Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ
Дуктур Муҳаммади Ҳасандӯст
Зери назари Дуктур Баҳмани Саркоротӣ
Ҷилди аввал: алиф-те
Фарҳанги забон ва адаби форсӣ, 1383
Ҳаштод (аз ҷумла 18 сафҳа феҳристи манобеъ)+360+намояи вожаҳои форсӣ (90 сафҳа)
Меҳдии Ҷомӣ: “Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ” кӯшише дар ҳавзаи нашри форсӣ барои пур кардани ҷои холии як ниёзи қадимӣ аст. Кофист таваҷҷуҳ кунем, ки бузургтарин фарҳанги луғати форсӣ, яъне Луғатномаи Деҳхудо, аз мабоҳиси решашинохтӣ тақрибан холӣ аст. Ҳол он ки тамоми фарҳангнивисон медонанд, ки ниёз ба шинохти торихи вожаҳо бахши муҳимме аз шарҳи вожа дар як фарҳанги ҷомеъи луғот аст.
Душвориҳои мутолеъоти забоншиносии торихӣ дар Эрон, ки дар 25 соли ахир ташдид шуда, мӯҷиби камрушдӣ дар заминаи решашиносӣ ҳам шудааст. Бо ин ҳама, насли пешгоми забоншиносони торихӣ дар Эрон ҳанӯз ба парвариши маъдуд шогирдони мусаъиди худ идома медиҳанд. Китоби ҳозир низ дарвоқеъ ҳосили кӯшишҳои шашсолаи касе аст, ки худ дар маҳзари яке аз устодони мусаллами забоншиносии торихӣ, яъне дуктур Баҳмани Саркоротӣ парвариши илмӣ ёфтааст. Аз устод мақолаи муфассале ҳам дар Оғози ин китоб ҳамчун муқаддима омадааст, ки як мақолаи ҷоеъ дар муъаррифии доманаи мабоҳиси решиносӣ ва низ торихи ин илм аст.
Дуктур Саркоротӣ, ки китоб зери назари ӯ тадвин шуда ва чунин пайдост, ки устоди роҳнамои рисолаи дуктурии муаллиф будааст (агарчи рӯшан нест, ки ин китобро бояд сурати виростаи ҳамон рисолаи дуктурии муаллиф донист ё таълифе мустақил), дар баҳси худ дар бораи мактабҳои решашиносӣ таваҷҷуҳ медиҳад, ки решашиносии имрӯз аз сӯе ба маънишиносӣ (семонтик) пайванд хӯрдааст ва аз сӯи дигар ба шинохти торихии вожаҳо ва таҳаввулоти овоии онҳо ва дар айни ҳол аз бостоншиносӣ ва соири улуми шинохти дунёи куҳан бениёз нест. Равиши пешниҳодии ӯ барои баррасиҳои решашинохтӣ дар китоби оқои Ҳасандӯст бозтоби муносибе ёфтааст.
Фарҳангнивисӣ барои решаҳо
Фарҳангнивисӣ дар заминаи решашиносӣ ба дониши густарда дар забонҳои гӯё ва хомуши эронӣ ниёз дорад ва чун таҳсили ин забонҳо душвор аст ва ояндаи рӯшане ҳам дар Эрон баробари донишҷӯи ин забонҳо вуҷуд надорад, шумори касоне, ки ба ин таҳсилот рӯ кунанд ё аз он муваффақ берун оянд ва дар риштаи таҳсилии худ ба тавлид бирасанд, бисёр кам аст.
Аз ин рӯ, кӯшиши дуктур Муҳаммади Ҳасандӯстро бояд арҷ ниҳод, ки бахше аз умрро дар ин кори пурзаҳмат ва камфоида аз назари моддӣ сармоя кардааст. Аммо ҳосили кори ӯ ганҷинаест аз фарҳанг ва забон, ки ҳамаи алоқамандон ба мабоҳиси решашиносиро судманд меуфтад.
