Баробарҳои форсии бархе аз вожаҳои омӯзишӣ

Ончи дар пай меояд, роёнивисишудаи дафтари зер дар Порсӣ Анҷуман аст.

Бунёди шоҳаншоҳии фарҳангистонҳои Эрон: Фарҳангистони забони Эрон (1353); Баробарҳои форсии бархе аз вожаҳои омӯзишӣ (шумораи 8)

***

Баробарҳои форсии бархе аз вожаҳои омӯзишии инглисӣ, ки дар ин дафтар омадааст, мавриди ниёз ва дархости Вазорати улум ва омӯзиши олӣ будааст.

Фарҳангистони забони Эрон бар пояи равиши вожагузинии худ ин вожаҳоро бо таърифи онҳо дар нахустин шумораи ҷузваи “Пешниҳоди шумо чист?” чоп ва барои огоҳӣ аз назари донишмандони форсидони ҷаҳон мунташир намуд ва низ онҳоро дар гурӯҳҳои вожагузинии худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамаи пешниҳодҳо дар Шӯрои Фарҳангистони забони Эрон матраҳ гардид ва пас аз баррасии вожаҳое, ки дар ин дафтар ёд шудааст, аз миёни онҳо баргузида шуд…

Фарҳангистони забони Эрон

***

Пазирона

admission (fee)

Пуле, ки дар ҳангоми вуруд ё барои вуруд ба ҷое пардохта мешавад (вурудия).
“Пазирона” аз “пазир” (пазируфтан) ва пасванди “-она”, ки дар “байъона” ва “шогирдона” ба кор рафта, сохта шудааст.

Дастёр

 assistant

Яке аз аъзои ҳайъати омӯзишии донишкада ё донишгоҳ, маъмулан аз мартабаи пойин, ки кораш тасҳеҳи баргаҳои озмоя (имтиҳон)-и донишҷӯён, сарпарастии озмоишгоҳҳо ё тадрис аст.

Устодёр

assistant professor

Яке аз аъзои ҳайъати омӯзишии донишгоҳ, ки мақоми ӯ болотар аз омӯзишёр (instructor) ва пойинтар аз донишёр (associate professor) аст.

Донишбаҳр

Касе, ки дараҷаи донишбаҳриро ба даст овардааст (фавқи диплуме)

Донишбаҳрӣ

associate

Дараҷа ё унвоне, ки бархе аз омӯзишгоҳҳои олӣ ва донишгоҳҳо ба донишҷӯе медиҳанд, ки давраеро, ки дар ҳадди худ комил, вале пойинтар аз донишёбӣ (лисонс) аст, ба поён расонида бошад.

Ин дараҷа то кунун “фавқидиплум” номида мешуд, ки мураккаб аст аз як вожаи арабӣ ва як вожаи фаронса.

Донишёр

 associate professor

Яке аз аъзои ҳайъати омӯзишии як омӯзишгоҳи олӣ ё донишгоҳ, ки мартабаи ӯ пойинтар аз устод ва болотар аз устодёр аст.

Донишёб

bachelor (1)

Касе, ки дараҷаи донишёбиро дар яке аз риштаҳои таҳсилӣ ба даст овардааст (лисонсия)

Нигоҳ кунед ба: донишёбӣ

Донишёбӣ

 bachelor (2)

Дараҷаи донишгоҳӣ, ки нишонаи ба поён расондани барномаи давраи лисонс аст (лисонс)

Пажӯҳнома

bulletin(1)

Нашрияи адвории як бунгоҳи илмӣ.

Огоҳинома

 bulletin(2)

  • Фишурда ва гулчине аз хабарҳои муҳимми мавриди таваҷҷуҳи мардум, ки созмоне мунташир мекунад.
  • Эъломияе, ки тарҳҳо ва барномаҳои ояндаро дар бар дошта бошад.

