Ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе
Ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе
Ба Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни интихобот ва раъйгирии Точикистон
Ба раёсати Ҳизби Халқи Демукроти Тоҷикистон
Ба Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон
НОМАИ САРГУШОДА
Ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев,
Намояндагони арҷманди мардуми шаҳри Душанбе,
Ҷаноби Шермуҳаммади Шоҳиён,
Раёсати Ҳизби Халқи Демукроти Тоҷикистон
Бону Гавҳар Шарофзода,
Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, таваҷҷуҳи шуморо ба мавзўъе ҷалб мекунем, ки боиси нигаронии шадиди мо шудааст ва ба тасмимгирии фаврии шумо ниёз дорад.
Дар рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси Намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ миёни як номзад ба намояндагӣ дар Маҷлиси Душанбе ва ҳаводорони ӯ суҳбатҳое сурат гирифтааст, ки баёнгари поймол шудани муқаддасоти миллат ва сарзамини Тоҷикистон аст.
Пеш аз тавзеҳи моҷаро бояд гуфт, ки номзадии Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечёрка”, бисёреро дар ҷомеъаи маҷозии Тоҷикистон шигифтзада карда буд. Ҷомеъаи огоҳи фейсбукии Тоҷикистон медонад, ки бино ба муқаррароти кишвари мо на танҳо намояндаи мардум, балки як корманди маъмулии давлат ҳам бояд забони расмиро дар ҳадди аъло бидонад. Дар ниҳояти таъаҷҷуб мушоҳида кардем, ки бархе аз точиконе, ки бар забони расмӣ тасаллут доштанд, ба далели “надонистани забони давлатӣ” радди салоҳият шуданд, аммо Гулнора Амиршоева, ки ин забонро аслан намедонад, номзад ба намояндагӣ шуд. Танҳо тарҳи ин пурсиш кофӣ буд, ки Гулнора Амиршоева ба тамоми тоҷикони Фейсбук ва забони расмии Тоҷикистон ба зишттарину қабеҳтарин шакли мумкин тавҳин кунад. Асли матни паёми Гулнора Амиршоеваро, ки дар фазои бози ҷаҳонии Фейсбук (дар сафҳаи Feyruz Hakimov) навиштааст, бо арзи пӯзиш ба хотири қабоҳату кароҳати суханони хонум Амиршоева инҷо меоварем:
“Гульнора Амиршоева: Это ладно, мою персону уже неделю обсуждает весь таджикоязычный фейсбук, что я не знаю , мол, язык и не должна быть депутатом , так и хочется послать их на этом самом таджикском и сказать к…и оча, гуи маро то ба кай хойда мешинед! ))))))
1 Март в 16:43”
Ин тавҳини боварнакарданӣ ба миллату забони Тоҷикистон тавассути касе, ки фардои он рӯз (02.03.15) намояндаи мардуми Душанбе дар Маҷлиси шаҳр эълом шуд, дар ҷомеъаи маҷозӣ ва воқеъии Тоҷикистон эътирозҳои фаровонеро дар пай дошт. Номаи шикоятии шуморе аз шаҳрвандони Душанбе рӯзи 04.03.15 дар рӯзномаи “ИмрўзNews” чоп шуд (“Зиёфат”-и депутат ба интихобкунандагонаш. Гулнора Амиршоева бояд аз миллати тоҷик пӯзиш хоҳад”). Ин мавзӯъ фаротар аз Тоҷикистон ҳам рафт ва рӯзи 05.03.15 ба забони инглисӣ дар торнамои Global Voices Online пӯшиши муфассал дошт, ки пайвандаш ин зер аст:
http://globalvoicesonline.org/…/eat-my-s-motherers-a-newly…/
Тавҳини гӯшношуниди як тоҷик ба миллат ва забони Тоҷикистон дар ҷаҳон рӯйдоди нодир ба шумор меояд ва ҳатман аз ин ба баъд ҳам таваҷҷуҳи расонаҳои чаҳониро ба худ ҷалб хоҳад кард. Ин ҳақиқат, ки иҳонат ба муқаддасоти Тоҷикистон аз сӯи як намояндаи мардуми пойтахти Тоҷикистон сурат гирифтааст, бар бори хиҷолати ин мавзўъ меафзояд.