Муаллиф бо ин китоб аввалин ҷилд аз “Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ”-и худро мунташир кардааст. Дар торихи нашри Эрон дастикам ду фарҳанги номдори дигар низ дар ин замина мунташир шуда, ки мутаассифона интишори ҳарду дар ҳамон ҷилди аввал мутаваққиф шудааст. Яке “Асоси иштиқоқи форсӣ”, ки дуктур Ҷалоли Холиқии Мутлақ тарҷума кард ва Бунёди фарҳанги Эрон дар замони риёсати шодравон Хонларӣ мунташир сохт ва дигарӣ кори бузурге, ки таълифи онро пажӯҳишгарони ҳамин бунёд шурӯъ карданд ва бо номи “Фарҳанги торихии забони форсӣ” дар авохири режими Паҳлавӣ интишор ёфт. Ҳеч як аз ин ду тарҷума ва таълиф идома наёфт. Гарчи кори “Фарҳанги торихӣ” бо таҷдиди назар дар равиши таълиф зоҳиран аҳти сарпарастии дуктур Тақии Пурномдориён беш аз даҳ сол аст, ки идома дорад, вале ҳанӯз аз он чизе мунташир нашудааст.
Домана ва равиши кор
Ҷилди аввали таълифи оқои Ҳасандӯст аз алиф то те, ё аз об то тиҳуро дар бар дорад. Муаллиф худ дар муқаддимаи кӯтоҳе мегӯяд, ки кӯшидааст “дар ҳадди имкон ҳамаи луғоти форсии асилро, ки матлабе қобили таваҷҷуҳ дар бораи ваҷҳи иштиқоқи онҳо ба даст омадааст”, дар ин фарҳанг гирд оварад. Бино бар ин, асли кори ӯ пажӯҳиш ва гирдоварии матолиби решашиносон ва сипас танзими равишманди онҳо ва афзудани пажӯҳишҳои худ бар ин маҷмӯъа аст.
Дар айни ҳол, ба ҷуз луғоти асили форсӣ “бархе аз луғоти дахил аз забонҳои туркӣ, юнонӣ, арабӣ ва забонҳои дигар, ки барои форсизабонон шинохта ва маънус аст”, низ дар ин фарҳанг мавриди баҳс қарор гирифтааст.
Равиши кори муаллиф чунин аст, ки ибтидо маънои луғатро меоварад, яъне таъриферо, ки фарҳангҳои маъруфи форсӣ аз луғат додаанд, бо зикри шавоҳид аз мутуни куҳан нақл мекунад, сипас ба иштиқоқи луғат мепардозад ва сайри маъноии онро рӯшан месозад ва саранҷом ба манобеъе ишора мекунад, ки дар онҳо дар бораи луғати мавриди назар (мадхал) ҳарфу сухане ба миён омадааст.
Гардише дар мадхалҳои “алиф”
Бо таварруқе дар мадхалҳои “алиф” дар ин фарҳанг ба нукоти ҷолибе армехӯрем, ки барои ошноии хонандагон ишора ба онҳо холӣ аз лутф нест:
Муаллиф зайли об тазаккур медиҳад, ки “рӯд” низ аз маъонии “об” аст ва барои он вожаеро дар забони прусии куҳан нишон медиҳад: “Апа (apa)”, ки наздикияш бо вожаи об дархӯри таваҷҷуҳ аст. Аз тариқи ҳамин мадхал дармеёбем, ки вожаҳое наздик ба об дар бархе аз забонҳои урупоӣ низ ба ҳамин маъно вуҷуд дорад. Чунонки дар забони летуниёӣ “ ӯпе (upe)” ба маънои мутлақи об ба кор меравад.
Обхуст (хушкӣ ва ҷазираи миёни дарё) низ дорои равобити ҷолибе аз назари забонӣ бо вожаи “хун” аст, ки дар шабехун ба кор меравад (ё дар вожаи камкорбурдтари рӯзхун, ки шабехуни рӯзона бошад!). Ҳарду дар решаи авестоии “хваҳ” (xvah) ба маънои кӯфтан ва фишурдан муштараканд.
