Алифбои тоҷикӣ ва зарурати ислоҳи он

ahmadshah300Аҳмадшоҳи Комилзода:* Ҷойи хушҳолист, ки имрӯзҳо мавзӯъи забон (бештар мушкили алифбо) бар сари забонҳо уфтодааст ва мардуми кишвар ва фарҳан­гиён назарот ва пешниҳо­дҳои худро дар ин робита баён мекунанд.

Ман ҳамчун як фарди тоҷик хушбин ҳастам, ки агарчи хеле аз мушкилоти алифбои мо мумкин аст натавонад ҳал шавад, вале бахши зиёди он ислоҳ шуда ва боъиси пешрафту рушди забони мо мешавад.

Дар ин авохир пешниҳодҳову андешаҳои Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ислоҳоти алифбо ва забон хондам, ки метавон дар ин раҳгузар бештар умедвор буд.

Нахуст, ба сарварии чунин як ташкилоти мӯътабари давлатӣ роҳ ёфтани шахсияти донишманде чун ҷаноби Саймуддинов боъиси эътимод буда метавонад.

Аз сӯйи дигар, таҳ­лилу андеша, баррасиву пешниҳоди донишмандони асили кишвар, чун Бобоназари Бобохон, Зафари Мирзоён, Обид Шакурзода, Сайфиддин Назарзода ва шояд ду-се тани дигар воқеъан омӯзанда ва маъорифпарваронаву ислоҳгарона аст.

Ба ин далел, ки дар навиштаҳои онҳо анде­шаҳои беғаразона, донишмандона ва бо фаросати волои ислоҳпазир хеле рӯшан аст. Аз сӯйи дигар, ин донишмандон мушкилоти забони моро беҳ­тар аз дигарон дарк кардаанд ва дар ислоҳи онҳо дидгоҳи наву ғайрати бештаре доранд.

Чун шунидем, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳурии Тоҷи­кистон тарҳи ислоҳотеро таҳия кардааст, бовар дорам, ки онро ба барасии мардум мегузорад ва пешниҳодҳои мардумро шунидаву онҳо­ро мунсифона мавриди корбурд дар лоиҳаи қонун қарор медиҳад.

Мушкили алифбо

Бештарин мушкилоти забонии мо ба камбудҳо ва навоқиси алифбои сохтае марбут аст, ки боъиси сар задани мушкилоти ҷиддӣ дар илмҳое чун овошиносӣ ё фонетика, сарф ё морфология ва, то андозае, ҷумла ё граматика шудааст.

Мушкилоти алифбои мо чандин даҳсолаҳост, ки ба рӯзгори мардум ва, то ҷойе, дар фарҳанги миллати мо, таъсири номатлуб доштааст

Бояд таъкид кард, ки мушкилоти забон бар асари камбудиҳои ҷиддии алифбо дар ташаккули тафаккур ва андешаи миллии мардуми мо, ки забон яке аз манбаъҳои аслии он аст, нақши манфие бозидааст.

Донишмандон борҳо ин нуктаро таъкид кардаанд ва рӯшан аст, ки имрӯз ҳам хеле аз мардуми мо ба далели надонистани забон бо заъфи андешаи пешрав ва тафаккури созанда рӯбарӯст.

Албатта, мушкили камтаваҷҷӯҳии мардум ба омӯзиши забон, тадриси заъифи забон дар ҳама сатҳ­ҳои муассисаҳои омӯзи­широ, ки низ дар ташаккули тафаккури пешрафтаву созанда нақши боризе ифо накардааст, бояд рӯшану ошкор баён кард.

Ҳамчунин, низоми фарсуда, бегонаавзоъ ва ноқиси таълиму тадрис дар мактабҳои кишвари мо дар ҷараёни солҳои зиёд натавонистааст дар таъмини рушду пешрафти андешаи солор ва дониши мардум нақши боризе касб кунад. Ҳамаи ин мушкилот роҳи ҳал доранд ва ба назари ман, дар ҳалли ин мушкилот, пеш аз ҳама дахолати давлат муҳим аст.

Мушкилоти алифбои мо чандин даҳсолаҳост, ки ба рӯзгори мардум ва, то ҷойе, дар фарҳанги миллати мо, таъсири номатлуб доштааст. Ҳама­гон медонанд, ки ин мушкилот бар асари зери султаи бегонагон қарор доштани ҷумҳурии мо зӯран ба зиндагии мардум ворид шудааст.

