Тӯрақули Зеҳнӣ, шоъир, пажӯҳишгар ва аз рӯшанфикрони пешгоми Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ буд, ки соли 1892 дар шаҳри Самарқанд мутаваллид шуд ва соли 1983 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, даргузашт. Вай таҳсили ибтидоии худро дар мадрасаи “Тилокорӣ”-и шаҳри Самарқанд гирифт ва пас аз таҳсил дар як давраи яксолаи тарбияти муъаллим дар соли 1918 барои ҳафт сол ба омӯзгорӣ машғул буд. Вай чанд сол дар интишороти давлатии Тоҷикистон ва дар донишгоҳи шаҳри Самарқанд (1941-45) кор кард. Баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии ДУвум Тӯрақули Зеҳнӣ нуҳ сол дар Сибрӣ ва Қазоқистон дар табъид буд. Аз соли 1956 то поёни умр дар Пажӯҳишгоҳи забон вадабиёти Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор кард. Аз ӯ даҳҳо китоб ва садҳо мақолаи илмӣ, умдатан дар бораи забони ва адабиёти форсӣ, ва чанд китоби омӯзишӣ барои мадориси мутавассит, ба ҷо мондааст.
Яке аз муҳиммтарин китобҳои Тӯрақули Зеҳнӣ “Санъати сухан” аст, ки нахуст соли 1963 (бо номи “Санъатҳои бадеъӣ дар шеъри тоҷикӣ”) ва баъд бо такмили бештар дар солҳои 1970 ва 1979 мунташир шуд. Ӯ китоби ёддоштҳое таҳти унвони “Чанд сухани судманд” (1984) дар бораи Нақибхони Туғрал, шоъири маъруф ва аз пайравони сабки Бедил, Садриддин Айнӣ, нависандаи маъруф, Абулқосими Лоҳутӣ, шоъири машрутахоҳи эронӣ, ки ними ҳаёташро дар Шӯравӣ гузаронда ва аз саромадони адабиёти нави Тоҷикистон маҳсуб мешавад, Ҳабиб Юсуфӣ, шоъире, ки дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум кушта шуд, ва Шоҳназар Соҳибов, мақомсарои маъруф, низ мунташир кардааст.
Тӯрақули Зеҳнӣ аз ҷумлаи таҳиякунандагони “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, бузургтарин фарҳанги луғатест, ки дар Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ (1969) мунташир шудааст. Дар замони баҳсу ихтилофот бар сари хат ва забони форсӣ дар авоили аҳди Шӯравӣ Тӯрақули Зеҳнӣ аз ҷумлаи касоне буд, ки хостори ҳифзи забоне воҳид ба номи порсӣ миёни ҳамаи порсигӯёни ҷаҳон буданд. Мақолаи зер иборат аз чанд қисмат аст, ки дар баҳори соли 1926 мусодиф бо 1305 шамсӣ дар чанд шумораи нашрияи “Овози тоҷик” мунташир шудааст, ки бознашри он барои порсигӯён аз фавоиде орӣ нест. Заҳмати таҳияи ин мақоларо шоъири баном Исфандиёри Назар кашида ва бори аввал онро дар нашрияи “ИмрӯзNews” ба табъ расондааст:
***
Дар бораи забон
Турақул Зеҳнӣ: Агарчи, дар миёни забони такаллумӣ ва адабӣ фарқе мавҷуд аст, вале ин фарқ фақат махсус дар забони тоҷикон набуда, балки дар тамоми забонҳои дунё ҳаст. Хусусан, забоне, ки солҳои сол дар зери таъсири забонҳои дигар монда бошад, албатта табдилу тағйир дар бунияву рӯҳу табиъат ҳосил менамояд.
Донишмандони забон мегӯянд, умуман, забон доиман дар маърази тағйиру табдил аст, хусусан забони такомулӣ бештар аз забони адабӣ дучори тағйир ёфтан аст. Забон дар сурати ҷабрӣ тағйир намеёбад, балки дар як сурати сулҳӣ дар таҳти омилҳои иҷтимоъӣ чунон тағйирпазир аст, ки миллат ҳеч гоҳе ҳис намекунад ва монанди он, ки ҳаракати курраи Замин маҳсус намешавад, оҳиста-оҳиста табдил ёфта, услубу шаклҳои нав ҳосил мекунад. Вале забони адабӣ ин тавр нест, бисёр кам тағйир меёбад, зеро он дар як қолаби муъайян даромада ва шакли мусбате касб кардааст. Хусусан, миллати тоҷик, ки дорои ҳирси (култур) муҳташам буд, тавонист ба ҳама гуна селу туғёнҳои берунӣ худдориву истодагарӣ кунад. Дар сояи забону адабиёти нафиси худ забони такаллумии худро нигоҳ дошт ва тамоман маҳрум аз ин забон нагашт.
