Вожаҳои порсӣ дар лаҳҷаи арабии Ҳиҷоз

واژه‌های پارسی در لهجه‌ی عربی حجازПорсӣ Анҷуман: Омехтагии забони порсӣ бо забони тозӣ бисёр ошкор ва пуровоза аст. Ҳар порсизабоне рӯзона шумори болое аз вожагони тозиро дар гуфтору нивиштори худ ба кор мебарад. Ин омехтагии яксӯя, ки бороварди чирагии аъроб бар сарзаминамон будааст, аз рӯяи вожагон фаротар рафта, бахшҳое аз наҳву дастури забони порсиро низ зери ҳаноиш (=таъсир)-и худ гирифтааст, то ҷое ки барои намуна сохтори ҷамъи мукассари арабӣ дар нохудогоҳи зеҳнии порсизабонон ниҳодина шудааст ва аз ҳамин раҳгузар вожагоне чун “асотид” ва “маёдин” сохта мешавад.

Бо ин ҳама, ин ҳамаи достон нест. Воқеъият он аст, ки забони тозӣ низ чи пеш ва чи пас аз тозиши тозиён ба Эрон дар додуситаде табиъӣ вожаҳои бисёреро аз забони порсӣ вом гирифтааст. Аммо ин вомвожаҳоро чунон дар дастгоҳи дастурии худ гуворда (ҳазм карда) ва бо вижагиҳои забонии худ ҳамоҳанг кардааст, ки бозшинохтанашон гоҳ бисёр сахт мешавад. Барои намуна, вожаҳои “муҳандис” ва “ҳандаса” аз “андоза”-и порсӣ ва вожаҳои “созаҷ” ва “сазоҷа” аз вожаи “сода”-и порсӣ сохта шудаанд.

Дар бораи вожагони порсӣ дар забони тозӣ аз дер боз нивишторҳо ва фарҳангҳои бисёре нивишта шудааст, ки аз он миён метавон аз “Алмуъарраб”-и Ҷаволиқӣ ва “Вожаҳои форсии арабишуда”-и Аддӣ Шер ном бурд.

“Вожаҳои форсиюласл дар лаҳҷаи арабии Ҳиҷоз” (баргирифта аз: Эроннома; баҳори 1364; шумораи 11; рӯяҳои 461 то 474) яке аз ҷусторҳоест, ки ба баррасии шуморе аз вожагони порсӣ дар забони тозӣ мепардозад. Нивисандаи ин ҷустор дуктур Муҳаммад Сиддиқ ал-Ъавазӣ, устоди Донишгоҳи Малик Саъуд, пас аз баррасии роҳҳои вуруди вожагони порсӣ ба лаҳҷаи ҳиҷозии забони тозӣ феҳристе аз вожагони порсиро дар забони тозӣ ба даст медиҳад. Дар ин феҳрист шумори вожагоне, ки дар бораи номи гулҳо ва гиёҳон, абзорҳо ва хӯрокҳост, чашмгир аст.

“Вожаҳои паорсӣ дар лаҳҷаи арабии Ҳиҷоз”, нивиштаи дуктур Муҳаммад Сиддиқ ал-Ъавазиро аз “инҷо” боргирӣ кунед.

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*