Дуктур Алиқулии Маҳмудии Бахтиёрӣ: Ғазалҳои мансуб ба Ҳофиз бисёранд, ғазалҳое, ки ҳатман аз Ҳофиз нестанд, андаканд ва ғазалҳои заъиф ҳам дар девони ӯ фаровон. Аммо ғазалҳои пуриҳом, ваҳмбарангез ва номаънус ҳам дорад, ки ин ғазал яке аз онҳост ва шояд баҳсбарангезтарини онҳо бошад.
Ман дар ин гуфтор, парда аз чеҳраи ин ғазал бармеафканам ва ҳаргиз намегӯям ҳақ ҳамин аст ва ҷуз ин нест ва ҳеч кас ҳақ надорад онро напазирад. Хонандаи девони Ҳофиз – ва ҳар шоире – озод аст, ки дарёфти худро дошта бошад, бе он ки ба дарёфти дигарон бебовар ва беэътино бошад. Ончи ман менивисам ин ҳуснро дорад, ки хонандаро ба андеша ва андешидан вомедорад. Чи ин ҷустор аз замони худи Ҳофиз то кунун дар парда мондааст. Шореҳони ғазалҳои Ҳофиз ҳама сатҳӣ, каж ва наандешида перомуни ин ғазал доди сухан додаанд ва шояд бисёре аз ситоишгарони Ҳофиз агар ончиро, ки ман менивисам, мепазируфтанд ва бипазиранд дигар ситоише аз Ҳофиз намекарданд ва нахоҳанд кард – ки ҳама дар радифи «ғайранд» ва дар канори «муддаъӣ» ва «ноошно» бо андеша ва сухани Ҳофиз – бесабаб нест, ки Ҳофиз сурудааст:
Ман ин ҳуруф нивиштам, чунонки «ғайр» надонист
«Ту» ҳам зи «рӯйи каромат» чунон бихон, ки ту донӣ.
Ва бояд «ошно» ва «ғайр»-ро шинохт ва «муддаъӣ»-ро шинохт то бо сухани Ҳофиз унс пайдо кард … Аммо ғазали мавриди баҳс:
Агарчи арзи «ҳунар» пеши ёр «беадабӣ»-ст,
«Забон хамӯш» валекин «даҳон пур аз арабӣ»-ст.
«Парӣ ниҳуфта рух»-у «дев дар карашмаи ҳусн»
Бисӯхт дида зи ҳайрат, ки ин чи булъаҷабист.
Дар ин чаман «гул»-и бе «хор» кас начид – оре –
«Чароғи Мустафавӣ» бо «шарори Бӯлаҳабӣ»-ст.
«Сабаб» мапурс, ки чарх аз чи сифлапарвар шуд,
Ки комбахшии ӯро баҳона «бесабабӣ»-ст.
Ба ними ҷав нахарам «тоқи хонақоҳу работ»
Маро, ки «мастаба» айвону «пойи хум» танабист.
Ҷамоли «духтари раз» «нури чашм»-и мост, магар,
Ки дар «ниқоби зуҷоҷӣ»-ю «пардаи ъинабӣ»-ст.
Ҳазор «ақлу адаб» доштам ман, эй хоҷа,
Кунун, ки масту харобам, салоҳ «беадабӣ»-ст.
Биёр «май», ки чу Ҳофиз ҳазорам истизҳор
Ба гиряи саҳарию ниёзи нимашабист.
Ин ғазал, ғазали ноб, шод, хушоянд ва дилчасбе нест ва дар нигоҳи нахуст, ҳамонандӣ ва ҳамгунӣ бо ғазалҳои нобу сараи Ҳофиз надорад – ба ҳамин сабаб ман онро дар канори сесад ғазали баргузидаи Ҳофиз наёвардаам – ин ғазалро бисёре аз гирдоварндагони девон ҳам забт накардаанд. Аммо иҳом, ибҳом, киноя, истиора, эътироз, шигифтӣ, танз, луғз, нукта, афсӯсу дарду дареғ, ҳушдор ва ҳар гуна дарду оризаи ҳоким бар ҷомеъаро дар ин ғазал метавон дид – агар жарф, бо бинишу хирадмандона бар он бингаред – ба ҳамаи тафсирҳо, таъвилҳо ва шарҳи бастҳое, ки перомуни Ҳофиз ва шеъри ӯ шуда, нигоҳ кунед, дармеёбед, ки ҳеч кудом аз он пижӯҳандагон, пай ба ин ҳама «иҳому киноя ва ишора …» набурдаанд. Ҳама муқаллидона перомуни ин ғазал – ва ҳамаи девони Ҳофиз – сухан гуфта ва шарҳ нивиштаанд ва ба тафсир ва таъвил пардохтаанд. Бархе аз пижӯҳишгарон девони Ҳофиз то наздикии «тамошогаҳи роз» рафтаанд, аммо сар аз хонақоҳ, савмаъа, ё маъбад даровардаанд ва «тоқу ривоқи хонақоҳ ва работу ҳаёкал ва маъобид» ончунон фирефта ва шефташон карда, ки онҳоро «тамошогаҳи роз» ва «дайри муғон» пиндоштаанд. Ва ошуфтабозореро падид овардаанд, ки насли инсонро ба гумроҳӣ ва парешонӣ гирифтор сохтаанд …
Ман ба ҳамин «сабаб» ин ғазалро дар канори «сесад ғазали баргузида» ё «девони ростини Ҳофиз» наёвардаам, зеро, ки гарду ғубори бархоста аз хомаи «муфассирон ва таъвилкунандагон»-и девони Ҳофиз чунон бар хотиру зеҳни бештари хонандагони он нишастааст, ки ононро ба саргиҷа ва атсаҳои пайдарпай меандозад. Бештари шарҳдиҳандагон ва тафсиркунандагони девони Ҳофиз ба ин ғазал, ки расидаанд, бе он ки ба ҳамаи ғазал таваҷҷуҳ дошта бошанд ва байтҳои дувуму севуми онро ба дида бигиранд, надониста, байти нахустини онро бо андаке каму афзӯн инчунин шарҳ додаанд:
«Ҳарчанд, ки баршумурдани ҳунарҳои хеш назди ёри соҳибҳунар, дур аз адаб аст, аз ин рӯ забон аз гуфтани хомӯш ва лакун даҳони пур аз каломи фасеҳ, нуктаҳои бадеъ ва гуфтанӣ дорам … (Шарҳи сад ғазал аз Ҳофиз, интишороти Пожанг, саҳ. 390).