Имрӯз, ки қуд­рати давлат ба дасти мардуми таҳҷо (бумӣ) афтодааст, табиъист, ки бо дарки дуруст ва равиши миллатдӯстона мавзӯъи ислоҳот матраҳ шудааст.

Бале, алифбои имрӯзии мо бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯст ва ва бар асари мушкилоти алифбои ҳозира оҳангу ово, шеваи гуфтор ва гӯйишу лаҳ­ни хеле аз ҳамдиёрони мо ба тарзи хастакунандае коҳиш дидааст. То ҷойе, ки ҳангоми сӯҳбат бархе аз калимаву вожаҳои ҳамсӯҳбатонамон дуруст фаҳмида намешавад.

Дар бораи ҷумлаҳои аз нигоҳи меъёр ғалату сактадор, берабту беназм, ки дар родиюву телевизиюн ва дар матбуъоти даврӣ беамон пахш мешаванд, дар фурсати ҷудогона бояд сӯҳбат кард. Аммо бо таъкид мегӯям, ки ин дағалгуфторӣ бештар аз мушкили алифбо маншаъ гирифтааст.

Дар алифбои имрӯзии мо ҳамаи ҳарфҳо амалан барои ифодаи овоҳое, ки ифодагари гуфтори миллати мо, маҷмуъан забони миллии мо, ҳастанд, эҷод шудаанд.

Аммо натиҷаи чандин соли ахири омӯзиш ва таҳқиқоти донишмандон аз он хабар медиҳад, ки алифбои мо нуқсони ҷиддӣ дорад ва дар ифодаи овову гӯйиши ҷомеаи кишвар дарҳам-барҳамиҳоро ба вуҷуд овардааст.

Камбуди ҳуруф

Ба назар мерасад, ки имрӯз мо чанд ҳарфи дигар барои овоз­ҳое ҷудогона кам дорем. Барои мисол, мо се йотбарсар дорем, Я, Ё, Ю ва ҷабран ҳарфи Е-ро йотбарсар ном гузоштаанд, ки амалан вазифаи йотбарсарро ифода намекунад, балки дар забони мо чун дар забони русӣ барои ифодаи овойи Е (дар форсӣ ى ي) корбурд дорад.

Назар ба мушоҳидаҳо, камбуди ду йотбарсари дигар – ҳарфҳойи ифодакунандаи овоҳои ЙИ ва ЙЕ, сабаби пайдо шудани нуқсони зиёд дар гуфтори мардум шудааст.

Барои мисол, мо дар ифодаи калимаҳои (мегӯйем, мегирйем, меойем) йотбарсари ЙЕ надорем. Мо йотбарсари ЙИ низ надорем, ки ин нуқс воқеъан забони гуфтори мардуми моро хеле ғализ кардааст. Солҳо дар телевизиюн кор мекардам ва ҳамеша шоҳиди камбуди ифодаи ин ҳарф аз сӯйи гӯяндаҳо мешудам.

Бо таъкид аз гӯянда­гони телевизиюн дархост мекардем, ки масалан ба ҷойи «хонаи мо» «хонайи мо» бигӯянд, вале чун дар навиштор вуҷуд надошт, боз ҳамон камбуд рух медод ва имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки ин мушкил ба як ғалати ом ва ҳамагир табдил шудааст.

Албатта, мутахассисони азизи мо медонанд, ки манзури ман ҳамон йотбарсари ЙИ мебошад, ки амалан дар охири калимаҳо ва пас аз овозҳои садодор ифода мешавад.

Назар ба мушоҳидаҳо, камбуди ду йотбарсари дигар – ҳарфҳойи ифодакунандаи овоҳои ЙИ ва ЙЕ, сабаби пайдо шудани нуқсони зиёд дар гуфтори мардум шудааст. Ба ҳамин асос, ҳоло дастандаркорони алифборо зарурист йотбарсарҳоро ё мукаммал кунанд ё ҳарфи дигареро барои ифодаи ин овоҳо мушаххас кунанд.

Тарзи дигари ҳалли ин масъала ҳамоно пешниҳоди Сайфиддин Назарзода, раиси муҳтарами Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистон аст. Ба ин донишманд, осонтарин роҳи ҳал ҳамоно истифода аз ҳарфи Й – йот, пеш аз ҳарфҳои а (йа) ба ҷойи Я, у (йу) ба ҷойи Ю, о (йо) ба ҷойи Ё, ҳамчунин пеш аз и (йи, йӣ) ба ҷойи йотбарсари ЙИ, е (йе)= ба ҷойи йотбарсари ЙЕ мебошад.

