Шакурӣ: Аммаам худро “форс” гуфт, “узбечка” навиштанд

ШакурӣОкодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ, мутафаккир ва донишманди маъруф, ки аз аъзои Фарҳангистони забон ва адабиёти Эрон аст, дар тӯли умри бобаракати хеш корҳои фаровонеро анҷом дода ва осори гаронбаҳое аз худ барои ояндагон ба ёдгор гузоштааст, ки “Хуросон аст инҷо” ва “Фитнаи инқилоби Бухоро” аз муҳиммтарини онҳост.

Устод Шакурӣ дар хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, аз рӯшанфикрони маъруфи охири қарни 19 ва авоили қарни 20 дар Бухоро, мутаваллид шудааст. Вай таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта ва дертар ба Тоҷикистон омада ва дар инҷо мондагор шудааст, аммо то охири умр ёди Бухороро ҳаргиз аз сар бадар намекард.

Ин гуфтугӯи ихтисосии Исфандиёри Одина бо устод Шакурӣ чаҳор сол пеш дар остонаи 85-умин солгарди таваллудаш, ки мусодиф бо 30 октябри 2011 аст, анҷом шуда ва бори нахуст дар сойти форсии Би-би-сӣ интишор ёфтааст.

Қабл аз ҳама, Шуморо ба муносибати ин рӯзи саъид, яъне 85-умин солгарди таваллудатон, табрик мегӯям. Мехостам, бидонам, ки дар ин лаҳзаҳо чи эҳсосе доред?

Ташаккур. Дар ин синну сол эҳсоси беқувватӣ, нотавонӣ, эҳсоси орзӯҳои барбодрафта (дорам), баъзе корҳо кардан мехоҳам, вале қуввату мадор намондааст.

Гуфтед “орзӯҳои барбодрафта”. Чи орзӯҳое доштед, ки бар бод рафт ва чи орзӯҳоятон ҷомаи амал пӯшид?

Ман аслан як одами бисёр хушбахт ҳастам, ки ба орзӯҳоям расидам, рӯзи муродро бисёр дидам, мақсадҳое, ки пеши худ монда будам, ба он мақсадҳо расидам. Лекин акнун боз баъзе корҳо мехостам бикунам, ки агар имкон шавад, қисман шояд ҳанӯз ҳам боз иҷро кунам.

Масалан, ман мехоҳам, ки вазъи забони имрӯзаро ҳамеша ва мунтазам, пайдарпай зери назар бигирам ва дигаргуниҳову масъалаҳои наве, ки пеш меояд, аз онҳо бехабар намонам, ба диққати ҷомеъа бирасонам.

Гоҳо бисёр мехоҳам, ки баъзе лаҳзаҳои саргузашти худаму зиндагиву ончиро, ки дидам, албатта воқеъаҳои бузургеро ман дидаам, дар бораи онҳо баъзе чизҳо, ки ҳанӯз дар ёд ҳаст, навишта шавад. Барои ин вақт намонд, ба фикрам, агар ҳанӯз вақт боқӣ бошад, кам-кам шояд, ки ба ин корҳо машғул шавам.

Дар бораи мушкилоти забон гуфтед. Аслан чи мушкилоте дар мавриди забон ҳаст?

Дар мавриди забон, бародар, вазъи забонамон бисёр нохуб аст. Забони мо ба ҳоли табоҳ афтодааст. Дар қарни 20 забони форсии тоҷикӣ ба зарбаҳои бисёр сахт дучор шуд, зарарҳои бисёре дид, хароб шуд, нотавон шуд. Акнун дар замони истиқлол бояд коре кунем, ки ҳарчиро ки забони мо дар қарни 20 аз даст дод, дар аввали қарни 21 дубора ба даст орад, барқарор кунад.

Лекин ҳамин ба дурустӣ анҷом наёфта истодааст, камбудии забон рӯз то рӯз зиёдтар мешавад, ноқисиҳое, ки дар гуфтугӯ ҳаст, дар навиштор ҳаст, рӯз то рӯз зиёд мешавад, аммо мубориза ба муқобили ин камбудиҳо, норасоиҳо, кӯшише барои аз байн бурдани ин ноқисиҳо, қариб, гуфтан мумкин аст, ки дида намешавад.

Матбуъоту нашриёту родиюву телевизиюну инҳо барои ислоҳи вазъи кори худашон дар соҳаи забон ҳеч чорае намеандешанд. Дар ҷомеъа қувваҳое ҳам нестанд, ки онҳоро маҷбур кунанд, ки онҳо аз аҳволи худ бехабар намонанд, аз аҳволи худ хабардор бошанду норасоиҳояшонро ислоҳ кунанду ислоҳ шаванд.

Ин норасоиҳо аз чи иборат аст? Мушаххасан чи навоқисе ҳаст дар забон?

Ин ноқисиҳо хеле зиёд аст. Умуман, мардуми мо дар қарни 20 ба ҳамин дараҷа расиданд, ки забони худро намедонанд, аз забони худ дур шуданд. Акнун дар шароити даврони истиқлол лозим аст, ки боз баргарданд ба асли худ.

Ин забони мо забони бузург аст, бештар аз ҳазор сол аст, ки вуҷуд дорад, яке аз бузургтарин забонҳои шарқи исломӣ буд, дар ҷаҳони ислом ҷойи дуюмро мегирифт баъд аз забони арабӣ, дар ҳамаи кишварҳои исломӣ амал мекард.

Бисёр сарватҳои азим ҷамъ овардааст дар хазинаи худ, андӯхтаҳои беназир дорад забони мо. Инҳоро аз худ кардан даркор, инҳоро имрӯз мувофиқи замони нав ба кор даровардан даркор, барои пешбурди миллат аз он бойигариҳои асрҳо истифода кардан даркор, аммо ҳамин гуна кӯшиш, ҳамин гуна фаҳмиш, ҳамин гуна қадршиносӣ нисбат ба забон нест.

Мардуми мо камсавод ҳастанд. Барои халқи тоҷик камсаводӣ, бесаводӣ айб аст. Дар тамоми тӯли таърих аз ҳамаи халқҳои атрофи мо халқи тоҷик бештар савод дошт, маданият дошт ва дигаронро савод меомӯхт, маданият меомӯхт. Халқҳои турке, ки дар атрофи мо ҳастанд, исломро аз мо омӯхтанд, мо ба онҳо ислом бурдем, мусулмонӣ ҷорӣ кардем дар байни онҳо. Ислом дар байни халқҳои турк ба воситаи фарҳанги миллии тоҷикон гузаштааст.

Акнун он таъсире, ки халқи тоҷик, таъсири фарҳангӣ, таъсири маънавӣ, ки халқи тоҷик дар байни халқҳои атроф дошт, дар қарнҳои гузашта, имрӯз надорад, имрӯз аз даст рафт. Хайр, ин амри таърих шуд, ҳамин тур шуд, ки инро аз даст додем, лекин о худамон бесавод, камсавод шуда монем, айб аст.

Дар оғози замони Шӯравӣ корзоре барои маҳви бесаводӣ барпо шуда буд. Ҳарчанд мардуми мо дар замони қадим зоҳиран босавод буданд, аммо мебинем, ки мақомоти Шӯравӣ корзори маҳви бесаводӣ ташкил доданд. Ин корзорашон то чи андоза ба саводомӯзии мардуми мо кумак кард ё баръакс пеши роҳашро гирифт?

(Корзори) маҳви бесаводӣ дар замони Шӯравӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ иҷро шуд. Он як ҷузъи инқилоби фарҳангии ҳамон замон буд, инқилоби фарҳангии шӯравиён. Дар солҳои 1930-юми қарни 20 хостанд, ки ҳамаи аҳолӣ, пиру ҷавон, ҳар кас, ки бесавод аст, зуд дар давраҳои мухтасари семоҳа, шашмоҳа, яксола барои маҳви бесаводӣ ширкат кунаду савод барорад.

Пирон, мӯсафедон ҳам бо бачаҳо якҷо менишастанду дарс мехонанд, лекин ин як сиёсати бисёр кӯтоҳбинона буд. Масъалаи саводро ҳамин тур фаҳмиданд, ки ҳамон одамҳое, ки дар курси маҳви бесаводӣ мехонанд, номи худашонро навишта метавонистагӣ шаванд, гуфтанд, ки шуд, савод баровард, ба дасташ ҳуҷҷат медоданд, ки курси маҳви бесаводиро хатм кард ва акнун дигар саводнок аст.