Аз сӯи дигар, Дилбар Раҳматова аз дӯстони Гулнора Амиршоева, дар ҳамон сутун навиштааст:
“Дилбар Рахматова: А еще позабавило то, что все на таджикском языке. , конечно, понимаю – государственный язык и все такое, но как то не демократично выглядят такие выборы.
1 Март в 16:29”
Хонум Раҳматова аз он нохушнуд аст, ки баргаҳои интихоботӣ бо риъояти Қонуни Асосии Точикистон ба забони расмии кишвар таҳия шудааст. Ҳамчунин яке аз шоҳидон мегӯяд: “Дилбар Раҳматова ҳангоми овоздиҳӣ дар макони интихобот намоишкорона варақаҳои интихоботиро ба унвони эътироз дарондааст, чун ба забони тоҷикӣ будааст.”
Мо огоҳем, ки пора кардани баргаҳои раъй бино ба муқаррароти интихобот ҷурм ба шумор меояд. Ва пора кардани онҳо ба хотири навишта шуданашон ба забони расмии Тоҷикистон тавҳини ошкор ба муқаддасоти кишвар аст.
Гулнора Амиршоева дар паи эътирози мардум дар як изҳори назари дигар бо ҳамон баёни беадабона ва ин бор дар мақоми намояндагии мардуми пойтахти Тоҷикистон нишон додааст, ки пушаймон нест:
“Гульнора Амиршоева: Мави, за мной весь не адекватный тадж фб следит и то мне пофиг, а ты говоришь)))) скоро не так моргну, начнут ещё два месяца это обсуждать, говоря, что можно депутату, а что нет.)))) так что расслабся)))))»
Мо, шаҳрвандони Точикистон, аз шумо тақозо дорем, ки ба ин чанд мавзӯъ расидагӣ кунед:
- Оё ширкати як номзад дар интихобот, ки забони расмии кишварро намедонад, чигуна сурат гирифтааст? Ин иқдом, ки нақзи ошкори муқаррароти интихобот аст, бояд баррасӣ шавад ва дар сурати лузум баргаҳои имтиҳони забони Гулнора Амиршоева мунташир шавад;
- Тавҳин ба забони расмии Тоҷикистон, ки аз муқаддасоти аслии миллату кишвар аст, бояд муҷозоте дар пай дошта бошад. Аммо пеш аз он Маҷлиси шаҳр бояд аз ин ҷурми бузурги Гулнора Амиршоева табарро биҷӯяд ва ӯро аз суфуфи намояндагони мардум биронад. Магар ин ки Гулнора Амиршоева сари ақл ояд ва аз миллати сарзаминаш ба хотири тавҳину таҳқираш пӯзиш бихоҳад;
- Иддаои пора кардани баргаҳои раъй ба забони расмии Тоҷикистон тавассути Дилбар Раҳматова баррасӣ шавад ва дар сурати дурустии ин мавзӯъ хонум Раҳматова ҳам ба сазои аъмолаш бирасад;
- Аз Кумитаи забон ва истилоҳот хоста мешавад, ки ба унвони ниҳоди масъули давлатӣ дар умури назорат бар Қонуни забон мавзеъи худро дар мавриди ин қазия эълом ва тадбирҳои лозим барои ҷилавгирӣ аз такрори онро иттихоз кунад.
Дар поён он бахш аз баҳси Гулнора Амиршоева бо дӯстонашро, ки эҳсосоти миллии садҳо ҳазор нафарро ҷареҳадор кардааст, дар шакли аслии он меоварем:
Гульнора Амиршоева: Спасибо, Диля! ))
1 Март в 16:22
Гульнора Амиршоева: Да, год рождения
1 Март в 16:23
Гульнора Амиршоева: И даже соперника нет (((
1 Март в 16:24
Дилбар Рахматова: Ага! Ржачно, да?! Я шас так ухахатывалась на весь избирательный участок ))
Дилбар Рахматова: Поэтому и проголосовала против всех, вернее против него одного. Потому что считаю, что рано ему еще в политику лезть.
