Чигуна ‘алифбои Ленин’ ҷойи хатти порсиро дар Варорӯд гирифт?

Миёнаҳои солҳои 20-уми қарни 20 як гурӯҳ аз равшанфикрони тоҷик масъалаи табдили алифбои форсиро ба хатти лотинӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар тӯли 3-4 сол инҳо даҳҳо мақола дар расонаҳо интишор доданд. Муаллифони ин мақолаҳо аксаран афроди маъруф, намояндагони илму адаби тоҷик буданд. Ин намояндагони илму фарҳанги тоҷик, ки бештарашон аз алифбои лотинӣ бехабар буданд, гӯё бо ҳам ба мусобиқа пардохта, мехостанд бартарии алифбои лотиниро нисбат ба алифбои форсӣ собит кунанд.

Тӯрақул Зеҳнӣ, забоншиноси маъруф, яке аз фаъъолони таблиғи хатти лотинӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ дар мақолаи худ бо номи “Дар бораи алифбои нав”, ки дар рӯзномаи “Овози тоҷик” 30-юми сентябри соли 1928 чоп шуд, иддиъо кард, ки “ягон миллате аз миллатҳои мусалмон, ки дорои алифбои арабӣ ҳастанд, монанди миллатҳои мадании Урупо соҳиби маданият ва илму ирфон нашуданд.” Ба андешаи ӯ, иллаташ он будааст, ки алифбои форсиро ислоҳ кардан имкон надоштааст.

Дар мақолае ба унвони “Масъалаи лотинонидани алифбои тоҷикӣ ва вазифаҳои ояндаи мо”, ки бе имзо чоп шудааст, иддиъо мешавад, ки алифбои арабӣ (форсӣ) барои ҷамъияте шоиста буд, ки бо қадамҳои бисёр суст пеш рафта, дар он як тӯдаи хурди истисморкунандагон зимоми ҷамъиятро ба даст гирифта буданд. Дар ин мақола ҳамчунон зикр шуда, ки барои роҳат ва осоиши худ амирону эшонҳо, мирону муллоҳо намехостанд, ки мардум алифборо ёд гирифтаву савод бароварда, аз ҳуқуқи худ огоҳӣ ёфта, аз истисморкунандагон риъояти онҳоро талаб кунанд.

Аммо дар баробари интиқод аз алифбои арабӣ олимон ва адибон бештар аз бартарии алифбои лотинӣ сухан меронанд. Масалан, пруфесур Олександр Семюнуф, яке аз муаллифони тарҳи алифбои лотинӣ барои тоҷикон, дар мақолаи худ таҳти унвони “Дар гирди алифбои нави (лотинии) тоҷикӣ” чунин навишт, ки “алифбое, ки дар асоси забони сомӣ (арабӣ) тартиб дода шудааст, барои забони орӣ (манзур ориёӣ ё тоҷикӣ) асосан бегона аст.”

Ба андешаи ӯ, ҳамин омил сабаб гашта, ки тоҷикон дар тӯли қарнҳои гузашта натавонистаанд хатти худашонро мувофиқи савтҳои забонашон китобат кунанд. Семюнуф навиштааст: “Инак, гузарондани алифбои лотинӣ барои тоҷикон як қадами табиъӣ аст, ки ба тарафи бародарони хунии худашон, ба тарафи урупоиёни маданӣ, монанди немис (олмониҳо), исловиҳо, фарангиён ва ҳоказо мегузаранд.”

“Инқилоб дар Шарқ”

Идеи иваз кардани алифбои форсӣ ба алифбои лотинӣ дар нимаи дуюми қарни 19 дар бархе аз кишварҳои шарқӣ пайдо шуда, то нимаи якуми қарни 20 идома ёфт. Ин раванд муҳиммтарин кишварҳои Шарқро фаро гирифт. Аз ҷумла Эрону Жопун ва Ҳинду Чинро низ. Дар ин кишварҳо бархе равшанфикрон ба ин андеша расиданд, ки иллати ақабмондагии миллатҳояшон ҳамин алифбоҳояшон мебошанд. Ба ҳамин хотир, онҳо ислоҳоти алифборо ба миён гузоштанд.