Ва ҳол он ки савод фақат иборат аз газетхонӣ не, масалан як газет (нашрия) буд махсус барои онҳое, ки дар курсҳои маҳви бесаводӣ таҳсил мекарданд, рӯзномаи “Бо роҳи ленинӣ” ном дошт. Онро дар солҳои 30-юм бо ҳарфҳои калон-калон гӯё чоп мекарданд, ки махсус барои навсаводҳо буд. О савод фақат аз ҳамин иборат аст магар, ки ана ҳамон рӯзномаи навсаводонро хонда тавонаду фаҳмида тавонад?

Ин нашрия ба хатти лотин буд ё сириллик?

Ба хатти лотинӣ буд, дар солҳои 30-юм. Баъд ба хатти сириллик, ба фикрам, чоп нашуд дигар. Ҷанги фашисм сар шуда буд, ки ба фикрам, масъалаи маҳви бесаводӣ ба охир расиду дигар масъалаи асосӣ набуд, бино бар ин, ин рӯзнома ҳам баъд аз байн рафт.

Масъалаи савод масъалаи бисёр бузург аст, масъалаи савод вобаста ба маданияти шахс аст, бояд савод ҳамин хел бошад, ки фаҳму маърифати инсонро амиқ барад.

Албатта, ин корзори босаводсозии мардум ҳам, яъне манзурашон, ба хатти лотин буд, на ба хатти гузаштаи мардум, ки форсӣ буд?

На, на. Бо хатти лотин мехостанд, ки савод бароранд.

Баъд, ин қадар осоре, ки ба хатти форсӣ буд, дигар мардум наметавонистанд бихонанд?

На, он хатти форсии қадимии моро, ки соли 1929-ум аз байн бардоштанд, ба ҷояш хатти лотинӣ оварданд. Хатти форсӣ ё хатти арабӣ, ки ҳазору чандсад сол боз идома дошт дар байни халқи мо, забони моро бе он хат тасаввур кардан мумкин нест.

Забони мо ба қолиби ҳамон хат рехта шудааст, тафаккури мо ба ҳамон хат сахт вобастагӣ дорад. Он хатро аз байн бурданд ва моро аз тамоми он таърихи ҳазору чандсадсола ҷудо карданд, ки ин ба паҳн шудани бесаводӣ дар байни мардум бисёр сабаб шуд. Он курсҳои маҳви бесаводӣ наметавонистанд ин чизеро, ки аз даст додем, ҷуброн кунанд.

Масъалаи имрӯз, масъалаи боло бурдани савияи саводи ҷомеъа дар тоҷикистон, яке аз муҳиммтарин масъалаҳост.

Оё фикр намекунед, ки ин ҳам ба хат вобастагӣ дошта бошад? Чун мо танҳо кишваре ҳастем, ки аз миёни форсизабонон ба хатти сириллик менависем, аммо форсизабонҳои дигар хатти худро нигоҳ доштанд ва то имрӯз ба хатти форсӣ менависанд?

Масъалаи хат низ, ба фикри ман, имрӯз барои халқи тоҷик масъалаи давраҳои гузашта нест, балки имрӯз ҳам муҳим аст. Ба ҳар ҳол, агар бихоҳем, ки савияи саводи ҷомеъаи худро бардорем, андак ба савияи асрҳои пеш наздик барем, ин масъала бисёр муҳим аст.

Савияи саводи мо дар гузашта бисёр баланд буд, тамоми ҷомеъа саводнок набуд дар асрҳои гузашта, лекин он қишрҳои ҷомеъа, ки саводнок буданд, дар ҳақиқат саводи ҳақиқӣ доштанд.

Ин бисёр муҳим аст, ки тоифаи саводноки ҷомеъа ҳақиқатан саводнок бошад, маданияти баланд дошта бошад, ахлоқу одобаш баланд бошад, ин ба тамоми ҷомеъа тасъир мекунад. Бо ин гуна саводнокҳо тамоми ҷомеъаро ба роҳи дуруст бурдан осонтар мешавад. Пас ба ҳамон гуна саводнокӣ, ки дар асрҳои пеш буд, расиданамон лозим аст.

Ва мо дар асрҳои пеш халқҳои гуногуни атрофро савод омӯхтему дараҷаи фарҳангашонро, фарҳанги шахсӣ, фарҳанги миллиашонро баланд бардоштем. Акнун лозим аст, ки мо худамон имрӯз савод барорем, ки савияи маданияти худамонро, маданияти шахсро дар ҷомеъа, маданияти миллиро баланд барем. Ин пеш аз ҳама вазифаи мактаб аст.

Шумо гуфтед, ки дар гузашта мардуми мо бар халқҳои туркизабон хеле таъсир доштанд, таъсири фарҳангӣ доштанду ба онҳо савод ёд медоданд. Вале ҳоло мебинем, ки дар Тоҷикистон чандин мадарасаҳои туркӣ фаъолият доранд, ки ба мо “савод” меомӯзанд. Шумо ба ин масъала чигуна нигоҳ мекунед?

Хайр, акнун дар Тоҷикистон мадрасаҳои туркӣ… Худи узбекҳо, ки ягон 15 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, онҳо мактаб доштанашон даркор (аст).

На, ба ғайр аз мактабҳои ӯзбекӣ, инҷо лисеҳои туркӣ ҳам ҳаст.

Шакурӣ бо ҳамсарашДар бораи лисеҳои туркӣ ман фикрамро гуфта будам. Лисеҳои туркӣ муҳлаташон ба охир расида истодааст. Инҷо барои мо аз ин гуна масъалаҳо чанд навъаш ҳаст. Масалан, дар ҷомеъаи мо дар ҳамин 20 соли охир якбора динҳои гуногун, мазҳабҳои масеҳии гуногун, инкишоф ёфтанду барои худашон калисо сохтанду тоҷикони моро ба дини худ гардонданду ҳоказо.

Мо барои аз байн бурдани инҳо ҳеч кор накардем, дар пеши чашми худамон онҳо рӯз то рӯз густариш ёфта, мустаҳкам шуда, кор мекунанд. Ин гуна мазҳабҳои ғайриисломӣ чунон зиёд шудаанд, ки барои ҷомеъаи мо бисёр зарар, хавф пеш меоранд. Хавф иборат аз ҳамин, ки ин созмонҳои динии масеҳиро кишварҳои хориҷӣ, абарқудратҳо дар Тоҷикистон ҷорӣ карда истодаанд ва бо мақсадҳои муъайяни сиёсӣ.

Ин созмонҳои динии гуногун ҷомеъаи тоҷиконро чанд пора мекунанд, ва ин пораҳоро ба ҳам зид мегузоранд. Кадом вақте ки он абарқудратҳо хоҳанд, як гӯгирд даргиронда, ба Т оҷикистон мепартоянд ва ин оташ мумкин аст, ки сар занад.

Аммо оё мо метавонем алайҳи онҳо ягон коре анҷом диҳем?

Албатта.

Масалан, чи коре?

Ман намедонам, инро дидан даркор. Дигар кишварҳо, дигар халқҳо чи кор мекунанд? Масалан, дар Русия ҳам ин гуна созмонҳои динӣ бисёр шуданд. Русия гуфт, ки дини асосии мо православӣ, дини масеҳӣ, хайр дини дуюм дини ислом аст.

Дар Русия дигар динҳо ба расмият шинохта намешаванд, ба онҳо бартарӣ дода намешавад, ба онҳо мусоъидат карда намешавад барои густаришу инкишофашон. Баръакс коре мекунанд, ки шароити рушд барои он созмонҳои динӣ кам бошад, имкон надошта бошанд, ки тараққӣ кунанд, густариш ёбанд. Ин корҳо дар Русия шуда истодааст.

Аммо охир қонун иҷоза намедиҳад, чун қонун мегӯяд, ки ҳар кас дар интихоби дин озод аст.