Ин «даҳони пур аз каломи фасеҳ ва нуктаҳои бадеъ ва гуфтанӣ»-ро аз куҷо оварда? Равшан нест.
Хандадортар аз ин, шарҳ ва тафсирест, ки перомуни ин ғазал ва ҳамин байти матлаъ дар китоби «Ҳофизи хароботӣ, ҷилди аввал, бахши севум, саҳ. 1617» омадааст ва ҳамаи инҳо аз Судӣ баҳраманд шудаанд, ки нивиштааст: «Маҳсули байт: Агарчи дар ҳузури ёр, изҳори ҳунар беадабист, ман ҳам забонам сокит аст ва арзи ҳунар намекунам, аммо даҳонам пур аз арабист. Хоҷа бо баёни зариф ба ёраш арзи ҳунар намуда мефармояд: аз илми арабӣ баҳрамандам агарчи мутмамдҳ нестам. Аз фаҳвои каломи Хоҷа чунин бармеояд, ки донистани забони худашон ҳунаре маҳсуб намешавад, ки ҳунарро ба забони арабӣ тахсис додааст …» (Шарҳи Судӣ, тарҷумаи Сатторзода, ҷилди аввал). Дигар нивиштаҳоро бар ҳамин шева қиёс кунед.
Акнун ба рӯёрӯии вожаҳо, иборатҳо, ва нуктаҳои пуриҳому ибҳом ва кинояи ҷойгирифта дар ин ғазал хуб, жарф ва хирадмандона бингаред:
Алиф: “Ошно” дар қаламрави Ҳофиз | Бе: “Ғайр” дар қаламрави муддаъӣ |
1.арзи ҳунар (он ҳам дар пеши ёр) | 1. беадабӣ |
2.забони хамӯш | 2.даҳони пур аз арабӣ |
3. “парӣ”-ии ниҳуфтарух | 3. “дев” дар карашмаи ҳусн (ноз) |
4. лутфи гул | 4. халиши хор |
5. чароғи Мустафавӣ | 5. шарори Бӯлаҳабӣ |
6. мастаба ва пойи хум | 6. хонақоҳу работ (тоқу работу танабӣ) |
Нахуст ба ёд биёваред, ки борҳо гуфтаам: Ҳофиз ин номро барои худ ҳифз карда ва гоҳ худро ба ҷои «муддаъӣ» мегузорад то ҳар носазоеро, ки мехоҳад нисори «муддаъӣ» бикунад – ба зоҳир – нисори худ карда бошад … Инак ба гузориши ман перомуни ин ғазал бингаред.
Ёр, худ ҳунарманд аст ва «арзи ҳунар» пеши ӯ «беадабӣ»-ст ва дар ҳузури ӯ бояд хомӯш монд «зи он ки онҷо ҷумла аъзо чашм бояд буду гӯш» ба ҳамин сабаб забони нотиқа ва забони гӯёи роз ва ҳунар хомӯш аст, аммо чи бояд кард, ки «муддаъӣ» ва омилони ӯ «ҷаҳл»-ро дар рухат «ҳунар» ҷилва медиҳанд ва бо даҳони густохи «пур аз арабӣ» ба беадабӣ ва фазлфурӯшӣ мепардозанд ва ин «фазлфурӯшӣ» колои дӯкони «худфурӯшон аст» ва ҳамаи онон ҳамон «наҳвӣ»-е ҳастанд, ки Мавлавӣ ӯро ба киштӣ менишонад ва русво мекунад:
Он яке наҳвӣ ба киштӣ дарнишаст
Рӯ ба киштибон намуд он худпараст:
Бе ҳеч «сабабе» аз киштибон пурсид ва:
Гуфт: «Ҳеч аз наҳв хондӣ?» Гуфт: «Ло»,
Гуфт: «Ними умри ту шуд бар фано».
Чиро «ними умри ӯ бар фано бошад?» Ба чи «сабаб» бояд киштибон ҳатман «наҳв» ва «арабӣ» бидонад? Аз ин густохӣ ва фазлфурӯшии «наҳвӣ»:
Дилшикаста гашт киштибон зи тоб,
Лек он дам гашт хомӯш аз ҷавоб.
Аз қазои рӯзгор:
Бод киштиро ба гирдобе фиканд,
Гуфт киштибон бад-он наҳвӣ баланд.
«Ҳеч донӣ ошино кардан? Бигӯ»,
Гуфт: «Не, аз ман ту сабоҳҳӣ маҷӯ».
Гуфт: «Кулли умрат, эй наҳвӣ фаност,
З-онки киштӣ ғарқи ин гирдобҳост».