Дар нимаи дуюми қарни 19 дар Эрон Мирзо Малкумхон, Мирзо Фатҳъалӣ Охундуф, Алӣ Муҳаммадҷони Увайсӣ ва бархе дигар масъалаи табдили хатти форсиро ба хатти лотинӣ ва сириллик на танҳо мавриди баррасӣ қарор доданд, балки ҳатто намунаҳоеро низ сохтанд. Дар қарни 20 адабиётшиноси маъруф Саъид Нафисӣ низ ба ин кор даст зад, вале пешниҳоди ӯ низ аз ҷониби ҳукумати Эрон пазируфта нашуд.

Танҳо кишваре, ки ба ин таҷруба даст зад, ҳукумати булшевикии Русия буд, ки дар соли 1917 ба сари қудрат расид. Баъд аз пирӯзии Инқилоби Уктубр аз ин андеша вазири маъориф Онотулий Луночорский ба таври ҷиддӣ пуштибонӣ мекард. Бунёдгузори давлати шӯравӣ Влодимир Ленин табдили хатти форсиро ба хатти лотинӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон “инқилоб дар Шарқ” номида буд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон нахустин ҷумҳуриии шӯравие буд, ки ислоҳоти алифборо шурӯъ кард, ба ҷойи алифбои арабӣ алифбои лотиниро ҷорӣ кард. Дар соли 1922 дар Боку Кумитеи алифбои нави озарбойҷонӣ таъсис ёфт. Баъд аз як сол роҳбарии ин ҷумҳурӣ, ки дар раъси он Наримон Наримонов қарор дошт, тасмим гирифт, ки алифбои лотиниро алифбои расмӣ эълон намояд. Ва аз ҳамин давра омӯзиши ин хат дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳатмӣ эълон шуд.

Дар соли 1924 дар ҳошияи Анҷумани олимони ховаршиноси Маскав Анҷумани ҳуруфи лотинӣ барои халқҳои туркзабон таъсис ёфт. Дар моҳи феврали соли 1926 анҷумани саросарии туркшиносони шӯравӣ дар шаҳри Боку баргузор шуд, ки дар он на танҳо намояндагон аз ҷумҳуриҳои туркзабони шӯравӣ, балки аз анҷуманҳои туркшиносони Туркия, Олмон, Утриш, Маҷористон ва Эрон низ ширкат намуданд.

Масъалаи асосии ин анҷуман гузаштани халқҳои туркзабон ба алифбои лотинӣ буд. Аммо қазоқҳо ва тоторҳо мухолифати шадиди худро бо иваз намудани алифбои арабӣ ба лотинӣ баён намуданд. Олимҷон Шариф, намояндаи Тотористон, изҳор дошт, ки таҷрубаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин масъала қобили эътимоду пайравӣ нест. Намояндагони мухолиф пешниҳод карданд, ки алифбои арабӣ такмил дода шавад, зеро ҳеҷ зарурати ҷорӣ кардани алифбои лотинӣ вуҷуд надорад. Аммо ин пешниҳод пазируфта нашуд. Бино бар ин, зимни раъйдиҳӣ аксарияти ҳозирон аз табдили алифбо ҷонибдорӣ карданд. Ин тақозои Маскав буд, аз ин рӯ, аксарият ҷуръати мухолифатро надоштанд.

Дар соли 1927 боз ҳам гӯё бо талабу дархостҳои заҳматкашони ҷумҳуриҳои шӯравӣ Кумитеи марказии умумииттифоқии алифбои нави туркӣ таъсис ёфт. Қарорҳо (мусаввабот) қаблан дар Маскав нивишта шуда буданд, зеро Кремлин намехост, ки ин иқдомро аз номи худ амалӣ кунад. Дар Маскав хуб дарк мекарданд, ки ин амр норизоятиро дар миёни халқҳои мусалмони турк ба вуҷуд меорад.

