‘Ъадам’ ва корбурдҳои он

Шаҳрбароз: Ъадам вожаест ъарабӣ ба маънои “нестӣ ва нобудӣ” ва дар ҳолати феъл маънои он “нобуд шудан” аст. Гунаи тарогузорӣ ё мутаъаддии он “эъдом” аст ба маънои “нобуд кардан”. “Ъадам” мухолифи “вуҷуд” аст. Саъдӣ дар қасидае мегӯяд:

Дунйе он қадр надорад, ки бар ӯ рашк баранд,
То вуҷуду ъадамашро ғами беҳуда хуранд.
Шарафи мард ба ҷӯд асту каромат, на суҷуд,
Ҳарки ин ҳарду надорад, ъадамаш беҳ зи вуҷуд!

Ъадам ба маънои ҷаҳони нестӣ ҳам ба кор меравад (дар баробари вуҷуд ба маънои ҷаҳони ҳастӣ). Барои намуна, Ҳофиз мегӯяд:

Кунун, ки дар чаман омад гул аз ъадам ба вуҷуд,
Бунафша дар қадами ӯ ниҳод сар ба суҷуд.

Раҳрави манзили ишқему зи сарҳадди ъадам
То ба иқлими вуҷуд ин ҳама роҳ омадаем.

Аз онҷо ки дар забони ъарабӣ вожасозӣ танҳо бар пояи таркиби вожагон аст ва пасванду пешванд надорад, барои манфисозӣ аз вожаи “ъадам” истифода мекунанд. Барои намуна:

“Сиҳҳа” яъне тандурустӣ ва “ъадами сиҳҳа” яъне нотандурустӣ
“Кифоя” яъне басандагӣ ва “ъадами кифоя” яъне нобасандагӣ
“Салоҳия” яъне шоистагӣ ва “ъадами салоҳия” яъне ношоистагӣ
“Тасовӣ” яъне баробарӣ ва “ъадами тасовӣ” яъне нобаробарӣ

Дар забони порсӣ барои ин гуна таркибҳо, ҳамон тур ки дар боло омада, метавон пешванди “но-“ ё “бе-“-ро ба кор бурд. Мута’ассифона, ин сохтори ъарабӣ низ бар забони порсӣ таҳмил шудааст ва гузашта аз таркибҳои ъарабӣ вожаи “ъадам” бар сари вожаҳо ва таркибҳои порсӣ низ оварда мешавад. Ба назари ман, шояд шинохтатарин ва масхаратарин таркиб “ъадами сӯ’и пешина” бошад, ки хеле осон метавон онро “хушпешинагӣ” ё “покдастӣ” гуфт. Покдастро Фирдавсӣ низ ба кор бурдааст:

Наберай ҷаҳондор Ҳушанг ҳаст,
Ҳамон роду бинодилу покдаст.

Саноӣ низ дар қасидае мегӯяд:

Сар ба сар даъвост мардо, марди маънодор кӯ?
Тезбине, покдасте, раҳбаре ғамхор кӯ?

Бисёре аз таркибҳои дигарро метавон бо “бе-“ сохт:

Ъадами таваҷҷуҳ = бетаваҷҷуҳӣ
Ъадами диққат = бедиққатӣ

Таркиби подгӯ (мутаноқиз)-и дигаре ҳам имрӯза роиҷ аст ва он “ъадами вуҷуд” аст, ки бисёр бемаъност. Метавон баосонӣ ба ҷои он гуфт “набуд”. Ба ҷои “ъадами вуҷуди имконот” метавон гуфт “набуд ё надоштани имконот”.

Ҳарчанд вақте вожаҳои порсии нестӣ ва ҷаҳони нестиро дорем, беҳтар аст онҳоро ба кор бибарем, аммо агар ҳам мехоҳем “ъадам”-ро ба кор бибарем, беҳтар аст онро ба ҳамон ду маънои аслӣ, яъне нестӣ ва ҷаҳони нестӣ ба кор бибарем ва аз ба ҳам рехтани сохтори наҳвӣ ва вожасозии забони порсӣ худдорӣ кунем.

Мавриди мушобеҳи дигар ҳарфи изофаи ъарабии “бидун” аст, ки ба ҷои он ҳам метавон аз пешванди порсии “бе-“ истифода кард. Барои намуна:

Бидуни таваҷҷуҳ – бе таваҷуҳ
Бидуни истифода – бе корбурд, бе истифода

Ба ҷои “Гузоришгарони Бидуни Марз” баосонӣ метавон гуфт “Гузоришгарони Бемарз” ё ба ҷои “Пизишкони Бидуни Марз” метавон гуфт “Пизишкони Бемарз”.

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*