Маънои торихии обистан дорои мулоҳизоти иҷтимоъии дархӯри тааммуле аст, зеро ин вожа аслан ба маънои бордор будан ба писар аст: аз вожаи авестоии “апучатану (a-puca-tanu)”. Вожаи миёнӣ дар таркиби авестоӣ ҳамон аст, ки дар Табарӣ пӯс/пӯт (ба маънои писар) талаффуз мешавад. Ва рӯи ҳам маъно медиҳад: Он ки танаш ҳомили фарзанди писар аст. Дар бисёре аз мавоқеъ ҳанӯз ҳам муъодили обистан дар форсӣ “бачадор будан” аст. Албатта, бисёре аз эрониёни имрӯз мумкин аст надонанд, ки бача яъне писар! Аммо масалан дар гӯиши форсии тоҷикӣ ҳамчунон “бача” ба маънои рафиқ ва марду писари ҷавон ба кор меравад.
Озарм дар маънои қадими худ, ки ғаму андӯҳ ва тангиву сахтӣ бошад, бо вожаи озор ҳамреша аст ва ҳарду аз решаи авестоии зар (zar) ба маънои таҳрик кардан ва хашмгин кардан.
Дар ожир калимаи зиракро ҳам метавон дид. Маънои аввали ожир усулан зирак ва ҳушманд аст. Дар сурати дигари вожа, ки “озир” аст, метавон сояи зиракро пуррангтар дид. Дар авестоӣ “ҷира” (jira – жира, зирак) ба маънои сарзинда ва зирак омадааст.
Ба ҳамин тартиб, дар вожаи остин ҳам метавон вожаи “даст”-ро ёфт, зеро ки сурати калима дар форсии бостон “одастайна” (a-dastaina) ё “одасттанё” (a-dastanya) аст.
Табақабандии таҳаввулоти вожаҳо
Вожаҳои ин фарҳангро метавон аз ҷанбаҳои мухталифи таҳаввулоти вожагонӣ барарсӣ ва табақабандӣ кард. Масалан гурӯҳе аз вожаҳо ҳастанд, ки дар тӯли замони дароз тағйироти андаке доштаанд ва тақрибан ба ҳамон сурати бостонӣ, ё дақиқтар, ба яке аз суратҳои бостонии худ, имрӯз низ ба кор мераванд. Аз ин даст вожаҳо бояд ба офтоб ишора кард, ки дар форсии мутуни монавӣ ҳам масалан ба ҳамин сурат ба кор рафтааст. Вожаи дигар оҳиста аст, ки гӯё ҳеч шитобе барои тағйир надошта ва аз сурати форсии бостони худ, ки “оҳастак” (a-hastaka) аст, тағйири чандоне накардааст.
Як гурӯҳи дигар аз вожаҳо, ки маъмулан мавриди таваҷҷуҳи донишҷӯёни эронӣ дар ҳангоми омӯхтани забонҳои хориҷӣ қарор мегирад, вожаҳоест, ки байни забони худ ва забоне, ки меомӯзанд, мушобеҳ меёбанд. Аз ин даст вожаҳо масалан овоз қобили таваҷҷуҳ аст, зеро решаи он “овока” (a-vaca) аст, ки бо вожаҳои марбут ба хондан дар забонҳои урупоӣ ҳамреша аст (вукол- vocal дар инглисӣ асалан ба маънои мусиқии овозӣ аст). Дар забони лотинӣ “вукоре” (vocare) ба маънои садо кардан ва хондан ба кор рафтааст. Сурати санскрити он яъне “вока” (vaka) низ ба маънои суруд ва тарона аст.
Коре тоқатфарсо барои яктана анҷом додан
Бо вуҷуди заҳмати тоқатфарсое, ки муаллиф бар худ ҳамвор кардааст, то калима ба калима 360 сафҳаи фарҳанги худро аз инҷову онҷо гирд оварад ва созмон диҳад, аммо ин навъ корҳо дар замони мо дигар на кори як тан, ки кори як гурӯҳи варзида аст, ки ба ҳимояти сармоя ва созмони лозим низ пуштгарм бошад.