Рӯзи 7-уми августи соли 1929 Қарори (мусаввабаи) Кумитеи марказии иҷроия (КМИ) ва Шӯрои кумисерони халқи Иттиҳоди Шӯравӣ “Дар бораи алифбои лотинишудаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки алифбои арабӣ доранд”, қабул шуд. Тибқи ин санад, гузаштан ба хатти лотинӣ сиёсати расмии Кремлин эълон гардид.Ин муҳиммтарин санад буд, зеро пас аз ин, дар тамоми идораҳои давлатӣ дар ҷумҳуриҳои мусалмонӣ ва бархе ҷумҳуриҳои дигаре, ки миллатҳои бумияшон ғайрирус буданд, “бо дарназардошти аҳаммияти махсуси фарҳангиву иқтисодии алифбои лотинӣ” аз истифода аз хатти форсию арабӣ даст кашиданд.

“Оташ ба решаи алифбои куҳан”

Ба иборати дигар, КМИ ва Шӯрои комисерони халқ истифода аз алифбои арабиро дар ин ҷумҳуриҳои ғайрирус, ки дар тӯли қарнҳо аз алифои арабӣ ё форсӣ истифода мекарданд, ғайриқонунӣ эълон карданд. Дар натиҷа, дар тӯли солҳои 1923-1929 беш аз 50 халқ ба алифбои лотинӣ гузашт. Тибқи омори расмӣ дар соли 1939 танҳо 72 халқ дорои хат буданд.

Дар соли 1926 ба дунболи давъати анҷумани туркшиносҳо дар Боку масъалаи иваз шудани алифбои форсӣ дар миёни равшанфикрони тоҷик низ ба як масъалаи мубрами рӯз мубаддал гашт. Дигар барои касе пӯшида набуд, ки онҳо супориши Маскавро иҷро мекунанд, вагарна, чиро ин масъаларо чанд моҳ пеш мавриди баррасӣ қарор надода буданд?

Ҳамин тариқ, равшанфикрони тоҷик, барои иҷрои супориши партия (ҳизб) ва ҳукумат дар тайи 2-3 сол тарғибу ташвиқи алифбои лотиниро ба таври васеъ ба роҳ монданд. Онҳо изҳори таассуф мекарданд, ки дар ин кори муҳимму хайр халқи мо аз бародарони турки худ ақаб мондааст. Рӯзномаҳову маҷаллаҳои тоҷикӣ, аз ҷумла “Раҳбари дониш”, “Бедории тоҷик”, “Овози тоҷик”, “Тоҷикистони сурх”, ба тарғибу ташвиқи алифбои лотинӣ машғул шуданд.

Дар миёни касоне, ки ин иқдомро ҷонибдорӣ мекарданд, қариб тамоми афроди маъруфи он замонро пайдо кардан мумкин аст. Ба ҷонибдории алифбои лотинӣ Садриддин Айнӣ, Абдурраъуфи Фитрат, Раҳим Ҳошим, Баҳриддин Азизӣ, Бектош, Манофзодаи Собит, Баҳром Сирус ва ғайра камари ҳиммат бастанд. Чунон ки зикр кардам, ин талаби партия (ҳизб) ва ҳукумат буд, бино бар ин, муъайян кардани он ки кадоме аз равшанфикрон бо хости дил аз алифбои лотинӣ ҳимоят мекарданду кадоме аз тарси ҷон, кори осоне нест.

Ба ҳар сурат, муаллифоне, ки аз алифбои нав пуштибонӣ мекарданд, сифатҳои зиёди манфӣ барои алифбои арабӣ (форсӣ) пайдо карда буданд. Онҳо дар мақолаҳои худ ба хотири роиҷ гаштани алифбои нави лотинӣ алайҳи хатти форсӣ чунин шиъорҳо мепартофтанд: “Бар зидди душманони алифбои нав”, “Бар зидди алифбои хурофотпаҳнкунандаи арабӣ”, “Оташ ба решаи алифбои арабӣ задан лозим аст” ва ғайра…

Равшанфикрони тоҷик, ба қавли худашон, “кумпония”-и (корзори) таблиғотиро ба таври васеъ ба роҳ монда, барои ҷорӣ намудани алифбои инқилобии халқи тоҷик, ва “алифбои нави сотсиалистӣ”, ки алифбои лотинӣ буд, муборизаи синфиро пиёда карданд. Ҳамин тариқ, дар соли 1927 тасмим гирифта шуд, ки лоиҳаи алифбои нави тоҷикӣ дар заминаи ҳуруфи лотинӣ сохта шавад.

