Андешаманди тоҷик: Эронситезӣ яъне худношиносӣ ва худситезӣ

دکتر صفر عبداللهДуктур Сафари Абдуллоҳ: Ҷои та’ассуф аст, ки ҳамватанони азизи мо гоҳ на барои он лаб ба сухан во мекунанд, ки ҳарфе барои гуфтан доранд, балки барои он ҳарф мезананд, ки забонашон мехорад. Касе, ки инкора нест ва сатҳи забондонияш бисёр ъавомона ва андешаронияш кӯчабозорӣ аст, чиро ба баҳсҳои ҷиддӣ ва сарнивиштсоз шарик бишавад!? Чиро талош намекунад, ки андешаҳои солимро таҳаммул бикунад ва барои боло бурдани сатҳи дониши хеш бикӯшад?

Ҳар кас андак огоҳие аз ториху адабу фарҳанги мо дошта бошад, базудӣ дармеёбад, ки мо як забони воҳид дорем, ки порсӣ ном дорад. Аз замоне ки Ҳахомашиён тираҳои мухталифи эронӣ ва анерониро бо ҳам мутаҳид карданд, чун эшон аз қавми порс буданд, забони порсӣ дар сарзамини мо густариш ёфт. Бад-ин рӯй, порсиён касоне ҳастанд, ки реша дар сарзаминҳои шарқии Эрон, яъне Хуросону Варорӯдон доштаанд! Касоне, ки пастар ба ҷануби Эрон раафтанд ва он маконро Порс эълом карданд. Албатта, манзур порсии бостон аст. Ҳарчанд дар сотропиҳо, аз ҷумла дар Суғду Бохтару Хоразм забонҳои маҳаллӣ роиҷ буд. Дар адвори баъдӣ низ ин забон бо тағйиру такмил идома ёфт. Бо шикасти юнониён дар давраи Ашкониён ва баъд Сосониён дар баробари забонҳои дигари давраи миёна забони порсии миёна рушд кард. То аъроби биёбонгард расиданду андеша ва забонро ва фарҳанги миллати моро ва дини моро тағйир доданд. Забони мо ҳарчанд тағйир ёфт, вале боз ҳам аз баракати пуштвонаи қавии хеш ҳифз шуд ва аз байн нарафт. Ин забонро то ҳудуди ҳаштод-навад сол пеш порсӣ мегуфтанд!

Бо омадани кумунистҳо, ки ҳадафашон аз байн бурдани фарҳангу забони миллатҳои “бародар” ва яксон намудани онҳо буд, барои пора-пора кардани порсизабонон хаттамонро аз байн бурданд, хатти русиро, ки қабое надархур дар қомати расои забони мост, ҷойгузини хатти ҳазору андсолаи мо карданд. Дар натиҷа, моро аз гузашта ва адабиёти беназирамон ҷудо карданд, иртиботи моро бо ҳамзабононамон қатъ карданд ва мардуми моро аз хеш бегона сохтанд ва ҳоло маърифат ба ҷое расидааст, ки бархе рӯшанфикронамон низ торикандеш шудаанд ва вақте дар ин мавзӯъ ҳарф мезананд, ангор аз Истолин, ки устухонҳояш низ намондааст, метарсанд ва агар шумо бо забони модариятон дуруст навиштану суҳбат карданро ёд бигиред, шуморо ба эронгароӣ ва ё афғонгароӣ муттаҳам мекунанд. Дар ҳоле ки эронӣ худи мо ҳастем.

Маънои эронӣ бамаротиб васеътар аз мафҳуми шаҳрванд ва ё сокини Эрони кунунӣ аст! Магар “Шоҳнома”-ро нахондед?! Шаҳрҳо ва маконҳое, ки тасвир мекунад, оё ҳама дар Эрони кунунӣ аст?! Эрониҳо ва ҷаҳониён устод Рӯдакиро падари шеъри порсӣ магар нахондаанд? Магар ӯ ҳамшаҳрии мо нест?! Ва агар забондоне як вожаи худиро аз забони ҳамзабонони берун аз марзи Тоҷикистон гирифта ва аз он истифода кунад, магар чӣ бадӣ дорад? Устод Лоиқ ба ҷои вертолёти русӣ ва ҳеликуптери инглисӣ вожаи зебои “чархбол”-ро вориди забонамон кард, ки ба забони теҳрониён низ роҳ ёфт, магар кори баде кард!?