1 Март в 16:28 • 2
Дилбар Рахматова: А еще позабавило то, что все на таджикском языке. , конечно, понимаю – государственный язык и все такое, но как то не демократично выглядят такие выборы.
1 Март в 16:29 • 1
Гульнора Амиршоева: Это ладно, мою персону уже неделю обсуждает весь таджикоязычный фейсбук, что я не знаю , мол, язык и не должна быть депутатом , так и хочется послать их на этом самом таджикском и сказать к…и оча, гуи маро то ба кай хойда мешинед! ))))))
1 Март в 16:43
Имзокунандагон:
1. Раҳим Наимович Раҳимов
2. Анвари Иброҳим
3. Маҳмадалӣ Расулов
4. Носир Ҷумъақулов
5. Алиҷон Баротзода
6. Мижгони Гулнор
7. Маҳмад Зубайдов
8. Фатҳуллоҳ Умаров
9. Зарафшон Мардонова
10. Муҳаммад Алии Истам
11. Фарҳод Набиев
12. Абдуманнон Шералиев
13. Масрур Аминов
14. Беҳрӯзи Султониён
15. Саид Раҳматов
16. Фирдавс Мадёев
17. Абдуллоҳ Оқилзода
18. Шарифҷон Мукаррамов
19. Саодат Касирова
20. Айнуддин Атоев
21. Алии Хайрулло
22. Исфандиёри Назар
23. Сиёвуш Одинаев
24. Далер Абдураҳимов
25. Иброҳим Азизов
26. Саидабдулло Саидов
27. Абдуваҳҳоб Ҷӯраев
28. Амонуллоҳ Сияров
29. Шодмон Шодмонов
30. Муродалии Муҳаммадназар
31. Искандар Бурҳонов
32. Завқибек Саидаминович Солиҳов
33. Зулфия Мирзоева
34. Маҷнун Аҳмадов
35. Камолиддин Бозӣ
36. Бахтиёр Латифӣ
37. Иршод Сулаймонӣ
38. Исматҷон Пӯлодов
39. Ҳикматёр Ҳикматзод
40. Юсуф Юсуфов
41. Лутфулло Баротов
42. Субҳиддин Раҷабов
43. Имоммуҳаммад Ғоибов
44. Орзу Исоев
45. Манучеҳр Бақоев
46. Сурайё Исакова
47. Маҳини Даврон
48. Хайрулло Саидов
49. Ҳофиз Ҳофизов
50. Муҳиддин Ғиёсович Бобомуллоев
51. Муҳаммад Маликӣ
52. Мирзо Мирзоев
53. Маҳмад Ёров
54. Евгения Саркисьянц
55. Назири Нусрат
56. Фитрати Ҳикмат
57. Шавкатшо Раҳматуллоев
58. Лоиқ Сайдалиев
59. Сураҷ Назаров
60. Назир Муъминов
61. Аҳлиддин Салимов
62. Сиддиқ Додарҷонов
63. Фаррух Қосимӣ
64. Бахтиёр Аминӣ
65. Қорӣ Баҳруллоҳ
66. Саъдӣ Ҷумъаев
67. Нурмуҳаммад Раҳимов
68. Сайрам Толибзода
69. Аҳмади Муҳаммадӣ
70. Нисо Файзуллоева
71. Мирзоалӣ Тағоймуродзода
72. Наврӯз Ҳасанов
73. Шамсиддин Саидов
74. Шокир Файзуллоев
75. Аллоҳқул Аҳрорӣ
76. Муъмин Аҳмадӣ
77. Муҳаммадвафо Ризозода
78. Саъдӣ Ворисов
79. Ҳилолиддин Неъматов
80. Қодир Мирзоев
81. Адиба Азизова
82. Ҳумайро Бахтиёр
83. Беҳрӯзи Сайфуллоҳ
84. Парвиз Турсунзода
85. Қодир Мирзоев
86. Зулфиқор Фотеҳзода
87. Фаридулло Худойдодов
88. Маҳдӣ Собир
89. Муҳаммадюсуфи Шодӣ