Аз сӯйи дигар, ин тарзи ҳалли мушкил, яъне ифодаи овои панҷ йотбарсар бо ифодаи ду ҳарф, дар маҷмӯъ, навиштани ҳуруфи зиёдеро талаб мекунад. Ҳоло ин мушкил амалан дар рӯбарӯйи ислоҳгарон истодааст ва мунтазири ҳал шудан аст.

Мушкили умдаи дигари мо овоз ва ҳарфи ӯ, яъне вови маҷҳул (ӯ-йи дароз низ гӯянд) аст, ки имрӯз низ боъиси баҳсу гуфтугузори ҷиддӣ шудааст. Маълум нест, ки чаро олимони пешини мо дар навишти вожаҳои арабие, чун муҳтарам, муътабар, муъҷиза, туҳфа ва амсоли инҳо, навишти ҳар­фи ӯ-ро ҷорӣ кардаанд, чунки ин гурӯҳи калимаҳо дар алифбои аслии мо – алифбои форсӣ, бо у-и кӯтоҳ навишта мешаванд.

Бинобар ин, роҳи осони навишти ӯ-и дароз ва у-и кӯтоҳ, агар бар пояи алифбойи пешини мо сурат бигирад, дигар ҷойи баҳс намемонад. Ҳарчанд, ки ба гуфтаи забоншиносон, мо дар илми овошиносӣ садоҳои дигаре чун У-и миёна, И-и миёна дорем, ки баҳси ифодаи ин овоҳо низ идома дорад, вале ба далели наздик буданашон ба садоҳои ҳамонанди ӯУ ва ӣИ ба ин шакл навишта мешаванд.

Ҳамчунин, талаффузи ӯ-и маҷҳул низ баҳсбарангез шудааст. Назар ба навиштаи пажӯҳишгарони лаҳҷаҳои тоҷикӣ, дар бархе аз манотиқи кишвар чанд навъи талаффузи ӯ вуҷуд дорад, ки сарчашмаи пайдоиши он чандон рӯ­шан нест.

Барои мисол, агар талаффузи ин ово бар пояи алифбои пешин пайдо шудааст, пас набояд дар ҳар мавриди лозиму нолозим ин амал сурат бигирад. Масалан, он гуна ки дар гуфтори бархе аз мардум ба гӯш мерасад, вожаҳои мӯҳтарам, мӯътабар, мӯъҷиза, ангӯр, панҷӯм, нӯҳӯм ниёзе ба ин ғализии талаффуз надоранд.

Имрӯз кор ба ҷойе кашидааст, ки дар гуфтори бархе аз ҳамватанони мо ин навъи талаффуз ба ифрот баробар шудааст. Гоҳе ба назар мерасад, ки ин гуна одамон ба ҷойи рӯз­нома – резнома, имрӯз – имрез… мегӯянд. Гӯяндагон дар баробари ин навъи талаффузи хос, ҳарфи ӯ-ро хеле кӯтоҳ баён мекунанд.

Ба назарам, ислоҳи ин камбудӣ яке ба муқаррар кардани ҷойгоҳ ва тарзи ифодаи ин ҳарф марбут аст ва пас аз ин ба таъкиду омӯзиши дурусти ин ово ба падару модарон, кӯдакистон, мактаб ва ниҳоят, ҷомеъа, марбут мешавад.

Мушкили “йотбарсарҳо”

Боз ҳам дар мавзӯйи алифбо масъалаи печидае дорем. Ҳангоми омӯзиш ба мо ёд медиҳанд, ки Е – ин ҳарфи ЙЕ ё йотбарсари ЙЕ аст. Дар боло гуфтем, ки ин ҳарф вазифаи йотбарсар буданашро дар алифбои имрӯз иҷро намекунад.

Забони форсӣ бар пояи алифбои побарҷои худ дар тӯли садсолаҳо хеле корхӯрда, меъёрӣ ва нормативӣ шудааст

Аз сӯйи дигар, ин ҳарф дар навиштор амалан вазифаи ҳарфи Э-ро иҷро мекунад. Барои мисол, вожаҳои меравам, мегӯям, рег, бекор ва садҳо калимаҳои дигар бо ҳарфи Е навишта мешаванд. Ба ҳамин далел аст, ки мардуми мо ин ҳарф Е (номаш дар алифбо ЙЕ аст)-ро ҳамчун ҳарфи Е мешиносанд ва ҳамин тавр талаффуз мекунанд.

