Ализода, мактаб ва матбӯъоти форсизабон дар Варорӯд

Таҷаддудхоҳиву равшангароии Осиёи Миёна марбут аст ба кору пайкори Аҳмади Дониш, ки тавонист дар давраи тору зулмот ва қафомонии кишвараш аз пешравию дигаргунӣ, раҳоиву озодӣ, илму маъориф сухан ба миён оварад.

Бо ҷуръату ҷасорати беҳамтояш номаш вирди забонҳо шуд. Гурӯҳе, ки дар сари қудрат ва ҷонибдорони онҳо буданд, бо нафрату ғазаб аз ӯ ном мебурданд, гурӯҳи дигар, ки роҳи ислоҳи ҷомеъаву пешравии миллату меҳанро мехостанд, бо ифтихору самимият.

Аҳмади Дониш ва пайравонаш дар охири садаи 19 ба назарияи маъорифпарварӣ бо нигоштаҳояшон пояи қавие гузоштанд ва маъорифпарварону таҷаддудхоҳони оғози садаи 20, ки дар таърих бо номи ҷадидон шинохта шудаанд, ба фаъъолияти амалӣ пардохтанд.

Бо таъсиси аввалин мактабҳои усули нави форсии тоҷикӣ дар оғози садаи 20 дар Самарқанду Бухоро Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Абдулқодири Шакурӣ, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Садриддини Айнӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ толибъилмонро аз торикӣ ба равшанӣ ҳидоят карданд.

Китобҳои дарсии Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Ҳоҷӣ Муъин, Исматулло Раҳматуллозода, “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт”-и Абдулқодири Шакурӣ, “Раҳбари хат”-и Мунзим, “Таҳзиб-ус-сибён”, “Тартил-ул-Қуръон”, “Заруриёти диния”-и Садриддин Айнӣ, “Роҳбари форсӣ”-и Муҳаммадрасул Расулӣ, “Мухтасари таърихи ислом”-и Фитрат ва бисёр дигар китобу васоити таълимӣ барои толибъилмони ин мактабҳо на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дигар кишварҳои форсизабони дигар низ маъруфу машҳур гардиданд.

Сайидризо Ализода яке аз он равшанфикрону таҷаддудхоҳон ва бунёдгузорони матбуъоти тоҷик дар оғози садаи 20 мебошад. Ӯ дар соли 1887 дар ноҳияи Боғишамоли Самарқанд дар хонаводаи ҳунарманди шоҳибоф, марди босавод ва илмдӯст Мирмӯҳсин ба дунё омадааст.

Мактаби исломия, ки ба тариқи усули ҷадид дар Боғишамол аз муддати панҷ сол то кунун кушода ва дар он аз 60 то 80 нафар шогирд ба луғати туркиву форсӣ ва русӣ ба хондан машғул буданд, баназдикӣ бинобар бепулӣ ва қадри мактаб надонистан баста шуда, шогирдонаш боз ба бекорӣ ва говчаронӣ рӯ ниҳоданд. Қариб ба 10 ҳазор эрониёни Боғишамол як мактабро зинда нигаҳ надоштанд, ки хеле ҷойи таассуф аст. Аз ин зиёдии нуфуси боло чӣ фойида?

Бино ба таъкиди худи Ализода, мардуми Боғишамоли Самарқанд “ҳама эрониёнанд, ки дар соли 1200-и ҳиҷрӣ (1786-и мелодӣ) дар ҷанги амири Бухоро Мирмаъсум ва хони Марв Байрамъалихон, ки ба воситаи хиёнати ваҳшиёнаи амири Бухоро Марв суқут кард ва Байрамъалихон мақтул гардид, ба унвони асирон аз Марв ба Бухоро омадаанд ва қисме дар Бухоро монда, боқӣ ҳамагӣ бa шаҳрҳои гуногуни Туркистон пароканда шудаанд. Аз ҷумла, як қисми онҳо дар Самар­қанд ҳастанд, ғолиби онҳо дар маҳалли Боғишамол сукунат доранд.”

