргоҳ (борандоз, искила), бозпас (вопасин, охирин), возадан (рад кардан), бошгуна (вожгуна, маъкус), боло (қадду қомат), бомдоди дурӯғин (субҳи козиб), бомдоди нахустин (фаҷри аввал), боистҳо (корҳои лозим ва зарурӣ), боҳу (бозу, аз оринҷ то сардӯш), баҷак (қабола), бахшидан (бахш кардан, тақсим), бархамниҳода (ба шакли қавс қарор гирифта), барху баҳр (қисмат ва саҳм), басудан (ломиса), бисёрпаҳлӯ (касирулазлоъ), бигазояд (газанд расонад), баҳизик (кабиса), пос (соъат ва навбат – ҳамчун посе аз шаб), посидан (расад кардан), полудан (тасфия), бачишк ва пизишк (пизишк), пастарак (каме ақабтар), пушт ва чоштгоҳ (зуҳр), пилпил (филфил), палаи тарозу (кафаи тарозу), пай (асаб), паймудан (паймона кардан, андоза гирифтан), тезнигар, ҷойгоҳ, чахидан (ситеза кардан), чарбтар (зиёдтар – монанди “ва хушкияш чарбтар аз сардӣ, имрӯза низ мечарбад дар ҳамин чам (маъно) ба кор меравад), чира (ғолиб), хонагӣ ва дастомӯз (аҳлӣ, ромшаванда), хоб гузордан (таъбири рӯъё), хор (осон – подвожаи душхор), донг (шашяк, як шашум), дарёбор (ободии наздики дарё – монанди ҷӯйбор ва арасбор), дафтари сол (тақвим, гоҳшумор), даҳгон, заминларз, заҳ (обистан), заҳдон (раҳм, бачадон), заҳрӣ (саммӣ), жарфо (умқ), соли офтоб (соли шамсӣ), соли моҳ ё соли моҳтоб ва соли гарданда (соли қамарӣ, ки фаслҳояш дар моҳҳо собит намемонад), сабукрав (тундрав), супурз (тиҳол), сипасрав (тобеъ, толӣ), ситораи бодунбол, Тир (Аторуд), Ноҳид (Зуҳра), Баҳром (Миррих), Ӯрмузд ва Ҳӯрмузд ва Ҳурмузд (Муштарӣ), Кайвон (Зуҳал), шох (фаръ), дониши шумор (илми ҳисоб), шитоб, фаромуштгар (фаромушкор), гуш (хилт), гуши зард (хилти сафро), гуши сиёҳ (хилти савдо), гулӯгир (маззаи нохушоянд, масалан, амруди гулӯгир), гунда (ситабр ва кулуфт), ганда (гандида ва фосидшуда), гӯр пошидан (набши қабр), гӯжӣ (қавс, хамидагӣ), Гӯспандкушон (иди Қурбон), гуногун, гӯй (курра), гӯйи орамида (курраи сокин), гӯйи гарданда (курраи мутаҳаррик), ложвард (лоҷувард), лахте ва лахтаке (андаке), лаҳвгар (хунёгар), мокиён (мурғи хонагӣ), мазгит (масҷид), мазгити одина (масҷиди ҷомеъ), миёнҷӣ (миёнгӣ, восита), миёнгин (мутавассит), миёнгоҳ (васат), майгунӣ (сурхфомӣ), нополуда (нохолис), номзад (мавсум), намози пешин (намози зуҳр), намози дигар (намози аср), намудор ва намуда (мисол, намуна), навардидан (тай, дар роиш ва шумор), ниёгон, ҳарчандки, ҳиждаҳ (ҳиҷдаҳ), ҳиждаҳум ва ҳашдаҳум (ҳиҷдаҳум), ҳамчанд ва ҳамчандон (мусовӣ), яла (раҳо ва матрук).