90. Зоҳир Давлат
91. Муҳиддин Вашгирдӣ
92. Азиз Қадамов
93. Муҳаммад Абдурраҳмон
94. Муҳаммадҷон Раҷабов
95. Ҷамшед Давлатов
96. Шаҳноз Комилзода
97. Муъминхон Солиев
98. Синдбод Ҳакимов
99. Дилором Раҷабиён
100. Бек Раҳмонов
101. Паёми Ҳушманд
102. Сабзалӣ Иҷронов
103. Фатҳуддин Азизов
104. Хушнуд Холиқзод
105. Манучеҳри Камол
106. Ҷамшед Шеров
107. Бобоҷони Шафеъ
108. Муҳиддин Идизода
109. Сайҳуна Ҷабборова
110. Умар Ҳусейнов
111. Аҳмадҷон Ошӯрбек Кӯйбекзода
112. Ромини Ҳодизода
113. Мустафо Берҷандӣ
114. Исфандиёри Одина
115. Абдулло Ашӯров
116. Сироҷ Эшонов
117. Сипеҳр Кароматуллоҳ
118. Суҳроб Примкулов
119. Фаррухрӯз Раҳимов
120. Аслишоҳ Қурбонӣ
121. Субҳи Тоҷик
122. Аҳмадшоҳ Комилзода
123. Юсуф Сӯфиев
124. Нигора Шукурова
125. Сайф Сафар
126. Фирдавс Илбон
127. Амруллоҳи Низом
128. Муллораҷаб Юсуфзода
129. Суҳайлӣ Имматшоев
130. Ситора Қодирова
131. Равшани Темуриён
132. Искандар Абдуқуддусов
133. Фаррух Сафоев
134. Сайёра Ҳошимова
135. Омина Ҳасанова
136. Меҳмоншо Шарифзода
137. Абдуҳаким Мардонов
138. Муҳаммад Одинаев
139. Абдулҳақ Саидов
140. Кошиф Сулаймонӣ
141. Фурӯзон Аъзамов
142. Исфандиёр Халилов
143. Рустам Азизов
144. Абдуғанӣ Баротов
145. Зокирҷон Муродов
146. Исматуллоҳи Азиз
147. Муҳаммадрозиқ Неъматов
148. Носирҷон Маъмурзода
149. Дилшод Азимов
150. Субҳон Зайниддин Ашӯрзода
151. Умед Сиддиқшоҳзода
152. Абдулло Сайфуллоев
153. Муродулло Почоев
154. Фарҳод Шарифов
155. Асадулло Бобоев
156. Ҳаким Раббимпур Аҳмадиён
157. Насибулло Умаров
158. Салим Султонзода
159. Эраҷи Амон
160. Рустам Мирзоев
161. Фарзона Сайдарова
162. Баҳодур Ҷумъаев
163. Киром Маликов
164. Барот Қодиров
165. Масрур Почоев
166. Аъзамшоҳ Кӯканшоҳ
167. Дориюши Раҷабиён
168. Абдулфаттоҳ Шафиев
169. Фирдавсии Нуралиён
170. Хуршед Эҳсон
171. Мирхалил Мухторов
172. Парвиз Расулов
173. Мунира Спир
174. Қаюм Юсуфов
175. Мустафо Ормониён
176. Иброҳим Зоиров
177. Эҳё Аминов
178. Эраҷ Ғиёсов
179. Муҳаммадҷон Шоев
180. Тӯйчибой Одиназода
181. Абузар Ҷӯраев
182. Илҳом Нуруллоҳиён
183. Дилафрӯзи Қурбонӣ
184. Парвиз Давлатов
185. Ширин Амонова
186. Абдуваҳҳоб Сӯфиев
187. Даврон Сатторов
188. Сафарбек Кабиров
189. Ҷалолиддин Аҳмадов
190. Диловар Шариф
191. Зоҳири Тоҳир
192. Раҳимбек Муродбеков
193. Мадина Маликова
194. Азиз Маликов
195. Меҳрон Маликӣ
196. Суҳроби Зиё
197. Шаҳбоз Абдураззоқов
198. Парвиз Диноршоев
199. Дилбар Нуралиева