Сайидризо Ализода аз анъанаҳои беҳтарини илму фарҳанги ин маркази форсизабонон, Самарқанди бостонӣ, баҳраманд гардида, дар ҳамин ҷо касби илм кард ва забонҳои гуногунро омӯхт.

Аз рӯйи мушоҳидаи яке аз олимони маъруфу тарҷумонҳои машҳури тоҷик Раҳим Ҳошим, вай “ба хондани газета (нашрия) ва китобҳое, ки дар Озарбойҷон, Эрон ва Ҳиндустон чоп шуда, дар даҳаи аввали асри мо (садаи 20) дар Самарқанд низ дастраси талабон мегардиданд, майлу рағбат пайдо кард ва ин яке аз воситаҳои муҳимми ҷустуҷӯҳои илмӣ ва адабии ояндаи вай гардид.”

“Шиносоии ӯ бо Шайх Абулқосим ном марди олим ва рӯҳонии тараққипарвари озарбойҷонӣ, ки дар он солҳо дар Самарқанд дар бадарға ҳаёт ба cap мебурд, дар муъайян намудани роҳи ҳаётии ояндаи ӯ нақши муҳимме доштааст. Ализода дар мактаби усули наве, ки Шайх Абулқосим дар райони (ноҳияти) Боғишамол таъсис карда буд, ба муъаллимӣ cap карда ва солҳои зиёд тавъам бо фаъъолият дар соҳаи матбуъот ба кори муъаллимӣ низ иштиғол дошт.”

Ализода ва рӯзномаҳои маҳаллӣ

Сайидризо Ализода бо матбуъоти маҳаллӣ, ки бо забонҳои русиву туркӣ чоп мешуданд, ҳамкорӣ дошт ва муддате дар матбаъаи Демурови шаҳри Самарқанд чун ҳуруфчин ва баъдтар дар рӯзномаи русии “Самарқанд” ба ҳайси мусаҳҳеҳ фаъъолият кардааст.

alizadeh1
Сайидризо Ализода дар дарси забони арабии Дорулфунуни Самарқанд дар соли 1935

Ифои вазифа дар нашрияи сусиёл-демукротҳои Осиёи Миёна, “Самарқанд”, ки бунёдгузораш роҳбари сусиёл-демукротҳои Туркистон Морозов буд ва дар мақолаҳояш сиёсати ғосибонаи ҳукумати подшоҳии русро нисбат ба мардумони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикони кӯҳистони Зарафшон, мавриди интиқоди шадид қарор медод, дар бедорӣ ва худшиносии ӯ нақши муҳимме бозид.

Бад-ин васила, ба кори матбаъаву матбуъот ошноӣ пайдо кард. Забони русиро хуб омӯхта, бо адабиёти рус ошно гардид, ки дар фаъъолияти минбаъдаи ӯ – омӯзгорӣ, таълифи китобҳои дарсиву луғат, матбуъот ва тарҷумонӣ нақши муҳимме бозид.

Ӯ аз рӯзҳои нахусти таъсиси нашрияҳои маъорифпарвари машҳури тоҷик, яке аз шахсиятҳои маъруфи сиёсии Осиёи Миёна Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, рӯзномаи сезабонаи тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русии “Самарқанд” ва маҷаллаи дузабонаи тоҷикӣ ва ӯзбекии “Ойина” ҳамчун масъули бахши тоҷикӣ дарду алами форсизабонони Осиёи Миёнаро ба рӯйи сафҳа меовард.

Таваҷҷуҳи маъорифпарвар ва адиби оташинсуханро бештар масоили мактаби мардуми форсизабони шаҳри Самарқанд ба худ кашида буд, ки тарзи таълим дар мактабу мадрасаҳои кӯҳна равшанфикрону мунавварфикронро қонеъ намесохт ва онҳо бо ҳар роҳу васила аз пайи ислоҳи мактабу маъориф буданд. Дар силсиламақолаҳояш дар рӯзномаи “Самарқанд” ва маҷаллаи “Ойина” муъаммову мушкилоти ин мактабҳоро мавриди баррасӣ қарор медод.

