Ядуллоҳи Мансурӣ: Куҳантарин фарҳангҳои барҷоймондаи забони паҳлавӣ ба номҳои “Уим Эвак” ва “Фарҳанги Паҳлавиг” ба даврони Сосониён мерасад. Аммо торихи нигориши онҳоро метавон дар бозаи поёнии он даврон то садаи севуми ҳиҷрӣ ҷой дод. Ваҷҳи тасмияи фарҳанги “Уим Эваг” ин аст, ки нахустин сарвожа (мадхал)-и он уим вожае авестоӣ ба маънии “як” аст ва дар муқобили он эваг вожае паҳлавӣ боз ба маънии “як” омадааст. Ҳамчунон ки аз ин номгузорӣ бармеояд, ин асар як фарҳанги авестоӣ ба паҳлавӣ аст. Дар ин фарҳанг 1000 вожаи авестоӣ ба 2250 вожаи паҳлавӣ баргардонда шудааст. Дар оғози он омада, ки “ин рисола барои шинохтани суханон ва вожагони авестоӣ аст ва ин ки занди (=тарҷумаи паҳлавӣ) онҳо чи ва чигуна аст.” Ин фарҳанг дорои 27 дар (=боб) аст ва бар пояи мавзӯъ – шумор ва аъдод ва бархе қайдҳо (дари 1), замоир (дари 2), андоми тан ва вижагии онҳо (дари 3), вожаҳои авестоӣ бар пояи нахустин ҳарфи онҳо (бахше аз дари 4 ва дарҳои 5 то 24), товони гуноҳ ва ҷаримаҳо (дари 25), андозагирии замон (дари 27) – сомон ёфтааст. Гирдоварандаи ношинохтаи он мехоста душвории вожаҳои авестоиро барои гузоришгарони Авесто осон созад. Рзиши ин фарҳанг дар он аст, ки вожаҳои нивиштаҳои авестоии даврони Сосонӣ ва пас аз онро, ки акнун дар даст нест, дар бар дорад.
Дунболаи ҷустори “Нигоҳе ба фарҳангҳои забони паҳлавӣ”-ро ба десаи Пидиэф аз “инҷо” дарёфт фармоед.
متن پارسی “اینجا” است
Бифирист