Пас аз Пури Сино ва Берунӣ шогирдону пайравони ишон ва ояндагон ҳамчун Абӯъубайди Ҷузҷонӣ, Носири Хисрав, Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, Афзалуддини Кошонӣ ва Хоҷа Насируддини Тусӣ аз донишмандоне ҳастанд, ки навзандҳои порсӣ падид оварданд ё вожагони сара аз ганҷинаи забон бардоштанд ё худ вожа пардохтанд. Ин раванди дуруст дунбола дошт, то ин ки дар садаи ёздаҳи маҳӣ гурӯҳе ба номи Озар Кайвон шеваи нав дар вожасозӣ поягузорӣ карданд, ки хушбахтона чандон густариш наёфт. Дар рӯзгори Шоҳ Аббоси бузурги Сафавӣ, ки ҳамзамон бо подшоҳии Акбаршоҳ дар Ҳинд буд (963 то 1014-и маҳӣ), мӯбаде зартуштӣ ба номи Озар Кайвон аз мардуми Шероз ё канораҳои он ба ҳамроҳи чанде аз пайравонаш ба Ҳиндустон кӯчид ва онҷо, ки бозори динсозӣ гарм буд ва Акбаршоҳ хостори офариниш ва густариши ойине фарогир ва ҳамагонӣ буд, Озар Кайвон омезае аз зартуштигарӣ, ислом, суфигарӣ ва ойини ҷукиҳои ҳиндуро ба номи дини бостонӣ падидор сохт ва наске аз пеши худ фароҳам овард ва онро “Дасотир” ном ниҳод. Яке аз порсиёни Ҳинд ба номи Мулло Фирӯз дар соли 1818-и зодрӯзӣ (мелодӣ) онро дар Бумбаӣ ба чоп расонид. Дасотир ба пайравӣ аз Авесто дорои бум (матн) ва занд (тафсир) аст.

Буми Дасотир ба забоне сохтагӣ аст, ки ҳеч монандагӣ ба забонҳои бостонии Эрон, ҳамчун авсетоӣ ва порсии бостон, надорад ва занди он, ки бар пояи довиш (иддиъо)-и Дасотир ба дасти шонздаҳумин ва вопасин вахшур ё паёмбари дасотирӣ, Сосони панҷум, ҳамзамон бо Хусрави Парвизи Сосонӣ, нивишта шудааст, ҳеч монандагӣ ба забони паҳлавӣ ва нивиштаҳои баҷомонда аз он забон, монанди “Мотикони ҳазор додистон”, надорад ва барӯшанӣ нишон аз он дорад, ки дар замони наздик ба рӯзгори мо падид омадааст. Дасотир низ, ки номи гурӯҳе (исми ҷамъ) дастури порсӣ аст, вале ба равиши тозӣ сохта шуда, нишон аз сохтагӣ будани номи он дорад.

Боварҳои динии гунҷондашуда дар ин наск чунон хандаовар ва бебунёд ҳастанд, ки танҳо ба як намуна аз онҳо пардохта ва мегузарем ва сипас онро аз нигари вожагонӣ баррасӣ мекунем. Ба гуфтаи Дасотир, ҳар зодсол ҳазор водсол аст ва ҳар вод се ҳазор ҷод аст ва агар солҳои дасотириро аз зоду ҷоду мараду вараду фарад ва аспор ва самор ва салом дар нигар оварем, як зод баробари ду ҳазор трилюн сол хоҳад буд. Дар Дасотир дарозии шаҳриёрии хонадони Ободиён, ки нахустин паёмбар, Маҳобод, аз он хонадон аст, яксад зодсол омадааст. Пас солҳои шаҳриёрии ин хонадон, ба гуфтаи Дасотир, шуморае баробари ду бо бисту се сифр (200000000000000000000000) хоҳад буд.

Вожаҳои Дасотир худ бар ду дастаанд: дастаи нахуст вожагони ростин ва гавҳарини порсӣ ҳастанд, монанди охшиҷ (аносир), анбоз (шарик), хост (ирода), фарҳанг (илму адаб), ком (мурод), куниш (феъл), гуна (қисм ва ҷинс), Суруш (фариштаи пайғомовар), фараманд (бошукӯҳ), фурӯҳар (нерӯи аҳуроӣ), наск (ҳар як аз бахшҳои бистуякгонаи Авесто ва дар чами густардатар, баробари китоб), вахшур (паёмбар), фарӯҳида (оқил ва доно). Дудигар, вожаҳои сохтагӣ ҳастанд, ки пешинаи корбурд надоранд ва аз ганҷинаи вожагонии забон гирифта нашудаанд ва гоҳ рӯяи дурусту гавҳарини вожаро низ дигаргун кардаанд, монанди “омеғ”, ки чам (маъно)-и дурусти он омезиш аст, вале дар Дасотир онро баробари “ҳақиқат” гирифтаанд. “Андеша”-ро беҳуда ба “бандеша” дигаргун карда, дар ҳамон чам ба кор бурдаанд. “Бостон”-ро ба гунаи “бос” кӯтоҳ карда, дар ҳамон чами “куҳан” ба кор гирифтаанд. Аз номҳои бостонӣ низ нагузаштаанд ва Сиёмакро Сиёмар, Ҳушангро Ҳуршор, Таҳмурасро Тахмурад, Ҷамшедро Ҷарамшор ва Кайхусравро Килосарв сохтаанд.