Лоиҳаи Фитрат

Дар ҳамон сол, Кумитеи марказии алифбои нави тоҷик таъсис ёфт ва дар моҳи май дар шаҳри Самарқанд ду лоиҳа барои муҳокима пешниҳод шуд, ки яке ба қалами Абдуррауфи Фитрат ва дигарӣ ба қалами пруфесур Семюнуф таъаллуқ доштанд. Абдурраъуфи Фитрат, яке аз понтуркистони машҳури тоҷик, дар лоиҳаи худаш, ки дар шумораи 3-и соли 1927 дар маҷаллаи “Раҳбари дониш” чоп шуд, роҷеъ ба алифбои арабӣ (форсӣ) менависад, ки яке аз нуқсонҳои бисёр муҳимми хатти арабӣ он аст, ки асоси илмии “ба ҳар як овоз як ҳарф”-ро қабул накардааст.

Ба ҳамин хотир, Фитрат дар мавриди ҳарфҳои арабие, ки дар забони форсӣ талаффуз намешаванд ва ё дар алифбои арабӣ чанд шакли навишт доранд, як ҳарф пешниҳод мекунад. Инҳо ҳарфҳои со, зол, сод, зод, тои итқӣ, зои изғӣ, ҳо ва айн мебошанд. Мавсуф барои 23 овоз, ки дар забони форсӣ ҳаст ва дар буданаш ихтилоф вуҷуд надоштааст, ҳарфҳои лотиниро пешниҳод менамояд. Хулосаи қатъии Фитрат ин аст, ки “ба ҳарфҳои бегона дар алифбои тозаи мо рухсати даромадан нест. Мо барои онҳо шаклҳои тоза намедиҳем.”

Муаллифи ин лоиҳа ҳамчунин меафзояд, ки вақте мо ба ҳарфҳои садонок мегузарем, фоҷиъа аз ин ҳам зиёдтар мешавад. Ӯ менависад: “Дар забони тоҷикӣ (форсӣ) ҳашт сомит мавҷуд аст, лекин ин бечорагон барои худашон ҳарфҳои мустақилли махсус надоранд.” Фитрат дар ин лоиҳаи худ ҳарфҳои зерини лотиниро барои забони форсӣ пешниҳод мекунад: b, з, t, c (ин се дар поёнаш нуқта дорад), c, x, d, r, z, * s, s, (ин ҳарф ҳам дар поёнаш нуқта дорад), h, o, *, q, k, l, m, n, v, h, J. (ситорачаҳо, чунон ки худи Фитрат зикр кардааст, барои он монда шуданд, ки дар чопхона ду ҳарф набудааст. Инҳо ҳарфҳои “ж” ва “ғ” мебошанд.- Н.Д).

Дар натиҷаи муҳокима ба лоиҳаи Фитрат бархе иловаҳо ворид шуд ва он қабул гардид. Зимни баррасии ин масъала худи пруфесур Семюнуф ширкат надоштааст, ба ҳамин хотир, ӯ норизоятии худро дар мавриди лоиҳаи Фитрат баъдтар дар яке аз рӯзномаҳои ҳамон давра баён кард.

Рӯзи 28 октябри соли 1928 Кумисериёи маъорифи Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд анҷумани якуми алифбои нави тоҷикиро доир кард, ки дар он як идда шарқшиносони рус ва кумисерони маъорифи халқи Тоҷикистону Узбакистон Нисор Муҳаммад ва Ҳошимов низ ширкат доштанд. Дар ин анҷуман ҳам ду лоиҳа, ки муаллифи яке боз ҳам Фитрат ва дигарӣ Фрейман буданд, баррасӣ шуданд. Дар натиҷаи баррасии ин масъала ин дафъа низ лоиҳаи Фитрат пазируфта шуд. Аммо бархе иловаҳо аз лоиҳаи Фрейман ба он ворид гардид. Баъд аз ин, дар Тоҷикистон раванди лотинисозӣ шурӯъ шуд.