Пардиза

campus

Маҷмӯъаи сохтмонҳо ва заминҳои як донишгоҳ ё омӯзишгоҳи олӣ ё омӯзишгоҳ.
“Пардиза” аз вожаи эронии бостони “pairi daêza” ба маънои “даврбаста” гирифта шудааст. Вожаи “пардиз” низ барои park дар назар гирифта шудааст.

Феҳрист

catalog (= catalogue)

Сурат ё сиёҳаи муназзаме аз чизҳо, маъмулан ба тартиби алифбоӣ ва ағлаб ҳамроҳ бо тавсифи онҳо.

Феҳристнома: Ҳаргоҳ феҳрист сурати китобӣ дошта бошад, метавон ба ҷои он “феҳристнома” ба кор бурд.

Фарнишин

chairman

  • Раиси як созмон ё кумите, ки идораи ҷаласаҳои он созмон ё кумите бо ӯст ва маъмулан метавонад барои ба анҷом расондани корҳо эъмоли қудрат кунад.
  • Устод ё муъаллиме, ки раиси як гурӯҳи омӯзишӣ бошад

Вожаи “фарнишин” аз “фар” ба маънои “пеш” ва “нишин” ба маънои нишинанда сохта шудааст, ки бар рӯи ҳам ба маънои касе хоҳад буд, ки муқаддам бар дигарон менишинад.

Ҳамомӯзгон

class

  • Гурӯҳе аз шогирдон, ки мартабаи омӯзишии ҳамонанде доранд.
  • Гурӯҳе аз шогирдон, ки зери назари як омӯзанда ба таври муназзам дар ҷаласаи дарси муъайяне барои шунидани суханрониҳо, баҳс ё қироати дарсҳо ширкат мекунанд.

Ин вожа аз “ҳам” ва “омӯз” ба маънои “дарс” ва “-он” пасванди ҷамъ сохта шудааст.

Омӯзгоҳ

 classroom

Утоқе дар як омӯзишгоҳ ё донишгоҳ, ки “ҳамомӯзгон” дар он барои дарс гирд меоянд 9клоси дарс).

Ин вожа аз “омӯз” ба маънои омӯзиш ва “гоҳ” пасванди макон сохта шудааст.

Донишкада

college

  • Ҳар як аз бахшҳо ва омӯзишгоҳҳои вобаста ба як донишгоҳ, ки дар риштаи вижае дараҷаи донишгоҳӣ медиҳанд.
  • Бахши вижае аз як донишгоҳ

“Колеҷ” дар ин маъноҳо бо “faculty” баробар аст.

Ҳамоиш

 congress

Маҷмаъе аз намояндагон ва фиристодагони кишварҳои гуногун, ки барои гуфтугӯ, тартибу танзим ё пешрафти мавзӯъе, ки мавриди алоқаи ҳамагон аст, ташкил мешавад (кунгре).

Ин вожа аз “ҳам” ва “оиш”, исми масдар аз “омадан”, сохта шудааст, ки бар рӯйи ҳам ба маънои “гирди ҳам омадан” хоҳад буд. Вожаи инглисии Congress низ аз вожаи лотинии Congressus омадааст, ки мураккаб аст аз “com” ба маънои “ҳам” ва “gradi” ба маънои “рафтан”.

Омӯза

course (1)

  • Як дарс аз як барномаи омӯзишӣ
  • Як воҳиди омӯзишӣ

Омӯзгон

 course (2)

Маҷмӯъае аз воҳидҳои дарсӣ, ки ташкили як риштаи таҳсилиро медиҳанд ва метавон дар он ришта дараҷаи донишгоҳӣ гирифт.

Барномаи омӯзишӣ

 curriculum

Ҳамаи риштаҳо ё дарсҳое, ки як муассисаи омӯзишӣ ироа мекунад.