Ин чизест, ки метавон ҳадс зад, муаллиф аз он баҳрае надошта ва яктана кори худро пеш бурдааст. Гарчи то ҳамин ҷо ҳосили кори фардии ӯ бо назме дархӯри таҳсин дар ихтиёри алоқамандон қарор гирифтааст, аммо ҳосили кори ҷамъии дигарон ҳанӯз интишорнаёфта боқӣ мондааст. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки корҳои муваффақи гурӯҳӣ дар ин заминаҳо дар Эрон намунаҳои зиёде надорад.
Мушкили китоб дар иртибот бо хонандаи умумӣ
Барои чунин китобҳое як мушкили умда эҷоди иртибот ва тасҳили он барои хонандаи умумӣ аст, ки ба шавқи ёфтани решаи вожае ба он муроҷеъа мекунад.
Агар аз ин манзар бингарем, яке аз айбҳои зоҳирии китоб ин аст, ки бар хилофи фарҳангҳои дигар дар сатрҳои кӯтоҳ ҳуруфчинӣ нашудааст. Маъмулан китобҳои фарҳанги вожагонро ба сурати дусутунӣ ҳуруфчинӣ мекунанд, то хонанда роҳаттар сатрҳоро дунбол кунад. “Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ” фоқиди ин навъ сутунбандӣ аст ва ба сурати китобҳои умумӣ ҳуруфчинӣ ва сутунбандӣ шудааст.
Аз ин ки бигзарем, китоб бар решашиносии “луғоти асили форсӣ” такя дорад, аммо манзур аз луғоти асили форсиро муаллиф рӯшан накардааст. Вожаи асил яке аз баҳсбарангезтарин мабоҳиси қарни гузашта дар Эрон ҳам дар ҳитаи тахассусии аҳли окодемӣ ва ҳам дар ҳитаи умумӣ миёни мардум будааст. Шояд ба ҳамин далел дар “Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ” ҳамаи вожагони асили форсӣ наёмадааст, чунонки вожаи “осеб” дар мадхалҳои “алиф” мадхали мустақил надорад.
Сокит будани китоб дар бораи забонҳои хомуш ва камошно
Мушкилоти дигаре низ аз назари хонандаи умумӣ вуҷуд дорад. Барои мисол, вақте ба луғати “анӯша” мерасем, муаллиф нахуст форсии миёнаи он “анӯшаг”-ро меоварад ва сипас ҷузъ-ҷузъи онро ба қиёсҳое ба забонҳое монанди забонҳои ҳинду-урупоӣ ва авестоӣ ва форсии миёнаи турфонӣ ва портӣ ва суғдӣ ва сакоӣ ва осӣ ва монанди он муъаррифӣ мекунад.
Барои хонандаи ғайри мутахассис, ки бо забонҳои хомуш ё ноошно ошноӣ надорад, чунин қиёсҳое мумкин нест. Муаллиф ба хонандагоне нисбатан ҳирфаӣ назар дорад, чиро ки барои мисол “форсии турфонӣ” маънояш барои хонандаи ғайри мутахассис рӯшан нест, чи расад ба “форсии миёнаи турфонӣ”. Аз ҳамин қабил аст суғдӣ ва портӣ ва хоразмӣ ва дигар забонҳо.
Душвории кор барои иртибот барқарор кардани китоб бо хонанда / муроҷеъакунандаи ғайри мутахассис дар ин аст, ки муаллиф асосан биноро бар ин нагузошта, ки дар бораи забонҳо тавзеҳ диҳад. Масалан бигӯяд, ки забони хоразмӣ чи тур забоне буда, дар куҷо ва дар чи маҳдудаи ҷуғрофиёӣ ривоҷ дошта, кудом мардум дар чи давра ё давраҳое ба он сухан мегуфтаанд, осори мактуб дар он забон вуҷуд дорад ё на, имрӯза ривоҷ дорад ё аз миён рафтааст ва аз ин қабил.