Дар ин гуфтугӯ: дар оғоз «забони киштибон хамӯш» ва «даҳони наҳвӣ пур аз арабӣ» буд. Ҳеч метавонед миёни байти аввали ғазали Ҳофиз бо ин достон, ки Мавлавӣ оварда робита пайдо кунед? «Сухан сарбаста гуфтам бо ҳарифон». Дарди Ҳофизро ҳис мекунед? Ҳофиз шоъири ҳамаи замонҳост. Рӯзгори ӯ рӯзгори риё, зарқ, солус, нифоқ, номардумӣ ва ҳукумат бар пояи ҷаҳл аст.
«Муддаъӣ» мехоҳад – ба ҳар сурат – ҳукумат кунад. Бо густариши ҷаҳл, мардумро ба зери фармон меоварад. Аз ҳар абзор ва дастовезе – ки мардумро гирифтор кунад ва ба зиндони ҷаҳл бикашонад – баҳра мегирад ва майдонро бар хирад ва андеша танг месозад. Дар чунин фазои торик ва хафақоноваре, «ҳаққ» дар парда мемонад ва «ботил» ҳоким ва майдондор мешавад. «Парӣ ниҳуфтарух» ва «дев дар киришмаи ҳусн» аст. «Нифоқ» ва «зарқ» коргардон ва бозигарони саҳна мешаванд. «Чарх сифлапарвар шуда» ва барои «сифлапарварии худ» ҳеч «сабаб»-у далел ва мантиқе ҳам намехоҳад. Акнун, ки замона чунин аст «салоҳ дар беадабист» … Ғазали номаънус, вожаҳо ноҳинҷор, «даҳон пур аз арабӣ», «булаҷабӣ», «Бӯлаҳабӣ» … аммо, пур аз иҳом, киноя ва роз …
Иборатҳои: «забони хамӯш», «парии ниҳуфтарух», «латофати гул», «чароғи Мустафавӣ»-ро дар баробари иборатҳои: «даҳони пур аз арабӣ», «дев дар киришмаи ҳусн», «халиши хор», «шарори Бӯлаҳабӣ» … бигузоред ва андаке бар онҳо жарф бингаред ва бори дигар тафсир ва таъвили шарҳдиҳандагони девони Ҳофизро ҳам бихонед, бегумон дар шигифт хоҳед монд. Бештар дар шигифт хоҳед монд ҳангоме, ки мехонед ва аз забон Ҳофиз мехонед:
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани «дарӣ» донад.
Ва аз ин зеботар аз забони Ҳофиз мешунавед, ки мегӯяд:
Чун андалеб фасоҳат фурӯшад, эй Ҳофиз,
Ту қадри ӯ ба сухан гуфтани «дарӣ» бишкан.
Ва Ҳофиз ҳар паёми бедорсоз ва хирадомӯзро аз забони «хамӯш», яъне забони «дарӣ» арза медорад:
Зи ман ба ҳазрати Осаф кӣ мебарад пайғом,
Ки ёд гир ду мисраъ зи ман ба назми «дарӣ».
Биё, ки вазъи ҷаҳонро чунонки ман дидам,
Гар имтиҳон бикунӣ, «май» хурию «ғам» нахурӣ.
Ва нолаи Ҳофизро аз лобалои вожаҳо мешунавед, ки мегӯяд:
Ҳофиз ин ҳоли аҷаб бо кӣ тавон гуфт, ки мо
Булбулонем, ки дар мавсими гул «хомӯшем»?!
Ё:
Ҳайф аст булбуле чу ман акнун дар ин қафас,
Бо ин «забони узб», ки «хомуш» чу савсанам.
Ин «лутфи табъ ва шеъри дилкаш», ки дар сухан гуфтани «дарӣ» ва танҳо дар сухан гуфтани «дарӣ» вуҷуд дорад … Ин булбулоне, ки дар «мавсими гул, хомӯшанд», ин «забони узб», ин «забони хомӯш» кудом забон аст, ки «даҳони пур аз арабӣ» маҷоле ба равшанӣ ва ҷунбиш ва гӯёии он намедиҳад ва арсаро бар он танг кардааст? Магар на ин аст, ки «даҳони пур аз арабӣ», даҳони «муҳтасиб» ва «муддаъӣ» ва «ҳоким» аст ва абзори кори «худфурӯшон» ва «қаллобон» … аст. Ва аз сӯи дигар, оё он «забони хомӯш» ҳамон «забони дарӣ» ва «забони паҳлавӣ» нест, ки Ҳофиз гуфт:
Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ
Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ,
Яъне биё, ки оташи Мӯсо намуд гул
То аз дарахт нуктаи тавҳид бишнавӣ.
Медонед «гулбонг» ба чи маънист? «Гулбонг» афзӯн бар ин ки номи яке аз мақомҳо ва пардаҳои мусиқист. Яъне: овоз, суруд, нағма, чаҳчаҳе латиф ва дилнишин, ки ба вижа барои гул сар дода мешавад. Булбул сардиҳандаи ин овози латиф ва дилнишин аст – барои гул – ва ба ҳамин сабаб вожаи «гулбонг»-ро дар вожаномаҳо ба маънии «бонгу овози булбул» овардаанд ва нақл кардаанд. Ва Ҳофиз ҳам «гулбонг»-ро ба ҳамин маънӣ гирифтааст:
Дигар зи шохи сарви сиҳӣ булбули сабур
«Гулбонг» зад, ки чашми бад аз рӯйи гул ба дур.
Ё:
Дилат ба васли гул, эй булбули сабо, хуш бод,
Ки дар чаман ҳама «гулбонг»-и ошиқонаи туст.