Зина

 degree

Унвоне, ки як омӯзишгоҳи олӣ ё донишгоҳ ба донишҷӯе, ки риштае аз таҳсилотро ба поён расондааст, медиҳад (дараҷаи таҳсилӣ)

Вожаи “зина” аз вожаҳои мусавваби Фарҳангистони пешин дар баробари degré-и фаронса ва “дараҷа”-и арабӣ аст, бидуни ҳеч гуна тавзеҳ дар бораи маъно ва корбурди он.

Гурӯҳи омӯзишӣ

 department

Бахше аз як омӯзишгоҳ ё донишкада, ки риштаи вижае аз дониш дар он дарс дода мешавад.

Гувоҳинома

diploma

Санаде, ки нишонаи ба поён расондани таҳсил ё гирифтани дараҷае аз як муассисаи омӯзишӣ аст.

Вожаи “гувоҳинома” аз вожаҳои мусавваби Фарҳангистони пешин дар баробари вожаи фаронсаи diplôme аст, вале на барои ҳамаи дараҷаҳои таҳсилӣ. Барои диплумҳои таҳсилоти олӣ “донишнома” аз тарафи он фарҳангистон пешниҳод шуда ва ба тасвиб расида буд. Чун “донишнома”-ро Абӯъалии Сино дар маънои доиратулмаъориф (encyclopédie) ба кор бурдааст ва ин вожа баробари форсии муносибе надорад, “гувоҳинома” барои ҳамаи дараҷаҳои таҳсилии ибтидоӣ ва мутавассита ва олӣ пешниҳод ва тасвиб гардида ва “донишнома” барои манзур encyclopédie шудааст.

Гузинишӣ

elective

Ихтиёрӣ (optional), давра ё дарси ихтиёрӣ (дарсе, ки донишҷӯ дар баргузидани он озод аст”.

Шоянда

emeritus

Шахси бознишастае, ки аз унвони мансабе, ки пеш аз бознишаста шудан доштааст, ифтихоран истифода мекунад. Монанди: Professor emeritus

Вожаи “шоянда” аз “шоистан” ба маънои “лоиқ ва сазовор будан” гирифта шудааст. Вожаи инглисии emeritus низ аз лотинии emeritus омадааст, ки мураккаб аст аз пешванди “ex-” ба маънои “берун, берун аз” ва ба merere маънои “ба даст овардан ва шоистагӣ доштан”.

Озмоя

examination

Озмуне нивишторӣ ё гуфторӣ, ки муъаллим аз шогирдони як клос ё аз шогирде батанҳоӣ ба амал оварад, то пешрафту чигунагии ёдгирии онҳо ё ӯро дар давраи муъайяне маълум созад (имтиҳон)

Чун “озмоиш” аз вожаҳои мусавваби Фарҳангистони пешин дар баробари вожаи фаронсаи experience аст. “Озмоя”, ки метавонад маънои наздике бо “озмоиш” дошта бошад, дар баробари examination пешниҳод шудааст.

Донишкада

faculty

Бахше аз як донишгоҳ, ки маъмулан кори омӯзиши чанд ришта ё чанд гурӯҳи омӯзишӣ дар он анҷом мегирад ва дараҷаҳои донишгоҳӣ медиҳад.

Пардозона

 fee

Пуле, ки бояд барои истифода аз имтиёз ё хидмате пардохт ва миқдори онро қонун ё муассисае, ки он имтиёзро медиҳад, таъйин мекунад.

Ин вожа аз “пардоз” ва пасванди “-она” сохта шудааст, монанди “шогирдона” ва “байъона”.

Пажӯҳона

fellowship

Пуле, ки як муассисаи омӯзишӣ ё созмон ва бунёди миллӣ ё хусусӣ барои пажӯҳиш ё баррасӣ ё нивиштани китобе ба касе медиҳад (ҳаққуттаҳқиқ).

Ин вожа аз “пажӯҳ” ба маънои “пажӯҳиш” ва пасванди “-она” сохта шудааст.

Пайвастакор

full time

Касе, ки дар саросари вақти муқаррар барои хидмат дар созмоне кор мекунад (тамомвақт).

Пайвастакорӣ

Кор кардан дар саросари вақти муқаррар барои хидмат дар созмоне.

Нигоҳ кунед ба: пайвастакор

Поя

 grade

Ҳар як аз пояҳои таҳсилӣ дар донишгоҳ, дабиристон ё дабистон, ки маъмулан муъаррифи як соли таҳсилӣ аст (клос).

Омӯзишёр

 instructor

Касе, ки дар як омӯзишгоҳи олӣ ё донишгоҳ дарс медиҳад ва мақоми ӯ пойинтар аз мақомҳои омӯзишии расмӣ монанди устодёрӣ, донишёрӣ ва устодӣ аст (мураббӣ).

Ниҳод

institution

Улгӯи (pattern) созмонёфтае аз рафтори гурӯҳӣ (дастаҷамъӣ), ки комилан ҷо уфтодааст ва ба унвони яке аз бахшҳои бунёдии як фарҳанг пазируфта шудааст.

Омӯзишкада

junior college

Муассисае омӯзишӣ, ки аз назари мартаба пас аз дабиристон қарор дорад ва омӯзише дусола медиҳад, ки бо омуӯзиши ду соли нахустини коллеҷ баробар аст ва донишҷӯёнро барои рафтан ба донишгоҳ омода месозад.

Арза

mark

Нумоде (a symbol), ки муъаллим барои нишон додани натиҷаи арзишёбии худ аз дарс ва рафтори шогирд ба кор мебарад.

Вожаи “арза” аз “арзидан” сохта шудааст ва метавонад маъное наздик ба “арзиш” дошта бошад.

Донишвар

 master (1)

Касе, ки дараҷаи “донишварӣ”-ро ба даст оварда бошад (фавқуллисонсия).

Нигоҳ кунед ба: донишварӣ

Донишварӣ

 master (2)

Дараҷае донишгоҳӣ болотар аз лисонс ва пойинтар аз дуктуро (фавқуллисонс).

Вижанигошт

 monograph

Китоб ё рисола ё ҷузвае дар бораи як мавзӯъи вижа ва маъмулан маҳдуд.

Бархакор

 part time

Касе, ки дар бахше аз вақти муқаррар барои хидмат дар созмоне кор мекунад (ғайритамомвақт).

Ин вожа аз “барха” ба маънои “бахш, баҳра” ва “кор” сохта шудааст.

Бархакорӣ

Кор кардан дар бахши муқаррарӣ барои хидмат дар созмоне.

Нигоҳ кунед ба: бархакор

Пешбоист

 prerequisite

  • Шароити лозими таҳсилӣ, ки як донишҷӯ бояд дошта бошад, то битавонад ба таҳсилоти худ идома бидиҳад.
  • Дарсе, ки лозим аст донишҷӯ хонда бошад, то битавонад дарси дигареро баргузинад.

Чаҳорак

 quarter

Ҳар як аз давраҳои дувоздаҳҳафтаии як соли таҳсилӣ, ҳар гоҳ ба чаҳор бахш шавад. Маъмулан як давра аз ин чаҳор давраи таҳсилӣ давраи таътилоти тобистонӣ аст ё клосҳои тобистонӣ дар он ташкил мешавад.

Дарбоист

required

Ончи лозим ва зарурӣ аст.

Дарбоист

 requirement

Шарти аслӣ ва лозим барои чизе

Пажӯҳиш

research

Барраси жарф ва ҷомеъе, ки ҳадафи он даст ёфтан ба ҳақоиқи тоза ва таъбири дурусти онҳо ва таҷдиди назар дар натиҷаҳо ва назарияҳо ва қонунҳои пазируфташуда дар партави ин ҳақоиқи тоза ба даст омада ва ё кор бастани онҳо бошад (таҳқиқ).

Фаронамо

schedule

Тарҳи пешниҳодии нивишташудае барои анҷом додани корҳои оянда, ки маъмулан ҳадаф ва замон ва тартиби ҳар як аз корҳоеро, ки бояд анҷом гирад, ва маводду абзорҳоро, ки барои анҷом додани он корҳо лозим аст, маълум месозад.

Дабистон

 school

Гурӯҳе аз донишмандон, ҳунармандон, нивисандагон ва ҷуз онҳо, ки аз як устод омӯзиш гирифтаанд ё ба сабаби ҳамонандии равиш ва шева ва усул ба якдигар ҳамбастагӣ ёфтаанд. Монанди: The Platonian school of philosophy (Дабистони фалсафаи Афтолун)

Барои маънои оми омӯзишии school-и инглисӣ ва école-и фаронса ба пешниҳоди Фарҳангистони пешин вожаи “омӯзишгоҳ” ба тасвиб… расидааст.

Нимсол

semester

  • Як давраи шашмоҳа
  • Яке аз ду бахши понздаҳ то ҳиҷдаҳҳафтаии як соли таҳсилӣ.

Вожаи инглисии semester аз вожаи лотинии semestris ба маънои “шашмоҳа” омадааст ва он мураккаб аст аз six ба маънои “шаш” ва mensis ба маънои “моҳ”.

Баррасӣ

study

Мутолеъаи дақиқ ё таҷзияву таҳлили як падида ё як масъала, маъмулан дар мавзӯъе маҳдуд.

Ҳамсиголӣ

symposium

Маҷмаъ ё кунферонсе барои баҳс дар бораи мавзӯъе.

Вожаи инглисии symposium аз лотин гирифта шудааст ва лоитнии он аз вожаи юнонии sumposion ба маънои “меҳмонии шароб” омадаст ва мураккаб аст аз “sun-” ба маънои “ҳам, боҳам” ва “posis” ба маънои “нӯшидан”. Пас маънои луғавии сампузиюм “бо ҳам нӯшидан” аст. Вожаи ҳамсиголӣ аз пешванди “ҳам-“ ва “сигол” аз “сиголидан” ба маънои андешидан, рой задан ва машварат кардан ва пасванди “-ӣ” сохта шудааст.

Озмун

test

  • Чизе, ки ба унвони поя ва мабнои арзишёбӣ ба кор равад.
  • Фанне (текнике) барои андозагирии айнии саҷоёи шахсӣ ва истеъдодҳои як фард ва донистаҳои ӯ аз роҳи санҷиши вокуниши рафтории ӯ дар баробари ангезаҳо ва мавқеъияти муъайяне, ки истондорд дониста шудааст, бо вокуниши рафтории дигарон дар баробари он ангезаҳо ва мавқеъият.
  • Озмояе (имтиҳоне), ки барои таъйини маълумот ва қудрати зеҳнии шогирдон дар тӯли соли таҳсилӣ ё нимсоли таҳсилӣ аз онҳо ба амал меояд ва мавзӯъи он маҳдуд ба бахше аз дарсҳои онон дар муддати сол мебошад.

Поённома

thesis

Рисолае пажӯҳишӣ ва бунёдӣ, ки донишҷӯи довталаби гирифтани яке аз дараҷаҳои донишгоҳӣ ба роҳнамоии мустақими устод менивисад.

“Поённома” дар вожаҳои мусавваби Фарҳангистони пешин танҳо барои дараҷаи дуктуро ёд шудааст.

Омӯзона

tuition (fee)

Пуле, ки барои омӯзиш, бавижа дар як муассисаи расмии омӯзишӣ пардохта мешавад (шаҳрия).

Вожаи “омӯзона” аз “омӯз” ба маънои “омӯзиш” ва пасванди “-она” сохта шудааст.

Устоди дидоргар

visiting professor

Устоде, ки донишгоҳ ӯро барои замони муъайяне (масалан як соли таҳсилӣ) даъват менамояд, то дар онҷо тадрис кунад (устоди мадъув ё даъватшуда).

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*