Нигоҳе ба тармшиносии дастури забони порсӣ

پارسی‌انجمنСомони Ҳасанӣ:* Ҳамзамон бо андешаи Машрута андешаи полоиши забони порсӣ аз вожаҳои бегона низ по гирифт. Яке аҳ ҷоҳое, ки нахустин ниёзро ба вожасозӣ нишон дод, дастури забони порсӣ буд, ки метавон гуфт ҳамаи вожаҳо ва тармҳои он наздик ба арабӣ аст, монанди феъл, фоъил, мафъул, музоф ва музофунилайҳ, муснад ва муснадунилайҳ, мозӣ, музореъ ва мустақбил, ки донистани чам (маънӣ)-и онҳо барои донишомӯзон душвор аст ва метавонад яке аз иллатҳои нотавонии онҳо дар ёдгирии дастури забони порсӣ бошад.

Фарҳангистони якум, дувум ва ҳамчунин касоне берун аз Фарҳангистон барои вожаҳои арабии дастури забони порсӣ вожаҳои баробар сохтанд. Вожаҳои “ниҳод” ва “гузора”, ки устод Парвизи Нотили Хонларӣ ба ҷои “мубтадо” ва “хабар” пешниҳод карданд, ҳамчунин вожаҳои “пешванд” ва “пасванд”, ҷузви андак вожаҳое ҳастанд, ки бахубӣ ҷо уфтода ва ҳамагир шудаанд. Соири вожаҳо ё фаромуш шуданд ё ин ки танҳо гурӯҳи андаке онҳоро ба кор мебаранд.

Акнун замонест, ки дилбастагии дубора барои ба кор бурдани вожаҳои порсӣ оғоз шудааст. Тармҳо ва вожаҳое, ки барои дастури забон ниёз дорем, ҷузви вожаҳои донишик ҳастанд ва бояд парсун (дақиқ) бошанд ва то ҷое ки метавон, бояд барои ҳар вожаи арабӣ танҳо як вожаи баробари порсӣ сохт. Имрӯз чунин нест ва ҳар касе, ки бихоҳад вожаҳои порсиро ба ҷои вожаҳои арабӣ ба кор бибарад, бо чанд гузина рӯбарӯ аст, дучори сардаргумӣ мешавад ва беҳтар медонад, ки ҳамон вожаҳои шинохташудаи арабиро ба кор бибарад.

Дар зер нигоҳе меандозем ба шуморе аз вожаҳои арабии дастури забони порсӣ, ки барои онҳо беш аз як вожаи баробар ба порсӣ сохта шудааст:

Феъл = корвожа, пӯя, куниш, карвоз
Фоъил = кунанда, пӯянда, кунишгар, корвар
Мафъул = карда, пӯйида, кунишгир, коргир
Ҳарф = бандвожа, вот, воч, воҷ, вок, нивиса
Ҳарфи изофа = афзунвожа, воги афзунӣ
Ҳарфи рабт = пайвандвожа, воти пайванд
Масдар = бунвожа, ситок, реша, карпоя, сарвожа
Қайд = Бандвожа, сонвожа, апивоз, барвожа
Сифат = зоб, зоба, фурӯза
Муфрад ва ҷамъ = такол ва бешол, такина ва чандина
Музаккар ва муаннас = нарину модин ва наринаву модина
Исм = номвоз, номвожа
Хунсо = амрад, натор, кумоса

Агар вожаи “феъл”-ро дар нигар дошта бошем, дастикам чаҳор равиши вожасозиро дар миёни наввожаҳое, ки барои дастури забони порсӣ сохта шудааст, мебинем:

Гурӯҳи нахуст вожаи “пӯй”-ро ба ҷои “феъл” сохта ва ба дунболи он “пӯянда” ва “пӯйида”-ро барои “фоъил” ва “мафъул” сохтааст.

Гурӯҳи дувум ба ҷои “феъл” вожаи “куниш”-ро баргузида ва барои “фоъил” ва “мафъул” ҳам вожаҳои “кунишгар” ва “кунишгир”-ро сохтааст.