Рӯзи 22 августи соли 1930 дар шаҳри Истолинобод анҷумани нахусти илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон доир шуд. Анҷуман ҳамаи фикру пешниҳодҳоро, ки аз ҷониби олимони забоншинос ва зиёиёни тоҷик ироа гардида буданд, ба назар гирифта, имлои муваққатиро ислоҳ кард ва алифбои навро ба сарфу наҳви забони тоҷикӣ (форсӣ) мутобиқ намуд.

“Бозии бузург”

Ҳадафи аслӣ аз лотинисозӣ, ба андешаи аксари соҳибназарони ғарбӣ, дар ниҳояти кор русисозии миллатҳои ғайрирус дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Масалан, раиси Фарҳангистони улуми Фаронса Элен Коре дар як мақолаи худ, ки дар “Фигору” чоп шуд, иддиъо кард, ки бо тағйири алифбои халқҳои зиёде ба лотинӣ давлати Шӯравӣ найрангеро ба кор бурд ва заминаро барои роиҷ сохтани алифбои сириллик фароҳам овард.

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки Кремлин наметавонист, ки яку якбора алифбои миллатҳои мусулмонро ба лотинӣ табдил кунад, зеро дар ин сурат норизоятии зиёде ба вуҷуд меомад. Яъне, халқҳои мазлум миёни доҳиёни булшевик ва подшоҳони имперотурии рус, ки ҳуқуқу манфиъатҳояшонро зери по гузошта буданд, тафовуте намедиданд.

Агар мо ба қарни 19 руҷӯъ кунем, бахубӣ мебинем, ки имперотуриҳои Бритониё ва Русия “Бозии бузург”-ро дар Қафқоз, Осиёи Миёна ва Афғонистону Ҳинд барои он ба роҳ андохта буданд, ки таъсири забони форсиро дар ин минтақаҳои муҳим ба нобудӣ расонанд. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи “Бозии бузург” то нимаи якуми қарни 20 забони форсӣ дар Қафқозу Ҳинд нуфузи худро комилан аз даст дод. Дар Осиёи Миёна таъсири он хеле коҳиш ёфт ва танҳо дар Тоҷикистони кунунӣ боқӣ монд.

Дар ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ забони форсӣ тақрибан ба нестӣ расид. Дар Афғонистон солҳои 30-юми қарни 20 кӯшишҳое сурат гирифт, ки забони форсиро аз идораи давлатӣ ронанд, аммо баъди се даҳсола Муҳаммад Зоҳиршоҳ аз ин иқдом даст кашид, зеро кӯшишҳо самар надоданд. Аз ҷониби дигар, баъд аз пирӯзии инқилоб ё табаддулот дар Иморати Бухоро номи забони форсиро ба “тоҷикӣ” иваз карданд.

Дар Афғонистон дар ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта паштугароён иддиъо карданд, ки агар забони тоҷикони кишварро мисли қадим форсӣ биноманд, он гоҳ Эрон иддиъои арзӣ мекунад, вале агар бо пайравӣ аз булшевикони рус онро “тоҷикӣ” эълон намоянд, Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон иддиъои арзӣ мекунад. Аз ин рӯ, соли 1964 дар Қонуни асосии Афғонистон номи забони тоҷиконро “дарӣ” эълон карданд, вале то кунун дар вилоятҳои паштуннишини он кишвар тоҷиконро “порсивон” мегӯянд.

Ин худ гувоҳи он аст, ки русҳо ба хотири густариши нуфузи худ алифборо иваз карданд. Аммо яку якбора наметавонистанд, ки ба ҷойи алифбои арабӣ ё форсӣ алифбои сирилликро бар мардумони ғайрируси мусалмон таҳмил кунанд.