Ҳамин хел озод аст, лекин ин кор бо мақсадҳои сиёсӣ шуда истодаст. Аз хориҷ зӯран дар ин ҷо, дар Тоҷикистон ин гуна корҳоро карда истодаанд, инро мо бояд фаромӯш накунем. Ин ҳамту як чизи муқаррарӣ нест, ки мардуми мо якбора хостанд, ки ба дини дигар гузаранд, баъд худашон масалан, даъват карданду оварданду баъд ба он дин гузаштанд. Ин тур нест.

Дар давраи гушнагии мо, дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ин созмонҳоро абарқудратҳо ба Тоҷикистон оварданд, онҳо ба мардуми мо нон доданд, пул доданд. Дар он вақте ки мардуми мо мӯҳтоҷи як даҳан нон буданд, ба ҳамин роҳ ин мардумро ҷалб карданд ва ин созмонҳо устувор шуданд дар ин ҷо.

Назаратон дар мавриди гурӯҳҳои мухталифи исломӣ чист, ки масалан имрӯз давлат ҳам мехоҳад пеши роҳи онҳоро бигирад? Мисли салафияву ҳизбуттаҳриру ваҳҳобияву… Гуруҳҳое, ки мегӯянд ки онҳо ҳам гӯё аз хориҷ пуштибонӣ мешаванд?

Ба фикри ман, дар ин масъала ҳам акнун мо бояд ҳаминро дар ёд дошта бошем, ки масъалаи дин, мазҳаб дар қарни 21 масъали иҷтимоъию сиёсӣ шудааст, ранги сиёсӣ гирифтаст. Онҳое, ки салафия ё ҳизби таҳрирро дар Тоҷикистон ривоҷ медиҳанд, мақсадҳои сиёсӣ доранд, мақсадҳои диние, ки обуранги сиёсӣ гирифтааст.

Дар ин сурат, мо ҳақ дорем, ки ба муқобили ин ҷараёнҳои исломӣ мубориза кунем. Онҳо ба манфиъатҳои миллии халқи тоҷик мусоъидат карда наметавонанд, мувофиқ нестанд, хилоф ҳастанд.

Дар ин соҳа ҳам мо бояд гӯем, ки дар ислом мо кадом ҷараён, кадом маслакро чизи асосӣ барои худамон ҳисоб мекунем. Аз ин ҷиҳат мо муъайян ҳастем, афкори мо муъайян, ақидаҳои халқи мо муъайян аст. Аз ҳамин ҳоло дар Тоҷикистон пешвоёни диние, ки ҳам аз ин дунёву ҳам аз охират хуб хабардор ҳастанд, медонанд, ки аҳволи имрӯз чист, аҳволи дирӯз чи буд ва фардо чи метавонад шавад, омӯзаҳои онҳоро бояд ба назар гирифт.

Мо акнун суннӣ ҳастем, бояд суннигии мо сахт истад, ҳанафӣ ҳастем, бояд ҳанафӣ бошем. Миллати мо чандсад сол аст ки ҳанафӣ шуда омад, аз ин зарар надид, балки ба чи ки расид, бо ҳамин роҳ расид. Пас, инро имрӯз ҳам давом додан даркор, пас ҳарчи хилофи ин аст, ба муқобили он мубориза кардан лозим аст.

Шакурӣ ва писаронашЗоҳиран ба ҳамин далел давлат ҳам соли 2009-ро расман соли Имом Абуҳанифа эълом карду аз ҳамин мазҳаб ҳимоят мекунад. Аммо бархе аз мунтақидон мегӯянд, ки ин амр мухолифи қонун аст, чун қонун мегӯяд, ки баробарии адён бояд мавҷуд бошад, ҳеч идеулужие набояд идеулужии давлатӣ ё расмӣ бошад.

Ин гап нодуруст нест, ки динҳо ҳама бояд озод бошанд, шуъури динии мардум низ тавонад озодона инкишоф ёбад, лекин модом, ки муборизаи динию мазҳабӣ обуранги сиёсӣ гирифт, ба фикри ман, агар давлат манфиъатҳои миллатро ба назар гирифта, ба муқобили баъзе аз ин ҷараёнҳои динӣ, ҷараёнҳои зарарнок мубориза кунад, ин қонуншиканӣ нест.

Ҳамту барои риъояи қонун агар монем, ки ҳамаи ҷараёнҳои динӣ амал кардан гиранд, Тоҷикистони мо, ки як кишвари кӯчак, як давлати хурд аст, бисёр сахт ва дар андак муддат зарар мебинад.

Ба назари Шумо, аслан ҳамин системи дунявӣ, ки мо ҳоло дорем, то чи андоза муассир аст, коромад аст ва муфид аст барои мардум???

Таърих дар Ғарб оқибат ба ҳамин (натиҷа) омад, ки давлатҳо (бояд) дунявӣ (бошанд). Тоҷикистони мо, ки худашро давлати демукротику ҳуқуқбунёду дунявӣ эълом кардааст, лекин нақши дин дар давлати мо кам нест. Ва ин нақши вай, ки рӯз то рӯз зиёдтар мешавад, дар сиёсат, дар сиёсатмадорӣ, ин хилофи он дунявият нест.

Аммо фикр намекунед, ки агар нақши дин зиёдтар шавад, батадриҷ ҷомеъа ҳам исломӣ мешаваду давлат ҳам?

Ман намедонам, лекин ба фикри ман, ҷомеъаи Тоҷикистон, ҷомеъаи мардуми тоҷик, алъон ба сӯйи давлати исломӣ нарафта истодааст. Бисёр дуруст мегӯянд, ки давлати исломӣ дар Тоҷикистон сохтан имкон надорад. Аммо на ба он сабаб, ки гӯем мардум исломро намехоҳанд. Не, умуман давлати динӣ ба вуҷуд оварданро намегузоранд.

Намегузоранд, ки мо дар роҳи ба вуҷуд овардани давлати динӣ муваффақияте дошта бошем, нахоҳанд гузошт ин абарқудратҳое, ки дар гирду атрофи мо ҳастанд. Тоҷикистон ҳар чи қадар ҳам, фарз кардем, кӯшиш кунад, ки давлати исломӣ ба вуҷуд биёрад, мумкин аст ин гуна кӯшишҳо зоҳир шаванд, лекин имкон нест.

Устод, Шумо сафарҳои изёде ба Эрон доштед ва албатта, аз наздик дидед ҷомеъаи онҳоро. Оё низоми исломӣ то чи андоза, ба назари Шумо, муваффақ аст?

Ба фикри ман, дар Эрон, ба ҳар ҳол ислом аст, ки Эронро муттаҳид медорад. Миллати Эрон, тамоми кишварро ба ҳам муттаҳид медорад. Намояндагони динҳои гуногун созмонҳои динии ғарбиро дар Эрон роҳ намедиҳанд ва бисёр хуб мекунанд.

Агар онҳо ба Эрон ҳам роҳ ёбанд, барои ягонагии миллат, барои ваҳдати миллӣ имкон камтар шудан мегирад. Аммо ислом ин ваҳдати миллиро қувват медиҳад, мустаҳкам мекунад. Ба фикри ман, Эронро ислом ба по нигоҳ дошта истодааст.

Аммо дар худи Эрон ҳам бисёре аз мухолифони ин низом ҳастанд. Ва онҳо масалан давлатро ба нақзи ҳуқуқи башар ва қонунҳои сахтгиронае, ки иҷро мешаванд, муттаҳам мекунанд?

Хайр, акнун ин хел чизҳо дар ҳама шароит буданаш мумкин аст. Сахтгирӣ накунем, ҳеч кор намешавад. Ҳоло Қаззофиро гуфтанд, ки диктотур буд ва ваҳшиёна куштанд. О агар вай сахтгирӣ намекард, диктотурӣ намекард, ҳамаи қабилаҳои Либиро муттаҳид намекард.

Шашу ним милюн аҳолӣ доштааст Либӣ, баробари Тоҷикистон будааст. Ҳамин як мамлакат мамлакати хурд бошад ҳам, (Қаззофӣ) иттиҳоди онҳоро ба вуҷуд овард, иттиҳоди ҳамон миллатҳоро. О, барои ин қувва даркор аст.

Ҳоло фикр мекунед сарнавишти онҳо чи хоҳад шуд?