Пас мушкили алифбо чӣ мешавад? Чаро мо Э талаффуз мекунем, вале Е (йе) менависем. Маълум аст, ки ин шакл баргирифта аз забони русист. Мо ба забони русӣ коре надорем, аммо чун имкони ислоҳи ин мушкил пеш омадааст, бояд, ки ислоҳ шавад.

Тавре аз навиштаҳои матбуот бармеояд, дар пешнависи имлои ҷади­ди забони тоҷикӣ аз сӯйи Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳу­рии Тоҷикистон ҷойгоҳи ҳуруфи арабӣ, ба мисли “айн”, аломати сакта ва шояд ҳамза низ мушаххас шуда бошад. Мо дар мавриди истифода аз ин ҳарфу аломат ва талаффузи вожаҳои арабӣ низ сардаргумиҳои зиёде дорем, ки воқеъан ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз доранд.

Мо дар пешниҳоди андешаҳоямон ба хонандаи гиромӣ танҳо дар мавриди масъалаҳои, ба назарамон, умда сӯҳбат кардаем, дар ҳоле ки ҳам дар мавриди ово ё фонетика ва ҳам дар мавриди алифбо дар забоншиносии тоҷик печидагиҳои зиёде ба мушоҳида мерасад ва донишмандон дар тӯли солҳо борҳо ин мавзӯъҳоро ба баҳсу барасӣ кашидаанд.

Аммо тавре мушоҳида мешавад, хеле аз масъалаҳои нозуки овойӣ ва имлойии забони мо то ҳадде баҳсбарангезанд, ки дар ҳалли онҳо натиҷаи ҳамгун ва қарори мушаххаси истифодаи нормативӣ ҳосил нашудааст. Ҳоло намехоҳам дар ин робита суханро ба дарозо бикашам, чун бо умедворӣ пас аз пешниҳоди лоиҳаи имлои ҷадиди забони тоҷикӣ мешавад дар ин маврид низ муфассал сухан гуфт.

Роҳи ҳал кадом аст?

Беҳтарин ва корсозтарин роҳи ҳалли ин мушкилот пешниҳоди донишманди мӯҳтарам Обид Шакурзода аст, ки мегӯяд, гузаштан ба алиф­бои форсӣ ҳамаи мушкилотро ҳал мекунад.

Ҳамагон медонем, ки агар ҳукумати мо, ҳатто барои мисол, танҳо як ҷумла бигӯяд, ки “мумкин аст мо ба алифбои форсӣ бигузарем”, он гоҳ мебинем, ки дар кадом нуқтаҳои олам таркиш ба вуҷуд меояд

Масъалаи гузаштан ба алифбои пешини забони модариамон акнун ба як воқеъияти фавқулъода табдил шудааст, ки он метавонист ба ҳамаи ин ҳарҷу марҷ дар забон, гуфтор, навиштор, талаффузу овои лаҳҷаҳо, баякборагӣ хотима бахшад. Вале тавре ки дида мешавад, ин масъала барои бархе аз мардуми кишвари мо ҳанӯз ҳам захми дарднок аст.

Мисоли барҷастаи ин гуфта ҳамоно истифода аз алифбои форсӣ дар Эрону Афғонистон аст, ки ин ду кишвари ҳамзабони мо аз ин гуна мушкилоти хурду резаи овоӣ ва имлоӣ ва гоҳи дигар аз мушкилоти умдаи истилоҳоту шикастарезии ҷумлаву гуфтор амалан озод ҳастанд.

Далелаш ин аст, ки забони форсӣ бар пояи алифбои побарҷои худ дар тӯли садсолаҳо хеле корхӯрда, меъёрӣ ва нормативӣ шудааст, ки дигар ба ислоҳот ниёз надорад.

Ончуноне ки вожаву истилоҳоти фаровоне дар миёни ду кишвари Эрон ва Афғонистон бидуни мушкилоте мавриди истифода қарор мегиранд ва донишмандони онҳо барои ҳамеша аз баҳсу норизоятӣ бар сари гуфтору навиштори ӯ-и дароз ва У-и кӯтоҳ озоданд.

Вале дар ҳоли ҳозир мушкили кишвари мо дигар аст. Зеро бадхоҳони забони мо тавонистаанд дар тӯли солҳо бунёди ово ва имло, калимаву вожа ва ҷумлаи забони моро ба бероҳа бикашанд, ки ин амр имрӯз барои бархе гӯё ба ифтихоре табдил шудааст.