“Шористони чаҳорчаман”, нивиштаи Баҳром бинни Фарҳод бинни Исфандиёр, ки дар соли 1034-и маҳӣ ва пеш аз чопи Дасотир ба дасти Мулло Фирӯз ба чоп расида, аз он наск огоҳӣ додааст ва ин нишонгари он аст, ки “Дасотир” пеш аз чоп дар миёни бархе порсиён шинохта будааст. Пас аз чопи Дасотир дар бархе нивиштаҳо ба гумони ин ки Дасотир наске куҳан ва решадор ва бостонӣ аст, вожаҳои дасотирӣ ба кор рафтаанд, ки аз он дастаанд “Бурҳони қотеъ”, нивиштаи Муҳаммадҳусайн бинни Халафи Табрезӣ, “Дабистони мазоҳиб”, нивиштаи Муҳсини Фонӣ ва “Анҷуманорои Носирӣ”, нивиштаи Ризоқулихони Ҳидоят. Ҳамчунин, Мирзо Ризохони Афшорбеглу дар “Парваз нигориш” ва “Алифбои Беҳрӯзӣ” ва Мирзо Санглохи Хуросонӣ дар “Тазкират-ул-хаттотин” ҳам вожагони дасотириро овардаанд ва ҳам аз пеши худ ба ин шева вожаҳое сохтаанд. Барои намуна, бахше аз сурудаи Мирзо Фурсати Шерозӣ, ҳамрӯзгори Носируддиншоҳи Қоҷорро, дар ситоиши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ меоварем, ки оганда аз ин гуна вожаҳост:

Фарӯҳидае к-аз раҳи нирнуд,
Ҳувайдост аз гуфти ӯ фарзбуд.
На Шаҳнома, дарёи жарф аст ин,
На афсона, панди шигарф аст ин.
Фире бар фаротин фараввидааш,
Хаҳе чомаҳои апархидааш.
Ба фарҷӯдҳои суханпарварӣ,
Сазад гар занад лофи пайғамбарӣ.

Вожаҳои дасотирии бакоррафта дар чомаи боло ва чами онҳо бар пояи нивиштаҳои “Бурҳони қотеъ” чунин ҳастанд: нирнуд (фикру назар), фарзбуд (ҳикмат), фаротин (гуфтори осмонӣ), фаравида (дар Бурҳони қотеъ ин вожа ёфт нашуд), апархида (сареҳу ошкор), фарҷӯд (муъҷиза).

Баррасии бепоягии ҷусторҳои динӣ ва торихии Дасотир аз хешкорӣ (вазифа)-и ин нивиштор берун аст, аммо вожагони дасотирӣ чун дорои решаи забонӣ ва пешинаи корбурд нестанд, арзиши забоншинохтӣ низ надоранд ва шоиста аст ба ҷуз чанд вожаи ангуштшумори пуркорбурд ва ҷоуфтода, монанди фарнӯд (далел), фарҷод (вуҷдон), фарҷӯд (муъҷиза) ва аз ин даст, аз корбурди вожаҳои дасотирӣ парҳез намуд. Имрӯза низ барои якнавохтсозии равишҳо ва парҳез аз чандгонагӣ дар корбурди вожаҳои нав на фақат беҳтар, ки боиста аст ҳамаи порсинивисон вожаҳои пешниҳодии Фарҳангистонро ба кор баранд ва дар ин замина аз такравӣ ва худроӣ худдорӣ намоянд.

Бунмояҳо:

  • Аттафҳим ли-авоили саноъати-т-танҷим, Абӯрайҳон Муҳаммад бинни Аҳмади Берунии Хоразмӣ; Бо таҷдиди назар ва таълиқот ва муқаддимаи тоза ба хомаи устод Ҷалолиддини Ҳумоӣ; Интишороти Анҷумани осори миллӣ; Теҳрон; 1352
  • Бурҳони Қотеъ (давраи панҷҷилдӣ); Таълифи Муҳаммадҳусайн бинни Халафи Табрезӣ, мутахаллис ба Бурҳон; муаллиф ба соли 1062-и ҳиҷрии қамарӣ; ба эҳтимоми дуктур Муҳаммади Муъин; Муқаддимаҳо ба қалами Алиакбари Деҳхудо, Иброҳими Пурдовуд, Алиасғари Ҳикмат ва Саъиди Нафисӣ; Муассисаи интишороти АмирКабир; Теҳрон; чопи панҷум; 1362
  • Луғатномаи Деҳхудо; зери назари дуктур Муҳаммади Муъин; муҷаллади якум (муқаддима ва такмила); Чопхонаи давлатии Эрон; Теҳрон; дай-исфанди 1337
  • Дасотир; Иброҳими Пурдовуд; рӯяҳои 44 то 62
  • Луғоти форсии Ибни Сино ва таъсири онҳо дар адабиёт; дуктур Муҳаммади Муъин; рӯяҳои 63 то 86

 متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*