Китобҳои сӯхта

Ин иддиъо, ки Кремлин мехост бо таҳмили алифбои лотинӣ халқҳои ғайрирусро ба фарҳангу илми Урупо наздик кунад, дурӯғ аст. Ин танҳо як шиъори идеулужик буд. Агар ин иддиъо дуруст мебуд, пас русҳо мебоист дар навбати аввал алифбои худро иваз кунанд. Истолин, ки худ қафқозӣ буд, мебоист хатти гурҷиву арманиро ба лотинӣ табдил бидиҳад. Аммо ин кор сурат нагирифт. Ҳамаи баҳонаҳо дар мавриди он ки чиро ин се хат дар Иттиҳоди Шӯравӣ иваз нашуданд, на ба омилҳои зеҳнӣ иртибот доранд ва на ба омилҳои айнӣ.

Ин андеша, ки булшевикон алифбои лотиниро барои он роиҷ карданд, ки мехостанд инқилоби ҷаҳониро аз Урупо шурӯъ кунанд, андешаи ботил аст. Агар чунин мешуд, дар навбати аввал худи русҳо бояд ба ин хат мегузаштанд. Бархе олимон дар солҳои 20-уми қарни гузашта иддаъо мекарданд, ки бояд ба он хотир аз корбурди алифбои арабӣ (форсӣ) худдорӣ кард, ки онро арабҳо ҳамроҳи дини ислом бо теғу шамшер ба сари мардумон таҳмил кардаанд. Аммо ин суол ҳам матраҳ аст, ки оё Кирил ва бародари ӯ Мефудий алифбои сирилликро ба хотири густариши дини православӣ (масеҳияти уртудукс) насохта буданд? Оё мазҳаби православиро княз Влодимир бо зарби теғу шамшер ба русҳо бор накарда буд?

Муътабартарин торихномаҳои асрҳои миёна гувоҳӣ медиҳанд, ки Кирил ва Мефудий алифбои худро бо даъвати князи (ҳокими) Муровиё сохтаанд, зеро исловиҳо, ки ба дини масеҳӣ рӯй меоварданд, мехостанд бо алифбои осонтаре китобҳои муқаддасро бихонанд, на бо алифбои лотинӣ.

Дар солҳои 30-юми қарни гузашта ин далел ба эътибор гирифта нашуд, вале китобҳое, ки ба ҳуруфи арабӣ ё форсӣ навишта шуда буданд, туъмаи оташ гардиданд, ҳарчанд ки на ҳамаи онҳо китобҳои динӣ буданд. Аммо ин нукта барои булшевикон дигар аҳаммият надошт, бино бар ин, дар ҳар хонае, ки чунин китобҳо ёфт мешуданд, ба соҳибонашон ҷазои сахттаринро раво медиданд, дар бархе ҳолатҳо онҳоро эъдом (қатл) мекарданд.

Ҳадаф аз нест кардани алифбои арабӣ ё форсӣ дар ҷумҳуриҳои мусалмони шӯравӣ қабл аз ҳама дур кардани ин мардумон аз фарҳанги гузаштаи худ, дур кардан аз мадрасаву муллоҳо буд. То охири солҳои 30-юм дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми мадрасаҳо баста шуда буданд. Ҳамчунин, бо ҷорӣ кардани алифбои лотинӣ булшевикон мехостанд мусалмонони шӯравиро аз бародарони исломии худ дар ҷаҳони ислом дур кунанд.

“Номаҳои заҳматкашон”

Дар тӯли солҳои 1932-1933 суръати лотинисозӣ суст шуд. Баъди чаҳор сол сирилликсозии алифбоҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуд. Заминаи қонуниро барои ин раванд Қарори (мусаввабаи) КМИ Иттиҳоди Шӯравӣ аз 1-уми июли ҳамон сол фароҳам сохт. Чунон ки дар давлати шӯравӣ роиҷ буд, рӯзномаҳои шӯравӣ ба чопи “номаҳои зиёди заҳматкашон” шурӯъ карданд. Заҳматкашоне, ки гӯё талаб доштанд, ки дар ҷумҳуриҳояшон алифбои лотинӣ ба хатти сириллик иваз карда шавад.

Ба қавли яке аз муаллифони лоиҳаи нав, “бо боло рафтани сатҳи фарҳангии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ алифбои лотинӣ талаботи мардумро қонеъ карда натавонист. Ин алифбо натавонист шароити заруриро барои наздик шудани фарҳангҳои мардумони дигар бо фарҳанги рус ба вуҷуд биёрад.”