Акнун, дар онҷо ҳеч чиз маълум нест, ҳарчи ки хоҳанд, мекунанд.

Ҳамин тур, дар кишварҳои дигари арабӣ ҳам инқилобҳо шуд. Фикр мекунед, ояндашон чи мешавад?

Ин инқилобҳое, ки дар кишварҳои дигари арабӣ ҳам шуда истодааст, инқилоби дохилӣ не, инқилоби хориҷӣ аст, иғвои хориҷӣ аст, на инқилоб. Агар масалан нигоҳ кунед, дар ягон кишвари арабӣ имрӯз ба таври табиъӣ инқилоби миллӣ ба вуҷуд наомадааст. Аз хориҷ, натиҷаи иғвогарӣ, натиҷаи хиёнат, хиёнати хориҷӣ аст…

Назаратон ба вазъи кишварҳои Осиёи Миёна чист? Дар кишварҳои Осиёи Миёна ҳам баъзеҳо мегӯянд, ки ҳукуматҳо диктотурӣ ҳастанд ё ин ки худкома ҳастанду, масалан, мухолифонашонро ҳамвора саркӯб мекунанд?

Он чизе ки диктотурӣ меноманд, он сахтгириҳову қатъият, агар барои таъмини ягонагии миллат, барои иҷрои вазифаҳои бузурги миллӣ, вазифаҳои бузурги иҷтимоъӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ба кор бурда шавад, ин ҳодисаи мусбат дар ҷомеъа аст. Ҳукумати беқувват, ҳукумати нотавон, ҳукумати суст ҳеч кор карда наметавонад, на дар соҳаи иқтисод, на дар ҳаёти иҷтимоъӣ.

Аммо шояд ҳамин сахтгирӣ гоҳо мӯҷиб мешавад, ки ҳаққи мардум нақз шавад. Масалан, дар Ӯзбакистон бисёре аз тоҷикон ҳастанд, ки то имрӯз худашонро наметавонанд ҳамчун тоҷик сабт кунанд, шояд ин аз тарс аст?

Ин тамоман масъалаи дигар аст, ин масъалаи понтуркисм аст, ки аз ибтидои асри 20 инҷониб давом дорад.

Аслан дар бораи ҳамин понтуркисм мегуфтед, ки он чи тур ба Осиёи Миёна омад ва, бахусус, дар миёни тоҷикон, чи гуна паҳн шуд?

Шакурӣ ва ҳамсарашДар бораи понтуркисм як китоби ман ҳоло ба чоп рафтааст. Имсол гӯё вақт намонд, соли оянда шояд чоп шавад. Дар он ман нишон додам, ки чи тур понтуркисм ба Осиёи Миёна, ба Мовароуннаҳр омад. Чи тур? Масалан, вақте ки инқилоб шуд, инқилоби октябр, инқилоби Бухоро дар соли 1920, инқилоби болшевикӣ понтуркистҳоро ба сари ҳокимият овард, яъне пантуркисм ва болшевисм…

Даст ба дасти ҳам доданд?

Бале, бо ҳам созиш карданд, бо ҳам ҳаракат карданд ва тамоми ин ба муқобили халқи тоҷик равона шуда буд. Халқи тоҷик як халқи хурд, халқи ҷанговар не, халқи маданӣ, фарҳангӣ, ба боғдорию киштукору касбу ҳунар машғул аст, дар биёбонҳо асб тозонда намегардад.

Ба муқобили халқи тоҷик амал кардан душвор набуд, ҳам аз тарафи туркҳо, ҳам аз тарафи болшевикҳо. Хусусан, ки ин ҳарду қувва ба ҳам як шуданд, баъд сарнавишти таърихии тоҷикон дар қарни 20 на ба фоидаи худи тоҷикон, балки ба зарари онҳо тағйир ёфт.

Мегӯянд, ки бисёре аз он раҳбарони понтуркисм худашон тоҷик буданд, дуруст аст?

Бале, бале, бисёре аз раҳбарони панузбакисм тоҷикон буданд, тоҷикони бисёр қавӣ, тавоно, лекин мақсадҳои сиёсии калон доштанд. Масалан, Файзулло Хоҷаев, шахси якум дар ҷумҳурии халқии шӯравии Бухоро буд.

Вай дар солҳои 1920 то 1924 сарвазири Бухоро буд. Баъд, аз соли 1924 сар карда, то соли 1937 сарвазири Ӯзбакистони бузург шуд, ки як давлати бузурги туркӣ буд. Вай асолатан тоҷик аст. Таърихро хуб ковед, таҳқиқ кунед, як зарра ақидае дар бораи ин ки вай узбак бошад, турк бошад, пайдо намешавад. Ҳеч набошад, ҳамин тур аксашро бинед, чеҳрааш тамоман тоҷикӣ аст.

Аммо сабаб чи буд, ки вай чунин кард?

Мақсадҳои сиёсӣ, бузургманишӣ… Понтуркисм аслан ба муқобили русҳо ҳам равона шуда буд, ба муқобили имперотурии Русия ҳам нигаронда шуда буд. Инҳо мехостанд халқҳои туркро муттаҳид кунанду як давлати бузурги “Туркистони Бузург” ба вуҷуд биёранд.

Ана ҳамин Файзулло Хуҷаев ҳам мисли баъзе аз пешвоҳои халқҳои турк мехост, ки Туркистони бузург ба вуҷуд оварда шавад ва худаш сардори он бошад. Сардори Бухоро буд, чаҳор сол, аммо камӣ кард, сардори Ӯзбакистон шуд, ки бузургтарин ҷумҳурии Осиёи Миёна буд.

Ва он тақсими ҳудуди миллӣ, ки шӯравиён соли 1924 баргузор карданд, мақсад аз он ба вуҷуд овардани Ӯзбакистон, як ҷумҳурии паҳновари тавонои туркӣ, буд, ки дигар, туркҳо хомӯш шаванд ва гиребони болшевикро сар диҳанд.

Мана акнун ҳар кас ҳам мехост, ки сардори ҳамин Туркистони бузург бошад. Ин гуна хоҳишмандон бисёр буданд ва яке аз онҳо ҳамин Файзулло Хоҷа буд. Ва ба мақсад расид.

Аммо муваффақ нашуданд зоҳиран, чун Туркистони бузург, ки ташкил нашуд?

Туркистони бузург натавонистанд, лекин Ӯзбекистони бузург ба вуҷуд оварданд. Ӯзбекистон ҳақиқатан бузург аст бо он ҳама иқтидори иқтисодие, ки дорад. Боз ҳаминро ҳам гӯем, ки аксари иқтидори иқтисодии Ӯзбекистон аз вилояти Бухорост.

Газ дар вилояти Бухоро, кони тилои олиҷаноби машҳур аз вилояти Бухоро, пӯсти қарокӯлӣ дар вилояти Бухоро ва ҳоказо. Он маданияту он фарҳангу он шаҳри Бухоро, ки яке аз зеботарин шаҳрҳо дар олами ислом аст, ҳамон ҳам иқтидори Ӯзбекистонро афзоиш медиҳад.

Дарвоқеъ Бухоро яке аз шаҳрҳои муҳимми Осиёи Миёна ва форсизабонон маҳсуб мешуд. Ва дар гузашта дар роҳи бузурги Абрешим ҳам нақше асосӣ дошт. Имрӯз, фикр мекунед, чи гуна аст? Вазъи мардумаш чи гуна аст? Оё шаҳр ба ҳамон бузургии пешин ҳаст?

На, аз Бухоро ҳеч чиз намонд, Бухороро нест карданд, фақат сураташ мондааст. Сабабашро ман дар китоби “Фитнаи инқилоб” гуфтам. Мақсади болшевикҳо ҳамин буд, ки Бухороро нест кунанд, ахир ба ҳамин мақсад расиданд. Ҳоло Бухоро як шаҳри вилоятии дуюму сеюмдараҷа аст, ки др фарҳанг, дар адабиёт нақше надорад.

Масалан, дар ҳамин қадар солҳои ҳокимияти шӯравӣ аз Бухоро фақат устод Айнӣ зуҳур кард, лекин вай дар давраи пеш аз инқилоб зуҳур карда буд. Фитрат зуҳур кард, дар андак муддат Аҳмади Дониш барин як бузург зуҳур кард, ҳама аз Бухоро хестанд. Лекин дар замони Шӯравӣ Файзулло Хуҷаев пайдо шуд.