… Аммо ин бор, «гулбонги паҳлавӣ» ҷилваи вижае ба чаҳчаҳ, овоз ва нағмаи булбул медиҳад, зеро, ки «дарси мақомоти маънавӣ» мехонад. Ин «мақомот»-ро чи ҷамъи мақома ба маънии хутба, суханронӣ бо насри фаннии омехта бо шеър ва чи «пардаҳои мусиқӣ» бидонед, тафовуте надоранд. Ҷони сухан ин аст, ки: «Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ», «Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ» ва дар нағмаву чаҳчаҳу овози ӯ, ин роз ниҳуфтааст, ки: «Чашми дил боз кун … » «То бу, ки ба гӯши дил … » «Аз дарахт нуктаи тавҳид бишнавӣ», оре:
Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ,
Мехонд дӯш, дарси мақомоти маънавӣ.
Яъне биё, ки оташи Мӯсо намуд гул
То аз дарахт «нуктаи тавҳид» бишинавӣ.
Мурғони боғ қофиясанҷанду базлагӯй
То хоҷа май хурад ба ғазалҳои паҳлавӣ …
Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин се байт ва шеърҳое, ки ба думбол хоҳед хонд – ва ҳама ҷону ҷавҳари сухани Ҳофизанд –:
Оё ин сухани Судӣ ва пайравони ӯ дуруст аст, ки мегӯяд: «Аз фаҳвои каломи Хоҷа чунин бармеояд, ки донистани забони худашон ҳунаре маҳсуб намешавад, ки ҳунарро ба забони арабӣ тахсис додааст …?»
Ва ҳол он ки Ҳофиз худ мегӯяд:
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани «дарӣ» донад.
Ё:
Чу андалеб фасоҳат фурӯшад, эй Ҳофиз,
Ту қадри ӯ ба сухан гуфтани «дарӣ» бишкан.
Шумо аз ин суханони Ҳофиз чи дармеёбед, ки мегӯяд:
«Хамӯш» Ҳофизу ин «нуктаҳои чун зари сурх»
Нигоҳ дор, ки «қаллоби шаҳр» сарроф аст.
Нуктаҳои «чун зари сурх», дар ҳамон «забони хамӯш» булӯрина шудааст, ва «даҳон»-и пур аз арабӣ «колои бозори рӯз аст, ки «қаллоби шаҳр» «сарроф» ва коргардон ва мубаллиғи он аст.
Ё:
Сухан андар даҳони дӯст «шаккар»,
Валекин «гуфтаи Ҳофиз» аз он беҳ.
Ҳофиз бо чи забоне шеър сурудааст, ки сурудаҳои ӯ аз «шаккар»-е, ки дар «даҳони дӯст» ҳам ҳаст, ширинтар аст? «Нуктаҳои чун зари сурх», ки бар забони Ҳофиз ҷорӣ шуда, ба чи забонест?
Ҳофиз агарчи дар сухан «хозини ганҷи ҳикмат» аст,
Аз ғами рӯзгори дун, табъи сухангузор ку?
Ин «ганҷи ҳикмат», ки Ҳофиз «хозин» ва ганҷинадори он аст, кудом аст? Ва кудом сухан аст? Вақте Ҳофиз мегӯяд: «ман ин ҳуруф нивиштам чунонки ғайр надонист», ин ҳуруфро бо чи «забоне» нивишта? Вақте мегӯяд:
Якест «туркию тозӣ» дар ин муомила Ҳофиз,
«Ҳадиси ишқ» баён кун «бад-он забон, ки ту донӣ».
Он забон кудом аст, ки «ҳадиси ишқ»-ро бо он метавон гуфт ва гуфтааст? Шояд пофишорӣ кунед, ки «забони ишқ» забони муштарак миёни ҳамаи инсонҳост ва чанг ба ин сурудаи Мавлоно бизанед, ки:
Эй басо тозию турки ҳамзабон
В-ай басо ду турк чун бегонагон
Дар ҳамин достон низ Мавлоно бовар дорад, ки: «Пас забони ошиқӣ худ дигар аст» ва он ҳамдилӣ, ки Мавлоно онро забони муштараки ишқ медонад ва дар баёну колбуди дигаре ҷуз «туркию тозӣ» мепазирад. Аз ин гузашта, дар ғазали Ҳофиз, «баёни ҳадиси ишқ» аз иҳому киноя ва ишораи вижаи забони Ҳофиз бархурдор аст. Рӯйи сухан бо «ошно» аст. Бо «ту» аст. Мепазирем, ки забони ишқ забони вижаи «маърифат» аст. «Пас забони ошиқӣ худ дигар аст».
Аммо нуктаҳои пурибҳоми Мавлоно ва Шамси Табрезиро ҳам бояд нигоҳ кард. Вақте Мавлоно мегӯяд:
Рӯҳ бо илм аст ва бо ақл аст ёр,
Рӯҳро бо «туркӣ»-ю «тозӣ» чи кор?
Ва Шамси Табрезӣ дар бораи забони порсии дарӣ сухане бепарвотар ва равшантар дорад. Мегӯяд: « … Ва забони порсиро чи шудааст бад-ин латифӣ ва хубӣ, ки он маъонӣ ва латоиф, ки дар порсӣ омадааст, дар тозӣ наомадааст …» (Хатти севум, саҳ. 127, бандҳои 174 ва 175).
