Муждаи Калҳур (рӯзноманигор дар Туркия): Забони форсӣ дар даврае тӯлонӣ забони расмии дарбори салотини Усмонӣ будааст. Дидоре кӯтоҳ ва гузаро аз музеҳои Туркия ва ҳатто гузар аз манотиқи қадимӣ ва осори торихии шаҳрҳои ин кишвар, ки мамлӯ аз хатту забони форсӣ аст, нишон медиҳад, ки ин забон то чи поя дар ин кишвар мутадовил будааст.
Ин мавзӯъро бо Рифъати Ёлчини Болота, фориғуттаҳсили адабиёти форсӣ ва устоди бознишастаи дарсҳои Усмонӣ, дар миён гузоштам. Ин гуфтугӯ бо Ёлчин дар донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Эжеи Измир анҷом шудааст.
Агар бихоҳем ҳамсоягиро яке аз далоили таъсири забони форсӣ дар дарбори Усмонӣ қаламдод кунем, ин суол пеш меояд, ки чиро забони форсӣ? Туркия бо кишварҳои дигар ҳам ҳамсоя аст, ки таъсирашон бар забони туркӣ бисёр кам аст.
Алоқаи бисёре аз туркҳо ба адабиёти форсӣ ва арабӣ яке аз далоили вуруди забони форсӣ ба Туркия буд ва таъсири бисёре бар ин сарзамин гузошт. Аз онҷое ки Туркия кишваре мусалмон буд, дин боъиси вуруди забони арабӣ ба Туркия шуд, аммо дар муқоиса бо забони форсӣ таъсири забони арабӣ маҳдуд аст. Бисёре аз вожаҳое, ки дар нивиштани шеър ва насри туркӣ ба кор бурда мешаванд, аз форсӣ гирифта шудаанд. Он ҳам шояд ба далели осонии забони форсӣ бошад.
Аз онҷое ки Туркия кишваре мусалмон буд, дин боъиси вуруди забони арабӣ ба Туркия шуд, аммо дар муқоиса бо забони форсӣ таъсири забони арабӣ маҳдуд аст. Бисёре аз вожаҳое, ки дар нивиштани шеър ва насри туркӣ ба кор бурда мешаванд, аз форсӣ гирифта шудаанд.
Арабӣ нисбат ба форсӣ забони душвортаре аст. Мо арабиро фақат аз ҷанбаи динии он гирифтаем, форсиро ҳам аз ҷиҳати адабиёти ин забон. Насли қадим бештар аз мо ба адабиёт алоқа дошт. Онҳо ҳангоми нивиштан аз авзони арӯзӣ истифода мекарданд ва ба ҳамин далел, дар девони адабиёти мо калимоти форсӣ зиёд аст. Форсӣ таъсири мустақим бар забони мо дорад ва арабӣ тақрибан дар умури динӣ хулоса мешавад.
Забони форсӣ дар дарбори Усмонӣ дар даврае ба забоне девонӣ бадал шуд. Иллати он чист?
Маншаъи онро метавон дар давлати турктабори Салҷӯқӣ донист, ки дар рон таъсис шуд. Онҳо ҳам форсӣ ҳарф мезаданд, дар дарбори онҳо ҳам забони гуфтугӯ форсӣ будааст. Забони дарбори Усмонӣ ҳам идомаи забони гуфтории дарбори салҷӯқӣ ва форсӣ будааст.
Пас натиҷа мегирем имперотурии Усмонӣ худашро ба Эрон ва забони форсӣ наздиктар медида, то дигар кишварҳои ҳамсоя?
Бале, чун забони форсӣ роҳаттар ва оҳангин аст, мардум забони худашонро ба калимоти форсӣ наздиктар дидаанд ва аз он таъсир пазируфтаанд. Эрони гузашта аслан рабте ба Эрони имрӯз надорад. Сарчашмаи озодӣ дар он хок будааст. Шеърҳои Рӯдакиро чи касе метавонад бисарояд? Шеърҳои Ҳофиз ва Саъдӣ нишондиҳандаи зарфиятҳои иҷтимоъӣ дар он мамлакат будааст. Осори онҳо фавқулъода аст. Ин ҳама озодӣ дар куҷои дунё вуҷуд дошт? Фақат дар сарзамини шумо.