Чун ҳоло мардум ва кишвари мо дар рӯбарӯйи амалӣ кардани ин ормон ва пойгоҳи бузурги тараққӣ (пазируфтани алифбои форсӣ) дасти кӯтоҳ доранд, биноан, ҳадди ақал ба миён овардани меъёрҳои воҳиди имло дар алифбои мавҷуд низ гоми барҷастае дар боло рафтани сатҳи маърифати мардум хоҳад буд.

Мушкили табдили алифбо

Мавзӯйи табдили алифбо ҳам душмани дохилӣ ва ҳам душманони хориҷӣ дорад. Ҳамагон медонем, ки агар ҳукумати мо, ҳатто барои мисол, танҳо як ҷумла бигӯяд, ки “мумкин аст мо ба алифбои форсӣ бигузарем”, он гоҳ мебинем, ки дар кадом нуқтаҳои олам таркиш ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, дигар ин ормон чун хазандае дар чоҳе андохта шуда ва сари он чоҳро барои муддате қирпӯш кардаанд.

Вожаҳои комилан зебои тоҷикии “кишвар”, “марз”, “нерӯ” ва чанде дигар бо гуноҳи “эронӣ” будан аз истифода маҳрум ва калимаҳои бегонае чун “мамлакат”, “сарҳад” ва “қушун” мавриди корбурд қарор доранд

Аммо масъалайи тағйир дар алифбои мавҷуд низ амре муҳим ва аз сӯйи дигар, хеле мушкили умда аст. Агарчи бештарини мардуми соҳиб­идроки мо аз мушкилиҳои алифбои мавҷуда огоҳӣ доранд ва ҷониб­дори ворид кардани дигаргунӣ дар он ҳастанд, вале мо дар рӯбарӯ дар дохили кишвар гурӯҳҳое ҳам дорем, ки дар сари ин мавзӯъ сарусадоҳоеро ба вуҷуд меоранд.

Бархе аз ин гурӯҳҳо дар аввал аз ғалаткориҳое, ки дар гузашта ҳангоми тартиб додани ҳамин алифбо ҷорӣ шудааст, сарсахтона пуштибонӣ хоҳанд кард. Гурӯҳҳое ҳам ба хотири ғаразҳои маҳаллиашон садо баланд мекунанд.

Ашхосе ҳам пайдо мешаванд, ки дониставу надониста, ҷоҳилона барои халал ворид кардан ба пешрафти кори ислоҳот бо баёни андешаҳои муғлақ афкори мардумро ба сӯйи дигар мекашанд. Ва ниҳоят, гурӯҳи вобаста ба афкору андеша ва забону фар­ҳанги бегона бо ҳама гуна тағйирот мухолиф хоҳад буд.

Душманони дохилии рушди забони тоҷикӣ силоҳе сохтаанд, ки онро “забони эронӣ” ном гузоштаанд. Маълум аст, ки чунин забоне вуҷуд надорад.

Онҳо ба воситаи намояндагони бешумори худ, ки дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги кишвар дар ниҳодҳои давлатӣ ҷой гирифтаанд, ҳар фарди тозаҷӯю тозаандешро, ки аз вожаҳои нави форсӣ-тоҷикӣ истифода мекунад, ба барчаспҳои “эронӣ, эронча, афғонӣ, афғонча” ва монанди инҳо муттаҳам мекунанд.

Агар чунин набуд, вожаҳои комилан зебои тоҷикии “кишвар”, “марз”, “нерӯ” ва чанде дигар бо гуноҳи “эронӣ” будан аз истифода маҳрум ва калимаҳои бегонае чун “мамлакат”, “сарҳад” ва “қушун” мавриди корбурд қарор намегирифт.

Ин гуна ашхос бо ворид кардани тарс дар зеҳни бисёриҳо аз номи Эрон ва эроният мардумро аз асли худ ва аз истифода аз вожаҳои ноби тоҷикӣ дур мекунанд ва ин корро ҳадафмандона пеш мебаранд.

Акнун, ки замони эҷоди низоми истилоҳоту вожаҳои меъёрии забон фаро расидааст, бояд маломату дастдарозии бегонагонро як сӯ бигзорем. Ин қабил одамон хеле аз ҳукуматдорони моро ҳам водор кардаанд, ки номи модарии забонамон, “форсӣ”-ро, ба забон нагиранд.

*Аҳмадшоҳи Комилзода рӯзноманигор ва пажӯҳишгар аз Тоҷикистон аст. Ин мақола бори нахуст 18 феврали 2011 дар торнамои Би-би-сии Форсӣ мунташир шуда буд.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*