200. Мурод Иброҳим
201. Сироҷиддин Толибов
202. Наврӯзҷон Бахтиёр
203. Нилуфар Каримова
204. Алиакбар Сангинзода
205. Муҳаммадюсуф Иззатуллоевич Холов
206. Тайғуншо Тайғуншоев
207. Мирзораҳими Равшанзода
208. Ашрофиддин Ҷалилов
209. Эргаш Шамсиддинов
210. Абдулло Давлатов
211. Хилватшоҳ Маҳмуд
212. Нозир Камолов
213. Манзума Фирӯз
214. Рустам Абдукаримович Ҳамидов
215. Аюб Эгамов
216. Назруллоҳ Латифов
217. Алӣ Мастов
218. Шоира Исакова
219. Аҳмадҷон Бобоҷонов
220. Фарангис Шарипова
221. Пайрави Боймуҳаммад
222. Фарангис Назарова
223. Насибҷон Амонӣ
224. Салмон Мирзоев
225. Сурайё Қаландарова
226. Парвина Маҳмудова
227. Нақиб Камол
228. Рустам Тоҳирӣ
229. Мисралӣ Шарипов
230. Давлатшо Хушвахтов
231. Фаридуни Ислом
232. Ориф Каримов
233. Меҳрчон Кўканшоев
234. Бобои Сурй
235. Умаралй Сияров
236. Абдуҳалим Олимй
237. Диловар Гулов
238. Хусейн Иброҳимов
239. Салмон Саидов
240. Нилуфар Азизова
241. Муҳаммадиқболи Садриддин
242. Фарид Сайидмуҳиддинзода
243. Муҳибулло Музаффаров
244. Неъмат Амонбеков
245. Шамсуллоҳ Сафарзода
246. Мирзо Хочаев
247. Раҳматуллои Рачаб
248. Сурўш Солеҳ
249. Абдувалй Абдуалимов
250. Давлатмо Давронова
251. Алишер Файзуллоевич Афғонов
252. Матлуба Каримй
253. Абдуқаҳҳори Давлат
254. Абдурашид Сафаров
255. Билол Ворисов
256. Парвиз Чаббор
257. Муродчон Ҳамидов
258. Макнуна Мардонова
259. Салоҳиддин Ҳайдаров
260. Зилола Шарофиддинова
261. Зариф Шарофиддинов
262. Зоҳиршоҳ Мардонов
262. Бахтиёр Шокаримов
263. Иззатманд Саломов
264. Фахриддин Ахмедов
265. Маҳмадалй Рўзиев
266. Абдурраҳим Умариён
267. Муҳибуллоҳ Қурбон
268. Юсуф Бурҳонзода
269. Дўстмурод Саид
270. Фарҳончон Каримов
271. Салмончон Каримов
272. Фотима Каримова
273. Саодат Каримова
274. Исҳоқ Табаров
275. Ҳилола Ғуломова
276. Ниҳонй Қадамова
277. Рухшона Толибова
278. Сурайё Файзуллоева
279. Суҳайло Файзуллоева
280. Лутфия Файзуллоева
281. Манора Файзуллоева
282. Файзимо Давлатова
283. Ибодулло Файзуллоев
284. Манучеҳр Файзуллоев
285. Парвиз Файзуллоев
286. Беҳрўз Файзуллоев
287. Боғигул Қиёмиддинова
288. Гулпарй Қиёмиддинова
289. Ададулло Каримов
290. Тоҳирчон Каримов
291. Маҳрам Давлатова
292. Қумрй Давлатова
293. Бунафша Файзуллоева
294. Зебо Файзуллоева
295. Ҳусноро Қамарова
296. Фирўза Шокирова
297. Искандар Ҳайдаров
298. Шоира Раҳимчон
299. Манучеҳр Саид
300. Ҳайдар Рабизода
301. Муҳаммадиқболи Зайд
302. Эҳсон Турсунов