Шумо забони форсиро дар Туркия ёд гирифтаед?
Ман форсиро ДАР АРЗИ ЯК МОҲ дар Тукия омӯхтам. Дар Истонбул як мактаби эронӣ вуҷуд дошт, ки ба сурати ройгон клос (дарс) баргузор мекард. Дар ибтидо як клоси сенафара будем, ки дар арзи чанд рӯз фақат ман мондам. Баъд аз муддате дар ҳамон макон ман клосҳои забони форсӣ баргузор кардам.
Ман забони форсиро бо тамоми фарҳанги эронӣ омӯхтам. Мехоҳам бигӯям мо бештар аз ин ки ба арабҳо наздик бошем, худамонро ба фарҳанги эронӣ ва кишвари шумо наздик мебинем. Фарҳангҳоямон бисёр ба ҳам наздик аст.
Оқибати забони форсӣ дар Усмонӣ пас аз ташкили ҷумҳурӣ дар ин кишвар чи шуд? Бо доманаи нуфузи бисёр билохира чиро баякбора дар Туркия аз байн рафт ва канор гузошта шуд?
Баъд аз эъломи ҷумҳурият дар Туркия забон дар ин кишвар тағйироти зиёде кард ва ҳатто хатту алифбо ҳам иваз шуд ва алифбои лотин ҷонишини алифбои қадимӣ шуд.
Дар ин шароит, бо ташвиқи давлат ором-ором аз бакоргирии калимот бо решаи форсӣ ҳам худдорӣ шуд. Албатта фақат хости давлат нест, ин иртиботи мустақим ба мардумони як кишвар дорад. Мардум агар бихоҳанд калимаеро ба кор бибаранд, касе ҷилавдори онҳо нест. Бисёре аз калимот ба далоили мутаъаддиде дар тӯли замон фаромӯш мешаванд ва ё ҷойгузини дигар пайдо мекунанд.
Сарчашмаи озодӣ дар он хок (Эрони гузашта) будааст. Шеърҳои Рӯдакиро чи касе метавонад бисарояд? Шеърҳои Ҳофиз ва Саъдӣ нишондиҳандаи зарфиятҳои иҷтимоъӣ дар он мамлакат будааст. Осори онҳо фавқулъода аст. Ин ҳама озодӣ дар куҷои дунё вуҷуд дошт? Фақат дар сарзамини шумо.
Бисёре аз калимот ҳам бино ба шароит эҷод ва халқ мешаванд. Сабки мардумони Туркия баъд аз Усмонӣ тағйироти зиёде доштааст. Онҳо ҳатто забони шеърияшонро ҳам иваз карданд. Гуфтанд, ки чиро забони туркӣ ба кор набарем. Тамоюл ба калимоти туркӣ зиёд шуд ва албатта таҳсилоти қадимӣ ҳам таъсири зиёде дошт. Дар он замон мадорис таҳти ҳукумати Усмонӣ буд ва шеваи дарсии худашонро доштанд. Фикр мекунам, ки онҳо бахти инро надоштанд, ки мо дигар калимоти гузаштаро ба кор намебарем. Калимоти забони туркӣ ҳам баъд аз эъломи ҷумҳурият эълом шуд.
Аз онҷое ки бахши аъзаме аз торихи Туркия ба забони усмонӣ нивишта шудааст ва ба он забон бармегардад, чиро дар мадорис як воҳиди дарсии хос ба ин забон ихтисос намедиҳанд? Ба ҳар ҳол, Туркия ҳудуди ҳаштод сол аст, ки аз ҳуруфи лотин истифода мекунад ва ҳаштод сол барои як торих бисёр замони кӯтоҳе аст.
Дарсҳои Усмонӣ, ки дар риштаҳои торих дар донишкада тадрис мешавад, барои ҳамин мавзӯъ аст. Ман ба донишҷӯён мегӯям, ки агар гузаштаатонро надонед, чи тур метавонед дар мавриди торихи худ ҳарф бизанед? Касе, ки мегӯяд фақат як дарси Усмонӣ барои тамоми мадорис бигзорем, мутаъассиб аст.