Забони такаллумӣ он қадар дорои аҳаммияте, ки матлуб аст, нест, вале забони адабӣ, ки сабаби ягонагии миллатҳои ҳамзабон аст ва асбоби тамаддуну тараққиву боъиси таваллуди мафкураи муштарак ва маданияти якнасақу яклухт аст, дорем.
Тоҷикии адабие, ки форсияш меномем, забони байналмилалии форсизабонон аст. Имрӯз чи дар Афғонистон, чи дар Эрону Ҳиндустон ҳамин забони форсӣ ба кор бурда мешавад, дар ҳама ҷо яклухту якхел аст. Бояд нахоҳем ба ҷойе, ки инсонҳо гирду фароҳам оянд, аз якдигар ҷудову парешон афтанд.
Ин фикр, албатта аз нуқтаи назари кумунистӣ ва сусиёлистӣ дур аст. Имрӯз туркшиносон эҳтиёҷе ҳис кардаанд, ки барои ҳамаи қавмҳои турку тотор як забони илмии умумии байналмилалии туркӣ офарида гардад. Чӣ зарур аст, ки мо форсизабонони Шарқ шеваҳои ҷудогонае, ки ҳанӯз дар майдони матбӯъоту адабиёт пайдо нест, офаринем, ҳосил созем ва аз ҳам пошем ва пора-пора гардем? (Идома дорад)
(“Овози тоҷик”, №81, 25-уми мойи соли 1926-и мелодӣ. Сешанбе. 2-и ҷавзо (хурдод)-и 1305-и шамсӣ. 12-и зулқаъдаи 1244-и ҳиҷрӣ. Саҳ. 2)
***
Забону адабиёти форсӣ муштарак аст
(Идома…)
Гузашта аз ин, мо тоҷикон ин забонро аз соири форсизабонон амонату орият нагирифтаем, ин забон моли ҳалолу машрӯъи худамон аст, зеро ин забон аз падарони худамон ба мерос омадааст. Яъне ин забони адабии мо забони ҳамон Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Муъиззӣ, Низомии Арӯзӣ (дар матн: Арӯз), Рашидӣ, Сӯзанӣ, Исмат, Камол, Адиб Собир ва соирае, ки ҷумлагӣ аз ҳамин Самарқанду Бухоро, Хуҷанд нашвунамо намудаанд ва аз хоки поки ҳамин Мовароуннаҳр сар барзадаанд, мебошанд.
Бино бар ин, адабиёти форсии муштаракро ба кишваре, бо вилояте нисбат додан норавост, зеро падидоварандаву офаринандаи ин адабиёти нафису муҳташам танҳо мовароуннаҳриён ё хуросониён, эрониён набуда, балки дар ин роҳ муштаракан хидматҳо ва ҷонсупориҳо ба вуҷуд омадаву гуна-гуна шоъирони муҳтарам аз ҳар сарзамин гул кардаанд. Бино бар ин, адабиёти форсӣ муштарак аст, чи афғон, чи тоҷик, чи эронӣ, ҳатто ҳиндустониҳои мусалмон ҳақ доранд бигӯянд: адабиёти мост!
Чунонки дар айни замон шурӯъу ибтидои адабиёти форсӣ аз Мовароуннаҳр шудааст. Ҳамин тавр, ки устод Абулҳасани Рӯдакӣ аввалин бор девон дуруст карда, маснавии “Калила ва Димна”-ро бо як забони содаву равон тартиб фармудааст, ё ки Дақиқӣ ҳазор байти “Шоҳнома”-ро назм кардааст. Вақте ки ҳукумат аз Бухоро ба Fазна мекӯчад, маркази адабӣ низ он ҷо баробар мекӯчад. Хусусан ҳамин нукта хеле диққатро ҷалб мекунад, ки шеъри форсие, ки аввалин мартаба гуфта шудааст аз Ҳаким Абуҳафси Суғдии Самарқандӣ ном касе содир шудааст ва тазкираи шоъиронро низ нахустин бор Давлатшоҳи Самарқандӣ таълиф намудааст.