Дуруст аст, ки ҳарфи Хе (خ) дар ин ҷилд наёмада, ки битавон интизор дошт забони хоразмӣ тавзеҳ дода шуда бошад, аммо дар бораи забонҳое, ки номашон бо ҳуруфи чопшуда дар фарҳанг шурӯъ мешавад, ҳам тавзеҳе вуҷуд надорад. Чунонки ҳарфи Пе (پ) дар ҳамин ҷилд омада, аммо калимоти Порт ва портӣ дар он дида намешавад. Ҳатто калимоте монанди “паҳлӯ” ва “паҳлавон” дар зери ҳамин ҳарф тавзеҳ дода шуда, аммо “паҳлавӣ” нест, ки битавон аз забони паҳлавӣ иттилоъе касб кард. Чунин аст турфонӣ, ки дар бораи он тавзеҳе зайли мадхалҳои ҳарфи Те (ت) наёмадааст.
Илова бар инҳо, дар решашиносии луғот мудом ба ишороте бармехӯрем, ки исми забон ё гӯиши ноҳияе дар Эронзамин аст, монанди язғуломӣ ва сарикулӣ ва порочӣ ва шуғнӣ ва вахӣ (гӯишҳо / забонҳои бадахшӣ) ва монанди инҳо. Аммо нивисанда дар бораи онҳо на дар понивис ва на дар поёни китоб тавзеҳе намедиҳад. Хушбахтона дуктур Саркоротӣ дар пешгуфтори китоб, ки дарвоқеъ мақола ва суханронии ҷудогонаест, ин вожаҳоро то ҳадде тавзеҳ дода, вагарна хонанда бо мубҳамоти бештаре рӯбарӯ мебуд.
Афзудани яке чанд нақшаи забонӣ ба китоб ва нивиштани фасле дар бораи забонҳои марҷаъ (дар қиёсҳои решашинохтӣ) дар чопи баъдӣ метавонад кумаки муҳимме ба умумитар кардани ҳавзаи хонандагони китоб ва табъан густариши доманаи ин дониш дар байни умум бошад.
Камтаваҷҷуҳӣ ба намоясозӣ
Фарҳанги решашинохтии оқои Ҳасандӯст аз назари намояпардозӣ ҳам костиҳое дорад. Дар поёни китоб намояи тамоми вожаҳои мавриди баҳс ё ишорашуда дар зимни баҳсҳо омадааст, аммо намояи вожаҳои забонҳои мухталиф, масалан курдӣ, пашту, арманӣ, суғдӣ, форсии бостон ва монанди онҳо вуҷуд надорад. Анвоъи дигари намоясозиро ҳам метавон барои вожаҳои решашиносишуда ба даст дод, ки табақабандии онҳо аз назари навъи таҳаввул яке аз онҳост, коре, ки дар нишон додани низоми таҳаввулоти вожаӣ бисёр муҳим аст.
Гарчи намоясозӣ коре вақтгир аст, аммо кори муроҷеъа ба фарҳангро осонтар ва бозёбии матолиби анбӯҳи онро роҳаттар мекунад. Ин корро як дастёри ҷавон ва дақиқ ва алоқаманд ҳатман метавонад зери назари муаллиф ба анҷоме матлуб бирасонад.
Агар идома ёбад…
Албатта, вуҷӯҳи мусбати кори оқои Ҳасандӯст бисёр беш аз хӯрдаҳоест, ки метавон бар китоб гирифт. Роҳе, ки ӯ тай мекунад, оғозгари дубораи роҳе дар забони форсӣ аст, ки саранҷом рӯзе бояд рафт ва агар идома ёбад ва монанди аслофаш ба ҷилди аввал хатм нашавад, метавонад ӯро дар шумори хидматгузорони номдори забони форсӣ қарор диҳад.
* Тамоми талаффузҳои қадимӣ, ки ба хатти форсӣ нивишта шуда, тақрибӣ аст. Дар асли китоб танҳо сурати овонигоронаи талаффузҳо ба хатти лотин сабт шудааст.
Дар ин бора бингаред ба: Пешфурӯши “Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ”
متن فارسی “اینجا” بخوانید
Бифирист