Эронситезӣ накунед! Эронситезӣ яъне худношиносӣ ва худситезӣ!… Ин забони ширин, ки ҳоло дар кишвари мо рангпарида аст ва ҳоле дорад нобасомон, моро бояд ба андеша водор бикунад, ки чиро чунин шуд ва чи бояд кард, ки вазъ беҳтар шавад. Ман беҳбудиро дар барқарор кардани хат мебинам… Вақте сухан аз баргаштан ба хати худӣ ё ниёкон мегӯем, манзури мо на фақат бартараф кардани моҷароҳои мавҷуд дар забонамон аст, балки дубора пайвастан ба ниёкони беназирамон ва фаро гирифтани осори гаронсанги забони порсӣ аст… Дигар ин ки иртиботи мустақим бо ҳамзабононамон дар тамоми ҷаҳон барқарор хоҳад шуд.

Бародарҳо, биёед каме мунсиф бошед, бо андакмоягӣ иддиъои забондонӣ ва эронситезӣ накунед! ! Эронситезӣ яъне худношиносӣ ва худситезӣ! Ба ҳарфи муфти бархе нобихрадон, ки забони моро бо забонҳои дигар муқоиса кардан мехоҳанд, набояд гӯш фаро дод. Медонед, ки ҳеч забоне мисли забони мо аз пуштвонаи неруманди мероси мактуб бархурдор нест! Ҳеч забоне ба андозаи забони мо адабиёти бемонанд надорад. Инро ман аз сари таъассуб намегӯям. Бо адабиёти ҷаҳон ошноӣ дорам. Манзурам , танҳо ҳаҷми осори катбӣ нест, балки фасоҳату зарофат ва ғановати осорест, ки ба ин забони ширин офарида шудааст! Ин забони ширин, ки ҳоло дар кишвари мо рангпарида аст ва ҳоле дорад нобасомон, моро бояд ба андеша водор бикунад, ки чиро чунин шуд ва чи бояд кард, ки вазъ беҳтар шавад. Ман беҳбудиро дар барқарор кардани хат мебинам.

Ба бархе аз афроди фузул ёдовар мешавам, ки вақте сухан аз баргаштан ба хати худӣ ё ниёкон мегӯем, манзури мо на фақат бартараф кардани моҷароҳои мавҷуд дар забонамон аст, балки дубора пайвастан ба ниёкони беназирамон ва фаро гирифтани осори гаронсанги забони порсӣ аст, ки агар ҳазор сол ҳам сипарӣ шавад, мо онро бадурустӣ ба хати русӣ баргардондану хондан наметавонем. Ончи дар ин 70-80 сол анҷом шудааст, қатрае аз уқёнуси бекарони адабиёти мост. Дигар ин ки иртиботи мустақим бо ҳамзабононамон дар тамоми ҷаҳон барқарор хоҳад шуд. Магар ин хушбахтӣ нест! Мо ақвомеро медонем, ки ҳамдигарро бидуни тарҷума намефаҳманд, аммо мо яке ҳастем мегӯянд, вале мо чӣ мекунем?! Ҳар тоҷике, ки худро мешиносад, бояд дар бораи фардои хеш ва миллати пора-пораи хеш бияндешад, ки мо аз куҷо омадаем ва ба куҷо хоҳем рафт!? Бо эҳтироми тамом ба ҳамаи ъазизоне, ки забону фарҳангу меҳанашонро дӯст медоранд ва кишварашонро пешрафта ва мардумонашонро сарбуланд дидан мехоҳанд!

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*