Инак, дар хусуси яклухту муштарак будани забони адабӣ ва низ хидмате, ки мовароуннаҳриён ба адабиёти форсӣ кардаанд, мухтасаран бар ваҷҳи зер баён мекунем:
Агарчи дар иншопардозиҳои нашру дар услуби чомасароӣ (чома-яъне шеър аст; чомасароӣ шоъирист) миёни Эрону Мовароуннаҳр ва Ҳиндустон фарқе ҳам мавҷуд бошад, дар ҳайъати маҷмӯъаи забон монанди наҳв, хусусан дар сарф, фарқу ҷудоӣ пайдо нест.
Инак, аз қароре, ки дар зер менависем, маълуму ошкоро хоҳад шуд:
Байте, ки бо усули ҳиҷо дар соли садуми ҳиҷрӣ Ҳаким Абуҳафси Суғдии Самарқандӣ суруда:
Оҳуи куҳӣ дар дашт чи гуна давадо?
Ӯ надорад ёр, бе ёр чи гуна бувадо?
Аз “Чаҳор мақола”-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, ки дар асри шашуми ҳиҷрӣ гузаштааст: “Қобус аз тахт фуруд омад ва чанд қадам Абӯъалиро истиқбол кард ва дар канор гирифту гарм суҳбат дошт ва бо ӯ ба як ҷо нишаст, фармуд: – Ай аҷалл ва афзали фалосифаи олам! Кайфияти ин муъолиҷа бозгӯй? Илло охир…
Аз Камоли Хуҷандӣ:
Дӣ, к-аз сари асб, эй қамари зуҳраҷабин,
Гар з-он, ки фитодӣ, набувад айби ту з-ин.
Ту барги гуливу асби ту боди сабо,
Аз боди сабо барги гул уфтад ба замин.
Аз Шайх Фаридуддини Аттор (617):
Куфр кофаррову дин диндорро,
Ҳалқаи зулфаш бувад Атторро.
Аз Ҳофиз, ки дар Шероз гузашта ва дар соли 791 вафот кардааст:
Устоди ғазал Саъдист пеши ҳама кас, аммо:
Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоҷӯ. (Дар матн Хоҷа омадааст)
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Аз Ҳаким Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишобурӣ:
Гӯянд биҳишту ҳуру Кавсар бошад,
Ҷӯйи майу ширу шаҳду шаккар бошад.
Як ҷом бидеҳ ба ёди он, эй соқӣ,
Нақде зи ҳазор нася беҳтар бошад!..
Аз Анварии Абевардӣ, ки ҳамъасри Султон Санҷари Салҷуқӣ буд:
Ин шунидастӣ, ки гуфто муфлисе бо муфлисе:
Ҳеч медонӣ амири шаҳрро марде гадост?
Гуфт: чун мискин бувад оне, ки шоми якшабаш
Бештар аз масрафи яксолаи мову шумост?
Гуфт: эй мискин, хато ин аст, к-ин ҷо мекунӣ,
Ҳеч медонӣ, ки он сармояи мир аз куҷост?
Симу зарҳояш бувад хуни ятимони шумо,
Дурру гавҳарҳояш ашки чашми фарзандони мост!…
Аз Саъдии Шерозӣ (691):
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамийят,
На ҳамин либоси зебост нишони одамийят!
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
Чи миёни нақши девору миёни одамийят?!
Ба ҳақиқат одамӣ бош, вагарна мурғ бошад,
Ки ҳаме сухан бигӯяд ба забони одамийят.
Агар ин дарандахӯйӣ зи табиъатат бимирад,
Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамийят.
Ба насиҳат одамӣ шав, на ба хештан, ки Саъдӣ,
Ҳам аз одамӣ шунидаст баёни одамийят.
***
Саъдиё, ҳубби Ватан гарчи ҳадисест саҳеҳ,
Натавон мурд ба хорӣ, ки ман ин ҷо зодам. (Идома дорад)
(“Овози тоҷик”, №83, 5-и июни 1926 мелодӣ. Якшанбе. 14-и ҷавзо (хурдод)-и 1305 шамсӣ. 24 зулқаъдаи 1344 ҳиҷрӣ)
***
Идома….
Аз Мирзо Абдулқодири Бедили Ҳиндустонӣ:
Зоҳидон, ҳошо, ки дар хулди барин ёбанд бор,
Чун асо ин хушкмағзон боби оташхонаанд!
***
Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдӣ қонеъам,
Ин тароват дар Гулистон бештар дорад баҳор.
Як-ду мисол аз шоъирони номдори асрӣ ҳам биёварем. Аз Лоҳутӣ, ки шоъири ягонаи инқилобии Эрону Тоҷикистон аст:
Рубоъӣ
Мо гавҳари насли форсиро конем,
Мо коргаҳи тарбияти инсонем.
Fафлат манамоед зи омӯзиши мо,
Мо модари ояндаи тоҷиконем.
Аз Садруддини Айнӣ:
Ба парда то ба чандин рози тоҷик,
Биё биншин, шунав Овози тоҷик.
Чу қумрӣ месароям нағма чунки:
Гирифторам ба сарву нози тоҷик…
Мо инҷо барои исботи матлаби худ ба порае аз саромадони сухан, ки аз Мовароуннаҳру соири мамлакатҳо берун омадаанд, қаноъат варзидем. Аз ин навиштаҳо, ки муште аз харвор аст, маълуму ҳувайдо хоҳад шуд, ки забони адабӣ якнасақу муштарак аст: симоҳои дилнишини шеър ва санъати форсӣ дар ҳар мамлакату диёр, ки бошад, ба як ҷилва таҷаллӣ намудааст ва чи қадре, ки аз Эрону соири мамлакатҳо сар бардошта, ҳамон қадар ҳам аз Мовароуннаҳр сар барзадааст.
Бино бар ин, адабиёти форсии муштаракро ба кишваре, бо вилояте нисбат додан норавост, зеро падидоварандаву офаринандаи ин адабиёти нафису муҳташам танҳо мовароуннаҳриён ё хуросониён, эрониён набуда, балки дар ин роҳ муштаракан хидматҳо ва ҷонсупориҳо ба вуҷуд омадаву гуна-гуна шоъирони муҳтарам аз ҳар сарзамин гул кардаанд. Бино бар ин, адабиёти форсӣ муштарак аст, чи афғон, чи тоҷик, чи эронӣ, ҳатто ҳиндустониҳои мусалмон ҳақ доранд бигӯянд: адабиёти мост!
Гузашта аз ин, адабиёти форсиро адабиёти Эрон, адабиёти Афғонистон, адабиёти Мовароуннаҳр гуфтан адабиётро нисбат ба замину мамлакат додан аст ва дар айни замон ҳадд таъйин намудан лозим меояд. Онгоҳ доираи адабиёти форсӣ хурду маҳдуд хоҳад шуд, вале вақте ки мо номи адабиёти форсиро ба забон меронем, пеши назари мо як соҳаи хеле васеъе намудор мегардад, ки як тарафи ин соҳаи адабӣ Эрон, тарафи дигараш Афғонистону Ҳиндустон ва як қисматаш Мовароуннаҳр ном дорад.
Бино бар ин, адабиёти форсӣ ҳамеша ва ҳар ҷо адабиёти форсӣ ва муштарак аст ва ба воситаи ҳамин забони адабии форсӣ дар миёни ҳамаи форсизабонони Шарқ ба як услуби салис ва тарзи баёни сода метавон рӯҳу фикри инқилобиро нашру паҳн сохт.
Дар бораи содаву равон сохтани забон ва адабиёти имрӯзӣ фасли алоҳидае тахсис хоҳем намуд ва дар он фасл фикру муҳокимае, ки дар ин хусус дорем, ба майдон хоҳем гузошт. Дар хусуси чи тур содаву равон сохтани забон, ки дар айни замон ба умумӣ будани забон халале нарасад, чораҳо хоҳем ҷуст. (Идома дорад)
(“Овози тоҷик”, №85, саҳ. 2. 17 июни соли 1926 мелодӣ. Панҷшанбе. 25 ҷавзо (хурдод)-и 1305 шамсӣ. 5 зулҳиҷҷаи 1344 ҳиҷрӣ)
***
Забони гуфтугӯии ҳозираи тоҷикон
(Идома…)
Каме дар ин бора суҳбат кунем. Баъзе аз бародарон гумон мекунанд, ки гӯё забони тоҷикон тамоман дар таҳти таъсири забонҳои туркӣ мондааст. Аз он сабаб аст, ки монанди таркибҳои тавсифӣ, хусусан адотҳо, ба охири калима меояд!
Дар ин бора дар аввалҳо ақидаи нависанда низ ҳамин тур буд. Вале замоне ки миллати тоҷик шинохта гардид ва ноили ҷумҳурияте шуд, забону адабиёти нозанини ӯ, ки дар ҳамчун асри бистум маданияту ирфон зери пардаи фаромӯшиву хорӣ уфтода буд, бори дигар бо рухсораҳои гулнорӣ намоён омад. Чунонки аз ҳар тарафу гӯша толибони ҳақиқии ӯ гирд омаданд. Дар ҷустуҷӯву перостани забони модариву миллии худ камари ҳиммат барбастанд.
Дар ин миёна нависанда низ дид, ки роҳ кушода аст, монеъае дар пеш нест, бо ҳазорон шавқу савқи табиъӣ дилгарм шуда ба тадқиқоти лисонӣ ва адабӣ пардохт.
Аввалин мартаба тадқиқу таҳқиқ дар ҳамин бора буд, ки: оё адотҳову баъзе аз қоъидаҳо, ки дар забони гуфтугӯии тоҷикон мавҷуд аст, аз таъсироти забонҳои туркӣ ё аз роҳи дигаре падид омадааст?
Пас, дар ин хусус бо донишмандони рус суҳбат дар миён омад, аксари эшон мефармоянд: бисёрии ин таъсир на аз забонҳои туркӣ, балки аз таъсири ҳамон забони суғдӣ, ки забони куҳнаи тоҷикон буд, пеш омадааст. Масалан, дар забони афғонии кӯҳӣ, ки “пахту”-аш хонанд ва дар айни замон яке аз шохаҳои забонҳои порс (яъне аз шохчаи Эрон, ки он шохчаҳои хонаводаи ҳиндуурупоӣ мебошад) аст, ва низ монанди ин дар забони ҳиндии урду, ки аз забонҳои Ҳинд аст ва он яке аз шохчаҳои оилаи ҳиндуурупоӣ ҳисоб меёбад, аксари қоъидаҳо баръакси забони форсии адабист. Чунонки адотҳо дар охири калимаҳо меояд: сифат аввал, мавсуф сонӣ зикр карда мешавад.
Мо инҷо барои ин, ки каме матлабро ба хонандагон рӯшан ва қобили фаҳм намоем аз афғониву ҳиндии урду, форсии адабӣ як ҷумлагӣ мисол оварем:
- Форсии адабӣ: (таркиби тавсифӣ) асби хуб; (ҳолати мафъул илайҳ) Ба хона рафтам
- Форсии тоҷикон: асби хуб; Да хона рафтам.
- Ҳиндуи урду: Ачҳо гҳар рато; Мин (ми) кҳар кугиё
- Афғонии пухту: Ха (бна(2) ас; За кур та лорм
Ё дар муқобили ин ҷумлаи тоҷикони Фарғона, ки гӯянд: “Мактабанда бисёр бача мехонад.” шуғнониҳо гӯянд: “Мактабанд лап бача баноин”
Имрӯз бисёртарини тоҷикони Бухоро, чун туркӣ ҳарф мезананд, қоъидаву оҳангу тарзи талаффуз ва услуби форсиро нигоҳ медоранд. Хусусан ба ҷойи “ӯйга килак!” “ъуйда килак” мегӯянд. Зеро бухороиён ғолибан ба форсӣ ба тарзи “да хона бед!”, яъне “дар хона биёед!” талаффуз менамоянд. Ва ин тавр талаффуз намудан аз иқтизои рӯҳу табиъати форсист, зеро ба форсӣ аксар ба ҷойи “ба” “дар” ва гоҳо ба ҷойи “дар”, “ба” ба кор меравад. Чун вақте ки туркӣ ҳарф мезананд, таъсири забони аввалиро тамоман бе ҳеч каму кост нигоҳ медоранд. Дар Самарқанд ҳам айни ҳукм ҷорист
Инак, мо аз ин мислоҳои ҷузъӣ мушоҳида мекунем, ки дар урдуву афғониву шуғнонӣ қоъидаҳо баръакси забони форсии адабист, маълуму ошкоро мегардад, ки дар забони имрӯзаи тоҷикон қоъидае, ки бар хилофи форсии адабӣ дида мешавад, тамоман аз таъсири забонҳои туркӣ набуда, балки аз таъсири ҳамон забони суғдии куҳнае, ки яке аз шохчаҳои форсии қадим буд, пеш омадааст. Зеро ҳамин тавр қоъидаҳо дар забони афғониву шуғнониву урду ва соира мавҷуд аст. Зеро вақте ки тоҷикон забони суғдиро фаромӯш мекарданд, асарҳои он забон каму беш ба забони ҳозира боқӣ мондааст. Мутахассиси забонҳои Шарқ професур Пливон Бливонуф (?), ки дар маҷлиси умумии анҷумани дониши марказии Узбакистон, ки дар торихи 29 нуёбр воқеъ шуда, лексияе дар бораи ҳуруфи лотин ва араб мехонд, мегуфт: “Забони туркии Тошканд оҳанги туркиро надорад. Зеро вақте ки онҳо оҳиста-оҳиста аз забони форсӣ ба забони туркӣ мекӯчиданд, оҳанги нарми форсиро нигоҳ медоштанд. Бино бар ин, нарму мулоим гап мезананд. Боястӣ дар туркӣ ҳуруфи имло (соита) ба таъбири узбакӣ (чузғӣ) даҳто бошад. Ҳол он, ки мо дар забони туркии Тошканд шаш соита (чузғӣ) мушоҳида менамоем, ки ин шаш соита, соитаҳои забони форсӣ мебошад.”
Имрӯз бисёртарини тоҷикони Бухоро, чун туркӣ ҳарф мезананд, қоъидаву оҳангу тарзи талаффуз ва услуби форсиро нигоҳ медоранд. Хусусан ба ҷойи “ӯйга килак!” “ъуйда килак” мегӯянд. Зеро бухороиён ғолибан ба форсӣ ба тарзи “да хона бед!”, яъне “дар хона биёед!” талаффуз менамоянд. Ва ин тавр талаффуз намудан аз иқтизои рӯҳу табиъати форсист, зеро ба форсӣ аксар ба ҷойи “ба” “дар” ва гоҳо ба ҷойи “дар”, “ба” ба кор меравад. Чун вақте ки туркӣ ҳарф мезананд, таъсири забони аввалиро тамоман бе ҳеч каму кост нигоҳ медоранд. Дар Самарқанд ҳам айни ҳукм ҷорист. (Идома дорад)
(“Овози тоҷик”, саҳ. 2, №89, 9 июли 1926 мелодӣ. Ҷумъа. 19-и саратон (тир)-и 1305 шамсӣ. 28-и зулҳиҷҷаи 1344 ҳиҷрӣ)
***
Идома…
Чунончи рӯзе дар маҷлис яке аз тоҷикон, ки туркӣ ҳарф мезад, таъбири “шуморо ном гирифтам”-ро тарҷима карда ба тарзи “сизнӣ от олдум” сухан меронд ва хусусан ба ҷойи мафъулъилайҳ доиман мафъулфиҳиро ба кор мебурд.
Забони модарияш, ки форсӣ буд, наметавонист табиъату рӯҳи форсиро тарк кунад.
Қатъи назар аз инҳо тоҷикон ба ду қоъида гап мезананд: яке ба қоъидаи афғониву урду, дигар бо қоъидаи форсии адабӣ, гоҳо ҳарду қоъидаро ба ҳам омехта сухан меронанд. Монанди: “хонада рафтам”, “да хона рафтам”, “да хонава рафтам”, “хона рафтам”, “ба хона рафтам”, “бисёр одам омад, одами бисёре омад, вай ҷудо ганда бача, вай бисёр бачаи ганда будааст” ва монанди инҳо.
Ҳатто баъзан хеле қоъидаҳои адабии форсӣ ба кор бурда мешавад. Аз ҷумла татобеъи изофот ҳам истеъмол меёбад. Чунончи рӯзе аз забони духтараки ҳафтсола мешунидам, ки мегуфт: “дада, дада! Домани кататии шоҳим сӯхтаст!” – яъне домони куртаи шоҳиям сӯхтааст, – ки тамоман татобеъи изофот риъоя шудааст. Дар худи забони форсии адабӣ ҳам монанди изофаи чаппа, тавсифии чаппа мавҷуд аст. Хусусан дар “Шоҳнома” хеле бисёр мушоҳида мегардад:
Ба фармони ӯ буд яксар ҷаҳон,
Бузургону “корозмӯда меҳон”.
Пизишку сухангӯю кандоварон,
Гузорандаву “озмуда меҳон”.
Абар ҳар деҳе “номвар меҳтаре”,
Куҷо бар саре доштӣ “ӯ саре”.
Пизишки сароянда Барзӯй буд,
Ба пирӣ расида сухангӯй буд.
Чунон буд, ки рӯзе ба ҳангоми бор,
Биёмад бари “номвар шаҳриёр”
Чунин гуфт: к-эй шоҳи донишпазир!
Пажӯҳандаи донишу ёдгир.
Ман имрӯз дар дафтари ҳиндувон,
Ҳаме бингаридам ба “рӯшан равон”
Нибишта чунин буд, ки дар куҳанд,
Гиёҳест рахшон “чу рӯмӣ паранд”
(Шоҳнома, ҷилди 4, саҳифаи 34)
Ҳатто имрӯз дар рӯзномаи имсолаи “Шафақи сурх”, ки ягона рӯзномаи муътабари Эрон аст, ба ҷойи “соли ҳаштумини диктотурии совети рус”, “ҳаштумин соли диктотурии совети рус” нивишта шудааст.
Хулоса, чи дар забони оммаи тоҷик ва чи дар забони адабӣ ба ҷойи “оби гул, хонаи кор, марди нек, бачаи амак, бачаи хола, бачаи амма, қолиби хишт, қолаби хом, сарои ҳарам, саройи меҳмон” – гулоб, корхона, некмард, амакбача, холабача, аммабача, хиштқолаб, хомқолаб, ҳарамсаро, меҳмонсаро ба кор меравад. Бо ин ҳама, наметавон инкор кард, ки забони тоҷикон қисман ва умуман софу холис мондааст. Албатта, забони мо аз рӯйи алоқаву муносибатҳои иҷтимоъие, ки бо забони туркӣ дорад,, таъсир гирифтааст. Аз он ҷумла, масалан мо имрӯз самарқандиён дар пеши бухороиҳо хеле дар хусуси гуфтугӯйи оддӣ ва муҳовироти урфӣ, чи аз рӯйи кайфияту каммият, камему камбағал ҳастем. Масалан, мо самарқандиён: “каду дам” ё, ки баъзе “ка вудам” гӯем, ки калимаҳоро аз даҳон баробару нарм берун наоварем. Вале бухороиён баръакси мо: “карда будам” ва баъзан “кара вудам” гӯянд, ки дар ҳар сурат фасеҳу рӯшан суханронӣ намоянд ва ширин гуфтугӯ кунанд.
Аз ин рӯст, ки тоҷикони ҷоҳои дигар ҳар вақт тақлиди гапзании бухороиҳо кунанд. Бухороиҳо дар фасоҳат зарбулмасаланд ва дар айни замон бисёр калимаҳои форсии куҳнаро нигаҳ доштаанд, монанди: абрӯй, сохтук, коза, поза, пул, санҷид…
Вале мо ба ҷойи ин калимаҳои форсиюласл туркӣ мегӯем: қош, омоч, чила, таш, купрук, ҷагида (ҷигда) ва ҳоказо! Чаро, ки ихтилоту муносибатҳои иҷтимоъии мо ба ҳамватанонамон туркизабонон бештар воқеъ шудааст.
Бино бар ҳамин ҷиҳат аст, ки забони форсӣ ҳам умуман чи аз рӯйи оҳанг, чи аз рӯйи луғат ва калима таъсир додааст. Имрӯз аксари номҳои асбобу анҷом, ҷумла ҳунарҳо, ҳатто метавон гуфт, ки қисми аъзами номҳои ташкилот(у) муассисоти иҷтимоъӣ ба форсӣ гуфта мешавад.
(“Овози тоҷик”, саҳ. 2. №91. 14 июли 1926 мелодӣ. Чаҳоршанбе. 29 саратон (тир)-и 1305 шамсӣ. 10 муҳаррами 1345 ҳиҷрӣ)
Бифирист