Гурӯҳи севум ба ҷои “феъл” “корвожа”-ро сохтааст. Ин гурӯҳ “вожа”-ро ба сони пасванд дар шуморе аз вожаҳои сохташудаи худ ба кор бурдааст, монанди номвожа (исм), вотвожа (ҳарф), пайвандвожа (ҳарфи рабт), афзунвожа (ҳарфи изофа) ва бунвожа (масдар).

Чаҳорум Ҳайдарии Малоирӣ аст, ки ба ҷои феъл “карвоз”-ро сохтааст, бад-ин гуна, ки вожаи авестоии “кар”, ки ба чами “кор кардан” аст, гирифта ва “воз”-ро, ки кӯтоҳшудаи “овоз” аст, бад-он афзудааст. Ишон пасванди “воз”-ро дар поёни шуморе аз вожаҳои сохташудаи худ овардааст, монанди номвоз (исм) ва апивоз (қайд).

Чи бояд кард?

Чизе, ки мо эрониён фаромӯш кардаем, кори донишики гурӯҳӣ аст. Дар гузашта агар кори мондагоре анҷом додаем, ё касе чун Фирдавсӣ зиндагияшро бар сари он кор ниҳода (монанди сурудани “Шоҳнома”), бароянди кори донишик гурӯҳӣ будааст. Барои намуна, метавон ба гирдоварии Шоҳномаи Абӯмансурӣ, ки пояи кори Шоҳномаи Фирдавсӣ бар он ниҳода шуда, ишора кард.

“Абӯмансури Абдурраззоқ […] дастури хеш Абӯмансур ал-Муъаммариро бифармуд, то худовандони кутубро аз деҳқонон ва фарзонагон ва ҷаҳондидагон аз шаҳрҳо биёварданд ва чокари ӯ Абӯмансур ал-Муъаммарӣ ба фармони ӯ нома кард ва кас фиристод ба шаҳрҳои Хуросон ва ҳушёрон аз онҷо биёвард ва аз ҳар ҷой, чун Шоҷ писари Хуросонӣ аз Ҳарӣ ва чун Яздондод писари Шопур аз Систон ва чун Моҳуи Хуршед писари Баҳром аз Нишобур ва чун Шозон писари Бурзин аз Тӯс. Ва аз ҳар шористон гирд кард ва бинишонд ба фарози овардани ин номаҳои шоҳон ва корномаҳошон ва зиндагонии ҳар яке аз доду бедод ва ошӯбу ҷанг ва ойин, аз Кайи нахустин […] то Яздгирди Шаҳриёр, ки охири мулуки Аҷам буд.” – аз муқаддимаи Шоҳномаи Абӯмансурӣ

Намунаи дигар вироиши солномаи хуршедӣ аст, ки бо ёрии гурӯҳе аз ахтаршиносон ва риёзидононе чун Абӯлфатҳи Абдурраҳмон Мансури Хозинӣ, Абӯмузаффари Исфароинӣ, Абӯаббоси Лукарӣ, Муҳаммад бинни Аҳмади Маъмурӣ, Ибни Кушки Байҳақии Мубоҳӣ, Маймун бинни Наҷиби Воситӣ ва ба сарпарастии Умари Хайём анҷом шуд. Мебинем, ки пас аз гузашти ҳазор сол ҳанӯз ҳам ин солнома парсунтарин (дақиқтарин) солномаи ҷаҳон аст.

Пешниҳод

Мебоист гурӯҳе аз касоне, ки бар “дастури забони порсӣ” чирагӣ доранд ва бо равиши донишики вожасозӣ ошноянд, гирдиҳам оянд. Нахуст як феҳрист аз ҳамаи тармҳо ва вожаҳои мавриди ниёзи дастури забон фароҳам оваранд. Онгоҳ ҳамаи вожаҳоеро, ки то кунун Фарҳангистони якум, дувум ва дигар касон барои дастури забон сохтаанд, гирд оварда ва бо дар нигар доштани ҳамаи нуктаҳои дастурӣ ва бо ҳамсанҷӣ бо забонҳои ҳамхонавода вожаҳои дархурро баргузинанд ё бисозанд.

*Мардумшинос, дабири пешини Адабиёт ва улуми инсонӣ

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*