Риёҳии Хуйӣ, Муҳаммадамин (1369); Забон ва адаби форсӣ дар қаламрави Усмонӣ; Пожанг; чопи нахуст.
“Забон ва адаби форсӣ дар қаламрави Усмонӣ” китобе пижӯҳишист, нивиштаи дуктур Муҳаммадамини Риёҳӣ. Ин китоб нахустин бор дар соли 1369 дар Теҳрон чоп шудааст.
Дар пешгуфтори китоб омадааст: “Саргузашти пурфарозунишеби забон ва фарҳанги эронӣ дар ҳар диёр ҷудо-ҷудо бояд бадиққат мавриди баррасӣ ва шинохт қарор гирад. Ҳосили кор, аз як тараф, риштаҳои дӯстӣ ва пайванди маънавӣ миёни мо ва ҳамсоягони моро устувории бештар хоҳад бахшид. Аз тарафи дигар, чеҳраи фарҳанги ҷаҳонгири дерсоли Эрон, ин пири сарфарози қурун ва аъсорро, тобноктар хоҳад кард. Гавҳарҳои гумшудае ба бозор хоҳад омад, ки таҳқиқ дар онҳо ва баҳраҷӯӣ аз онҳо забону фарҳанги моро ғанитар хоҳад кард ва бар ҷилваю ҷамоли он хоҳад афзуд. Мутуни чандсадсолаи чопнашудае аз мавлавия ва нивиштаҳо ва сурудаҳои фаромушшудаи дигаре, ки ба сурати нусахи нодири хаттӣ дар гӯшаи китобхонаҳо интизор мекашанд, то ба ҳиммати пижӯҳандагон зиндагӣ аз сар гиранд ва ҷои шоистаи худро дар маҷмӯъаи адаби форсӣ бозёбанд, аз ин шуморанд.”
Феҳристи бахшҳои китоб
Пешгуфтор
Муқаддима: Аз куҳантарин рӯзгорон
Дарвозаҳои Рум гушуда мешавад
Вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоъии Рум
Форсӣ – забони расмии Осиёи Сағир
Нахустин таълифоти форсӣ дар диёри Рум
Авҷи густариши забони форсӣ дар давраи Салҷӯқиён
Дигар шоъирону нивисандагони он аср (касоне чун Муҳаммад бинни Ғозии Малатиявӣ, Низомуддини Аҳмади Арзанҷонӣ, Маҷдуддини Абибакр, Шамсуддини Ҳамзаи Туғроӣ, Шамсуддини Муҳаммади Исфаҳонии Вазир, Тоҷуддини Хилотӣ ва Камолии Комёр)
Шеър ва адаби форсӣ дар давраи Элхониён
Мавлавӣ ва адабиёти мавлавия
Дигар шоъирони асри Элхониён (касоне чун Низомуддини Хуршед, Носирӣ, Сивосӣ, Авҳадуддини Кирмонӣ, Фахруддини Ироқӣ, Юсуфии Арзанҷонӣ, Сайфи Фарғонӣ, Саъдуддини Масъуд ва Арғувон Хотун)
Мутуни мансури асри Элхониён
Аз инқирози Салҷӯқиён то фатҳи Истонбул
Пас аз фатҳи Истонбул
Шоҳномахонӣ ва шоҳномасароӣ (мавориде аз қабили “Ғазономаи Рум”, асари Кошифӣ, “Хункорнома” ё “Таворихи Оли Усмон”, асари Мирсайидъалии Тӯсӣ, “Маснавии вақоеъи Султон Боязид”, асари Ориф, “Салимнома”-и Адоии Шерозӣ, “Салимхоннома”, “Салимшоҳнома”, “Салимномаи мансур”, “Футӯҳоти Сулаймонӣ”, “Футӯҳоти Ҷамила”, “Шоҳнома”-и Ориф ё “Сулаймоннома” аз Фатҳуллоҳи Ориф, “Ғазои Салмонӣ”, “Шоҳномаи торихи Султон Сулаймон” аз Абдуллоҳи Ғуборӣ, “Шаҳномаи Салими Дувум” аз Луқмони Ошурии Урмавӣ, “Шаҳаншоҳномаи Муроди Севум”, “Шоҳномаи Биҳиштӣ”, “Футӯҳ-ул-ъаҷам”, “Шаҳаншоҳнома” ё “Миръоти Усмонӣ” аз Садруддин, “Шоҳномаи Боязиди Дувум” аз Фирдавсии Тавил)
Шеъри форсӣ дар асри Муҳаммади Фотеҳ
Боязиди Дувум ва форсӣ дар асри ӯ
Салими аввал ва муъосиронаш
Пас аз ҷанги Чолдирон
Сулаймони Қонунӣ ва муъосирони ӯ