Рӯзи 13-уми марти соли 1938 КМИ ва Шӯрои кумисерони халқи Иттиҳоди Шӯравӣ қарор (мусавваба) “Дар бораи омӯзиши ҳатмии забони русӣ дар ҷумҳуриҳо ва вилоятҳои миллӣ”-ро содир карданд. Ба дунболи ин 19-уми июли ҳамон сол Шӯрои кумисерони халқ ва КМ ВКП (б) бо имзои И. Истолин ва В. Мулутуф қарори (мусаввабаи) махсуси изофӣ бароварданд, ки он шумораи соъатҳои дарсиро барои забони русӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ муъайян мекард.

Ин санадҳо гувоҳи онанд, ки алифбои сириллик дар ҷумҳуриҳо тавассути мусавваботи ҳизби кумунист ва ҳукумати шӯравӣ таҳмил гардида буд. Аз ин рӯ, ҳама гуна иддиъо дар мавриди он ки халқҳо алифбои русиро бо хушнудӣ пазируфта буданд, ба ҳақиқат рост намеояд.

Соҳибназарон ба ин боваранд, ки осониву сангинии алифбо наметавонад дар сатҳи саводи мардум омили таъйинкунанда бошад. Онҳо барои исботи ин андеша иеруглифҳои чиниву жопуниро мисол меоранд, ки дар ҷаҳони кунунӣ аз бисёр мардумони дорои алифбоҳои дигар пешрафтатаранд. Аз ин бармеояд, ки осониву мушкилии алифбои арабӣ ва сириллик низ дар таъйини пешрафту ақибмондагии ин ё он мардум нақши асосиро бозӣ намекунад.

Як нуктаи муҳимме, ки бояд инҷо ишора шавад, ин аст, ки гузариш ба хатти лотинӣ ва баъдан ба алифбои сириллик тоҷиконро аз мероси гузаштаи торихиву фарҳангӣ дар маҷмӯъ маҳрум кард. Аксари ин мерос ба хатти лотинӣ ва ё сириллик дар даврони шӯравӣ баргардон ва чоп нашуданд.

“Алифбои Ленин”

Абдураҳмон Авторхонуф, шӯравишиноси маъруф, дар китоби машҳури худ “Фанноварии қудрат” (Технология власти) хотироти ҷолиберо дар бораи таҳмили алифбои сириллик аз ҷониби Маскав бар мардумони шӯравӣ нақл кардааст. Ӯ дар як бахши ин китоби худ, ки “Озмоишгоҳи таблиғотии кумитеи марказии ҳизб” ном дорад, менависад, ки тобистони соли 1937 мудири шӯъбаи илми Кумитеи марказӣ Боуман ҷаласаи махсусе бо ширкати намояндагони ҷумҳуриҳо ва вилоятҳои мусалмон баргузор намуд.

Дар ин ҷаласа танҳо як масъала мавриди баҳс қарор гирифт: роҳандозии алифбои сириллик дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон, Тотористон, Бошқирдистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қафқози шимолӣ. Ба қавли Авторхонуф, ба лоиҳаи ин ҷаласа аз қабл қарорҳои (мусаввабаҳои) кумитеҳои марказии ҷумҳуриҳо ва дархости онҳо барои иваз кардани алифбои лотинӣ ба русӣ замима шуда буд.

Ширкаткунандагони ҷаласа, чунон ки муаллифи китоби “Фанноварии қудрат” менависад, зимни ҷонибдорӣ аз алифбои русӣ ин далелро пеш оварданд, ки алифбои русӣ алифбои Ленин ва Истолин аст. Боуман ба ҳамаи ширкаткунандагон пешниҳод кард, ки доир ба лоиҳа андешаҳояшонро иброз доранд, вале ҳама худдорӣ карданд.

