Шаҳрбароз: Истефон Понусӣ (Estiphan Panoussi), эроншинос ва устоди пешини Донишгоҳи Теҳрон дар шаҳривари соли 1314-и хуршедӣ/септомбри соли 1935-и милодӣ дар шаҳри Санандаҷ зода шуд ва омӯзишҳои оғозин ва миёнии худро дар Эрон ва Ироқ ба поён расонид. Вай аз эрониёни ошурӣ ва масеҳии калдонӣ аст.
Истефон Понусӣ дар соли 1958-и милодӣ/1337-и хуршедӣ аз Донишгоҳи Путифичиё (Pontificia) дар шаҳри Рум дар риштаи фалсафа лисонс гирифт ва дар соли 1961м/1340х аз Донишгоҳи Лувен (Leuven: дар фаронсавӣ Louvain) дар Белжик дуктурои фалсафа дарёфт кард. Дуктур Понусӣ дар солҳои 1961 то 1964м/1340 то 1343х дар заминаи фалсафаи эронӣ дар Донишгоҳи Тубинген (Tubingen)-и Олмон пажӯҳиш кард ва дар фосилаи солҳои 1964 то 1966м/1343 то 1345х низ дар Донишгоҳи Морбург (Marburg)-и Олмон пажӯҳиш кард.
Дуктур Понусӣ илова бар забони сеноё (Senaya), ки забони модарии ӯ ва аз гӯишҳои ҷадиди забони оромик (Aramaic) аст, ба забонҳои порсӣ, курдӣ, арабӣ, осурӣ, итолиёӣ, фаронса, олмонӣ, инглисӣ ва суэдӣ чира аст. Аз забонҳои бостонӣ низ ба юнонии бостон, лотин, оромик ва ибрии китоби муқаддас, ва оромики миёна (сурёнӣ) чира аст.
Самтҳои донишгоҳии вай то кунун чунин будааст:
- Аз соли 1964 то 1966м/1343 то 1345х пажӯҳишгари Донишгоҳи Гисен (Giessen)-и Олмон
- Аз соли 1968 то 1972м/1347 то 1351х устодёри Муассисаи ховаршиносӣ дар Донишгоҳи озоди Берлин
- Аз соли 1352 то 1357х/1972 то 1978м донишёри Донишгоҳи Теҳрон
- Аз соли 1978 то 1981м/1357 то 1360х устодёри Донишгоҳи Юто (Utah) дар Омрико
- Аз соли 1360 то 1369х/1981 то 1989м устоди бахши забоншиносӣ ва раиси бахши забони итолиёӣ дар Донишгоҳи Теҳрон
- Аз соли 1989 то 1992м/1368 то 1371х устоди забони арабӣ дар Донишгоҳи Ойхштот ((Eichstätt-Ingolstadt) дар бахши Бовориёи Олмон
- Аз соли 1992 то 2000м/1371 то 1379х устоди забони арабӣ дар донишкадаи ховаршиносии Донишгоҳи Гутебург (суэдӣ: Goeteburg, инглисӣ: Gothenburg)-и Суэд, бознишастагӣ дар соли 2000м/1379х.
- Аз соли 2000м/1379х то 2013м устоди фалсафа дар донишсарои Онтелуп Велӣ (Antelope Valley College) дар Колифурниёи Омрико
Бархе аз осори вай чунинанд:
- Вай дар солҳое, ки устоди Донишгоҳи Теҳрон буд, се китоб ба номҳои “Муқаддимае бар забони лотини клосик”, “Муқаддимае бар забони лотин” ва “муқоисаи дастури забони форсӣ ва забони итолиёӣ” нивиштааст.
- Фарҳанги порсӣ-лотин
- Гӯиши масеҳии сеноё аз забони нав-оромик: матн, дастури забон, ва фарҳанг (номи инглисӣ: The Christian Senaya dialect of Neo-Aramaic: Text, Grammar and Dictionary)
- Асари муҳимми дигари вай дар заминаи фалсафа китобест ба номи “Таъсири фарҳанг ва ҷаҳонбинии эронӣ бар Афлотун”, ки дар соли 2536-и шоҳаншоҳӣ (1354х) ба дасти Анҷумани шоҳаншоҳии фалсафаи Эрон дар 147 сафҳа чоп ва пахш шудааст. Ин китоб дар соли 1381х/2002м ҳам ба дасти Муассисаи пажӯҳишҳои ҳикмат ва фалсафаи Эрон бозчоп шудааст.
- Ҷунги забономӯзии нав-сурёнӣ, Висбоден 1974м/1353х ва Кембриҷ 1982м/1361х (номи инглисӣ: Panoussi, E. and R. Macuch: Neo-Syriac Chrestomathy. Wiesbaden 1974, Cambridge, 1982)
- Гароишҳои илмӣ ва фарҳангии Эрон: Аз Ҳахоманишиён то поёни Сафавия, 1383х, нашри Балх дар Теҳрон
Чанд мақолаи вай дар заминаи фалсафа ва забоншиносиро метавонед дар ин сафҳа бихонед: Баргаи Истефон Понусӣ
Ҳамчунин метавонед дар ин нишонӣ мақолае аз вайро ба забони фаронсавӣ бихонед дар бораи решаҳои эронии фалсафаи Ибни Сино ва низ таъсирҳои Эрон бар фалсафаи афлотун:
La théosophie iranienne source d’Avicenne?
Estiphan Panoussi, Revue Philosophique de Louvain, 1968, Vol. 66, Issue 90, pp. 239-266
متن فارسی را “اینجا” بخوانید
Бифирист