303. Шукрона Аҳмадова
304. Рауфчон Абдучалилов
305. Субҳон Маҳмадраҳимович Қурбонов
306. Муҳаммад Фармонзода
307. Баҳрин Одинамамадов
308. Парвиз Бобоев
309. Раҳматулло Аминзода
310. Камолиддин Пошоқулов
311. Илҳом Султонов
312. Хосият Мирзоева
313. Фотима Саидова
314. Хушруз Абдусамиев
315. Султони Назришо
316. Санҷари Ҳошим
317. Шерзод Акбаров
318. Ҳамид Асоев
319. Мирзошариф Толибов
320. Муҳаммад Кабирй
321. Ҳамза Шарипов
322. Бахтиёр Раҳмонов
323. Ҳафиз Қаландаров
324. Гурдофарид Сайидмуҳиддинова
325. Фаридун Сайидмуҳиддинов
326. Давлат Назиров
327. Хуршед Сайфиддинов
328. Чамшед Тўраев
329. Асрор Мирзоев
330. Нилуфар Собирова
331. Султони Ҳамад
332. Исматулло Бегов
333. Акбарчон Назаров
334. Заробуддин Қаландаров
335. Аҳмади Муҳаммад
336. Илҳомиддин Нуров
337. Искандар Ҳақназаров
338. Рустам Раҳимов
339. Муҳибуллоҳ Аминй
340. Файзинисо Воҳидова
341. Суҳроб Фозилов
342. Абдураҳмон Оқилов
343. Баҳриддин Муродов
344. Амирчон Аминчонов
345. Муҳаммадчон Амирчон
346. Мурод Назаров
347. Манижа Турсунова
348. Истам Раҳимзода
349. Сомалй Раҳматшо
350. Масрур Ҳасанов
351. Собирчон Сафаралиевич Муҳаммадиев
352. Муҳаммад Муродов
353. Муҳаммадлатиф Муҳаммадрачабович Файзов
354. Ризо Абдуллоев
355. Мирзои Ҳоҷимуҳаммад
356. Суҳроб Ҳоҷиматов
357. Фарҳод Ҳоҷиматов
358. Масрур Шонасурдинов
359. Сипеҳр Мирзомуродов
360. Осимчон Искаков
361. Ҳизбулло Маҳмадов
362. Алй Деҳотй
363. Нодири Иброҳимзода
364. Олим Сафолов
365. Насиба Исакова
366. Бунёдчон Бодуров
367. Умаралй Ёров
368. Бузургмеҳр Абдуллозода
369. Парвина Маҳмудова
370. Муҳаммадалй Сафаров
371. Ёқубчон Одинаев
372. Шоира Мамадчонова
373. Мирзобобур Мирзоев
374. Фирдавс Гулмуротов
375. Насиба Чалилова
376. Бахтиёр Азимй
377. Манзума Салихова
378. Қаноати Ёдгорй
379. Исуфчон Сатторов
380. Фарид Сафармамад
381. Азиз Комронй
382. Санавбар Тоҳирова
383. Мухаммад Сафаров
384. Зоҳир Ҳакимов
385. Гулсара Мирзоева
386. Абдуллоҳи Абдурраҳмон
387. Зебуннисо Имомёр
388. Исматуллоҳи Олимӣ
389. Саъдулло Халифаев
390. Неъматулло Акбаров
391. Қурбон Муъминов
392. Муҳаммадзойир Неъматов
393. Саъдӣ Назаров
394. Сироҷиддин Фозилов
395. Акрам Маҳмадалӣ
396. Усмон Воҳидов
397. Маҳмуд Маҳмудов
398. Ҳайдаралии Қудратзод
399. Нусратулло Қосимов
400. Фирӯза Юнусова
401. Сайфулло Сафаров
402. Шуҳрат Маликов
403. Аҳтам Рамазонӣ
404. Умарҷон Гиязов
405. Ҳарамгули Қодир