Бархе дигар аз шоъирону нивисандагон (касоне чун Шайх Маккии Хокӣ, Абдуллоҳ бинни Ҳусайни Толибии Занҷонӣ, Муҳаммад Пошшо, Абдуллатифи Афлотуни Шервонӣ, Муслиҳуддини Мустафо Сарварӣ, Мустафо Чалабӣ, Ҳалимии Шарвонӣ, Абулфазли Муншии Шерозӣ, Иброҳим бинни Маҳмуд, Сайидмуршиди Ясавӣ, Мустафо Гулибулилӣ, Қозизодаи Муфтӣ, Дарвеш Пошшо, Аҳмади Ҳотами Афандӣ, Нидоии Кошғарӣ, Фавзии Мӯсторӣ)
Форсӣ – забони расмии номанивисӣ
Фарҳангнивисӣ ва шарҳу тарҷумаи мутуни форсӣ
Дастнивисҳои форсӣ дар диёри Рум
Умқи таъсири адаби форсӣ дар забон ва адаби туркӣ
Мероси як турк аз қарни даҳум
Форсӣ дар мутасаррифоти Усмонӣ
Забони форсӣ ва таҷаддуди адабӣ дар Усмонӣ
Тадриси форсӣ дар мадорис
Таъсири форсӣ дар шеъри давраи танзимот
Таъсири адаби Усмонӣ дар адабиёти ҷадиди форсӣ
Форсӣ ва забони туркии имрӯзи Туркия
Феҳристҳо дарбардорандаи баргузидаи манобеъ, феҳристи касон, феҳристи ҷойҳо ва феҳристи номи китобҳо
Дигар наскҳои Порсӣ Анҷуман
Порсии Сара
… (1390); Вожаномаи порсии сара; Фарҳангистони забони порсӣ, Боргирӣ аз “инҷо” (ду мегобойт)
Партав, Абулқосим (1377); Вожаёб (Фарҳанги баробарҳои порсии вожагони бегона); се дафтар; чопи дувум. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.
Ҷалолӣ, Таҳмурас (1354); Фарҳанги поя (Вожаҳои порсӣ ва бегонаи забонзад дар форсии кунунӣ ба порсии сара); китобхонаи Ибни Сино; чопи нахуст. Боргирӣ аз “инҷо” (13 мегобойт).
Вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон (аз хурдодмоҳи 1314 то исфандмоҳи 1319); Теҳрон: Дабирхонаи Фарҳангистон. Боргирӣ аз “инҷо” (5 мегобойт).
Фарҳанг
Амид, Ҳасан (1389); Фарҳанги форсии Амид. Боргирӣ аз “инҷо” (6 мегобойт).
Имомшуштарӣ, Муҳаммадъалӣ (1347); Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ; Теҳрон: Анҷумани осори миллӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (16 мегобойт).
Афнон, Суҳайли Муҳсин (1969); Вожаномаи фалсафӣ (форсӣ, арабӣ, инглисӣ, фаронса, паҳлавӣ, юнонӣ ва лотин); Бейрут: Дорулмашриқ. Боргирӣ аз “инҷо” (10 мегобойт)
Ҳусайни Мадании Татавӣ, Абдуррашид писари Абдулғафур (1337); Фарҳанги Рашидӣ ба ҳамроҳи муъарработ; ду пӯшина; пижӯҳиш ва веростории Муҳаммади Муҳаммадлуи Аббосӣ; Теҳрон: Китобфурӯшии Боронӣ. Боргирии пӯшинаи нахуст аз “инҷо” (дар 821 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт) ва пӯшинаи дувум аз “инҷо” (дар 799 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт).
Торихи забон ва дабираи порсӣ
Нотили Хонларӣ, Парвиз (1365); Торихи забони форсӣ; се дафтар. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.
Беҳрӯз, Забеҳ (1363); Хат ва фарҳанг; чопи дувум; Фурӯҳар. Боргирӣ аз “инҷо” (238 рӯя ва 4 мегобойт).
Забонҳо ва гӯишҳои эронӣ
… (1391) Вожаномаи кӯчаки порсии миёна; Фарҳангистони забони порсӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (4 мегобойт).
Касравии Табрезӣ, Аҳмад (1325); Озарӣ ё забони бостони Озарбойҷон. Боргирӣ аз “инҷо” (1 мегобойт)
Барои боргирии наскҳои дигар ё ошноии бештар бо ин дафтарҳо ба Китобхонаи Порсӣ Анҷуман бингаред.
متن پارسی را “اینجا” بخوانید
Бифирист