Дар хабари “Мактаби мардуми Боғишамол” дар шумораи ҳафтуми рӯзномаи “Самарқанд” ӯ навишта буд, ки “мактаби исломия, ки ба тариқи усули ҷадид дар Боғишамол аз муддати панҷ сол то кунун кушода ва дар он аз 60 то 80 нафар шогирд ба луғати туркиву форсӣ ва русӣ ба хондан машғул буданд, баназдикӣ бинобар бепулӣ ва қадри мактаб надонистан баста шуда, шогирдонаш боз ба бекорӣ ва говчаронӣ рӯ ниҳоданд. Қариб ба 10 ҳазор эрониёни Боғишамол як мактабро зинда нигаҳ надоштанд, ки хеле ҷойи таассуф аст. Аз ин зиёдии нуфуси боло чӣ фойида?”

Чи гуна давлатмандони моро беҳиммат гуфта, ки дар тӯйи хатна ва арӯсӣ ақаллан 10 ҳазор, дар азо ва мурда бештар аз 5 ҳазор ва дар зиёфат ва меҳмонӣ… ҳазор танга харҷ мекунанд, аммо дар роҳи мадорис ва макотиб, ки тарвиҷи дин ва тараққии миллати ислом ба воситаи онҳост, ду пули сурх ҳам сарф намекунанд?!!!

Дар шумораи 11-и рӯзнома дар “Мактуб ба идора” дар ҷавоб ба хабари боло кинояомез навишта: “Чи гуна давлатмандони моро беҳиммат гуфта, ки дар тӯйи хатна ва арӯсӣ ақаллан 10 ҳазор, дар азо ва мурда бештар аз 5 ҳазор ва дар зиёфат ва меҳмонӣ… ҳазор танга харҷ мекунанд, аммо дар роҳи мадорис ва макотиб, ки тарвиҷи дин ва тараққии миллати ислом ба воситаи онҳост, ду пули сурх ҳам сарф намекунанд?!!!”

Дар рӯзномаи “Самарқанд” ва маҷаллаи “Ойина” аз рӯзномаи “Сироҷ-ул-ахбори афғония”-и Маҳмуди Тарзӣ мақолаҳо ойид ба мушкилиҳои макотиби нав дар Афғонистон нашр мешуд ва таъкид мегардид, ки чунин камбуду норасоиҳо дар мактабҳои Самарқанд низ ба назар мерасанд.

Аз тарафи дигар, “Сироҷ-ул-ахбор”-и Маҳмуди Тарзӣ низ матолиби нашрияҳои Маҳмудхоҷаи Беҳбудиро ба табъ мерасонд, ки аз ҳамкории хуби тарафайн шаҳодат медиҳад.

Маҷаллаи “Ойина” хабар дода буд, ки “мақолаҳои ба форсӣ таълифкардаи муҳассили бухороӣ аз Истонбул Абдуррауфи Фитрат-афандиро бо номи “Тараққӣ ва тамаддун”, ки дар шумораи 44-и собиқ ҷаридаи “Самарқанд” табъ шуда буд, маҷаллаи мӯътабари “Сироҷ-ул-ахбор” барои худ тамоман рӯйнавис кардааст.”

Ализода ва ҳафтаномаи “Шуълаи инқилоб”

Масъалаи мактабу маъориф, матбаъаву матбуъот дар солҳои аввали таъсиси давлати Шӯроӣ, ки дар қаламраваш баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳову халқиятҳоро эълом дошт, таваҷҷуҳи Сайидризо Ализодаро бештар ба худ кашид. Ӯ бо азму талоши беандоза 10 апрели соли 1919 дар шаҳри Самарқанд ба нашри нахустин ҳафтаномаи тоҷикии “Шуълаи инқилоб” муваффақ шуд.

alizadeh6
Охирин акси Сайидризо Ализода ёздаҳ рӯз пеш аз маргаш дар зиндони Владимири Русия (таърихи вафоташ: 24 декабри 1945)