Ин таъассуб нисбат ба забони форсӣ ҳам вуҷуд дорад. Ин тур нест?
Замоне ман ба шаҳрдории Бурнуво (Bornova), минтақае дар Измир, муроҷеъа кардам ва дархости эҷоди давраҳои форсӣ кардам, ки онро хеле муфид медонам, вале шаҳрдории минтақа, ки аз ҳизби Ҷумҳурии Халқ аст, ҷавоби рад ба ман дод ва як серӣ баҳона овард ва дар ниҳоят инки гуфтанд, ба ин забон эҳтиёҷ надорем.
Инро хиёнат ва иҳонат ба Ототурк талаққӣ мекунанд?
Албатта, албатта. Ҳизби Ҷумҳурии Халқ ҳизбест, ки Ототурк ба вуҷуд овардааст. Хеле ҳайф аст, ки ин афрод ин тур бо мавзӯъ бархӯрд мекунанд. Ототурк худаш касе буд, ки забони форсӣ ва арабӣ ва забонҳои урупоиро балад буд.
Форсӣ ҳам медониста?
Бале. Оё ман, ки ҳам форсӣ ва ҳам арабӣ балад ҳастам, эроде дорад? Донисани забони форсӣ ва арабӣ дар даврае зидди арзиш талаққӣ мешудааст.
Дар ҳоли ҳозир, вазъи забони форсӣ дар донишгоҳҳо чигуна аст? Оё бобати густариши ин забон нигаронӣ вуҷуд дорад?
Мо ба ин забон ниёз дорем, чун бисёре аз нусахи қадимии мо ба ин хат ва забон аст. Тақрибан дар даҳ донишгоҳи давлатӣ ин ришта таъсис шудааст ва худи ман ҳам аз донишкадаи адабиёти форсӣ фориғуттаҳсил шудаам. Мо барои муносиботи иқтисодӣ ва тиҷориямон ҳам ба ин забон эҳтиёҷ дорем.
Мо ба ин забон ниёз дорем, чун бисёре аз нусахи қадимии мо ба ин хат ва забон аст. Тақрибан дар даҳ донишгоҳи давлатӣ ин ришта таъсис шудааст ва худи ман ҳам аз донишкадаи адабиёти форсӣ фориғуттаҳсил шудаам. Мо барои муносиботи иқтисодӣ ва тиҷориямон ҳам ба ин забон эҳтиёҷ дорем.
Оё давлат аз фарогирии ин забон ҳимоят намекунад?
Бо ин қазия каме бо мантиқи ҳизбӣ бархӯрд мешавад. Ба ин сурат, ки агар алъон аз ин давлат дархости кумак кунем, ёрӣ мекунад. Дар Онкоро ва Истонбул клосҳои забони форсӣ барқарор аст. Аммо ҳамон тур, ки гуфтам, дар Измир бо мушкил мувоҷеҳ шудем. Дар Истонбул клосҳои зиёде таъсис шудааст, аммо дар шаҳрҳои дигар вазъ ба гунаи дигар аст.
Тағйироти забонӣ аз чи замоне ва чигуна шурӯъ шуд?
Ҳамон тур ки гуфтам, дар гузашта мардум форсӣ ва арабӣ ба кор мебурданд. Қишре, ки инҳоро ба кор мебурд, қишри таҳсилкарда буд. Мардуми одӣ туркӣ ба кор мебурданд, вақте як серӣ тағйирот эҷод шуд ва забоне марсум шуд, ки мардуми одӣ ҳам дар фаҳмидани он дучори мушкил нашаванд.
Барои дарку фаҳм заминасозиҳое лозим буд. Бахше аз ин заминасозӣ ҳам дурӣ аз забони форсӣ ва арабӣ буд. Ба ҳамин далел, кам-кам калимоти форсӣ ва арабӣ дар забони туркӣ камранг шуд. Вале ба рағми ин камрангӣ мебинем, ки ҳанӯз бисёре аз калимоти форсӣ дар забони мо вуҷуд дорад.
Баргирифта аз Би-би-сии Порсӣ
متن فارسی را “اینجا” بخوانید
Бифирист