Ҳар гуна таъбиру таъвил ва тафсире, ки мехоҳед ба кор бандед. Мушкили ду забони зумухти ҷаҳл ва ситамро ҳал нахоҳед кард. Низомӣ ҳам дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ба ҳамин нуктаи борик ишора дорад, бо он ки забони расмии бештари ҳукуматгарон туркӣ буд. Вале «Ахистон» Шервоншоҳ ба ӯ менивисад – ё Низомӣ гузоришгари сухани ӯ мешавад – ва мегӯяд: Намехоҳам, ки ин достон ба забони «тозӣ» бимонад ва намехоҳам, ки баргардони онро ба «туркӣ» бишнавам, зеро:
Туркӣ сифати вафои мо нест,
«Турконасухан» сазои мо нест.
Хоҳам, ки ба «порсӣ» бисозӣ,
Ин тоза арӯсро тарозӣ.
Сухани ҳаққ, сухани рост ва забони хирад ва андеша ва ишқ «забони дарӣ»-ст.
Низомӣ дар «Шарафнома» – бепардапӯшӣ – месарояд:
Низомӣ, ки «назми дарӣ» кори ӯст,
«Дарӣ назм кардан» сазовори ӯст.
Гаштугузори бунёдини мо дар девони Ҳофиз аст ва аз Ҳофиз сухан медорем … Чиро Ҳофиз мегӯяд:
Туркони порсигӯй бахшандагони умранд …?
«Турк» дар инҷо турки Туркистон ё Муғулистон нест. Як сифати «таҷридӣ», ки «таъмим» ёфта, дар назар аст. Дар шеъри Ҳофиз «турк», яъне «хушрӯ, хушгил, дилбар, маҳбуби зебо ва … ». Аммо кудом «хушрӯ, … зебо» метавонад «бахшандаи умр» бошад? Медонем, ки Ҳофиз борҳо гуфтааст: «Дилбар он нест, ки мӯею миёне дорад», «На ҳар ки чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад». «Аз бутон он талаб ар ҳусншиносӣ, эй дил» зеро: «Ин касе гуфт, ки дар илми назар бино буд». «Ин ки мегӯянд он беҳтар зи ҳусн / Ёри ман ин дораду он низ ҳам» … Пас, «дилбар, маҳбуб, зебо, бут … ва хушгиле», ки «бахшандаи умр» аст, чи гуна касест? Чи гуна зеборӯест? … Сухан дар ҳамин ҷост, ки зебо, дилбар, маҳбуб, бут ва хушгиле … бахшандаи умр аст, ки ба «порсӣ» ва ё «забони дарӣ», яъне ҳамон забоне, ки зери фишори ситам ва бедод ва дар бозори зарқу риё ва солус «хомӯш» мемонад, сухан бигӯяд … Ҳол, ки чунин аст: «Соқӣ, башорате деҳ риндони порсоро» …
Акнун аз шумо мепурсам он забон, ки «ганҷи ҳикмат», «ҳадиси ишқ» «нуктаҳои чун зари сурх», «ширинтар ва беҳтар аз шаккар», «лутфи табъ», «шеъри тари ширин», «гавҳарафшон», «шифобахш», «василаи бурдани гӯйи балоғат», «гавҳари манзум», «ниқобгушой аз рӯйи андеша», «шеъре, ки қудсиёни осмон онро аз бар мекунанд», «шеъре, ки як байти он беҳ аз сад рисола аст», «байтулғазали маърифат», «саҳари қариб» … номида шуда ва даст ба даст гашта ва ҳамдӯш бо замон пеш омада то замонро якҷо тасхир карда ва ба сӯи «абад» раҳсипор аст, кудом забон аст? Оё ин забон метавонад забони «туркӣ» ва «тозӣ» бошад? Мо хуб медонем, ки «забони туркию тозӣ» забони ситам, фиреб, риё, шиканҷа ва озор ва забони ҳукумат аст. Забони бедод ва ҷаҳл аст. Нишоне аз «ҳадиси ишқ» ва «ганҷи маърифат» дар онҳо нест. Забонест, ки «бозори худфурӯшон» ба он гарм аст ва забони сахту зумухти бедодгарон ва фиребкорон аст.
Бархе аз шореҳони девони Ҳофиз фиреби сухани Муҳаммади Гуландомро хурдаанд, ки нивиштааст: Хоҷа Ҳофиз «Кашшофи Замахшарӣ» ва девонҳои шоирони арабро бо валаъ мехонда …, ва нивиштаанд «чунонки пайдост муроди Ҳофиз аз ҳунаре, ки намехоҳад арз кунад, «арабият» аст …» ва менивисанд: «Ҷораллоҳи Замахшарӣ соҳиби «Кашшоф» беш аз ҳар муфассир … ва китобаш беш аз ҳар тафсири дигар маҳбуби Ҳофиз будааст …».
Бояд дониста бошед, ки шинохтатарин ва густохвортарин асар дар бораи эъҷози забони тозӣ «Кашшоф»-и Ҷораллоҳи Замахшарӣ ва шарҳу ҳошиянивисӣ бар он ба василаи Сироҷуддини Қазвинӣ ба номи «Шарҳи Кашшоф» ё «Кашфи Кашшоф» аст, ки «мадраса»-и масрафкунандаи «авқоф» ва дӯкони «муддаъӣ» онро абзори кор ва равнақи бозори худ медонист ва Ҳофиз бо танзи газанда ва иҳоми шигарф ин «абзор ва дӯкон»-и «муддаъӣ»-ро ба ҳеч шумурдааст – бхонед ва биандешед –:
Кунун, ки бар кафи гул ҷоми бодаи соф аст,
Ба сад ҳазор забон булбулаш дар авсоф аст.
Бихоҳ дафтари ашъору роҳи саҳро гир,
Чи вақти мадрасаву баҳси «Кашфи Кашшоф» аст.