Ӯ ҳамзабонони худро бо ҳадафу мақсади ҳукумат ошно карда, вобаста ба талаботи замони нав мардумро ба истифодаи мукаммал аз шароити мувофиқ ва имконоти мавҷуда даъват менамуд. Чун маъорифпарвар ба анъанаҳои он ҷараён содиқ монда, мардумро ба илмомӯзӣ ва ширкати фаъъолона дар ислоҳу ба низом овардани идораи давлат тарғибу ташвиқ мекард, ки дар он айём аз ҳар намояндаи бедордили ин қавму миллат ҳушёриву ҷонбозиро талаб дошт.

Вале мутаассифона, чун солҳои пеш миллати дар хоби ғафлату ҳоли парешон вақти муносибро аз даст дода, аз имкони мавҷуда ба таври зарурӣ истифода намекард ва ба таъкиди паёпайи фарзанди ҷонсӯзу дилбандаш таваҷҷуҳ намедод. Зиёда аз ин, ба нашрияи ягонаи хеш дар ҳудуди Осиёи Миёна бепарвоӣ зоҳир намуда, на ёрии моддӣ медод, на аз нигоҳи маънавӣ дастгирӣ мекард.

Аз сӯйи дигар, душманону мухолифини форсизабонон бо ҳар роҳ мехостанд нашри ҳафтаномаро боздоранд, ки Сайидризо Ализода чун шахси сиёсатмадор ба ҳар рафтору кирдори онҳо ҷавоби мувофиқ медод ва намегузошт, ки шуълаи умеди ҳамзабононаш хомӯш гардад.

Дар шумораи дуюми ҳафтанома мақолаи “Як сӯиқасди ғаразкорона ба маҷаллаи мо”-ро ба табъ расонда, аз кӯшиши нахустини ин гурӯҳ хонандагонро огоҳ карда буд: “Ҳанӯз шумораи аввали маҷаллаи мо қадам ба майдони матбуъот нагузошта, ҳанӯз “Шуълаи инқилоб” шуълаи дурахшони худро ба ҷое наафшонда буд, ки дастаи шабпаракон аз тарси ин ки чашмони ғаразбинашонро хираву торик кунад, ба даври ҳам гирд омада, аз пайи хомӯш кардани ин шӯъла камар бастанд ва барои қатли ин бачаи зоиданашуда омода гардиданд. Инҳо барои буридани забони як ҷамоъаи Туркистон, ки тақрибан ду милюн нуфус дорад, шамшерҳои худро тез карданд.”

Ин ҷанобон ба баҳонаи ин ки забони расмии Туркистон туркист, розӣ нашуданд, ки дар ҳамаи Туркистон ақаллан як ҷаридаи форсӣ вуҷуд дошта бошад. Дар сурате ки дар ин мамлакат як ҷамоъаи форсизабоне ҳам ҳаст, ки ҳама ба матбуъоти форсӣ ташна мебошанд ва аз матбуъоти туркӣ истифода кардан наметавонанд

“Ин ҷанобон ба баҳонаи ин ки забони расмии Туркистон туркист, розӣ нашуданд, ки дар ҳамаи Туркистон ақаллан як ҷаридаи форсӣ вуҷуд дошта бошад. Дар сурате ки дар ин мамлакат як ҷамоъаи форсизабоне ҳам ҳаст, ки ҳама ба матбуъоти форсӣ ташна мебошанд ва аз матбуъоти туркӣ истифода кардан наметавонанд. Дар сурате ки ба ҷуз матбуъоти мутаъаддидаи туркӣ ва русӣ барои як мушт австриёгиҳо (утришиҳо), маҷорҳо, полякҳо (лаҳистониҳо) ва укройнҳо ба забони миллии худашон рӯзномаҳои ҷудогона интишор меёбад ва ба яҳуду арманиҳо ихтиёри нашри ҷаридаи миллӣ дода шуда.”