406. Абдуллоҳи Муҳаққиқи Ҳанафӣ
407. Муллоиди Мирзоолимзода
408. Ҳукмуддин Темиров
409. Аброр Сироҷиддинов
410. Ғолиб Умаров
411. Илҳомуддин Исоев
412. Нуриддин Ризоӣ
413. Кайковус Икромпур
414. Исматуллоҳ Олими Абуумар
415. Насим Абдураҳмонов
416. Лутфулло Бозиев
417. Абдулло Мирзоев
418. Далер Муродалиев
419. Далери Имомалӣ
420. Зафари Сӯфӣ
421. Бохтарӣ Сайёд
422. Раҳим Саъдуллоҳзоди Наимиён
423. Баҳром Юнусов
424. Абдусамад Аминов
425. Азизи Хошок
426. Саноати Шафеъ
427. Қурбоналӣ Шукуров
428. Лола Ҳоҷибоева
429. Парӣ Аҳророва
430. Ҳабиб Саидзода
431. Бежани Наврӯз
432. Аскар Неъматзода
433. Ширин Амонова
434. Сиддиқ Муборакиён
435. Абдусалом Одиназода
436. Шифо Амонова
437. Фарангис Раҳимова
438. Дилшод Саидов
439. Комрон Мадиев
440. Абдулҳафиз Ғолибов
441. Раҷабалӣ Қаландаров
442. Некрӯз Қудратов
443. Садриддин Бобоев
444. Шуҳрат Давлатшоев
445. Сиёвуш Наботов
446. Алишер Зарипов
447. Мухамед Раҳматов
448. Меҳринисо Солиева
449. Далер Қурбонов
450. Шуҳрат Давлатшоев
451. Шуҳрат Латифов
452. Муҳаммад Тилавзода
453. Муҳаммадамин Каримов
454. Рустами Фаррухзод
455. Абдубосит Нуралиев
456. Неъмат Амонбеков
457. Қурбоналӣ Хоҷаев
458. Умаралӣ Сафаралӣ
459. Ҳасан Рашидов
460. Абдукарим Шафиев
461. Маҳфузуллоҳ Нуров
462. Хайруллоҳ Чароилов
463. Нигина Ғазабова
464. Азизуллоҳ Шокиров
465. Эҳсони Муҳаммадюсуф
466. Акбаралӣ Бобохонов
467. Шаҳзода Суман
468. Суннатулло Мирзоев
469. Саодат Раҳимова
470. Раҷабалӣ Назаров
471. Мирзокарим Каримов
472. Муҳаммад Бобиев
473. Баҳодур Нарзуллоев
474. Табрез Ҳакимов
475. Хайрулло Файзуллоев
476. Муҳаммадӣ Ҷӯраев
477. Нозанин Амирҷон
478. Муҳсин Аминҷонов
479. Акобирхӯҷа Тошев
480. Ҷӯрабек Раҳимов
481. Наргис Умариён
482. Дилшод Рабизода
483. Аълохони Аъзамхонзода
484. Бобоҷон Мукумов
485. Нусратулло Одинаев
486. Сипеҳр Баҳриддинович Ниёзов
487. Замира Мирзораҷабзода
488. Мушаррафа Қосимова
489. Шаҳноза Файзова
490. Акмал Исаков
491. Асад Табаров
492. Ҷамолиддин Мамадҷонов
493. Диловар Фозилов
494. Абдумуъмин Шарифӣ
495. Бахтиёр Солиҳов
496. Абдуғаффор Раҳимов
497. Комил Раҳимов
498. Динмуҳаммади Мирзо
499. Замири Зокир
500. Суҳроби Илҳом
501. Асадулло Абдулкарим
502. Сочида Абдулкарим
503. Латофат Абдулкарим
504. Гулфароз Каримова
505. Гулноз Каримова
506. Шаҳодат Холова
507. Шаҳло Сўфиева
508. Ҳуснигул Исоева
509. Фарида Файзуллоева
510. Шабнам Ҳабибова
511. Фирўза Ҳабибова
512. Паймона Файзуллоева
513. Шукрона Файзуллоева
514. Саъдулло Файзуллоев
515. Зариф Файзуллоев
516. Бадахшон Сафарова
517. Зарафо Исоева
518. Зарина Исоева
519. Адолат Исоева
520. Бибигул Сангова
521. Хусрави Парвиз
522. Илҳом Аюбов
523. Шарофиддин Солиев
524. Карими Каримй
525. Файзалй Давлатов
526. Султон Сафаров
527. Шокир Бекмуратов
528. Собир Вазиров
529. Раҳмоналй Салим
530. Бахтиёр Сафаров
531. Искандар Нарзиев
532. Қутбӣ Фатҳуллоева
533. Давлаталӣ Розиқов
534. Ҷомӣ Азалшо Хилватзода
535. Носир Муҳиддинов
536. Алиакбар Аҳроров
537. Амиршо Аҳроров
538. Эҳсон Наҷмиддинов
539. Саидалӣ Ҳасанов
540. Умаралӣ Раҷабов
541. Кароматуллои Искандар
542. Ҷаҳонгир Баҳромов
543. Сино Акмалов
544. Фарҳод Ҳоҷиев
545. Суҳроби Рустам
546. Баҳодур Аҳрорӣ
547. Парвиз Парвонаев
548. Зулфиқори Абдулҳамид
549. Ҳакими Ҳасанзод
550. Сафар Саидов
551. Анӯшервони Собириён
552. Зокир Аҳтамов
553. Ҷамшед Сарваров
554. Асадулло Абдуҷабборов
555. Муҳаммад Раҳимов
556. Адолат Бобобекова
557. Гулнора Наимова
558. Ҷамшед Давлатов
559. Масъуда Оқилова
560. Гулноз Шарипова
561. Абдухалил Холиқов
562. Абдусалим Маҷидов
563. Зурахши Абдулло
564. Куруши Меҳр
565. Фаридун Қасимӣ
566. Фурӯғ Қасимӣ
567. Қасим Қасимӣ
568. Шафоат Қасимӣ
569. Абдуманнон Усмонович Мирзошарипов
570. Ҳикматулло Орипов
571. Ҷӯрабой Исаков
572. Виркан Музаффарпур
573. Чўрабой Чўраев
574. Бахтчамол Чўраев
575. Саидмуҳаммади Муҳаммадй
576. Меҳриддин Набиев
577. Фирўз Раҳимов
578. Чаҳонгул Раҳимова
579. Меҳрафрўз Раҳимова
580. Парвез Маҳмудиён
581. Табрез Маҳмудиён
582. Мисбоҳиддини Чўра
583. Акрами Ҳомид
584. Ғолиб Раҳимй
585. Ҳасани Халилзода
586. Толиб Раҳимзода
587. Олими Бобо
588. Аллоҳёри Саъдулло
589. Чўрабек Раҳимзода
590. Сано Бобозода
591. Муҳаммадии Худойдод
592. Ниёзи Замон
593. Зафар Каримй
594. Камардин Саидбеков
595. Далер Машрабов
596. Салимчон Насриддинов
597. Мирзоолим Ҳамдамов
598. Назира Файзиева
599. Абдулмачид Маҳмудзода
600. Беҳрўз Хокироев
601. Қадриддин Чалолзода
602. Бахтиёр Раҳмонов
604. Шавкат Худойдодзода
605. Зиёратшоҳи Яздон
606. Бежани Наврўз
607. Комрон Комилзода
608. Азизи Сангин
609. Суҳроби Рустам
610. Марчона Шодиева
Пайнавишт: Имзохо тайи муддати кутох дар шабакаи ичтимоъии Фейсбук чамъоварй шудаанд ва мусалламан, шумори бисёр бештари мардуми кишвар ба ихонати гушношуниди намояндаи Мачлиси вакилони халки Душанбе эътироз доранд.
Бифирист