«Фақеҳи мадраса» дӣ маст буду фатво дод,
Ки май ҳаром, вале беҳ зи моли «авқоф» аст.
Ба дурду соф туро ҳукм нест, хуш даркаш,
Ки ҳар чӣ соқии мо кард, айни алтоф аст.
Бибур зи халқу чу анқо қиёси кор бигир,
Ки сити гӯшанишинон зи Қоф то Қоф аст.
Ҳадиси «муддаъиён»-у хаёли ҳамкорон,
Ҳамон ҳикояти зардӯзу бӯрёбоф аст,
Хамӯш Ҳофизу ин нуктаҳои чун зари сурҳ,
Нигоҳ, дор ки «қаллоби шаҳр» сарроф аст.
Оё «забони хамӯш» ҳамон «нуктаҳои чун зари сурх» нест, ки «саррофи мутаққаллиби шаҳр» бо «даҳони пур аз арабӣ» онро ба «хамӯшӣ» кашонида ва Ҳофиз ба ночор бояд «хамӯш бимонад ва нуктаҳои чун зари сурхро нигоҳ дорад, зеро ки «сарроф»-и бозори сухан, «қаллоби шаҳр» аст? …
Пас он забон, ки Ҳофиз аз «ошно»-ву «ёр» ва «ту» мехоҳад, ки «ҳадиси ишқ»-ро бо он баён кунад, кудом аст? Оё он «забони хамӯш» ҳамон «забони дарӣ» ва «порсии ноб» ва дилкаш нест, ки «То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд» ба василаи он ва бо он «Кас чу Ҳофиз нагушуд аз рухи андеша ниқоб»?. Оё ин «забони хамӯш», ҳамон забони ишқу меҳри хирад ва андешаи «дарӣ» нест, ки «даҳони пур аз арабӣ», густохвор роҳи онро торику зулмонӣ ва гандолуд кардааст? Дубора бихонед:
Агарчи арзи «ҳунар» пеши ёр «беадабӣ»-ст,
«Забон хамӯш» валекин «даҳон пур аз арабӣ»-ст.
«Парӣ ниҳуфта рух»-у «дев дар карашмаи ҳусн»
Бисӯхт дида зи ҳайрат, ки ин чи булъаҷабист.
Дар ин чаман «гул»-и бе «хор» кас начид – оре –
«Чароғи Мустафавӣ» бо «шарори Бӯлаҳабӣ»-ст.
Агар «забони арабӣ» далели фасоҳат ва баёнкунандаи «ҳунар» бошад, чи робитае бо «парии нуҳуфтарух» ва «деви дар киришмаи ҳусн» пайдо мекунад? «чароғи Мустафавӣ» бо забони форсӣ равшан аст ва ирфону ишқ, «чароғи Мустафавӣ»-ро то Бангол бурдааст. Ва:
Шаккаршикан шуданд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
З-ин «қанди порсӣ», ки ба «Бангола» бурдаанд.
Шумо ҳатман ҳикояти «Даромадани Саъдӣ дар ҷомеъи Кошғар ва гуфтугӯяшро бо ҷавони наҳвӣ, ки «Муқаддимаи наҳв»-и Замахшариро мехонд» хондаед. Дар сухани Саъдӣ нуктаҳо ҳаст, ки бисёре дарнаёфтаанд. Нахуст кӯтоҳшудаи достонро бихонед.
«Соле Муҳаммади Хоразмшоҳ раҳматуллоҳи алайҳ бо Хито барои маслиҳате сулҳ ихтиёр кард. Ба ҷомеъи Кошғар даромадам, писаре дидам наҳвӣ ба ғояти эътидол ва ниҳояти ҷамол … «Муқаддимаи наҳв»-и Замахшарӣ дар даст дошт ва ҳамехонд: «Зараба Зайду Амруан …». Гуфтам: «Эй писар, Хоразм ва Хито сулҳ карданд ва Зайду Амруро ҳамчунон хусумат боқист? Бихандид ва мавлидам пурсид, гуфтам: «Хоки Шероз». Гуфт: «Аз суханони Саъдӣ чи дорӣ?» Гуфтам: «Булиту бинаҳвин ясулу муғозибан ъалайя ка-Зайдин фӣ муқобалаҳ-ил-Ъамру …». Лахте ба андеша фурӯ рафт ва гуфт: «Ғолиби ашъори ӯ дар ин замин ба забони порсист, агар бигӯӣ ба фаҳм наздиктар бошад» … Гуфтам:
Табъи туро то ҳаваси наҳв кард
Сурати сабр аз дили мо маҳв кард.
Эй дили ушшоқ ба доми ту сайд,
Мо ба ту машғулу ту бо Амру Зайд? …»
Ин ҳикоятро тамом ва то поён бихонед. Ба чанд нукта дар он таваҷҷуҳ кунед:
- Забони тозӣ, ба сурати илмиаш, бо зарби Зайду Амруан оғоз мешавад. Мағзи навомӯз бо задан, ситеза, душманӣ, кинаварзӣ ва … бор меояд.
- Забони порсии дарӣ то Чин, забони дониш ва маърифат будааст. Чунонки Саъдӣ дар замони зиндагии хеш бо чунин саҳнае рӯбарӯ мешавад, ки шеъри ӯ дар саросари Кошғаристон ва Туркистони Чин ривоҷ дорад (достони омада дар «Сафарномаи ибни Батута»-ро ҳам ҳама хондаед …)
- Саъдӣ худ шармсор ва сарафканда мешавад, ки тазоҳур ба арабидонӣ мекунад ва посухи ҷавони наҳвиро ба тозӣ медиҳад ва он ҷавон, бо он ки «Муқаддимаи наҳв»-и Замахшариро дар даст дорад, мегӯяд, ки чиро порсӣ намегӯӣ, ки ба фаҳм наздиктар аст? Яъне: порсӣ «фурӯғи баргузидаи эзадӣ»-ро то дуртарин нуқтаи шинохташудаи ҷаҳони он рӯзгор бурдааст.