Ҳарчанд ғарази аслии онҳо, яъне боздоштани нашри ягона нашрияи форсизабононро хуб медонист, вай ба ин кирдори онҳо аз нигоҳи сиёсӣ баҳо додааст, ки дигар аз нашри ҳафтанома монеъ нашаванд:

“Шумо душмани забони форсӣ нестед, шумо хуб медонед, ки аз ин забон шуморо зараре намерасад. Матлаби шумо ҷойи дигар аст: чун маҷалла нашри афкори фирқаи иштирокиюн аст ва маслаки ин фирқаро тарвиҷ мекунад, лиҳозо шумо ба ин гуна баҳонаҳо мехоҳед ин маҷалларо нобуд кунед. Пас, шумо дар ҳақиқат, дар зидди (мухолифи) фирқаи иштирокиюн (кумунистӣ) ҳастед.”

Бесаъйиву беэътиноии форсизабонони Туркистони шуравӣ Ализодаро ба риққат оварда буд, ки гилаомез навиштааст: “Ҳарчанд зулму ситами дигаронро кашидем ва ҳар қадар ки ҷабру озори бегонагонро дидем, лекин дареғо, ки ҳеч бедору ҳушёр нашудем. Афсӯс, ки ҳеч дарси ибрат нагирифтем. Мо гӯё ки ба зулму ситам кашидан хӯ гирифтаем, дар бандагию асорат зистан оддӣ шудаем. Мо гӯё ки фақат барои кашидани бори дигарон офарида шудаем. Мо бояд ки аз ин зиндагонии хорию расвоӣ ҷудо нашавем!..”

“Мо аз ҳодисаҳои даҳшатангези даҳр, аз воқеъаҳои ибратомези замон панд намегирем, панд гирифта, айбҳои худро ислоҳ намекунем, хатоҳои хешро дуруст наменамоем. Гӯё ки ба маданияти пешинаамон, бо шарафу номуси собиқамон қобилият ва истеъдоди мо низ як ҷо рафтааст ва маҳв шудааст. Ҳар гоҳ ин аҳволоти худро ба назари диққат гирифта, фикри гавде (амиқ) намоем, яқин хоҳем кард, ки аз рӯзи сиёҳи оянда, аз яъсу навмедиҳои рӯоваранда ба ҳеч ваҷҳ халосӣ ёфтан барои мо мумкин нест.”

Ализода ва масъалаи забон

Дар як силсила нигоштаҳояш Сайидризо Ализода масъалаи забонро ба миён гузошта, аз таваҷҷуҳи ҳукумати нав ба забонҳои миллӣ ва вазифаҳои оянда хонандагони ҳафтаномаро огоҳ кардааст. Ӯ аз як тараф, чун маъорифпарвар ва равшанфикри миллат ба ин масъала мутаваҷҷеҳ гардад, аз тарафи дигар дар замони муборизаи шадиди понтуркистҳо ва маҳдудияти ҳаққу ҳуқуқи форсизабонҳо ба ҳар васила, мамонеъат аз нашри ягона нашрияи форсизабонон ва таъсиси макотиби нав ба забони модариашон, наметавонист ба ин масъала таваҷҷуҳ накунад.

alizadeh2
Намунаҳое аз осори Ализода, нависандаи кутуби дарсӣ, мутарҷим ва муҳаррир

Дар мухбирномаи “Шуъбаи форс дар ҳузури идораи корҳои миллӣ” ойид ба вазифаи ин шуъба иттилоъ ва дар айни замон ба хонандагон ҳушдор медиҳад: “Забон рукни азими миллат аст, ки ба маҳзи гум шудани забон ҳамон миллат, ки мутакаллим ба он забон аст, гум ва нопадид хоҳад шуд. Ҳеч миллате дар дунё наметавонад ҳастӣ ва мавҷудияти худро таъмин кунад, магар бо нигаҳдорӣ ва муҳофизати забони модарии худ. Аз ин рӯ, ҳар миллат ҳақ дорад забони модарии худро гиромӣ дорад, азиз шуморад, муҳофизат кунад, то ки аз вартаи инқироз ва нобудӣ худро халос намояд…”