Ана фарқ аз замин то осмон, фарқи замони пеш аз инқилоб ва баъд аз инқилоб. Ҳамин хел хоинҳо, ки тавоноанду қувваи ҷисмонӣ доранд, аммо қувваи маънавӣ надоранд, ватанфурӯшу миллатфурӯш ҳастанд.

Як нависандаи барҷаста аз Бухоро дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ набаромад. На дар адабиёти тоҷик ва на дар адабиёти ӯзбек. Ӯзбекинависҳо пайдо шуданд, лекин як касе, ки дар адабиёти ӯзбекӣ як мавқеъи мустаҳкам дошта бошад, дар давраи шӯравӣ пайдо нашуд. Ҳазор сол боз шоъирону нависандагону олимони барҷаста аз Бухоро мебаромаданд, дар давраи шӯравӣ ҳеч кас набаромад.

Сабабаш шояд ҳамин хафа кардани садои мардум буда бошад, яъне мардумро шояд маҷбур карданд, ки аз забону ҳувияти худаш даст кашад?

Албатта. Тамоман умри таърихии Бухоро ба охир расид, ба охир расонданд, Бухороро аз саҳнаи таърих берун карданд. Коре карданд, ки дигар таъсир надошта бошад.

Он мадрасаҳову он илму алломаҳои соҳаи дин, ки аз Бухоро баромада буданд, дар вақташ дар байни қазоқу туркману ӯзбаку қирғизу дар Уйғуристону дар Афғонистон, дар ҳама ҷо, обрӯю эътибор доштанд. Пас Бухороро нест кардан даркор буд. Фақат обрӯю эътибори идеулужии болшевикӣ мебоист, ки ҳукмронӣ кунад дар ин кишварҳо ва ҳамин тур ҳам шуд.

Имруз оё мардуми Бухоро ба форсӣ суҳбат мекунанд ё забонашон аз байн рафтааст?

Ба форсӣ суҳбат мекунанд, ба тоҷикӣ гап мезананд, лекин забони тоҷикиро акнун дигар намедонанд. Як қисми мардум як рӯзномаи тоҷикиро хонад, намефаҳмад, яъне аҳвол бисёр бад (аст).

Оё ҳеч роҳе, ба назари Шумо, ҳаст, ки ин вазъият ислоҳ шавад?

Будагист. Агар касоне пайдо шаванд, касони забардаст, ки вазъияти миллиро дар Бухорову Самарқанд дигар кунанд, ба роҳи таърихиии чандин асри гузашта мувофиқ кунанд.

Самарқанду Бухоро аз роҳи таърихии чандинасраи худ берун баромада ва ба дигар роҳ даромадаанд. Онҳоро ба роҳи аслии таърихии худашон баргардондан даркор. Агар ҳамин гуна одамҳо аз Бухоро, аз Самарқанд пайдо шаванду ҳамин тур корро кардан хоҳанд, албатта илоҷаш будагист.

Шумо чанд сол пеш китобе навиштед бо номи “Хуросон аст инҷо”. Манзур аз “Хуросон инҷост” гуфтанатон чи аст?

Мақсад ҳамин буд, ки мардуми тоҷик донанд, ки як ҷузъи Хуросони бузург ҳастанд, Хуросон ҳақиқатан бузург аст, на танҳо ҳаҷман ва масоҳатан, балки дар таърих бузург аст. Тоҷикистони мо як пора заминест, кафи даст барин, ки дар як гӯшаи дурдасти ҷаҳони эронинажодон ҷой гирифтааст..

Тоҷикистон аз қисмҳои асосии сарзамини таърихии тоҷикон, ватани таърихии тоҷикон, сарзамини таърихии эронинажодон бисёр дур аст ва ҳатто мардумро, гоҳо мебинед, намедонанд, ки эронинажод ҳастанд, эронитабор ҳастанд, як қисми Хуросон ҳастанд.

Мовароуннаҳр як қисми бисёр муҳимми сарзамини тоҷикон буд ва имрӯз ҳам ҳаст. Имрӯз, медонед, дар ҳамин шароити ибтидои асри 21 дар Тоҷикистон касоне пайдо шудаанд, ки Бухороро писанд намекунанд, масхара мекунанд, Самарқандро мегӯянд, ки тамоман ӯзбак аст.

Розӣ ҳастанд, ки бидиҳанд ба ӯзбак, тамоман, ба дасти худ. Даъвоҳое пайдо шудааст, ки гӯё таърихи тоҷикон бо Бухорову Самарқанду Хуҷанду инҳо вобастагӣ надорад, гӯё роҳи таърихии мо, тоҷикон, ё Тоҷикистон, тамоман дигар буд ва ҳоказо. Медонед?

Инҳо киҳо ҳастанд, чи гурӯҳҳое ҳастанд ва чи гароишҳое доранд?

Намедонам.

Шояд маҳаллгаро бошанд?

Ин маҳаллгароӣ, шимолситезист, ки барои ҳастии миллат бисёр хавф дорад. Дар ҳамин Қирғизистон дар ибтидои асри 21 ду бор хунрезӣ шуд, бародаркушӣ шуд. Сабаби асосӣ мубориза, ихтилофи байни шимол ва ҷануби Қирғизистон буд.

Албатта, дар кишвари мо ҳам як ҷанги дохилӣ шуд, ки яке аз далоилаш шояд маҳаллгароӣ буда бошад?

Маҳалгароӣ дар Қирғизистон ҳам аз сабабҳои асосии ҳамон хунрезиҳо шуд, дар Тоҷикистон ҳам. Магар маҳаллгароӣ нақш надошт дар ҳамон ҷанги солҳои 1990. Яке аз сабабҳои асосии ҷанги тоҷикон низ ҳамин маҳаллгароӣ буд.

Ҳамин сабақи таърих бояд барои мо дарс шавад. Лекин мутаассифона, дар Тоҷикистон баръакс, маҳаллгароӣ торафт қувват мегирад, маҳаллгароии сиёсӣ ба вуҷуд омадааст. Ин албатта бениҳоят хавф дорад барои тамоми ҳастии миллат, агарчи Тоҷикистони мо, як кафи даст гуфтем, дар ҷаҳони тоҷикон як гӯшаест, ки он қадар аҳаммият надорад ба ҳастии умумии тоҷикон.

Бо вуҷуди он, бинед, ки дар Ӯзбекистон 10-12 милюн тоҷик аст, лекин аз тоҷикият дур шуда истодаанд. Дар Тоҷикистон 5-6 милюн тоҷик аст, ҳафт милюн шояд бошад, лекин байни худ дар муборизаанд. Дар Афғонистон намедонам чи қадар тоҷик аст, лекин намегузоранд, ки ин тоҷик сар бардорад. Дар он сурат, магар ба ҳастии миллат хавф пеш наомадаст? О хавф пеш омадааст…

О худо имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҳокимияти сиёсӣ ба даст оварда шавад, дар Тоҷикистон ҳукумати тоҷикӣ, давлати миллӣ ба вуҷуд омад. О инро истифода кардан лозим, барои ин ки решаҳои миллат устувор шавад, решаҳои миллат на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистон, дар Афғонистон низ устувор шавад.

Аммо ман, масалан, ҳис намекунам, ки тоҷикони Тоҷикистон ягонагии худро бо тоҷикони Ӯзбекистону Афғонистон, ягонагии манфиъатҳои миллӣ, ягонагии вазифаҳои таърихиро эҳсос мекарда бошанд.

Баъзан бисёр шиъорҳо медиҳанд, ки Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон аст. Аммо фикр мекунед, то чи андоза ҳамин давлати Тоҷикистон худаш аз ҳаққу ҳуқуқи тоҷиконе, ки берун аз ин кишвар ҳастанд, чи дар Ӯзбакистону чи дар Афғонистон, дифоъ мекунад?

Акнун хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон Тоҷикистон, Душанбе аст. Дар ин бора шакку шубҳа нест, Тоҷикистон ягона ҷое аст, ки муяссар шудааст, ки тоҷик ҳокимияти сиёсӣ ба даст оварад. Истиқлоли давлатӣ ба даст оварад. Ин бисёр як неъмати олии таърих аст, ки ба мо додааст.

Аммо бисёре аз тоҷикони масалан Ӯзбакистону Афғонистон ҳамеша шикоят мекунанд, ки барои ин ки ба Тоҷикистон раванд, виза бояд бигиранд ва он виза ҳам хеле гарон асту гирифтанаш ҳам зоҳиран душвор аст.

Хуб, ин масъалаи боз понтуркисму боз ҳамонҳо. Аммо Тоҷикистон барои ин ки тоҷикони Ӯзбакистон ҳеч гоҳ фаромӯш накунанд, ки тоҷик ҳастанд, талош кунад. Онҳо имрӯз ӯзбак шуда истодаанд, қувваҳои бузурги сиёсӣ онҳоро ба роҳи узбакият бурда истодаанд тоҷикони узбакистонро. Тоҷикистони мо бояд кӯшиш кунад, ки тоҷик дар Ӯзбекистон тоҷик будани худро фаромӯш накунад.

Аммо аз чи роҳ ин кӯшишро метавон кард?

Агар хоҳем, бо ҳам мешинем, фикр мекунем, ки чи кор кардан лозим аст, чи роҳҳо метавонад бошад. Аввал хоҳиш лозим аст, фаҳмиш, ки ҳамин гуна вазифаи таърихӣ ҳаст.

Аммо масалан вақте тоҷикони Ӯзбакистон натавонанд, ки инҷо бе визо оянд, батадриҷ дур мешаванд, на?

Албатта, мақсад ҳамин аст, ки байни тоҷикони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тамоман ҷудоӣ ба вуҷуд биёяд, онҳо аз ягдигар бегона шаванду он хешию таборӣ, ки ҳаст, кам-кам аз байн биравад. Лекин мо ба муқобили ин ягон коре карданамон, ягон чорае диданамон лозим аст. Андак инро фикр кардан даркор аст.

Аммо коре, ки мо кардем, ҳамин аст, ки мегӯянд Бухоро тамом, узбек, Самарқанд узбек, инҳо дар таърихи тоҷикон мавқеъ надоштанд. Ин гапро бинед! Аз таърих то чи андоза бехабар ҳастанд ин мардум, ки ин гапҳоро мегӯянд?

Шояд ин гурӯҳ мехоҳанд бигӯянд, ки мо дигар имкони Самарқанду Бухороро бозпас гирифтан надорем ва бояд аз баҳрашон бигузарем?

Ин гуна имкон надорем, алъон гӯё ки нест, лекин таърих ҳамин тур чизест, ик мумкин аст, ки фардо, пасфардо якбора имконе ба миён орад, ки ба як он дунё зеру забар шавад. Имкони таърихӣ мумкин аст, ки ба даст оварем ё ба даст ояд. Ноумедӣ, шайтон ноумед аст, мо бояд умед дошта бошем.

Ва барои ин кам-кам заминаро омода кардан лозим аст. Сиёсати он гурӯҳҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанду аз баҳри Самарқанду Бухоро гузаштаанд, ҳозир агар Хуҷанд ҳам аз Тоҷикистон ҷудо шаваду равад, хурсанд мешаванд, ин ниҳояти нобиноӣ, нобиноии таърихӣ, нобиноии сиёсӣ аст.

Устод, баргардем ба мавзӯъи хатту забон. Ахиран қоъидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ тасвиб шуд, назари Шумо чист дар ин бора?

Ман вақте ки лоиҳаи қоъидаҳои нави имло муҳокима мешуд, ду мақола навишта будам, лекин мақолаҳои ман, таклифу пешниҳодҳои ман ба назар гирифта нашуд. Ман ҳозир мехоҳам як мақола нависам. Аз бисёр ҷиҳатҳо ман бо ин қоидаҳои нав розӣ нестам.

Аввалаш ин ки он қоъидаи нав нест, ҳамон қоъидаҳои куҳна, лекин ба таҳрири нав омадааст. Ягона чизи нав ҳамин аст, ки доираи амали ҳарфи Ӯ-ро танг карданд. Ҳамин. Аз ин зиёд дигаргунӣ нест. Ва ин корашон, ба фикри ман, нодуруст аст, бар зидди қонуниятҳои инкишофи таърихии забон баромадан аст.

Дар ин бора ман фикри худро агар имкон шавад, менависам. Афсус. Авалаш ин ки қоъидаҳои имлоро ҳар рӯз дигар намекунанд. Соли 1998 мо охирин бор қоъидаҳои имлоро тасдиқ карда будем. Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда буд. Аз он замон то имрӯз андак вақт гузаштааст, бино бар ин масъалаи имлоро ҳоло бардоштан лозим набуд.

Устод, ҳамин имлое, ки дар забони тоҷикӣ ҳаст, то чи андоза бо табиъати забон созгор аст?

Табиъати забони мо дар бисёр мавридҳо дар алифбои тоҷикӣ, дар имлои тоҷикӣ, риъоя нашудааст. Табиъати забон дигар аст, хатти мо дигар ва имлои мо дигар аст. Вижагиҳои забони мо дар хатти арабӣ ё форсӣ, ки дар тӯли асрҳо доштем, дар он беҳтар ифода шуда буд.

Оё имкон дорад, ки дубора ба он хат баргардем?

Ба фикри ман, баргаштан лозим аст. Моро бисёр кӯшиш карданд, ки аз роҳи таърихии ҳазорсолаи худ берун кунанд ва яке аз кӯшишҳо барои берун кардани мо аз роҳи табиъии таърихӣ ҳамин иваз кардани хат буд. Тамоман моро ба роҳи дигар бурдан хостанд ва хатти дигар оварданд. Мо бояд ба роҳи таърихии аслии худ баргардем!

Бисёриҳо мегӯянд, ки як ҳадафи давлати Шӯравӣ ин буд, ки тоҷикони Осиёи Миёна аз эрониёну афғонистониён ҷудо шаванд. Оё ин дуруст аст?

Мақсад ин буд, ки тоҷиконро аз тамоми таърихи чандҳазорсолаашон ҷудо кунанд. Ин хатти форсии мо, ки як ҳазору чаҳорсад сол боз вуҷуд дошт, тамоми таърихи моро ба худ гирифтааст. Забони тоҷикӣ, хатти тоҷикӣ маҳсули тамоми ҳамин таърихи якунимҳазорсолаи мост.

Дар мавриди номи забон ҳам ихтилофоте ҳаст. Бархе мегӯянд, ки забони мо форсӣ нест ва номи “форсӣ”-ро аз матни Қонуни асосӣ бардоштанд. Ба назари Шумо, кадомаш дурусттар аст? Тоҷикӣ ё форсӣ?

Ҳардуяш ҳам дуруст аст, ман “форсии тоҷикӣ” менависам. Забони мо забони форсист, лекин форсии тоҷикӣ. Форсии Эрон андак фарқ мекунад, форсии дарӣ дар Афғонистон андак фарқ мекунад, форсии тоҷикии мо ҳам аз онҳо андак фарқ мекунад. Яъне мо як халқу се шохаи миллӣ ҳастем.

Шояд манзуратон гӯиш ё шеваи тоҷикӣ аст?

Гӯиш бисёр мафҳуми танг аст, ин забони миллӣ аст, забони мо, забони миллии тоҷикони Мовароуннаҳр. Фақат Тоҷикистон не, тоҷикони Моваруннаҳр. Дар Ӯзбекистон 10-12 милюн тоҷик аст, агарчи мактаби тоҷикӣ нест, лекин тоҷик ҳаст, инро фаромӯш кардан лозим нест. Забони ана ҳамин қадар одам, забони форсии тоҷикӣ аст.

Ман ҳамин “форсии тоҷикӣ” менависам ва ба фикрам, ҳамин тур “форсии тоҷикӣ” номиданамон лозим аст, лоақал барои имрӯз. Ин истилоҳи имрӯзии мо бояд бошад, номи имрӯзии забони мо бояд бошад, фардо мумкин аст, ки “забони форсӣ” гӯем, “забони тоҷикӣ” нагӯем. Мумкин шароит ин тур мешавад, ки “забони форсӣ” гӯем, бас аст.

Чунонки то соли 1925, ҳазор сол “забони форсӣ” мегуфтанд забони мардуми Осиёи Миёна ё Мовароуннаҳрро. Аз Рӯдакӣ сар карда, то ҳамин Айнӣ, ҳама “забони форсӣ” мегуфтанд, адабиёте, ки дар ин ҷоҳо ба вуҷуд омад, адабиёти форсӣ мегуфтанд. Адабиёти тоҷикӣ, забони тоҷикӣ, умуман чунин истилоҳ вуҷуд надошт.

Мумкин аст, ки фардо, пасфардо шароите ба вуҷуд биёяд, ки шароити таърихӣ чунин ояд, ки дигар боз забони худро “забони форсӣ”, адабиёти худро “адабиёти форсӣ” номем, лекин имрӯз, ба фикри ман, лозим аст, ки “забони форсии тоҷикӣ” гӯем ва “адабиёти форсии тоҷикӣ”.

Аммо вақте “тоҷик” мегӯем, бисёре аз ғайрифорсизабонҳо ҳам шомили тоҷик мешаванд. Масалан дар Бадахшон мардумоне ҳастанд, ки забонашон форсӣ ё тоҷикӣ нест, забони дигар аст, аммо онҳо ҳам худро тоҷик мегӯянд. Ба ҳамин далел, вақте агар мо фақат забони форсии Тоҷикистонро “тоҷикӣ” мегӯем, шояд онҳо берун аз ин доира қарор мегиранд?

Шояд. Не, онҳо ҳам тоҷик ҳастанд. Масалан, бадахшиҳо агарчи забонҳои гуногун доранд, забонашон тоҷикӣ нест, вале худашон тоҷик ҳастанд.

Устод, дар мавриди вожаи “тоҷик” ҳам баҳсҳои зиёде ҳаст. Масалан, бисёриҳо мегӯянд, ки он аз вожаи “тозик” омада, яъне араб дар забони паҳлавӣ. Ё баъзеҳо мегӯянд, ки аз тоҷ омадааст, яъне “тоҷдор”. Назари Шумо чист? Аз таҳқиқоте, ки то имрӯз доштед, ба чи натиҷа расидед?

Ман дар ин бора таҳқиқи махсус накардаам, мутахассиси ин соҳаҳо нестам. Дар ин бора баъзе чизҳо навишта шуд, чоп шуд. Дар Эрон “Тоҷикон дар масири таърих“ ном китоб чоп шуд, ки дар он чанд мақола ҳаст дар бораи пайдоиши калимаи “тоҷик”, дар бораи таъирихи ин калима. Мақолаи калоне Айнӣ ҳам навишта буд.

Ба ҳар ҳол, эзоҳоти гуногун ҳаст, ки чаро калимаи “тоҷик” пайдо шуд, аз куҷо пайдо шуд, чи маънӣ дорад. Дар байни инҳо як ривоят ҳаст, ки пайдоиши калимаи “тоҷик”-ро ба дини зардуштиву инҳо вобаста мекунад. Гӯё зардуштиён кулоҳе доштанд, ки ба тоҷ монанд буд ва бино бар ин, онҳоро тоҷик мегуфтанд.

Калимаи “тоҷик” аз ҳамон кулоҳи мардум пайдо шудааст, аз кулоҳи зардуштиён. Банда бисёр мехоҳам, ки ҳамин ривоят рост барояд, бисёр ривояти хуб аст, шояд ба ҳақиқат наздиктар бошад.

Устод, қабл аз соли 1925, пеш аз он ки ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шавад, мардуми Осиёи Миёна, бавижа шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, оё худро тоҷик мегуфтанд?

Ба таври расмӣ “тоҷик” мегуфтанд, лекин дар байни зиёиён, дар байни аҳли савод, тоҷик гуфтан бисёр ривоҷ надошт. Ман дар он китоби “Хуросон аст инҷо” ҳикоят кардам як воқеъаро, ки худам дида будам. Соли 1939 дар кишвари Шӯравӣ саршумори аҳолӣ шуд. Ҳамон вақт ман бача будам, дар Бухоро будам.

Чун онҳое, ки руйхат мекарданд аҳолиро, ба хонаи мо омаданд, ман бо аммаам ҳарду дар як ҳавлӣ будем, зиндагӣ мекардем, аммаам пирсол буд, лекин саводнок, аз дунё андак хабардор. Вақте ки суол карданд, ки !миллати шумо чист?”, аммаам гуфт, ки “форс”. Баъд ба ӯ гуфтанд, ки “э, Шумо форс бошед, пас эронӣ ҳастед магар? Пас шиъа ҳастед магар? О форс, ин эронӣ ва шиъа аст.”

Баъд аммаам гуфт, ки “не, не худо нигоҳ дорад, бачем, ман эронӣ не, ман шиъа не.” “Хайр, ин тур ки бошад, форс не-дия. Ки шумо, миллататон чӣ?” Баъд гуфтанд, ки “хайр, бачем тоҷик нависед.”

Баъд онҳо гуфтанд: “И-и-е! О шумо фалғариву масчоҳи-мӣ? Равед, набошад масчоҳ-ба, чива дар ин ҷоҳо гаштед???”

Аммам гуфтанд: “Э не, бачем, ман куҷо мерам ин пирӣ-ба? Ман масчоӣ не.”

Онҳо гуфтанд: “Хай, набошад тоҷик не. О ки шумо? Ман чи нависам шумо-ба?”

Баъд аммаам гуфтанд, ки “хайр, акнун нависед, ҳарчи ки хоҳед.”

Баъд якеш “Шумо узбечка!” гуфт ва афзуд, ки “Фаромӯш накунед! Ман шумоя “узбечка” менависам..”

Ҳамин тур, аввал “форс” гуфт аммаам худашро, форс қабул нашуд, ки баъд “тоҷик” гуфт. Тоҷик ҳам қабул нашуд, ки баъд “узбек” нагуфту ба вай гуфтанд, ки “шумо узбек!”

Шояд сарнавишти ҳазорон нафари дигар ҳам ҳамин тур рақам хӯрд?

Оре ҳамин тур, албатта! Ин як тасодуф не, ин гапҳое, ки аммаам гуфт, бисёр касон ба сарашон ин рӯз омада буд, ба ин гуна саволҳо ҷавоб мекофтанд.

Шумо он вақт кӯдаки чандсола будед?

Ягон 14-сола будам.

Оё Шумо худатон дар он замон то чи андоза дар бораи миллат ё қавматон медонистед?

Ҳа, ман баъд аз он ки аммаамро “ӯзбечка” навистанд, аз ман пурсиданд, ки “туя миллатат чӣ?” Ман гуфтам, ки “ман тоҷик.” Баъд гуфтанд, ки “о туя модаркалонат узбек будаасту ту тоҷик-мӣ?” Ман гуфтам, ки “ин кас модаркалони ман не, ин аммаи ман.”

Ман гуфтам, ки “ман тоҷик, ин кас ҳар чи ки бошанд.” Баъд гуфт: “Не, фикр кун, чиба ту тоҷик?” Ман гуфтам, “ҳамту тоҷик.” Бисёр исрор карданд, ки “тоҷик нестӣ ту ҳам”, ман гуфтам, “не, маро тоҷик нависед.” Баъд “хайр” гуфту чизе навишт ба дафтараш, ки ман акнун намедонам, ки вай чи навишт. “Тоҷик” навишт, ё маро ҳам “узбек” навишт. Ҳеч мумкин нест, ки маро “тоҷик” навишта бошад.

Пеш аз ҳамон ҷоншумори аҳолӣ дар шаҳр бисёр овозаву шавшув пайдо шуд, ки “боз рӯйхат мекунанд, боз чи гап бошад?”. Мардум тарсида буд, мегуфтанд, ки мақсад аз руйхат кардани мо чӣ? Баъзеҳо мегӯянд, ки “шумо худатонро узбек гӯед”, баъзе мегӯянд, ки” тоҷик гӯед.”

Ҳамин тур, ба муъаллимҳои мо низ супориш шудааст. Чанд рӯз муъаллимҳои мо, ҳамту ки ба дарс даромаданд, аввал мегӯянд, ки “ҳамин тур рӯйхати аҳолӣ мешаваду фалон хел суолҳо мешаваду баъд мана яке аз суолҳо ин, ки миллататонро мепурсанд. Ҳамин вақт шумо бояд гӯед ки мо ӯзбек. Рафта, ба падару модаратон, пиру кампирҳо гӯед, ки онҳо ҳам худашонро узбек гӯянд. Ин ҷа Ӯзбекистон, мо дар ҳамин Ӯзбекистон зиндагӣ дорем, пас мо ҳам узбек.”

Як муъаллим хилофи ин гап зад: Рашидӣ. Муъаллими забону адабиёт. Гуфт ки “не, мо узбек не, шумо дар синфи тоҷикӣ, мактаби тоҷикӣ хонда истодаед, забонатон тоҷикӣ, хона-ба тоҷикӣ гап мезанед, шумо тоҷик ҳастед. Дар Ӯзбекистон зиндагӣ кардани мо чунин маънӣ надорад, ки мо ҳам узбек ҳастем. Дар Ӯзбекистон узбек ҳаст, тотор ҳаст, қаҳзоқ аст, туркман аст, русҳо ҳастанд, тоҷикҳо ҳам ҳастанд.”

“Дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунем, лекин тоҷик. Рафта, падару модаратон-ба гӯетон, ки шуморо “тоҷик” нависонанд.” Ин ҳарфҳоро ҳамон муъаллимамон, домулло Рашидӣ, гуфта буд. Як нафар! Хеле бо мо сӯҳбат карданд, моро тайёр карда буданд. Лекин шояд ҳамин гапҳои муъалим ба ман таъсир кард, ки ман, рӯзе, ки барои рӯйхат омада буданд, сахт истодам, ки ман тоҷикам.

Аммо баъдан, ки бузургтар шудеду паспорт ё шиноснома гирифтед, онҷо чи навишта шуда буд?

Дар шиносномаи ман “тоҷик” навишта шуда буд аз ҳамон аввал, чунки ман инҷо (Душанбе) омада, шиносномаро инҷо гирифтам. Аммо бародарам, ки дар Бухоро буду шиносномаи он ҷоро гирифта буд, узбек шуд.

То ҳамин ҳоло дар шиносномааш “узбек” навишта шудааст?

Вафот карданд бародарам, бо ҳамон (шиносномаи) узбекӣ, ҳоло набераҳошон тамоман тоҷикиро намедонанд. Набераҳои бародарам, чанд набера дорад, аз ҳамонҳо якеш тоҷикӣ медонад, дигарашон фақат ба ӯзбекӣ суҳбат мекунад.

Ин ҳам шояд як навъ фарҳангзудоӣ ё ассимилятсияи иҷборӣ аст? Дар ҳамин замина, масалан, мардуми Самарқанду Бухоро ба ягон созмони байналмилалӣ, ба ЮНЕСКО арз накарданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, ки аз ҳувият ва фарҳангашон даст кашанд?

Не, дар Бухоро шӯришҳову муқобилатҳои сахт шудаст, инро дар ҳамон китобе, ки ба чоп додам, мебинед. Лекин ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиъат нашудааст, ба фикрам, ғайр аз муроҷиъати амири Бухоро, муроҷиат шуданаш ҳам фоида надорад, кай парво доранд.

Масалан СММ кай парво дорад, ки ин ҷо мардум тоҷик астанд ё узбек. Ҳеч кас парво надорад, ҳамаи ин дасти худамон аст. Агар хоҳем, ки тоҷик буданамонро исбот кунем, худамон исбот карда метавонем. Ягон каси дигар аз берун омада, ин корро карда наметавонад. Ҳатто ҳукумати шӯравӣ, ки соли 1924 таксими ҳудуди миллӣ гузаронд, ӯ Бухорову Самарқандро ба Ӯзбекистон дод.

Дар охири умри шӯравӣ, дар замони Горбачев, аз Маскав, аз кумитаи марказии Ҳизби кумунист як намояндаи олимартаба омад, бисёр сӯҳбат кард, ҳар ҷое, ки барои сӯҳбат, масалан Иттиҳодияи нависандагон рафт, академия омад, куҷое, ки суҳбат кард, масъалаи Самарқанду Бухоро баромад. Мегуфтанд, ки Бухорову Самарқанд ба Тоҷикистон дода шавад. Ман як нома навиштам.

Лекин он намояндаи Маскав гуфт, ки ин вазифаро акнун Маскав иҷро карда наметавонад. Инро худатон бо Ӯзбекистон маслиҳат кунеду гуфтушунид кунеду ба як фикр биёед. Ман гуфтам, ки охир тасаввур кунед, соли 1924 ин тақсимотро Маскав анҷом дод. Ҳукумати Шуравӣ нагуфт, ки ин кори ман не, ин кори тоҷику ӯзбак, чи шуд, ки акнун имрӯз мегӯед, ки ин кори ман не, кори шумо.

О тасаввур кунед, ки Ӯзбекистон як ҷумҳурии бузурги қавию тавоно, Тоҷикистон як ҷумҳурии хурди нотавон, ҳамин ду ҷумҳурӣ даст ба гиребон шуда тоҷикон ҳаққи худашонро аз Ӯзбакистон канда гирифтанашон мумкин аст оё? Оё мумкин аст, ки ба ин гуна мубориза умед бандед?

Не, ин ҷа чи хеле ки Маскав дар соли 24 ум ҳамин тақсимотро ба вуҷуд овард, агар онро бекор кардан даркор бошад, онро Маскав карданаш даркор. Лекин акнун дигар ҳокимияти советӣ ҳам тамоман нотавон шуда буд. Бино бар ин, ҳашокало гуфтан, к и не не. Акнун имрӯз ҳам минбаъд ин чизҳо дар ихтиёри таърих аст.

Устод, дар бораи номаи амир ба СММ гуфтед, ин чи нома буд?

Як нома наившта буд. Вай дигар ҳеч нақше дар таърихи мо надорад. Нома навишта буд, ки “ман золимӣ накардааму зулм накардааму дар кишвардорӣ адлу инсофро риъоят мекардаму ва ҳоказо.”

Яъне ба СММ навишта буд, ки Шуравӣ ишғол кард Бухороро?

Ҳа, норозигӣ аз ишғолгарии Шӯравӣ, худашро сафед кардан мехост, андак, фалон ҷо купрук сохта будам, фалон ҷо ин тур карда будам, ҳамин, дигар ҳичи не.

Устод, худатон ҳам дар бораи инқилоби Бухоро пештар назароте матраҳ карда будед, ки гӯё вай инқилоб набуд ва ишғолгарӣ буд.

Бале, бале, китоби ман чоп шуд, номи китоб “Фитнаи инқилоб дар Бухоро” аст. Инҷо ҳамин инқилоб набуд, инқилоби халқӣ набуд, як ишғолгарӣ буд, таҷовуз буд, тамом, дигар ҳич чиз не. Бино бар ин, натиҷаҳои бисёр бад овард.

Аммо ҳамон вақт касоне, ки зидди шӯравӣ меҷангиданд, “босмачӣ” мегуфтанд. Имрӯз бисёриҳо мегӯянд, ки онҳо барои миллат мубориза мебурданд. Назари Шумо чист?

Акнун ман намедонам, ман махсус ба ин масъала машғул нашудаам. Ҳоло китоби Абдуллоев чоп шуд дар Тоҷикистон, ки дар бораи босмачиҳост. Албатта, ҳамон ҳаракати босмачигарӣ ҳамгун ё якранг набудагист, дар он ҷо ҳам дар дохил ҷараёнҳои гуногун бояд вуҷуд дошта бошад.

Инҳоро тафтиш, таҳқиқ кардан лозим аст. Ва баъд аз он ки таҳқиқоти бисёре ба вуҷуд омад, баъд хулоса баровардан мумкин аст, ки дар кадом маврид ҳаракати мусбат буд, ба фоидаи миллат буд, дар кадом маврид баръакс шояд тамоман хилофи манфиъатҳои миллат буд.

Устод, ташаккури зиёд барои сӯҳбат.

Саломат бошед.

ҷусторҳои вобаста

1+

1 Comment Posted

Бифирист

.


*