- Ҷавоне, ки «Муқаддимаи наҳв»-и Замахшариро, ба ночор ва зӯр, мехонд ва бояд онро аз бар кунад, ба он гароиши дилхоҳ надорад ва мехоҳад аз забони Саъдӣ сухан ба порсии дарӣ бишнавад; яъне сухане, ки бо ҷону дили ӯ ошиност ва сафобахши хотири ӯст .. Баргардем ба сухани Ҳофиз.
Агар «даҳони пур аз арабӣ» матлуб бошад ва забони «ҳунар» бошад, пас чиро Ҳофиз бо дарду дареғ мегӯяд:
«Бисӯхт дид зи ҳайрат, ки ин чи булъаҷабист»?
«Сухан сарбаста гуфтан бо ҳарифон», ё гуфтани ин ки:
«Ман ин ҳуруф нивиштам чунонки «ғайр» надонад,
«Ту» ҳам аз рӯйи каромат чунон бихон, ки ту донӣ, барои чист? Ва инҳама танзу ва луғзу киноя ба «муддаъӣ» чиро?
Ба зоҳир ва ба бовари тафсиркунандагон ва «худфурӯшон» ва «муддаъӣ», «Футӯҳоти макия» ва дигар нивиштаҳои Муҳииддин, сарчашмаи тасаввуф ва сарчашмаи ирфон аст, «Ғаззолӣ», ки худ «муддаъӣ»-ст ва соҳиби Ибни Ибод ба ҳеч шоир иҷоза намедод, ки дар ҳузураш шеъри форсӣ бихонад ва касеро дар канори худ менишонд, ки ҳатман арабӣ бидонад, ҳатто Саъдӣ – гоҳ – ба тозӣ табъозмоӣ кардааст …. Пас чиро бо тулӯъи офтоби вуҷуди Ҳофиз, Ғаззолӣ, Муҳииддин ва амсоли онҳо ба куллӣ нопайдо шуданд ва ҳатто Саъдӣ – ки суханаш мизон ва меъёри забони форсист – ранг бохтааст! ? …
«Забони хамӯш» дар шеъри Ҳофиз ҷойгоҳи вижаи худро дорад:
Худоро, эй рақиб, имшаб замоне дида бар ҳам неҳ,
Ки ман бо лаъли «хомӯшаш» ниҳонӣ гуфтугӯ дорам.
Оё маънии «забони хамӯш» дар баробари «даҳони пур аз арабӣ» барои хонандаи шеъри Ҳофиз тафҳим мешавад? … Ҳофиз инсони хирадманд ва баргузида аст. Сухани ӯ ҷилвагоҳи андеша, роз, иҳом ва ишқ аст …
Ҳатман шумо Муллоҳодии Сабзавории мутахаллис ба «Асрор»-ро мешиносед. Ӯ фақеҳ ва ҳакими рӯзгори хеш аст. Ӯ дар «арабидонӣ» саромади ҳама будааст. На танҳо фиқҳу ҳикматро мулки мусаллами худ медонист, ки даъвии «маърифат» ҳам дошт, на Ғаззолиро сутуд ва на Муҳииддинро ва на Соҳиб ибни Ибодро, аммо беҳтарин ситоишномаи худро тақдими Ҳофиз кардааст ва мегӯяд:
Ҳазорон офарин бар ҷони Ҳофиз,
Ҳама ғарқем дар эҳсони Ҳофиз
Паямбар нест, лекин насх карда
Асотири ҳама девони Ҳофиз.
Ва дар рӯзгори мо, устод дуктур Муҳаммади Муъин ҳангоме, ки «Ҳофизи ширинсухан»-ро менивишт ин рубоиро бар пешонии он гузошт:
Фитод аз бодаи рӯзи аластам,
Яке Ҷоми Ҷам аз Ҳофиз ба дастам.
«Муъин» ар масту махмурам шабу рӯз,
Макун манъам, ки ман Ҳофизпарастам.
Ин «Ҷомиҷам», ки аз Ҳофиз ба дасти дуктур Муъин уфтода ва ӯро масту махмур карда, кудом аст?
Ин «Ҷомиҷам» ҳамон «забони хамӯш» ва ончи «Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ» мехонад ҳаст ё «даҳони пур аз арабӣ»?
Сухани ман ин аст, ки бояд дар хондани шеъри Ҳофиз – ва шеъри ҳар шоире – хирад ва андешаро ба кор андохт. Бояд жарф нигоҳ кард.
Гуфтам бисёре пижӯҳандагон, барои дидани «тамошогаҳи роз» роҳ паймуданд ва талош карданд, аммо бештари онон, ҳатто ба дарвозаи «тамошогаҳи роз» ҳам нарсиданд, балки саранҷом, сар аз хонақоҳу савмаъа ва ҳайкалу маъбад … дароварданд.
***
«Забони хамӯш»-и Ҳофиз, забони ишқ, забони хирад, забони андеша … «забони дарӣ»-ст. «Қанди порсӣ» аст, ки «ба Бангола меравад» ва забони Ҳофиз аст, ки Гутеи олмониро ба ситоиш водошта ва дар қитъаи «Бепоён» месарояд:
«Эй Ҳофиз, сухани ту ҳамчун абадият бузург аст, зеро онро оғозу анҷоме нест. Каломи ту чун гунбади осмон, танҳо ба худ вобастааст… Ту он сарчашмаи файёзи шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавҷи дигар берун метаровад … Эй Ҳофиз, ҳамчунон ки ҷарақае барои оташ задан ва сӯхтани шаҳри имперотурон кофист, аз гуфтаи шӯрангези ту чунон оташ бар дилам нишаста, ки саропои ин шоири осмониро ба табутоб афкандааст … ».