Бо азму талоши Ализода ва ҳиммати ҳаммаслаконаш ҳафтанома то 8 декабри соли 1921 91 шумора нашр гардида, хонандагонашро бо воқеъаву рӯйдодҳо, таҳаввулоту тағйироти олам, дигаргуниҳои шаҳру вилояти Самарқанд, кишвари Туркистон, аморати Бухоро, суқути аморат ва таъсиси Ҷумҳурии халқии Бухоро ошно карда, дарду алами тоҷикону форсизабонони Варорудро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Ализода ва “Овози тоҷик”

Баъди анқариб се соли хомӯшӣ дар остонаи тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна, 25 августи соли 1924, дар Самарқанд рӯзномаи нахусти даврони нав, “Овози тоҷик”-ро ба нашр расонданд, ки дар сармақолаи Ализода “Дебоча ва маром” ва мақолаҳои устод Садриддин Айнӣ “Қавми тоҷик ва рӯзнома”, Муҳаммадҷон Раҳимӣ “Ҷарида чист?”, А. Қурбӣ “Аҳолии кӯҳистон ва маъориф” дар шумораи аввалин, ҳадаф, мақсаду маром ва самти минбаъдаи фаъъолияти рӯзнома хеле хуб ифода ёфта буд.

Аз нигоҳи Сайидризо Ализода, котиби масъули рӯзномаи “Овози тоҷик”, “рӯзнома тоҷиконро бо вазифаҳои давлатӣ шинос мекард, давлат дар навбати худ бо ёрии рӯзнома ниёзҳои халқро” бояд мефаҳмид.

Дарвоқеъ, рӯзномаи “Овози тоҷик” доир ба масоили муҳимми давру замон, монанди тақсимоти марзии Осиёи Миёна, манфиъатҳои тоҷикон, мактабу маъориф, таърих, забону адабиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик мақолаҳои зиёде ба табъ расонда, ниёзҳои мардуми тоҷикро ба ҳукумати вақти шӯравӣ расонд. Вале, мутаассифона, на ҳамеша ҳукумат ба дарди дили мардуми тоҷик гӯш андохт.

Ализода: муаллифи кутуби дарсӣ

Қисмати дигари фаъъолияти Сайидризо Ализода марбут ба таълифи китобҳои дарсист, ки “Дабистони тоҷик”, “Соли нахустин” (1920) ва “Сарфу наҳви тоҷикӣ” (1926)-ро дар солҳои аввали даврони шӯравӣ пешкаши хонандагони тоҷик гардондааст.

alizadeh3
Оромгоҳи нави Сайидризо Ализода дар қабристони Панҷоби Самарқанд, 14 октябри 1987

Ба иборати пруфессур Д. Хоҷаев дар давраи тақдирсоз интишори “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926)-и устод Айнӣ муждаи фараҳбахше аз адабиёти қадиму оламшумули тоҷик ва “Сарфу наҳви тоҷикӣ”-и Сайидризо Ализода (чопи дувумаш соли 1927) аз таърихи афкори забоншиносии мардуми тоҷик буд.

Аз асрҳои миёна то Инқилоби Октябр дар мадрасаҳои тоҷикии Осиёи Миёна дар шарҳу тавзеҳи кулли қоъидаҳои сарфу наҳв ва луғат забони арабӣ ва громери он нақши муҳим дошта, аз забони форсии тоҷикӣ чун воситаи шарҳу эзоҳи он қавоъид истифода мекарданд.

Сайидризо Ализода бо таълифи “Сарфу наҳви тоҷикӣ” чун забоншиноси беҳамто бори аввал бунёди грамматикаи нормативии (громери меъёрии) тоҷикиро барои мактабҳои таҳсилоти ибтидоию миёна гузошт.

Ӯ дар Анҷумани якуми забоншиносони тоҷик дар соли 1930 дар Сталинобод (Душанбеи кунунӣ), ки яке аз чорабиниҳои (тадобири) муҳимми ҷумҳурии худмухтори тоҷикон ва дорои аҳаммияти бузурги таърихӣ маҳсуб меёфт, ширкат варзидааст.

Ализодаи мутарҷим

Шохаи дигари фаъъолияти пурсамари эҷодии Сайидризо Ализодаро тарҷумаи осори адибони машҳури халқҳои дигар ташкил медиҳад, ки бино ба таъкиди Раҳим Ҳошим “яке аз устодон ва ҳаққан аз асосгузорони тарҷумаи бадеъӣ аз русӣ ба тоҷикӣ (форсӣ) мебошад ва дар соли 1912, ҳангоми муҳарририаш дар журнали (маҷаллаи) “Ойина” ба тарҷумаи бадеъӣ шурӯъ кардааст.”

alizadeh4
Ширкаткунандагони ҳамоише ба муносибати 105-солгаии Ализода дар Самарқанд, 6 июли соли 1992

Тарҷумаи асарҳои “Сад фоиз”-и адиби омрикоӣ Синклер Эптун (1938), “Дубровский” (1935), “Духтари капитан” (1936), “Моткаи қарамашшоқ” (1937), “Ҳикояҳои Белкин” (1938)-и асосгузори адабиёти рус Александр Пушкин, “Семент” (1936)-и адиби рус Фёдор Гладков, “Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфтааст” (1938)-и нависандаи рус Николай Островский, “Каждум аз меҳроб” (1938)-и адиби ӯзбек Абдулло Қодирӣ ба забони форсии тоҷикӣ мутаъаллиқ ба қалами ӯст.

Дар нашрҳои минбаъдаи баъзе аз ин осор ба забони тоҷикӣ (форсӣ) бо таваҷҷуҳ ба сиёсати давр ва бинобар эълони “хоиниву ҷосусӣ ба давлат” номи мутарҷим Сайидризо Ализодар зикр нашудааст.

Ӯ инчунин намунае аз осори Фирдавсӣ, Навоӣ, Низомиро низ ба забони русӣ тарҷума карда, дар тарғибу ташвиқи мероси ғании мутафаккирони бузурги Шарқ барои оламиён ҳиссаи арзандае гузоштааст. Китобҳои маъруфи “Таърихи давлатдории Русия”-и Карамзин, “Туркистон”-и Бартолд, “Таърихи умумии Аврупо”, “Таърихи Жопун”-ро ба тоҷикӣ баргардондааст.

Бино ба маълумоти набераи Сайидризо Ализода – Фарҳод Ализода, бо супориши шоҳи Афғонистон Амонуллохон оид ба таърих ва маърифати ислом китобҳои зиёдеро, ба мисли “Асри саъодат”, “Муросилот-мактубот”, “Одоби икром”, “Таърихи ислом”, “Таърихи Туркистон”, “Қонуниятҳои динӣ”, “Маданияти ислом”, “Зарурати ислом”, “Фан дар бораи коинот”-ро ба забони форсӣ навишта, ки дар матбаъаи шаҳри Лоҳури Покистон чоп шудааст.

Ба ин луғат аввалин бор бисёр истилоҳҳои косибӣ ва ҳунармандӣ, номи асбобу анҷомҳои корӣ, истилоҳҳои гуногуни илмӣ ва адабӣ дароварда шуда буд, ки то он рӯз дар ҳеҷ куҷо қайд ва нашр нашуда буданд ва барои ёфтан ва муъайян кардани онҳо устод Айнӣ ва хусусан Сайидризо Ализода шахсан, баъд аз кор ба пеши косибу ҳунармандҳо рафта, бо онҳо сӯҳбат карда, пас аз таҳқиқ он калимаҳоро ба луғат дароварда буданд. (Раҳим Ҳошим)

Дар ин шаҳр дар давоми солҳои 1923-1934 даҳ асари Сайидризо Ализода нашр гардидааст. Вай мураттиби нахустин “Луғати русӣ-тоҷикӣ” (дар ду ҷилд, 1933-34) иборат аз 61 ҳазор калима буд, ки Раҳим Ҳошим аҳаммият ва хусусияти ин луғатро чунин ба қалам додааст:

“Ба ин луғат аввалин бор бисёр истилоҳҳои косибӣ ва ҳунармандӣ, номи асбобу анҷомҳои корӣ, истилоҳҳои гуногуни илмӣ ва адабӣ дароварда шуда буд, ки то он рӯз дар ҳеҷ куҷо қайд ва нашр нашуда буданд ва барои ёфтан ва муъайян кардани онҳо устод Айнӣ ва хусусан Сайидризо Ализода шахсан, баъд аз кор ба пеши косибу ҳунармандҳо рафта, бо онҳо сӯҳбат карда, пас аз таҳқиқ он калимаҳоро ба луғат дароварда буданд.”

Рӯзноманигор, адиб ва мутарҷими маъруфи тоҷик Сайидризо Ализода бо адибони кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрону Афғонистон равобити хубу ҳамкориҳои самарбахш дошт. Аз ҷумла, вай бо шоъир ва мунавварфикри маъруфи Эрон Маликушуъаро Баҳор мукотибаи дӯстона доштааст.

Дар бархе аз рӯзномаҳои форсии оғози садаи 20 нигоштаҳояш ба табъ расида, бино ба иттилоъи пруфессур Худойназар Асозода, ҳамроҳи яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва адиби машҳури равшангарои Афғонистон Маҳмуди Тарзӣ, асари адиби шинохтаи фаронсавӣ Жулн Верн “Саёҳат дар давродаври замин дар 80 рӯз”-ро ба форсӣ баргардон кардааст.

Ализода – қурбонии терури истолинӣ

Ӯ низ чун садҳову ҳазорҳо нафар бегуноҳон тӯъмаи терури даврони шахспарастии истолинӣ гардид. Маъмурони режими Шӯравӣ ӯро соли 1938 ҳангоми дарс дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба ҳабс гирифта, тибқи одати сиёсии он солҳо, ба ҷосусӣ муттаҳам карданд.

alizadeh5
Алӣ Акбари Вилоятӣ, вазири хориҷаи собиқи Эрон, дар оромгоҳи Сайидризо Ализода дар қабристони Панҷоби Самарқанд, ноябри соли 1992

Вай аввал дар ҳабсхонаи Тоболск, баъдан дар ҳабсхонаи Владимир, дар камераи яккаса (селули инфиродӣ) азобу шиканҷа кашида, мувофиқи асноди расмӣ, соли 1945 дар ҳабсхонаи Владимир аз бемории сил ҷон ба ҷонофарин супурд.

Дар соли 1987 бо саъйу кӯшиши наберааш Фарҳод Ализода хоки Сайидризо Ализодаро аз шаҳри Владимир ба зодгоҳаш оварда, дар қабристони “Панҷоб”-и Самарқанд дафн карданд.

Дар Самарқанд мактаб ва кӯчае ба номи Ализода номгузорӣ шуда, ҳайкали биринҷии вай бунёд гардидааст. Хонааш ба осорхона табдил ёфтааст, ки муҳаққиқону пажӯхишгарон аз Эрону Олмон, Русияву Фаронса, Жопун, Инглистону Омрико ва кишварҳои дигари дунё барои касби иттилоъи бештар дар бораи рӯзгору осори ин донишманди фарзона ва фидоии миллат зиёрат мекунанд.

Месазад, ки дар Душанбе, пойтахти давлати мустақилли тоҷикон ба хотири азму талош, ҷонбозиву ҳаққталошӣ ва кору пайкораш дар ҳимоят аз манфиъатҳои тоҷикон дар 125-умин солгарди зодрӯзаш ва 100-умин соли таъсиси матбуъоти форсӣ дар варорӯд кӯчае ба номи ӯ гузошта шавад, то мардуми Тоҷикистон бештару беҳтар фарзандони фарзонаи хешро бишносанд.

Ин матлаб бори аввал 6 марти 2012 дар сойти Би-би-сии Форсӣ мунташир шудааст.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*