Муаллиф дар ин иртибот менависад: “Ленин як бор алифбои лотиниро “инқилоб дар Шарқ” номида буд. Акнун, ки дар Лубёнко (зиндони ЧК) каллаҳои пешвоёни инқилоби Уктубрро мегирифтанд, кӣ ҷуръати онро дошт, ки дар мавриди алифбои лотинӣ баҳс кунад? Мо ҳама хомӯширо ихтиёр карда будем. Дар миёни ҳозирин шояд ҳатто се нафар ҳам пайдо намешуд, ки ҷонибдорӣ аз ин лоиҳаи нав кунад, вале ягон нафар намехост, ки ба хотири мухолифат бо алифбои русӣ барои худ ҷой дар Лубёнко пайдо кунад.”

Абдураҳмон Авторхонуф фазои ҷаласаро тасвир карда, мегӯяд, ки эътирозу норизоятӣ дар он шароит ҳеҷ фоидае надошт, зеро масъалаи ворид кардани алифбои сириллик кайҳо дар Кремлин ҳал шуда буд. Аммо ҷаласа ҷаласа аст, бино бар ин, ба баҳс ниёз дорад. Қарор бар ин шуд, ки ҷаласаи маҷбуриву ихтиёриро хислати машваратӣ диҳанд. “Вақте ки ба муроҷиъати мукаррари Боуман касе лаббайк нагуфт, ӯ рӯйхати ҳозиринро ба даст гирифту нахуст суханро ба Рисқулов дод.”

“Ҷаласаи торихӣ”

Рисқулов ҳам ҳокими Туркистон буду ҳам муъовини Истолин дар Кумисериёи халқҳо. Ӯ ҳамчунин муъовини раиси Шӯрои Кумисерони халқи Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд. Ба ҳамин хотир, ҳокими Туркистон маҷбур буд, ки сухан бигӯяд. Ва ӯ гуфт: “Ин ҷо рафиқ Боуман аз мо қотеъона талаб дорад, ки доир ба масъалаи табдили алифбо ва вокуниши мардуми Туркистон сухан гӯям. Ман бояд рости гапро гӯям, ки ҳеҷ гуна вокуниш намешавад! Агар ба ҷойи алифбои русӣ алифбои гурҷӣ (Рисқулов ба алифбои халқи Истолин ишора мекард) ва ё иеруглифҳои чиниро ҷорӣ кунед ҳам, натиҷа боз ҳамон мешавад.”

Авторханов ҳамчунон зикр мекунад, ки ширкаткунандагони дигар иброз доштанд, ки лоиҳаи Кумитеи марказиро маъқул мешуморанд ва бо ҳамин ҷони худро аз Боуман халос карданд. Бино бар ин, дар фарҷоми ҷаласа Боуман изҳор дошт, ки “лоиҳаи қарори (мусаввабаи) Кумитеи марказӣ дар бораи ҷорӣ кардани алифбои русӣ дар ҷумҳуриҳои миллӣ аз ҷониби ширкаткунандагони машварат маъқул шуморида мешавад.”

Ба гуфтаи муаллифи китоби “Фанноварии қудрат”, баъд аз ду моҳи ин “ҷаласаи торихӣ” ҳамаи ширкаткунандагон ба маҳбаси Лубёнко уфтоданд, аз ҷумла, Боуман ва Рисқулов низ. Аммо алакай алифбои русӣ дар ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Иттиҳоди Шӯравӣ роиҷ шуда буд.

Ҷолиб ин аст, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бархе аз кишварҳои тозатаъсис аз алифбои сириллик даст кашида, хатти лотиниро бартар донистанд. Аммо ин роҳбарии Русияро, ки худро ҳукумати демукротик меномид, шадидан нигарон сохт, зеро Кремлин имрӯз ҳам аз танг шудани доираи алифбои сириллик ва ё забони русӣ дар қаламрави кишварҳое, ки тӯли даҳсолаҳо ва ё садсолаҳо зери нуфузаш қарор доштанд, изҳори нороҳатӣ мекунад.

Тайи солҳои ахир ин ҳассосияти Маскавро дар мавриди Тоҷикистон ҳам борҳо мушоҳида кардаем.

*Нуралии Давлат пажӯҳишгари торих ва фарҳанг аст. Ин мақола бори нахуст дар сойти форсии Би-би-сӣ ба торихи 5 уктубри 2013 мунташир шуд.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*