Ва Ничеи бузургвор ба Ҳофиз хитоб мекунад ва мегӯяд:
«Майхонае, ки ту сохтаӣ, аз ҳар хонае бузургтар аст. Ҳамаи ҷаҳониён аз уҳдаи нӯшидани шаробе, ки ту фароҳам сохтаӣ, барнамеоянд. Мурғи самандар меҳмони туст. Ту ҳама чизӣ, майхонаӣ, шаробӣ, самандар низ ҳастӣ. Ҷовидон дар худ фурӯ меравӣ, ҷовидон аз худ бурун меоӣ, мастии мастон аз туст. Барои чи шароб мехоҳӣ? Барои чи шароб мехоҳӣ?».
Ин бузургворон, шеъри Ҳофизро хондаанд, бо ҳамин ғазалҳои ноб ва зебои Ҳофиз бо ҳамин забони Ҳофиз – ки гоҳ ба ночор хамӯш мемонад – ошно шудаанд. Инон дилбохтаи калом ва сухани «дарӣ»-и таровида аз хомаи Ҳофиз шудаанд. Ва инон фурӯғи андеша, хирад ва маърифатро дар колбуди ин суханон ва ин забон ёфтаанд ва ситоишгарони он шудаанд. Инон аз забони Ҳофиз шунидаанд, ки мегӯяд:
Сарам хуш асту ба бонги баланд мегӯям,
Ки ман насими ҳаёт аз пиёла меҷӯям.
Абӯси зуҳд ба ваҷҳи хумор наншинад,
Муриди хирқаи дурдикашони хушхӯям.
Зи шавқи наргиси масти баландболое,
Чу лола ба қадаҳ уфтода бар лаби ҷӯям.
Гарам на пири муғон дар ба рӯй бикшояд,
Кудом дар бизанам, чора аз куҷо ҷӯям?
Биёр май, ки ба фатвои Ҳофиз аз дили пок
Ғубори зарқ ба файзи қадаҳ фурӯ шӯям.
Инон аз забони Ҳофиз мешунаванд, ки мегӯяд:
Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест,
Дар ҳақи мо ҳар чи гӯяд, ҷои ҳеч икроҳ нест.
Бандаи пири хароботам, ки лутфаш доим аст,
В-арна лутфи шайху зоҳид гоҳ ҳасту гоҳ нест.
То чӣ бозӣ рух намояд, байдақе хоҳем ронд,
Арсаи шатранҷи риндонро маҷоли шоҳ нест.
Ин чи истиғност, ё раб, в-ин чи нодир ҳиммат аст,
К-ин ҳама захми дарун ҳасту хаёли оҳ нест.
Ва мегӯяд:
Вафову меҳр накӯ бошад ар биёмӯзӣ,
В-агарна ҳарки ту бинӣ, ситамгарӣ донад.
Инҳо ҳама дар ҳамон «забони хамӯш» ҷой мегиранд, ки фурӯғи маърифат ва хиради андешаро дар фазои зулмонӣ, торик ва ҷаҳлолудаи «муддаъӣ» ва соҳибони даҳонҳои пур аз арабӣ, метобонад ва дилҳои пажмурда дар зулматро, шодоб ва пуртапиш ва умедвор мекунад.
Ҳар хонандаи бедордиле, бонги нола ва дареғу дарди Ҳофизро аз ҳамин ним байт мешунавад:
«Забон хамӯш», валекин «даҳон пур аз арабист»!!!
Ва ба ҳамин сабаб:
«Бисӯхт дида зи ҳайрат, ки ин чӣ булъаҷабист»?!
Бино бар ин:
«Сабаб мапурс, ки чарх аз чи сифлапарвар шуд»…
***
…Оё Ҳофиз наметавонист ба ҷойи «забони хамӯш», ки гӯёи ҳамин гавҳарҳои носуфта аст, «даҳони пур аз арабӣ»-ро арза кунад ва майдон ба дигарон танг гардонад? Дар тамоми девони Ҳофиз ҷуз чанд байт ё чанд ним байти арабӣ, он ҳам бо мантиқу далели хос ва кинояву ишораи боиста, ба кор нарафтааст ва чанд ғазали арабӣ – агар аз Ҳофиз бошанд – сирфан ба унвони тафаннун ва он ҳам дар рӯзгори талабагӣ суруда шудаанд, ки ҳаргиз дар шумори суханон ва ғазалҳои Ҳофиз ба шумор намеоянд.
Пас бояд бипазирем, ки: «забони хамӯш» дуруст нуқтаи муқобили «даҳони пур аз арабист», бино бар ин:
Сабаб мапурс, ки чарх аз чи сифлапарвар шуд,
Ки комбахшии ӯро баҳона бесабабист.
Ва дар поён аз забони худи Ҳофиз такрор мекунем:
Ман ин ҳуруф нивиштам, чунонки «ғайр» надонист
«Ту» ҳам зи «рӯйи каромат» чунон бихон, ки ту донӣ.
* Баргирифта аз: дуктур Алиқулии Маҳмудии Бахтиёрӣ, «Чиро Ҳофиз?», Илмӣ, 1375, рӯяҳои 139 ва 157
——————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист